ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 101

Абуусмон Саид

Ӯро ҳоким Абдуллоҳ Ибни Забир ҳамроҳи ғуломон аз Ироқ оварда буд, Абуусмон Саид дар баробари иштирок дар тармими Каъба суруду оҳангҳои ҳамкорони форсашро омӯхта, лаёқати хуби ҳунарварӣ пайдо кард ва баъд барои истеъдоди баланди ҳунарвариаш аз ғул ...

Абуфазл Муҳаммад

Абуфазл Муҳаммад ибни Абдуҷалил ибни Абдумалик ибни Ҳайдари Самарқандӣ - муаррих ва ҷуғрофидони тоҷик, садаи XII шогирди муаллифи "Китобу-л-канд фи таърихи Самарқанд" -и Умар ибни Муҳаммади Насафӣ.

Абушакури Балхӣ

Ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии Абушакури Балхӣ, асосан, дар замони ҳукмронии Сомониён гузаштааст. Чанд муддат дар дарбори Нӯҳ ибни Наср ҳукмронӣ 943 - 954 хизмат кардааст. Ӯ ба туфайли маснавии "Офаринма" таълифаш - 947 шӯҳрат ёфт.

Абушарафи Носеҳ

Ашъори арабиаш дар маҷмӯаҳои "Равзат-ул-ҳузн" ва "Шӯълат-ул-қабис" фароҳам омадаанд. Дар тазкираи "Тӯҳфат-ул-офоқ фӣ маҳосини аҳл-ил-Ироқ" зиндагинома ва намунаи осори шоирону аҳли адаби Ироқи Аҷамро овардааст. Асари машҳури Абушарифи Носеҳ "Тарҷ ...

Абушуайби Ҳиравӣ

Бино ба ишораи муаллифи "Маҷмаъ-ул-фусаҳо" Ризоқулихони Ҳидоят, фаъолияти адабии Абушуайб ба охирҳои зиндагии Рӯдакӣ рост меояд. Дар "Лубоб-ул-албоб" -и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ашъори ӯ як тағаззули қасида дарҷ ёфтааст. Дар фарҳангҳои қадима ба ...

Абуъубайди Ҷузҷонӣ

Абуъубайдуллоҳ Абдулвоҳид ибни Муҳаммади Ҷузҷонӣ - нависанда, шогирд ва шарҳдиҳандаи осори Ибни Сино.

Абуяъқуби Сиҷистонӣ

Ӯ дар байни ҳамзамонҳои худ Абулҳайсам Аҳмад Ҷурҷонӣ, Абусулаймони Сиҷистонӣ – муаллифи китоби "Савон-ул-ҳикма", Қозӣ Нӯъмо ва дигар мақоми баланд ва обрӯи калон дошт. Сиҷистонӣ баъзан бо номи Сиҷзӣ, Сукро ҳам омадааст, ки Носири Хусрав дар асарҳ ...

Абуҳайёни Тавҳидӣ

Қисми зиёди ҳаёташ дар Бағдод гузашта, он ҷо наҳвро аз Абусаиди Сайрафӣ ва Алӣ ибни Исои Румонӣ, фиқҳи шофеиро аз Абуҳомиди Марвазӣ ва Абубакри Шофеӣ, фалсафаро аз Абусулаймони Мантиқӣ ва Яҳё ибни Адо омӯхт. Барои ақоиди зиндиқиаш аз Бағдод ронда ...

Абуҳанифаи Диноварӣ

Абуҳанифаи Диноварӣ - риёзидон, ҳайатшинос, набототшинос, файласуф, муаррих, адиб ва луғатшиноси маъруфи форс-тоҷик.

Абуҳафcи Ҳаддод

Шуғли асосиаш оҳангарӣ будааст ва аз ин рӯ, бо лақаби "Ҳаддод" машҳур шудааст. Бино ба маълумоти "Тазкират-ул-авлиё" Абуҳафси Ҳаддод дар зӯҳду риёзат, каромат ва муруввату футувват дасти тавоно доштааст. Баъзеҳо Абуҳафси Ҳаддодро суфии зоҳид номи ...

Абуҳафс Аҳмад

Зуҳду тақво, дониш ва маъруфияти ӯ дар илмҳои замонаш ба андозае воло будааст, ки дар олами Ислом аз баракати ӯ Бухоро унвони ифтихории "Қуббат-ул-Ислом" -ро гирифтааст. Ҳамчунин яке аз дарвозаҳои Бухорои ҳамон давр ба муҷиби дар шафати он қарор ...

Абуҳафси Суғдӣ

Дар "Ал-Муъҷам" -и Шамси Қайси Розӣ, "Маҷмаъ-ул-фусаҳо" -и Ризоқулихони Ҳидоят, рисолаи дар илми мусиқӣ нигоштаи Абунасри Форобӣ, "Таърихи Бухоро" -и Наршахӣ ва ғайра Абуҳафси Суғдӣ чун нахустин шоир дар адабиёти форс-тоҷик, луғатшинос ва мусиқид ...

Абуҷаъфар Аҳмад

Абуҷаъфар Аҳмад қудрати Саффориёнро дар Систон, дар давраи дуюми аморати Саффориён, дубора эҳё кард. Набераи Алӣ ибни Лайс, бародари Яъқуби Саффорӣ. Баъд аз қатли амир Аҳмади Сомонӣ 921 дар Систон давраи пуртуғён оғоз гардид. Соли 923 Абуҷаъфар А ...

Абуҷаъфар Хозини Хуросонӣ

Абуҷаъфари Хозин дар Соғон - қарияе аз ҳаволии Марв ба дунё омадааст. Соли 959 дар расадхонае, ки Абулфазли Ҳиравӣ дар Рай бино карда буд, фаъолият дошт.

Абуҷаъфари Утбӣ

Номи комилаш Абуҷаъфар Аҳмад ибни Ҳусейни Утбӣ. Давраи вазирии Абуҷаъфари Утбӣ ба замони ошуфтагии сиёсии давлати Сомониён мувофиқ омадааст. Пас аз бархӯрди мусаллаҳонаи Нӯҳ ибни Мансур бо Абуалии Чағонӣ 947 гурӯҳи мардум кушта шуда, иддае аз онҳ ...

Абхозистон

Абхозистон, Ҷумҳурии Абхозистон - давлат дар қисми шимолу ғарбии Закавказӣе, дар соҳили Баҳри Сиёҳ. Номи аслиаш Апсни. Дар байни дарёи Псоу ва дарёи Ингури ҷой гирифтааст. Алҳол мақоми субъекти ҳуқуқи байналмилалиро дорост. Президент - Раул Ҳаҷимба.

Абхозҳо

Абхозҳо - халқ дар Кавказ, аҳолии асосии Абхозистон, ки дар шимоли ғарбии Кавказ зиндагӣ мекунанд. Теъдоде аз Абхозҳо дар Туркия, Руссия, Сирия, Урдун, Европаи Ғарбӣ ва ИМА низ иқомат доранд.

Абҳар-ул-Ошиқин

"Абҳар-ул-Ошиқин" - асари Рӯзбаҳони Бақлӣ роҷеъ ба тасаввуф. Ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Он масъалаҳои тасаввуфро дар бар гирифта, аз муқаддима ва 32 фасл иборат мебошад. Муаллиф китобро ба наргисе монанд мекунад, ки машоми орифонро а ...

Абҷадхон

Абҷадхон - бачаи навомӯзи мак­табҳои қадими мусулмонӣ. Омӯзиш аз 8 калима: абҷад, ҳавваз, ҳуттӣ, каламан, саъфас, қарашат, сахаз ва зазағ сар мешуд, ки ҳамаи 28 ҳарфи алифбои арабиро дар бар мегирифт. Нав­омӯз ин калимаҳоро, ки дар тахтача навишт ...

Абӯбакри Рубобӣ

Асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, сипас барои такмили дониш ва ҳунар ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд рафт. Дар мактаби ҳунарии Бухоро асосҳои назарӣ ва иҷроии мусиқиро омӯхт. Дар ҳунари иҷроӣ ба сабки навозандагию эҷодии Ма ...

Абӯибоди Муъбад

Маъбад асосҳои ибтидоии шеъру мусиқиро назди падараш ва мусиқидонони эронитабор фаро гирифт ва ба сабаби ин ки аз забони арабӣ кам огоҳ буд, муддате чупонӣ карда, баъди дастёбӣ дар сарояндагӣ ва навозандагӣ ба гурӯҳи мутрибони ҳирфаии Мадина вори ...

Абӯлаббоси Бахтиёр

Заминаҳои ибтидоии илм, адаб ва ҳунарро дар зодгоҳаш омӯхта, дар мусиқии Юнону Ҳинд дониши мукаммал дошта, ба асарҳои Арасту Фишоғурас, Уқлидус, Буқрот ва диг. тафсиру такмилот ворид тарҷумаҳои арабӣ намудааст. Дар Бухоро сарварии мактаби мусиқир ...

Абӯлаббоси Сарахсӣ

Асосҳои илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз падараш омӯхт. Абулаббос аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои риёзӣ, шеър ва мусиқӣ машғул шуда, заминаҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро аз донандагони мусиқӣ Алии Бармакӣ, Муҳаммади Мадинӣ таълим гирифт. ӯ ...

Авангард

Авангард - мақоми ҳифозатӣ дар қушунҳои хушкигард ва флот, ки ҳангоми юриш барои муҳофизати онҳо пешопеши қувваҳои асосӣ ҳаракат мекунад.

Авантитул

Авантитул, саҳифаи китоб, ки аз варақи унвон пеш меояд. Дар авантитул, одатан, як қисми маълумоти варақи унвон, аксаран номи нашриёт ё логотипи он, номгӯи силсила ё дигар маълумоти болои сарлавҳа дарҷ мешавад.

Аварҳо

1. Аварҳо халке, ки асосан дар қисми кӯҳсори Доғистон, қисман дар хамвории районҳои Буйнок, Хасавюрт ва ғайра маскун аст. Дар шимоли Озорбойҷон. низ хастанд. Шумораашон 396 ҳазор, аз ҷумла дар Доғистон 239 ҳазор. Википедиа 2. Аварҳо 1) қабилаҳои ...

Аввал

Аввал Аввал арабӣ: اول - дар фалсафаи ирфонӣ истилоҳест, ки мартабаи лотаайюни ғайри мушаххас ҳақро ифода намуда, ба зоти маҳзи офаридгор ишора мекунад. Дар ин мартаба вуҷуди ҳақ аз ҳар гуна изофат муназзаҳ ва аз ҳар қайду шарт озод аст. Ин марта ...

Авво

Авво - бурҷ дар Нимкураи шимолии осмон, номи манзили сездаҳум аз бисту ҳафт манозили Моҳ. Номи шакли панҷум аз бисту як ашколи шимолӣ, ба сурати марди истода, ба дасти рост асо ва ба дасти чап дос гирифта, ки Ҳорис-ус-само низ меноманд. Дар Бобул ...

Авгит

Ғашҳои Ti, Cr дорад. Ранги Авгит сабзи сиёҳтоб ё сиёҳ. Ҷилояш шишагун. Ношаффоф. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 5 - 6.5; зичиаш 3200 - 3600 кг/м 3. Авгит дар таркиби бисёр ҷинсҳои магмавӣ ва қисман метаморфӣ вомехӯрад. Барои зебу зинат истифода меба ...

Авгурҳо

Авгурҳо - дар Рими Қадим яке аз куҳантарин ҳайати коҳинон, ки бо роҳи фолбиниву сеҳру ҷоду ва пешгӯиҳо хости худоёнро шарҳ медоданд. Ин гуна маросимҳо, одатан, пеш аз ягон воқеаи муҳими давлатӣ доир мегардиданд.

Август Бебел

Август Бебел дар оилаи низомии Пруссия таваллуд ёфтааст. Аз с. 1860 дар шаҳри Лейпсиг зиндагӣ дошт ва дар фаъолияти маорифпарварии ҷамъияти коргарон фаъолият мекард. Соли 1866 бо ҳамроҳии Вилгелм Либкнехт Ҳизби халқии радикалӣ-демократии Саксония ...

Авенже

Авенже, дифензокват - навъе аз ҳербисидҳо. Моддаи сафеди кристаллист. Дар намуди маҳлули обӣ истеҳсол мешавад. Авенжеро барои нест кардани ғумой ба киштзори ҷаву гандум мепошанд.

Авесто (меҳмонхона)

"Авесто" - меҳмонхона дар Душанбе. Соли 1984 аз рӯи лоиҳаи Институти тадқиқотии илмии лоиҳакашии Тоҷикистон ҳамчун хобгоҳи Курсҳои ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони ҳизбӣ ва шӯравӣ бо номи "Октябр" сохта шудааст. Бинои меҳмонхонаро гулгашти ...

Авесто (нашриёт)

Авесто - нашриёти хусусӣ. Соли 1992 дар шаҳри Истаравшан соҳибкор Ориёнфар Толиб Сангинзода таъсис дод. Аз соли 1994 дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст. "Авесто" дар инъикоси мукаммал ва воқеии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соб ...

Авзикент (ноҳияи Мастчоҳ)

Авзикент, деҳа дар ҷамоати де­ҳоти Авзикенти ноҳияи Мастчоҳ. Аз деҳа то маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон 6 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 322 нафар, ӯзбекҳо.­ Бунгоҳи тиббӣ, мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ва китобхона дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ сабзавот ...

Авзои рӯҳӣ

Авзои рӯҳӣ, ҳолати нисбатан суст ифодаёфтаи эмотсионалӣ, ки муддати муайяне шахсро фаро мегирад ва дар рафтору фаъолияти ӯ инъикос меёбад. Авзои рӯҳӣ ҳолати умумии эмотсионалии инсон буда, ба дигар зуҳуроти психикӣ тобиши муайян мебахшад. Авзои р ...

Авиакаш

Авиакаш, авиабар, киштии ҷангии рӯйиобӣ – пойгоҳи авиатсионии шиновар, калонтарин киштии замони ҳозира, ки қобилияти баланди манёврӣ дорад. Воситаҳои зарбазани Авиакаш самолёту вертолётҳои дар саҳни киштӣ ҷойгирифта мебошанд, ки бо ракета, бомба ...

Авиамоделизм

Авиамоделизм - навъи эҷодиёти техникӣ, сохтану идора намудани аппаратҳои париши идорашаванда ё худ мустақил парвозкунанда ва нусхаҳои хурди парвознакунандаи онҳо бо мақсадҳои техникӣ ё варзишӣ. Авиамоделизми техникӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳо ...

Авизо

Авизо – дар амалияи бонкӣ, тиҷоратӣ ва бозоргонӣ – ёддошт, огоҳномаи расмӣ оид ба интиқоли пул, мол ва ғайра барои амалиёти ҳисоббаробаркунӣ; пардохт кардан ё рад намудани пардохт. Бонкҳо ба тавассути авизо муштариёни худро оид ба қарзи дебиторӣ, ...

Авитаминоз

Авитаминоз экзогенӣ ва эндогенӣ мешавад. Авитаминози экзогенӣ зимни истеъмоли хӯрокҳои беғизо ба вуҷуд меояд. Сабаби авитаминози эндогенӣ асосан бемориҳои сироятӣ мебошанд, ки ҳазми витаминҳоро дар организм халалдор месозанд. Норасоии витамин хус ...

Авителлиноз

Авителлинозро тасмакирмҳои ҷинси Avitellina Gaugh ба вуҷуд меоранд. Асосан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дучор меояд. Ба авителлиноз, одатан, барраҳои то яксола гирифтор мешаванд. Дарозии ангезандаи авителлиноз A. centripunctata 3.5 м ва бараш 2.2 ...

Авитрол

Авитрол - як навъ моддаи химиявӣ, аз кристаллҳои сафед иборат аст. Ҳангоми бо амиди натрий то 110°С гарм кардани пиридин дар баробари 2 – аминопиридин бо миқдори хеле кам ҳосил мешавад. Онро аз пиридин – N – оксид низ ҳосил кардан мумкин аст. Ави ...

Авитсенит

Авитсенит - минерали нодири таллий. Формулаи химиявиаш Tl2O3. Сингонияаш кубӣ. Кристаллҳояш майда. Ранги Авитсенит сиёҳи тобон, сиёҳи хокистарӣ, ношаффоф. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос – 1.5 – 2.5; зичиаш 8900 – 10340 кг/м3. Авитсенитро бори аввал ...

Авиценна (ҷамъияти саҳҳоми)

Фаъолияти корхона дар аввал танҳо ба истеҳсоли обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан равона гашта буд. Он 6 намуд маҳсулот истеҳсол мекард ва 35 нафар коргар дошт. Феълан дар "авиценна" 16 намуд маҳсулот истеҳсол мекунанд: оби минералии "Шоҳамба ...

Авлакоген

Авлакоген - фурӯхамидагиҳои хандақмонанд дар платформаҳои қадим, ки барашон то даҳҳо ва дарозиашон то садҳо км мерасад. Таҳнишастҳое, ки авлакогенро ташкил медиҳанд, аксар дар таркибашон ҷинсҳои вулқонӣ дошта, баъзан шаклашонро дигар кардаанд. Ав ...

Авлиё

Авлиё, валӣ - таълимоти ислом, касе, ки гӯё бо илҳоми илоҳӣ ё бо роҳи таҳзиби ахлоқ, риёзати нафс ва таҳсили илму маърифати илоҳӣ ба Худо наздик шудааст. Аз нуқтаи назари тасаввуф агар дигарон охиратро дар хоб бинанд, Авлиё дар бедорӣ мебинад ва ...

Авлиёпарастӣ

Авлиёпарастӣ - яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар асрҳои 8 – 9 пайдо шудааст. Дини ислом дар ибтидо ба муқобили ҳама гуна ширк буд, вале бо гузашти замон, дар натиҷаи инкишофи парастиши бузургони дин – пайғамбарон, халифаҳо ва авлоди онҳ ...

Авлиёхони Ӯротеппаӣ

Авлиёхони Ӯротеппаӣ - хаттоти тоҷик. Зодгоҳаш Ӯротеппа. Авлиёхони дар навиштани 7 навъи хат устоди беназир буд. Чунончи, ба муносибати китобати "Куллиёт" -и Бедил шоири маъруфи давр Нодими Истаравшанӣ чунин қитъаи таърих гуфтааст: Авлиёхон соҳиби ...

Авлиёқулибек

Авлиёқулибек - ҳокими Ҳисор дар даҳаи дуввуми садаи XX. Дар бораи аҳвол, сиёсат ва тарзи ҳукуматдории Авлиёқулибек иттилооти кофӣ нест. Дар ибтидои аморати амир Олимхон Авлиёқулибек вазифаи парвонабегиро бар ӯҳда дошт. Сипас соли 1911 Авлиёқулибе ...

Авлод (ботаника)

Авлод - категорияи таксономӣ дар ботаника ва зоология, ки намуди рустанӣ ё ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ наздикро дар бар мегирад. Масалан, ҳамаи намудҳои ҷав авлоди ҷав ва ҳамаи намудҳои суғур авлоди суғурро ташкил медиҳанд. Ҳар як Авлод бо як ка ...