ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 117

Антинейтрино

Антинейтрино - антизарраи нейтрино, зарраи бунёдии нейтралие, ки массаи сукунат надорад. Ба фермионҳо мансуб аст. Антинейтрино заряди электрикӣ ва моменти магнитӣ низ надорад. Аз ин рӯ, эҳтимолияти таъсири мутақобили он бо моддаҳо бағоят хурд меб ...

Антинейтрон

Антинейтрон - антизарраи нейтрон. Мисли нейтрон заряди электрикӣ надорад. Массаву спини антинейтрон баробари массаву спини нейтрон аст, вале онҳо аломати моменти магнитии муқобил доранд. антинейтрон соли 1956 дар таҷрибаҳои пароканиши дастаи анти ...

Антио

Антио, афликс, форматион, C 6 H 2 NO 4 PS 2 - як навъ моддаи химиявӣ. Чун инсектисид ва акарасид истифода мебаранд. Дар шакли эмулсияи 25-фоиза истеҳсол мешавад. Онро ба муқобили ширинча, тортанаккана, кайки нок, баргпечаки хӯшаи ток, митта ва ди ...

Антиоксидантҳо

А̀нтиоксида́нтҳо, ингибиторҳои оксидшавӣ - моддаҳои табиӣ ё сунъие, ки раванди оксидшавии моддаҳоро суст ё комилан қатъ мекунанд. Оксидшавии карбогидридҳо, спиртҳо, кислотаҳо, чарбҳо ва моддаҳои дигар ба воситаи оксиген раванди мусалсал занҷирӣ а ...

Антиох

Антио́х - номи 12 тан аз шоҳони силсилаи Селевкиён, ки пас аз марги Искандари Мақдунӣ дар Осиёи Хурд ва Эрон ҳукмронӣ кардаанд. Фаъолиятҳои сиёсӣ ва низомии бархе аз онон иртибот бо таърихи Эрон ва Осиёи Марказӣ доштаанд.

Антиохи I Сотер

Антио́хи I Сотер - писари Селевки I Никатор. Модараш Опама духтари яке аз ашрофони Бохтар ба исми Спитамон буд. Ҳукмронӣ солҳои 281 - 261.

Антиохи II Теос

Бештари даврони ҳукмрониаш дар юришҳо ва ҷангҳо гузаштааст. Вай ҳам мисли падараш муқобили ҳокими Миср - Птолемейи II Батлимуси II ҷангҳо кардааст, ки дар таърих бо номи "Ҷанги дуюми Сурия" маъруф аст тақрибан 258 - 253. Дар охирҳои ҳукумати Анти ...

Антиохи III Кабир

Антио́хи III Кабир - писари дуюми Селевки II. Вай бо номи Антиохи Кабир низ машҳур аст. Солҳои ҳукуматаш 223 - 187.

Антиохи IV

Замони ҳукумати ӯ низ мисли даврони падараш пур аз ҷангу набард аст. Дар солҳои 169 - 168 ба Миср ҳамла кард, вале бо исрори Рим аз идомаи ҷанг даст кашид. Дар бозгашт аз ин юриши худ ибодатхонаи Байтулмуқаддасро ғорат кард ва 10 ҳазор нафарро ба ...

Антиохи Аскалонӣ

Антио́хи Аскалонӣ - файласуфи Юнони Қадим, шогирди Филони Ларисӣ. Академияи афлотунияро аз скептитcизм шаккокия ба догматизм баргардонд. Аз ин рӯ, ӯро асосгузори академияи панҷум меноманд. Таъсири стоитсизм равоқия дар осораш намоён аст, Антиохи ...

Антипирен

Антипирен - модда ё омехтае, ки чӯб, матоъ ва маводи дигари органикиро аз оташ гирифтан ҳифз менамояд. Антипирен дар ҳарорати паст гудохта шуда, пардаи муҳофиза пайдо мекунад, ки он роҳи ҷараёни оксигенро ба даруни мавод мебандад. Ҳангоми гарм шу ...

Антипов-Каратаев, Иван Николаевич

Ива́н Никола́евич Анти́пов-Карата́ев сентябр 1888, деҳ. Теняево, уезди Стерлитамак, губернияи Уфа - 3 июли 1965, Боку) - хокшинос, агрохимик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Антипротон

Антипротон - антизарраи протон. Массаву спини антипротон ва протон баробаранд; заряди барионӣ, электрикӣ ва моменти магнитии онҳо низ аз ҷиҳати бузургӣ баробаранд, вале аломати муқобил доранд. Антипротонро соли 1955 ҷ. Сегре бо кормандони худ каш ...

Антисептика

Антисептика, зиддиуфунӣ - маҷмӯи тадбирҳоест барои безарар гардондани ҷароҳат ва тамоми он чӣ ки ҳангоми муолиҷа истифода мешавад.

Антисептикҳо

Антисе́птикҳо - навъе аз моддаҳои зидди уфунат. Антисептикҳо фаъолияти микроорганизмҳоро суст мекунанд ё афзоиши онҳоро бозмедоранд. Аз пайвастҳои органикӣ, хоса намакҳои металлҳои вазнин симоб ва нуқра антисептикҳои қавианд. Маҳлули ғилзаташ 1:1 ...

Антисфени Афинӣ

Муаллифи зиёда аз 70 асар оид ба фалсафа, илми маъонӣ ва баён. Фалсафаи Антисфени унсурҳои гуногуни ҳикмати замонашро фаро гирифта, ниҳоят ихтилофомез аст, дар таълимоташ асосҳои ҷараёнҳои калбия, равоқия, шаккокия фаровон ба назар мерасанд. Аммо ...

Антитезис

Антите́зис - ҳукмест, ки муқобил ё зидди тезис гузошта мешавад. Дар мантиқ антитезис муқаддимаи мабдаи истидлоли мантиқӣ дар исботи хулф аст, антитезис дар ду шакл истифода мешавад: аъзои боқимондаи дизюнкcия, дар ҳукмҳои мунфасила, масалан, анти ...

Антитоксинҳо

Антитоксинҳо - як навъ сафедаҳои махсус, ки заҳри микроорганизмҳо, рустанӣ ва ҳайвонот -ро безарар мегардонанд.

Антиферромагнетизм

Антиферромагнетизм - ҳолати муназзами магнитии моддаҳои кристаллӣ, ки дар он моменти магнитии ҳама ё қисми атомҳо дар гиреҳҳои панҷараи кристаллӣ тавре самтнок шудаанд, ки магнитнокии умумии модда баробари сифр аст. Таҳти таъсири майдони магнитии ...

Антифриз

Антифризро зимистон ба системаи сардонии муҳаррики дарунсӯз мерезанд. Барои муҳаррикҳои дарунсӯз истифодаи антифризҳое, ки дар таркибашон этиленгликол, обу спирт, обу глитсерин, маҳлули баъзе намакҳои ғайриорганикӣ ва ғайра доранд, мувофиқтар аст ...

Антонимҳо

Антонимҳо, мутазодҳо - калимаҳое, ки аз ҷиҳати маънӣ бо ҳамдигар муқобиланд: паст - баланд, дароз - кӯтоҳ, васеъ - танг, сард - гарм ва ғ. Антонимҳо дар ҳамаи ҳиссаҳои нутқи мустақилмаъно - исм, сифат, феъл, зарф ва баъзан дар таркиби ҷонишину шу ...

Антонинҳо

Антони́нҳо - асосгузори сулола, Траян, Адриан, Антонин Пий, Марк Аврелий ва шарикҳукмронаш Лусий Вер, Коммод. Антонинҳо дар сиёсати дохилӣ ва берунӣ манфиати ғуломдорони Рим ва музофотҳои онро ҳимоят менамуданд. Сиёсати онҳо ба тақвияти иқтисодиё ...

Антонов, Семён Михеевич

Семён Михе́евич Анто́нов - лётчики озмоишгари хизматнишондодаи СССР, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, полковник.

Антосианҳо

Антосианҳо - моддаҳои рангбахши рустанӣ. Антосианҳо мансуби гликозидҳо мебошанд. Ба меваҷот ва май ранги сурх, ба барги дарахтон тобишҳои гуногун аз гулгун то бунафши баланд медиҳанд. Антосианҳоро бори аввал биологи немис Р. Вилштеттер 1913 ошкор ...

Антракноз

Антракноз, қарасон - як навъ касалии занбӯруғии рустанӣ. Ҳангоми антракноз дар баргу пояи рустанӣ захм, донача ва доғҳои сиёҳтоб пайдо мешаванд. Баъзан гирди захм сурх шуда, миёнаи он дар натиҷаи ҳосил шудани спораҳо ранги гулобӣ, норанҷӣ ва сафе ...

Антракол

Антракол, пропинеб - як навъ занбӯруғкуш. Антраколро ҳамчун консентрати эмулсияи 70-фоиза истеҳсол мекунанд. Барои бартараф намудани касалии картошка алтернариоз ва фитофтора, ток сурхча; ба муқобили ҷел, тосаки хокистарранг ва канаи сурхи мева т ...

Антрасен

Антрасе́н, C 14 H 10 - карбогидриди ароматии конденсатсияшуда. Кристаллҳои беранг, тобишаш бунафш; ҳарорати гудозиш 216.6°С, ҳарорати ҷӯшиш 351°С. антратсен изомери фенантрен аст; якҷоя бо фенантрен ба таркиби равғани антратсенӣ дохил мешавад. Ан ...

Антрасит

Антраси́т - намуди ангишти табиии ба дараҷаи олӣ метаморфӣ гардида. Қариб пурра аз карбон иборат аст. Рангаш сиёҳи дурахшон, баъзан сиёҳи хокистарӣ ё зардчатоб. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос 2 - 4, зичиаш 1400 - 1700 кг/м 3. Гармии сӯзиши антратсит ...

Антрахинон

Антрахинон - як навъ пайвасти органикӣ. Кристаллҳои зарди равшан ҳосил мекунад; ҳарорати гудозишаш 286°С, ҳарорати ҷӯшиш - 382°С; дар нитробензол, анилин ва толуоли гарм нағз ва дар бисёр ҳалкунандаҳои дигар бад ҳал мешавад. Антрахинонро аввалин ...

Антропо

Антропо - қисми таркибии калимаҳои мураккаб, ки мансубияти онҳоро ба одам ифода мекунад. Антропометрия Антропология

Антропоген

Антропоген - номи давраи чорумини эраи кайнозой, давраи навтарини таърихи геологияи Замин, ки ҳоло ҳам идома дорад. Синни давраи антропогенро аз 600 ҳазор то 1 млн сол, баъзан то 2 - 3 млн сол ҳисоб мекунанд. Истилоҳи антропогенро соли 1922 геоло ...

Антропогенез

Бахши антропология, ки пайдоиши одамро ҳамчун мавҷудоти биологӣ меомӯзад. Бахши илмест, ки ҷараёни таҳаввулоти ташаккули инсонро муайян менамояд. Антропогенез ҳамчун қисми антропология приматҳо ва таҳаввулоти анатомии онҳоро мавриди омӯзиш қарор ...

Антропозоонозҳо

Антропозоонозҳо, зооантропонозҳо - як гурӯҳ касалиҳои сироятӣ ва паразитии одаму ҳайвон. Баъзе олимон антропозоонозҳоро зоонозҳо низ меноманд. Ба антропозоонозҳо брутселлёз, сили ҳайвонот, сӯхтанӣ, кузоз, ҳорӣ, туляремия, манқагӣ, орнитоз, шукуфа ...

Антропонозҳо

Антропоно́зҳо - бемориҳои сироятиеро гӯянд, ки ба онҳо фақат одамон гирифтор мешаванд. Антропонозҳо эҳтимол баробари дар рӯи замин пайдо шудани инсон ба вуҷуд омадаанд. Дар зинаҳои гуногуни тараққиёти ҷамъият баҳри ташаккули як бемории сироятӣ ва ...

Антропосотсиология

Антропосотсиология - назарияи иҷтимоие, ки дар асоси таҳрифи маълумоти антропология мақоми иҷтимоии шахсони алоҳида ва гурӯҳҳоро бо аломатҳои анатомию физиологии инсон бевосита алоқаманд менамояд. Антропосотсиология ҳодисаҳои ҷамъиятиро низ дар ҳ ...

Антропософия

Антропосо́фия - таълимоти ирфонӣ, ки дар он ақидаҳои пифагориён, навафлотуниён, гностикҳо ба ҳам омехтаанд. Асосгузори антропософия немис Рудолф Штейнер соли 1913 дар Дорнах Швейтсария "Ҷамъияти умумии антропософӣ" -ро таъсис намуд. Ӯ дар асарҳои ...

Антропохория

Антропохория - аз як ҷо ба ҷойи дигар, ҳатто аз як қитъа ба қитъаи дигар ба воситаи одам паҳн шудани мева ё тухми баъзе рустаниҳо. Чунин рустаниҳоро антропохорҳо меноманд. Онҳо аксар вақт аз ҳудуди ареали табиии худ берун мебароянд ва ба шароити ...

Антти Аарне

Дар Донишгоҳи Санкт-Петербург таҳсил намудааст 1893 – 1898. Пас аз хатми таҳсил ба Ҳелсинки омад ва дар Донишгоҳи Хелсинкӣ ба кор шурӯъ кард. Яке аз намояндагони мактаби таърихӣ-ҷуғрофӣ дар фолклоршиносӣ. Усулҳои техникии методи муқоисавиро таҳия ...

Анту

Анту, C 11 H 10 N 2 S - як навъ зоосид. Антуро ба мулӯҳҳои хӯрокӣ ҳамроҳ карда, барои нобуд кардани калламушҳо ба кор мебаранд. Анту моддаи кристаллии сафед буда, ҳамчун хока истеҳсол карда мешавад.

Антуан Анри Беккерел

Антуа́н Анри́ Беккере́л - намояндаи сулолаи физикадонҳои фаронсавӣ, яке аз кашшофони радиоактивият. Узви АИ Париж ва Президенти он, узви якчанд академияи илмҳои кишварҳои дунё буд.

Антуан Галлан

Дар коллеҷи шаҳри Нуайон, забонҳои юнонӣ, лотинӣ ва яҳудии қадимро омӯхт. Баъдан дар Коллеҷ де Франс забонҳои шарқиро омӯхта, донишашро дар соҳаи забони юнонии қадим мукаммал намуд. Ба ҳайси китобдор ва дабири сафири Фаронса дар Туркия ба Фракия, ...

Ану

Ану, C 12 H 10 O 2 - як навъ ҳербисид. Моддаи сафеди кристаллӣ; ҳарорати гудозиш 133°С. Дар шакли кислота ва намаки калий истеҳсол карда, барои танзими рушд, пешгирии рехтани мева ва дер гул кардан ба дарахтони себ мепошанд. Дар шакли маҳлул исти ...

Анубис

Ану́бис - яке аз худоҳои миллии Мисри Қадим. Дар Мисри Қади Анубис худои фавтидагон, нигоҳдорандаи дахма ва мадфуншудагон ҳисоб меёфт. Мумиёро барои нигоҳдории фиръавнҳо гӯё маҳз бо ёрии Анубис месохтаанд. Дар таърихи дини мисриёни қадим маҷмӯаи ...

Анурия

Анурия - наомадан ё хеле кам омадани пешоб. Анурия дар натиҷаи бемориҳои вазнини гурда, роҳи пешобро бастани санги масона, аз омос фишурда шудани нойи пешоб, суст шудани кори дил ва ғайра ба вуҷуд меояд. Аломатҳои анурия хушк шудани даҳон, ташнаг ...

Анфол

Маънои ном ғаниматҳо Гурӯҳбандӣ Маданӣ Тартиби нозил 88 Омор Рақами сура 8 Шумораи оятҳо 75 Ҷузъ 9 - 10 Ҳизб 18 - 19 Шумораи рукӯъ 10 Шумораи калима 1095 Шумораи ҳарф 5080 Сураи гузашта Сураи Аъроф Сураи раванд Сураи Тавба Тарҷумаҳо QuranAcademy. ...

Анхел

Анхел, Чурун-Мерун - шаршара дар Америкаи Ҷанубӣ. Дар болооби дарёи Чурун ҳавзаи Ориноко, дар теппакӯҳҳои Гвиана, дар ҳудуди Боғи миллии Канаймаи Венесуэла воқеъ гаштааст. Анхел аз қ-и теппакӯҳи мусаттаҳе, ки онро мардуми таҳҷоӣ Ауян Тепуй Кӯҳи Ҷ ...

Аншлиф

Аншлиф - ҷинсҳои кӯҳии сангушуда, ангишт ё металле, ки як ё якчанд сатҳашон барои тадқиқи микроскопӣ дар рӯшноии инъикосшудаи микроскопи қутбишӣ суфта ё сайқал дода шудааст.

Анъана

Анъана - намуди махсуси алоқаи иҷтимоӣ, ки ҳангоми амали арзишҳои фарҳангӣ таҷрибаи фаъолияти наслҳои гузаштаро дар худ инъикос намуда, дар зинаҳои гуногуни таърих бо мақсади ҳал намудани масоили нави амалӣ таъбир карда мешавад.

Анъом

Маънои ном Чорво Гурӯҳбандӣ Маккӣ Тартиби нозил 55 Омор Рақами сура 6 Шумораи оятҳо 165 Ҷузъ 7 - 8 Ҳизб 13 - 15 Шумораи рукӯъ 20 Шумораи калима 3860 Шумораи ҳарф 12254 Сураи гузашта Сураи Моида Сураи раванд Сураи Аъроф Тарҷумаҳо QuranAcademy.org ...

Анқо

Азбаски ин мурғ аз мардум дур буд ва диданаш на ба ҳама муяссар мегардид, ба маънои маҷозии чизи ноёфт, чизе, ки номаш ҳасту худаш нест, ба кор рафтааст. Дар адабиёти форс-тоҷик чун образи шеърӣ дар ирфон ба маънои гӯшанишинӣ, канораҷӯӣ омадааст: ...