ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 121

Ахсикат

Ахсикáт - пойтахти қадимии водии Фарғона, ки асрҳои 3-2 то м. бунёд шудааст. Ахсикатҳои 9-16 ба шаҳри калон табдил ёфта, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании Фарғона нақши муҳим бозид. Бори аввал дар маъхазҳои садаи X номбар шудааст. Ахсикат баъд ...

Ахта

Ахта кардани чорво аз замонҳои хеле қадим маълум аст. Чорворо асосан барои гӯшту равғани иловагӣ, бештар тарошидани пашм, осонтар шудани дар галлаву рама нигоҳ доштани он, табобати омоси ғадудҳои ҷинсӣ, захми тухмдон ва даббагӣ ахта мекунанд. Дар ...

Ахтал

Абумолик ибни Ғавс ибни Салт соли 649 таваллуд ёфтааст. Ахтал диёнати насронӣ дошта аз ҷавонӣ чун шоири ҳаҷвгӯ маъруф буд. Пас аз дарёфти робита бо дарбори сулолаи Умавиён шуҳрати бештар пайдо кард, зеро таҳти ҳимояти халифаҳои умавӣ қарор гирифт ...

Ахтарбинӣ

Ахтарбинӣ, ситорабинӣ, астроло́гия - илми аҳкоми нуҷум, таълимоте, ки аз рӯйи ҳаракат ва мавқеи ҷирмҳои осмонӣ, бахусус аз рӯйи мавқеи сайёраҳо пешгӯӣ кардани анҷоми ин ё он амал, ояндаи ин ё он одам ва халқҳоро қобили имкон медонад.

Ахтарзистшиносӣ

Астробиолóгия - илмест, ки зуҳуроти гуногуни ҳаётро дар Коинот меомӯзад. Пешрафти астробиология ба комёбиҳои астрономия, биология ва биохимия сахт марбут аст. Астробиология дар ҳалли баъзе масъалаҳо ба биологияи кайҳонӣ ва тибби кайҳонӣ такя меку ...

Ахтари Тобон

"Ахтáри Тобóн" - тазкираест, ки Абулқосими Муҳташам соли 1891 таълиф кардааст. Соли 1892 дар матбааи Шоҳиҷаҳонии Бҳупол ба табъ расид. Шарҳи ҳол ва намунаи осори 82 шоираи форсизабонро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Дар қисми "Хотима ...

Ахтаршиносии амалӣ

Ахтаршиносии амалӣ, астрономияи амалӣ - яеке аз бахшҳои ахтарсанҷӣ, ҷойгир кардан, доир кардан ва коркарди натиҷаи мушоҳидаҳо бо асбобу афзори ахтаршиносӣ, ки барои ҳалли ин ё он масъалаи ахтаршиносӣ заруранд.

Ахтаршиносии куравӣ

Ахтаршиноси́и куравӣ, астрономияи сферавӣ - қисми астрометрия, ки усулҳои риёзии ҳалли масъалаҳои вобаста ба омӯзиши мавқеи зоҳирӣ ва ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ -ро дар гунбади осмон таҳия мекунад.

Ахфаши Балхӣ

Абулҳасан Саид ибн Масъада Балхӣ Басрӣ - забоншинос ва арӯздони эронинажоди араб, шогирди Халил ибни Аҳмад.

Ахшунвор

Ахшунвóр - подшоҳи Ҳайтолиён. Муосири шоҳаншоҳи Сосонӣ Фирӯз буда, ду дафъа онҳо дар муқобили ҳам ҷангидаанд. Бори дуюм Фирӯзи Сосонӣ дар соли 484 ба Ҳайтолиён ҳамла кард. Чун Ахшунвор аз қасди Фирӯз огоҳ шуд, дастур дод, ки дар сари роҳи сипоҳи ...

Ашё

Тамоми чизҳои олами моддӣ, ки дар ҳолатҳои гуногуни табиии физикавӣ қарор доранд ва ё дар натиҷаи меҳнати инсон офарида шудаанд ва ҳар он чизе, ки ба олами зинда ва ғайризинда мутааллиқ мебошад, ашё ном доранд. Ҳам­чунин дар муқо­иса бо дарки маъ ...

Ашиату-л-ламаот

"Ашиату-л-ламаот" - асари Абдулҳақ ибни Сайфуддин Деҳлавии Бухории муҳаддис - ки тарҷума ва шарҳи форсии китоби "Миликоту-л-масобеҳ" дар ҳадис мебошад. "Маликоту-л-масобеҳ" -ро Валиуддин Муҳаммад ибни Абдуллоҳ Хатиби Табрезӣ дар асоси китоби "Мас ...

Ашиату-л-ламаот (асари Ироқӣ)

"Ашиату-л-ламаот" - яке аз тарҳҳои "Ламаот" -и Фахруддини Ироқӣ ба забони форсӣ, ки онро Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ таълиф кардааст. Худи "Ламаъот" як рисолаи фалсафӣ-ирфонии насрӣ ба забони форсӣ буда, Фахруддини Ироқӣ дар он асосҳои назарияи ваҳ ...

Ашир

Аши́р - воҳиди андоза ба маънии "даҳяк", "як даҳум", "як даҳуми қафиз" ё "36 заръи мураббаъ" аз чизе. Ашир аз воҳидҳои бисёр муҳимми замони Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр маҳсуб будааст. Чунончи, муаллифи китоби "Мафотеҳу-л-улум" як аширро ба ...

Аширон

"Аширон" - яке аз мақомҳои қадимии эрониён. "Аширон" дорои пардаи махсус буда, таркиботи лаҳнии он аз чанд оҳанг иборат аст. Абдурраҳмони Ҷомӣ мақоми "Аширон" -ро дар фасли ҳабдаҳуми "Рисолаи мусиқӣ" зикр намуда, онро ба таркиби 24 шуъбаи "Дувозд ...

Ашкана

"Ашкана", "Аскана" - яке аз оҳангҳои мавсимию маросимии мусиқии форс-тоҷик, ки машшоқи аҳди Сосониён Бомшод эҷод намудааст. Бино ба ахбору тавзеҳоти манбаъҳои хаттии мусиқию таърихӣ ашкана ба силсилаи оҳангҳои замзамавии бематни хуросонӣ мансуб б ...

Ашкана (Дувоздаҳмақом)

Ашкана, "Аскана" - гӯшаи мусиқӣ дар "Дувоздаҳмақом". Бино ба маълумоти Абдулмуъмини Сафиуддин дар "Китобу-л-адвор" ашкана чун гӯша дар "Дувоздаҳмақом" амал доштааст. Ашкана дар мусиқии мардумӣ ва классикии кунунии тоҷик вуҷуд надорад.

Ашкбус

Ашкбус - яке аз ашхоси "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ, паҳлавоне аз лашкари Комуси Кашонӣ, ки дар сафи турониён ба муқобили лашкари Эрон меҷангид. Марди далеру пурзӯр буд. Амалиёти Ашкбус дар фасли "Разми Рустам бо Ашкбус" -и "Достони Комуси Кашонӣ" овард ...

Ашкии Самарқандӣ

Дар мадраса бо тазкиранигор Мутрибӣ шарикдарс будааст. Ҳамин шахс ӯро чун суханвари бемисл, дорандаи ашъори равону шево тавсиф намудааст. Дар муаммогӯӣ ва муаммокушоӣ маҳорат доштааст. Бештари ашъорашро "ба тарзи Ироқ" сабки ироқӣ эҷод кардааст.

Ашкии Қумӣ

Дар зодгоҳаш шаҳри Қуми Эрон ба камол расид ва баъдан ба Ҳиндустон сафар карда ба хидмати дарбори Акбар ҳукмронӣ 1556–1605 дохил гардид. Дар тазкираи "Ништари ишқ" -и Ҳусайнқулихони Азимободӣ зимни иттилоъ оид ба Ашкии Қумӣ омадааст, ки ӯ пеш аз ...

Ашкол-ут-таъсис

"Ашкол-ут-таъсис" - рисола дар баёни асосҳои илми ҳандаса, ки аллома Шамсуддин Муҳаммад ибни Ашрафи Самарқандӣ ба забони арабӣ таълиф кардааст. Муаллиф дар он 35 шакл теорема-и ҳандасаи Евклиди юнониро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Баъда ...

Ашколи рамл

Ашколи рамл - маҷмӯи аломот, ишорот ва шаклҳои амали бардурӯғ ва аз ҷиҳати илмӣ беасоси раммолӣ, ки иборат аз чаҳор унсури фард ва завҷанд. Раммолон аз ҷаҳолати авом истифода бурда, бо ёрии ашколи рамл гӯё ҳодисот, воқеаҳо ва истиқболро пешбинӣ м ...

Ашколу-л-олам

"Ашколу-л-олам" - асари ҷуғрофиявии давраи Сомониён, ки ба қалами Абулқосим Ҷайҳонӣ тааллуқ дошта, ба забони арабӣ иншо шудааст. Баъзе муҳаққиқон муаллифи "Ашколу-л-олам" -ро намояндаи дигари хонадони маъруфи Ҷайҳониён - Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ мешум ...

Ашколӣ

Ашколӣ, чиб - як навъи кандакории рӯйи чӯб, ки мардуми Кӯҳистони Бадахшон истифода мекунанд. Ашколӣ, ки шакли чумчаи калони чӯбини ошхӯрӣ "чиб" -ро дорад, дар санъати кандакорӣ низ ба номи "чиб" ёдрас мешавад.

Ашкрезӣ

Ашкрезӣ - шоридани ашкро гӯянд, ки сатҳи ғӯзаи чашмро шуста, онро аз хушк шудан муҳофизат мекунад. А. ба афзоиши микробҳо низ монеъ мешавад. Ашк ба тавассути ашкроҳа ба халтаи ашк, баъд ба ҷавфи бинӣ мешорад. Дар мавриди ба чашм афтодани ҷисмҳои ...

Ашл

Ашл - воҳиди андозагирии дарозӣ ки, аз қадим дар сарзаминҳои исломӣ маъмул будааст. Тибқи тавзеҳи муаллифи китоби "Мафотеҳу-л-улум" як ашл дар Хуросону Мовароуннаҳри асри сомонӣ баробар бо шаст зирои тӯлӣ будааст. Ҳамакнун дар баъзе кишварҳои исл ...

Ашока

Ашока, Асока - шоҳи Ҳиндустон, сеюмин ҳукмрони давлати Маврия. Набераи асосгузори сулолаи Маврия Чандра-Гупта. Тақрибан соли 260 пеш аз милод зимни муборизаи шадид сиёсати созмон додан ва таҳким намудани давлати Ҳиндустонро, ки бобову падараш ба ...

Ашраф Мозандаронӣ

Ашрафи Мозандаронӣ Муҳаммадсаид ибни Муҳаммадсолеҳ Маҷлисии Мозандаронӣ - шоири форсизабони Ҳиндустон. Шогирди Соиби Исфаҳонӣ. Дар яке аз қаряҳои атрофи Исфаҳон ба дунё омада, таҳсили улуми мутадовилаи даврро анҷом дод. Дар синни камолот ба Ҳинду ...

Ашрафи Мароғаӣ

Ашраф Абуалӣ Ҳусайн ибни Ҳасани Мароғаӣ - шоири форсу-тоҷик. Бо номи Дарвеш Ашрафи Хиёбонӣ низ машҳур аст. Бо писари ҳоким Қарақуюнлу Ҷаҳоншоҳ шоҳзода Пир Будоғхон дӯстӣ дошт ва дар Бағдод зиндагӣ мекард. Пас аз вафоти ин шоҳзода ба Табрез омад в ...

Ашрафӣ

Ашрафӣ - тангаи тилои асрҳои 18–19, сиккаи Бухоро. Мувофиқи маълумоти ҳуҷҷатҳои асрҳои 18–19 дар зарробхонаи амир аз тилои соф зарб мезаданд. Вазни Ашрафӣ 1 мисқол ва қурбаш ба 19 тангаи нуқра баробар буд.

Ашти Калон

Ашти Калон, дашт дар ҳудуди ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар соҳили рости дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ҷойгир аст. Ашти Калонро аз шимолу ғарб доманаи қаторкӯҳи Қурама, аз ҷанубу ғарб кӯҳи Оқбел, аз ҷанубу шарқ адирҳои Суффатоғ иҳота кардаанд. Да ...

Ашқобод

Ашқобод дар ҷануби кишвар, дар ҳамвории назди доманаи кӯҳи Копетдоғ минтақаи зилзиладор дар воҳаи Аҳал ҷой гирифтааст дар баландии 214–240 м аз сатҳи баҳр. Дар зилзилаи сахти с. 1948 шаҳр тамоман хароб гардида, зиёда аз 160 ҳазор нафар ҳалок шуда ...

Ашӯров Абдулло

Ашӯров Абдулло - рассоми тоҷик, Хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Тошканд ва Академияи рассомии шаҳри Ленинград. Фаъолияти эҷодии А. Ашӯров асосан портретнигорист. Портрети маорифпарвар Беҳбудӣ, шоир Мирмуллоев, ҳунарпеша Аброр Ҳидоятов ва ғ. ...

Аъзо

Аъзо - силсилаи узвҳои одам, ки як ё чанд вазифаи махсусро иҷро мекунад. Мағзи сар, дил, чашм, ҷигар, меъда ва ғ. мисолҳои аъзо мебошанд. Ҳамаи аъзои организм ба ҳамдигар алоқаманд буда, дар иҷрои вазифаи худ ба аъзои том будани организм далолат ...

Аълам

Аълам - яке аз мансабҳои калонтарини рӯҳониён, мақоми динӣ - муфтигӣ донандаи қонуну қоидаҳои шариат. Вазифаи аълам муҳр гузоштан ба фатвои муфтиён буд, ки дар асоси он қозиҳо ҳукм мебароварданд. Ин мансаб дар Осиёи Миёна то Инқилоби Октябр вуҷуд ...

Аэробҳо

Аэро́бҳо - организмҳое, ки фақат дар муҳити оксигени холис зиндагӣ карда, инкишоф меёбанд. Ҳайвоноту наботот ва аксари микроорганизмҳо барои зиндагӣ ва нумӯ нерӯ -и ҳангоми бархурд -и оксидшавӣ ихроҷшударо истифода менамоянд. Аэробҳо ғайри­шартӣ ...

Аэровокзал

АЭРОВОКЗÁЛ, биноест дар фурудгоҳ барои хидматрасонӣ ба мусофирони нақлиёти ҳавоӣ, иншооти асосии мусофиркашонӣ, ки дар қисми марказии фурудгоҳҳо ҷойгир аст. Ба таркиби аэровокзал дохил мешаванд: перрони истгоҳи тайёраҳо, биноҳои хидматрасонии тех ...

Аэромеханика

Аэромеханика - фасли механика, ки мувозинату ҳаракати муҳитҳои газӣ ва таъ­сири механикии ин муҳитҳоро ба ҷисмҳои сахти дар он­ҳо ҷойгиршуда меомӯзад. Ба аэродинамика ва аэростатика ҷудо мешавад. Ба ҳидроаэромеханика ё гидроаэромеханика низ нигаред.

Аэрофагия

Аэрофагия - ҳангоми истеъмоли ғизо аз миқдори муқаррарӣ зиёдтар фурӯ бурдани ҳаво. Бо шитоб тановул кардани хӯрок, истеъмоли аз ҳад зиёди нӯшидани газдор ва ғ. боиси бо ҳаво пур шудани меъда мегардад. Дар натиҷа дар сари дил ҳисси нофораму вазнин ...

Аэрофотосуратгирӣ

Аэрофотосуратгирӣ, аз дастгоҳҳои паранда бо аэрофотоаппаратҳои махсус гирифтани акси маҳал. Аз рӯйи ин аксҳо харитаҳои топографии маҳалро тартиб медиҳанд. Аэрофотосуратгирӣ дар ҷустуҷӯи сарватҳои зеризаминӣ ва таҳқиқоти геологӣ, кишоварзӣ, корҳои ...

Ағба

Ағба - ҷойи аз ҳама пасти теғаи қаторкӯҳҳо, ки ҳамчун гузаргоҳи мувофиқтари байни водиҳои ду тарафи кӯҳ хизмат мекунад. Баландии агрохимия ба баландии қатор кӯҳҳо вобаста аст: дар Урал то 400 м, Алп то 1300 – 2800 м, Кавказ то 2400 – 3000 м, Осиё ...

Ағрирас

Ағрирас - яке аз шахсиятҳо дар осори адабиёти пешазисломии мардуми эронинажод ва "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ, бародари Афросиёб. Дар Авесто ба шакли Ағраераса омадааст. Аз зумраи ашхоси неккирдор, дорои сифати "нарава", яъне "нар", "мард", "далер" аст. ...

Ақаллияти миллӣ

Ақаллияти миллӣ, ақаллияти этникӣ - шакли умумияти миллию этникӣ, ки дар ҳолати ҷудо гаштани қисм ё гурӯҳе бар асари тағйири сарҳад, муҳоҷирати ихтиёрӣ ё муҳоҷирати маҷбурӣ ба амал омадааст. Ақаллияти миллӣ аз воҳиди давлатию миллӣ бенасибанд, он ...

Ақибгоҳ

Ақибгоҳ - ба маънои васеъ тамоми ҳудуди мамлакати ҷангкунанда бо аҳолӣ ва захираҳои иқтисодии он, ғайр аз минтақаи амалиётҳои ҳарбӣ; ба маънои маҳдуд маҷмӯи қувваю воситаҳои таъмини қӯшун, флот ва амалиёти онҳо, ки дар ҳудуди ҷабҳаҳо, артишҳо, ит ...

Ақибнишинӣ

Ақибнишинӣ - амалиёти қӯшунҳо, ки барои аз таҳти зарбаҳои душман баровардани қисмҳои ҳарбӣ, ишғоли минтақаҳои барои мудофиа қулай, ҳуҷуми ҷавобӣ, ихтисори тӯли ҷабҳа ё ғанимати вақт гузаронда мешавад. Ақибнишинӣ ҷангкунон ё бо мақсади стратегӣ пе ...

Ақоқиё

To 16 м қад мекашад, решааш устувор. Қутри шоху навдаи як дарахти ақоқиё дар якҷоягӣ то 9.5 м мешаванд; пӯстлохи шоху навдаҳояш дорчинии тира, навдаҳои яксолааш аз сабз то дорчинии сурхча. Баргаш паршакл, дароз 12 – 24 см, думчааш кӯтоҳ 1.5 – 3.5 ...

Ақҳавон

Пояаш рост, баргаш борики нештаршакл ё дарозрӯя канораш ҳамвор ё паррадор. Гулҳои дуҷинсаи сода ё сербарги якранг ва ё гуногунранг дорад.

Аҳад (мусиқӣ)

Аҳáд - дар мусиқӣ овози баланду шиддатноки тори панҷуми барбат, ки дараҷаи муайяни баландӣ дорад. Аҳад баъди такмили барбат ба сифати тори панҷум ба он илова шудааст. Бино ба маълумоти маъхазҳои мусиқӣ ин торро Форобӣ ба барбат илова карда, меъёр ...

Аҳадият

Аҳади́ят - дар афкори ирфонӣ мартабаи олии Офаридгор, ки бидуни ҳама гуна қайду шарт тасаввур мешавад. Дар ин мартаба ӯ хайри маҳз аст ва моҳияташ ба вуҷудаш баробар мебошад. Вақте Офаридгор аз ин мартаба берун ояд, бо мартабаи воҳидият рӯ ба рӯ ...

Аҳвоз

Аҳвоз - шаҳр дар ҷанубу ғарбии Эрон, маркази маъмурии устони Хӯзистон, бандари дарёи Корун. Аҳолӣ - 1 112 021 нафар