ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 104

Адади транccендентӣ

Адади транccендентӣ - ададе, ки барои ҳеҷ як бисёрузваи коэффитсиентҳояш бутун реша шуда наметавонад. Ба ибораи дигар адади транссендентӣ адади ғайриалгебравӣ мебошад. Мавҷудияти адади транссендентиро бори аввал Ж. Лиувилл муқаррар кардааст. Дерт ...

Адади фурйе

Адади Фурйе - яке аз меъёрҳои шабоҳати равандҳои тағйирёбандаи ҳарорат. Адади фурийе таносуби байни суръати тағйирёбии шароитҳои ҳароратиро дар муҳити зист ва суръати дигаршавии майдони ҳароратро дар дохили системаи муоинашаванда, ки ба андозаҳои ...

Адади шмидт

Адади Шмидт - яке аз меъёрҳои шабоҳати ҳаракати моеъ ё газ, ки дар онҳо равандҳои соиш ва диффузия бартарӣ доранд. Адади шмидт ба нисбати коэффитсентҳояш ғализии кинематикии моеъ ё газ ν бар коэф. диффузия D баробар аст: ки дар ин ҷо ν = μ/ρ мебо ...

Адади эйлер

Адади Эйлер - дар физика яке аз меъёрҳои шабоҳати ҳаракати моеъ ё газро гӯянд. Таносуби байни қувваҳои фишор, ки ба ҳаҷми камтарини моеъ ё газ таъсир мерасонад ва қувваҳои инерсиявиро нишон медиҳад. Адади эйлер -ро бо формулаи зерин муайян мекуна ...

Ададҳои байнан сода

Ададҳои байнан сода - якчанд адади бутунро гӯянд, ки тақсимкунандаи умумии онҳо танҳо +1 ё – 1 аст. Агар ҳар кадоми ин ададҳо бо дигараш байнан сода бошад, онҳоро ҷуфт-ҷуфт сода меноманд. Масалан, ададҳои 6, 10 ва 15 байнан содаанд, вале ҷуфт-ҷуф ...

Ададҳои бутун

Ададҳои бутун - яке аз унсурҳои маҷмӯи ададии {0,±1,±2, …,±n}, ки ин ҷо п – адади натуралӣ мебошад. Адади бутун – адади ратсионалие, ки махрачаш баробари 1 аст. Маҷмӯи ададҳои бутун нисбат ба амалҳои ҷамъ, тарҳ ва зарб ҳалқаро ташкил медиҳад, яън ...

Ададҳои гиперкомплекӣ

Ададҳои гиперкомплекӣ - таъмими мафҳуми ададҳост, ки дар натиҷаи кӯшиши ба мафҳуми адади комплексӣ умумият додан ва сохтани системаи ададӣ дар фазои бисёрченаи векторӣ ба вуҷуд омадааст. Маълум аст, ки ба ҳар як адади комплексӣ як нуқтаи ҳамворӣ ...

Ададҳои ирратсионалӣ

Ададҳои ирратсионалӣ - ададҳое, ки ратсионалӣ, яъне бутун ё касрӣ нестанд. Ададҳои ирратсионалӣ ҳақиқиро бо касри даҳии беохири ғайридаврӣ ифода кардан мумкин аст; масалан, Мавҷудияти нисбати ирратсионалӣ аз замонҳои қадим маълум буд. Аммо назари ...

Ададҳои квантӣ

Ададҳои квантӣ - ададҳои бутун ва нимбутун, ки қиматҳои дискретии имконпазири бузургиҳои физикии системаҳои квантӣ – ядрои атом, атом ва баъзе зарраҳои бунёдиро ифода мекунанд. Баъзе ададҳои квантӣ бо ҳаракати зарра дар фазо алоқаманд буда, тақси ...

Ададҳои мавҳум

Ададҳои мавҳум - ададҳои намуди х + iy-ро гӯянд, ки дар ин ҷо, х ва у - ададҳои ҳақиқӣ, у ≠ 0 аст. Ададҳои мавҳум ададҳои ҳақиқӣ нестанд. Ададҳои мавҳум намуди iy ададҳои сирф мавҳум номида мешаванд. Баъзан фақат худи iy-ро ададҳои мавҳум меноманд.

Ададҳои мусбат

А - Асос. - Д.: СИЭМТ, 2011. - 608 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011 - 2017, ҷ. 1. - ISBN 978-99947-33-45-3.

Ададҳои муқобил

А - Асос. - Д.: СИЭМТ, 2011. - 608 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011 - 2017, ҷ. 1. - ISBN 978-99947-33-45-3.

Ададҳои пифагор

Ададҳои пифагор - сегонаи ададҳои натуралии х, у ваz -ро гӯянд, ки муодилаи х2+у2=z2-ро қонеъ мегардонанд. Секунҷаҳое, ки дарозии тарафҳояшон ба ин ададҳо мутаносиб аст, секунҷаҳои росткунҷа мебошанд. Ҳамаи сегонаҳои ададҳои байнан содаи Пифагорр ...

Ададҳои сода

Ададҳои сода - ададҳои бутуни мусбати аз як калонро гӯянд, ки ғайр аз худашон ва адади 1 дигар тақсимкунандае надоранд. Масалан 2, 3, 5, 7, 11, 13 ва ғайра Мафҳуми ададҳои сода соли дар омӯхтани тақсим шавандагии ададҳои натуралӣ роли муҳим мебоз ...

Ададҳои ҳақиқӣ

Ададҳои ҳақиқӣ - ададҳои мусбат, манфӣ ё сифрро гӯянд. Ададҳои ҳақиқи ратсионалӣ ва ирратсионалӣ мешаванд. Назарияи дақиқи ададҳои ҳақиқи, ки дар асоси ададҳои ратсионалӣ ададҳои ирратсионалиро муайян мекунад, дар нимаи дуюми асри 19 ба туфайли т ...

Адажио

Адажио, ададжо - дар мусиқӣ: 1) ифодаи суръати ором, шабеҳ ба қадаммонии суст. Ин истилоҳро садаи XVII дар Италия барои ифодаи ибтидои суръати мавзуни мусиқӣ истифода кардаанд. Дар садаи XIX маънои пешинаи адажио тағйир ёфта, минбаъд суръати оҳис ...

Адалис, Аделина Ефимовна

Адели́на Ада́лис ; 13 июл 1900, Санкт-Петербург - 13 августи 1969, Москва) - шоира нависанда ва тарҷумони рус.

Адамсит

Адамсит - HN2AsСl, хокаи кристаллии зард. Ҳарор. гуд. 195°С; дар об ҳал намешавад, дар бисёр ҳалкунандаҳои органикӣ бад ҳал мешавад; аз ҷиҳати химиявӣ устувор аст. Адамситро аз дифениламин 2NH ва сехлориди арсен ё аз хлоргидрати дифениламин 2NH H ...

Адан

Адан - шаҳр дар Ҷумҳурии Яман. Бандари асосии Баҳри Араб дар назди гулӯгоҳи Боб-ул-Мандаб. Маркази маъмурии музофоти адан. Аҳолиаш 800 ҳазор нафар. Бандари транзитӣ ва бо сӯзишворӣ пур кардани киштиҳо. Аэропорти аҳамияти байналхалқӣ дорад. Таърих ...

Адаптатсия

Адаптатсия - қобилияти ба шароити муҳит мутобиқ гаштани мавҷудот. Дар натиҷаи адаптатсия мавҷудот ҳангоми тағйир ёфтани шароити сукунат аз маҳвшавӣ эмин мемонад. Дар ҷараёни таҳаввулот аксар аломату хусусиятҳое, ки дар як шароит ба вуҷуд меоянд, ...

Адаптер

Адаптер - афзор, асбоб ё олотест барои пайваст намудани асбобҳое, ки тарзи дигари ба ҳам мувофиқи пайвастшавӣ надоранд. 1) Дар информатика адаптер афзорест барои мувофиқат кардани мошинҳои ҳисоббарор бо афзори беруна; воситаҳои мувофиқат кардани ...

Адвайта-веданта

Адва́йта-веда́нта - ҷараёни динию фалсафии Ҳинди Бостон, як намуди веданта, ки монизми босуботро қоил аст. Машҳуртарин намояндааш Шанкара охири садаи VIII - аввали садаи IX буд. Бараҳман, Худо дар адвайта воқеияти яккаву ягона сатя аст: субъект в ...

Адвексия

Адвексия - дар метеорология таҳвили уфуқии ҳаво ва хосиятҳои физикавии он. Дар натиҷаи адвексия дар ҳаво таҳвили гармӣ, сардӣ, намӣ ва дигар ҳодисаҳои атмосферӣ ба амал омада, ба ҳолати обу ҳавои замин таъсир мерасонанд. Дар ҳолати ба самти уфуқӣ ...

Адвиёти Ҷолинус

Адвиёти ҷолинус - давоҳое, ки аз наботот ва ҳайвонот ҳосил карда мешаванд. Аз номи Ҷолинус гирифта шудааст. Аксари адвиёти ҷолинусро бо роҳи экстраксияи ашё бо об, спирт, эфир ё омехтаи спирту об, эфиру спирт ҳосил мекунанд. Баъзе аз адвиёти ҷоли ...

Адвор

Адвор -, дар илми мусиқишиносии форс-тоҷик ҳарфу ишораҳои махсус ва доираҳои вазнию лаҳниро гӯянд. Мусиқидонони гузашта илми мусиқиро ба қисматҳои назариявию амалӣ ҷудо кардаанд. Қисми амалии мусиқиро, ки бо ишораҳои махсус ифода ёфтаанд, адвор н ...

Адгезия

Адгезия - ҳодисаи ба ҳамдигар часпидани сатҳи ҷисмҳои якҷинса ҳангоми ба ҳам раcидан. Сабаби адгезия қувваи кашиши байнимолекулавии моддаҳои ба ҳам расанда мебошад. Қувваҳои кашиш бо мурури дар байни сатҳи моддаҳо ба вуҷуд омадани алоқаи химиявӣ ...

Аддитивӣ

Аддитивӣ - чунин хосияти бузургиҳост, ки тибқи он қимати бузургии ягон объекти яклухт ба ҷамъи қиматҳои бузургҳои қисмҳои алоҳидаи он баробар аст. Масалан, аддитивӣ будани ҳаҷм чунин маъно дорад: ҳаҷми ҷисми яклухт ба ҷамъи ҳаҷми қисмҳое, ки он ҷ ...

Аделаида

Аделаида - шаҳр ва яке аз бандарҳои калони баҳрии соҳили ҷанубии Австралия, дар халиҷи Сент-Винсент, дар резишгоҳи дарёи Торренс. Пойтахти штати Австралияи Ҷанубӣ. Аҳолиаш 1138800 нафар.

Аденовирусҳо

Аденовирусҳо - як гурӯҳи вирусҳо, ки ангезандаи бемориҳои гуногун мебошанд. Аденовирусҳо аз ҳуҷайраи аденоидҳо ва бодомакҳои одам, ки он ҷо дар ҳолати нофаъол қарор доранд, ҷудо карда шудаанд. Аденовирусҳои маймунҳо, гов, муш ва парандаҳо низ маъ ...

Аденозин

Аденозин - C10H13N5O4, нуклеозидест, ки дар он атоми нитрогени 9-и аденин бо атоми карбони 1-и рибоза пайваст шудааст. Моддаи кристаллии беранг. Массаи молекула 267, ҳарорат гуд. 229°С. Дар об ҳал мешавад. Аз ҷиҳати химиявӣ аденозин асоси суст ас ...

Аденоидҳо

Аденоидҳо - аз ҳад зиёд калон шудани бодомакҳои ҳалқу димоғ. Асосан дар ширхораҳо ва кӯдакони 3 – 10-сола мушоҳида мешавад. Ба аденоидҳо баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми онҳо пардаи луобии даруни бинӣ ва бодомакҳо газак мегиранд, инчунин газак ...

Аденома

Адено́ма - омоси ғайрисаратонӣ, ки дар ғадудҳои гуногун ба вуҷуд омада, сохтори бофтаҳои онҳоро маҳфуз медорад. Аденома бо мурури вақт метавонад ба омоси саратонофар табдил ёбад. Бинобар ин, онро саривақт бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта партофтан лозим аст.

Аденомаи ғадуди простата

Аденомаи ғадуди простата - афзоиши омосмонанди бехавфи ғадуди простата. Фақат мардони аз 50-сола боло ба аденомаи ғудуди прастата гирифтор мешаванд. Аденомаи ғудуди прастата суст инкишоф меёбад. Аломати аввалини калон шудани ғадуди простата шабон ...

Аденоматози шуш

Аденоматози шуш - як навъ касалии ҳайвонот, ки дар мавриди он бофтаҳои шуш варам мекунанд. Бештар гӯсфанд, гов, асп, саг, муш ва гулмоҳӣ ба аденоматози шуш дучор мешаванд. Аденоматози шуш дар тамоми мамолики дунё ба қайд гирифта шудааст. То ҳол с ...

Аденомиома

Аденомиома - омосест, ки асосан аз эпителияи ғадуд ва бофтаи суфтамушак таркиб ёфтааст. Дар аденомиома, одатан, аломатҳои сабзиш ва инкишоф ба мушоҳида намерасанд. Аденомиома бештар дар бачадон, маҳбал, гоҳо дар тухмдон, роҳи меъдаю рӯда, талхадо ...

Адентия

Адентия - нуқси модарзодист, ки дар одам ва ҳайвонот тамоман ё қисман набудани дандонҳоро нишон медиҳад. Бисёр вақт адентия бо нодуруст сабзидани пӯст, мӯй, ғадудҳои арақ ва ғайра баробар зоҳир мегардад.

Адиабата

Адиабата - хатест, ки дар ҳама гуна диаграммаи термодинамикӣ раванди адиабатии мувозинат -ро ифода мекунад. Адиабата барои газҳои идеалӣ намуди содатарин дорад. Дар ин маврид муодилаи адиабата pvγ =const аст. Дар ин ҷо p– фишори газ, v – ҳаҷми хо ...

Адиби Нишопурӣ

Падараш Мулло Аббоси Нишопурӣ яке аз ашхоси мӯътабар ва маъруфи Нишопур буд. Соли 1880 ба азми таҳсил ба Машҳад омад ва то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагиву эҷод кард. Адиби Нишопурӣ адабиёти форсу араб, илмҳои ҳайат, риёзиёт ва тибро омӯхт ва чун ...

Адиби Пешоварӣ

Бар асари ҷангҳову задухӯрдҳои мазҳабӣ байни ҳиндувону мусулмонон аҳли оила ва хешовандонаш ба қатл расиданд аз зодгоҳаш фирор карда, дар Кобул, Ғазнин, Ҳирот ва Машҳад умр ба сар бурд. Ҳангоми сукунат дар ин шаҳрҳо ба омӯзиши илмҳои маъмули давр ...

Адибулмамолики Фароҳонӣ

Набераи маорифпарвари машҳури Эрон Қоиммақоми Фароҳонӣ. Забонҳои арабӣ, русӣ, туркӣ, англисӣ, франсавиро медонист. Аз тариқи Кавказ ба Хоразм омад ва аз он ҷо ба Машҳад, сипас ба Боку рафт. Дар Боку замимаи форсии рӯзномаи "Иршод" -ро интишор мек ...

Адигейҳо

Адигейҳо - халқе, ки асосан дар адиге -и Федератсияи Россия истиқомат дошта, дар соҳили шимолии Баҳри Сиёҳ аз шохоби Кубан то Абхозистон паҳн шудааст. Дар Федератсияи Россия ҳамагӣ 150 000 нафар зиндагӣ доранд. Калимаи адигей ба тамоми забонҳои м ...

Адигея

Адиге - Республикаи Адигей, субъекти Федератсияи Россия, мансуби Округи федералии Ҷануб. Дар қисми шимолу ғарбии Кавказ, дар соҳили чапи дарёҳои Кубан ва Лаба воқеъ буда, бо ҳудуди кишвари Краснодар иҳота гардидааст. Масоҳаташ 7.8 ҳазор км2, аҳол ...

Адинамия

Адинами́я - якбора беқувват шудани инсонро гӯянд. Ҳангоми бемориҳои вазнини сироятӣ, бемории бардавоми беҳолкунанда, гуруснагӣ кашидан ва ғайра мушоҳида мешавад. Дар баробари адинамияи умумӣ адинамияи узвҳои ҷудогона низ ба мушоҳида мерасад. Саба ...

Адирсеб

Адирсеб - навъе аз себҳои миёнапазаки маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз, аҳромшакли хамидашох, сернавда, 5 – 7 м қад мекашад. Навдаҳои қисми офтобрӯяаш сурхча буда, навдаҳои ҷойи сояаш сабзи хокистарианд. Баргаш дилшакли нӯгтез, сабзи баланд, пушташ патд ...

Адмирал

Дар Аврупо садаи XII расм шуд дар Венетсия ва Генуя. Пётри 1 охири садаи XVII дар Руссия ин унвонро ҷорӣ намуд. 7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР унвонҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали таъсис ёфтанд,барои адмиралҳои хизма ...

Адмиралтейство

Адмиралтейство - 1) маркази киштисозии ҳарбӣ дар Россия. Аввалин адмиралтейство дар Архангелск ташкил шуд. Дар Воронеж, Қазон, Астрахан, Севастопол, Николаев, Кронштадт ва дигар шаҳрҳои Россия низ вуҷуд дошт. Адмиралтейство аз бандар, корхонаҳои ...

Аднексит

Аднексит - газаки найчаҳои бачадон ва тухмдон. Ангезаи аднексит стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғайра мебошанд. Баъзан ҳангоми ба бачадон дохил кардани моддаҳои гуногуни химиявӣ низ пайдо мешавад. Микробҳо ба зоидҳои бачадон дар вақти исқот, хусу ...

Адоии Бухороӣ

Адоии Бухороӣ - шоири тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Дар ҳамин ҷо таҳсил ва зиндагиву эҷод кардааст. Маълумоти тарҷумаиҳолӣ дар борааш дар тазкираҳо наомадааст, вале тазкиранависон намунаҳои ашъорашро овардаанд. Ин байт аз ӯст: Зулфи туро ба риштаи ҷон ...

Адоии Самарқандӣ

Давраи ҷавонӣ ва таҳсили илмро дар Самарқанд гузаронд. Пас аз хатми таҳсил ба Ҳиндустон рафт ва то охири умр он ҷо монд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо дар сурудани ғазал маҳорати хуб доштааст. Аз осораш абёти пароканда боқӣ мондааст. Байти зерин а ...

Адолати иҷтимоӣ

Адолати иҷтимоӣ - принсипи иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию ҳуқуқӣ, ки мувофиқати байни мақоми амалии гурӯҳи иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷамъият ва вазъияти иҷтимоии онҳо, ҳуқуқу вазифаҳо, рафтору подош, меҳнату мукофот, ҷинояту ҷазоро ифода мекунад.