ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 128

Банҷ

Баландиаш 20-125см. Пояи рост, сершоҳ, барги байзашакл ё нештаршакли дарозрӯя, гули сафеди зардтоб, ғӯзаи кӯзачашакли сертухм,мудаввар ё гурданамои бӯртоб ё сиёҳ дорад. Аз апрел то сентябр гулу мева мекунад. Гиёҳи басо зарҳнок ва бадбӯй, ҳамчун а ...

Банҷармасин

Хонии феодалӣ салтанат дар қисми ҷан. шарқии ҷаз. Калимантар Борнео дар садаҳои 12-19. Дар садаи XII аз тарафи Ампу Ҷатмӣ, ки аслан аз Ҳиндустон омада буд, таъсис ёфтааст. Аз садаи XIV тобеи империяи Маҷопаҳит 1293 - тақр. 1520 буд. Дар аввали са ...

Банҷикас

Доир ба тобеияти Банҷикас дар байни муаррихони асрҳои миёна ва замони ҳозира ақидаи ягонае ба назар намерасад. Муаллифи "Ҳудуду-л-олам" таъкид кардааст, ки "Варғсар ва Банҷикас ду шаҳраканд аз Самарқанд, бар лаби рӯди Бухоро бино ниҳода". Истахрӣ ...

Баобаб

Баландиаш 18–25 м; даври шоху навдааш 9–10 м аз ин рӯ баобаб яке аз дарахтони бузургтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад; ғафсии танааш то 25 м; навдаҳои болоияш ғафс, ҳангоми хазонрез дарахти "чаппагардон" -ро мемонад. Танаи баобаб мавсими боронгарӣ об ...

Бар (воҳиди ченак)

Бар - воҳиди ғайриманзумавии фишор ва шиддати механикӣ. Як бар баробари 10 5 Па ё 10 6 дин/см². Пештар бар воҳиди фишор ва шиддати механикӣ буда, барий ё бария номида мешуд ва баробари 10 6 дин/см² буд. Ҳоло бар дар илми обуҳавошиносӣ метеорологи ...

Бара-бодо

Бара-бодо - гурӯҳи қавмҳои шимолу шарқи Ҳиндустон. Шумораашон дар ибтидои садаи XXI тақрибан ба 2 млн нафар расидааст. Бара-бодоиҳо ба забонҳои гуногун такаллум мекунанд, ки ба зергурӯҳи забонҳои бирмавии шохаи забонҳои тибату бирмавӣ ва оилаи за ...

Барабан

Барабан - сози мусиқии зарбии маъмул. Танааш резонанскунанда буда, шаклан ба салла шабоҳат дорад. Ба чамбараш аз ду тараф пӯст кашида шудааст. Бо чӯбакҳо навохта мешавад. Садои барабан баландии муайян надорад ва вобаста ба зарб баланду паст садо ...

Барака

Барака - номи мардумии ду ё чанд меваи ба ҳам часпида. Барака асосан дар рустаниҳои лучтухм мушоҳида мешавад. Мувофиқи баъзе ақидаҳо барака дар натиҷаи ба рустанӣ ғизои фаровон додан, дурагакунӣ, зери таъсири омилҳои ирсӣ, гормонҳои сабзиш, усора ...

Баракат (бозор)

"Баракат" - бозори болопӯшидаи маҳсулоти кишоварзӣ ва яке аз бозорҳои машҳури Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи "Бозори Путовский" маъруф буд. Масоҳати умумиаш 3.5 га фаро гирифта, беш аз 1000 нуқтаи яквақтаи савдо, 5 амбори захираи маҳсулот, 5 ...

Барановичи

Бара́новичи - шаҳр дар вилояти Брести Ҷумҳурии Белоруссия. Аҳолиаш бо атрофи он 190 ҳазор нафар. Маркази роҳи оҳани Минск-Брест, Лида-Лунинетс, Волковиск-Осиповичи.

Барафшон

"Барафшон" оҳангу таронаи мавсимию маросимӣ. ки дар замони Сосониён 222/24–651 Борбад барои ҷашну маросимҳои Хусрави Парвиз 590–628 эҷод карда, мансуб ба маҷмӯи лаҳнҳои ӯст; зарби бисёр маъмул дар эҷодиёти шеърию мусиқии санъати мақомҳо "Дувоздаҳ ...

Барахша

Барахша - деҳаи бузургу маъруфи қадимтар аз Бухоро дар сари роҳи Бухоро–Хоразм. Дар маъхазҳои асримиёнагӣ ба гунаҳои Афрахша, Фарахша, Ярахшӣ, Раҷфандун, Даҳфандун ва Варахша дучор меояд. Маъмултарин номаш Варахша аст. Ниг. низ Варахша.

Бараҳман

Бараҳман, Браҳман - дар таълимоти диниву фалсафии Ҳинди Қадим ҳақиқати олии объективӣ, мабдаи рӯҳонии мутлақи номушаххасест, ки олам бо тамоми мавҷудоташ аз он арзи вуҷуд намуда, дар айни ҳол, ҳамаи он чизе, ки дар олам вуҷуд дорад, дар бараҳман ...

Бараҳмания

Бараҳмания - дини қадимаи ҳиндувон, ки дар ибт. ҳазораи 1 то м., дар заминаи инкишофи дини ведоӣ, ба вуҷуд омадааст. Дар изадкадаи пантеон он Худоҳои маҳаллии қабилаҳои гуногун, ақидаҳои анимистию тотемистӣ, унсурҳои бутпарастӣ ва диг. нишонаҳои ...

Барбадос

Барбáдос - давлат дар Вест-Индия, дар ҷазираи ҳамном; дар ҳайати ҷазираҳои Антили Хурди Уқёнуси Атлантик. Масоҳаташ 431 км 2, аҳолиаш 300 ҳазор нафар ; зичии миёнаи аҳолӣ 660 нафар дар 1 км 2. Пойтахту бандари асосӣ – Бриҷтаун. Аз лиҳози маъмурив ...

Барбадосҳо

Барбадосҳо, бейҷенз - мардуме, ки аҳолии Барбадосро ташкил дода, ҳамчунин дар ИМА, Британияи Кабир, Канада ва дигар давлатҳо интишор ёфтаанд. Бо лаҳҷаи маҳаллии забони англисӣ гап мезананд. Алифбояшон лотинист. Шумораи умумии Б. дар аввали садаи ...

Барбарият

Барбарият, барбаризм - истилоҳи иҷтимоиест, ки нисбати ашхоси алоҳидаи бемаърифату бефарҳанг, ваҳшитабиат, харобкор, қотил, бемурувват, ҳайвонсифат ё гурӯҳи одамон ва ё қабоили ҷудогона, ҳатто дар даврабандии таърихӣ дар бисёр мамлакатҳо кор фарм ...

Барбарҳо

Барбарҳо - мардумони бумии Африқои Шимолӣ. Мансубияти ирқии Б., ки баъди футӯҳоти араб дар шим. Африқо роиҷ гардида буд ва ибтидоан аз тарафи аъроб ба маънои "ғайриараб", "кофир" ба кор мерафт, набояд аз калимаи юн. barbaros – барбар аҷнабӣ ваҷҳи ...

Барбарӣ

Барбарӣ - гурӯҳе аз мардуми ҳазораи муҳоҷири Афғонистон, ки дар ноҳияҳои шарқии Эрони имрӯза маскун шудаанд. Тақр. с-ҳои 1890–92 аз навоҳии Барбаристон ё худ Ҳазораҷот аз ноҳияҳои марказии Афғонистон ба Эрон кӯчидаанд ва вобаста ба номи маҳалли з ...

Барбитуратҳо

Барбитуратҳо - доруҳое, ки хосияти хобоварӣ ва мадҳушсозӣ доранд; ҳосилаҳои кислотаи барбитурат. Муддати таъсири Б. гуногун буда, ба хусусияти мубодила дар организм ва ихроҷи онҳо вобаста мебошад; Б и таъсирашон бардавом бештар ба воситаи гурда х ...

Барботко, Владимир Иосифович

Хатмкардаи студияи театрии шаҳри Навосибирск 1944. Актёри Театри марказии Артиши Шӯравӣ 1941–51 ва театри шаҳри Клайпедаи Литва 1951–57. Аз с. 1957 дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кардааст.

Барг

Барг - яке аз узвҳои рустаниҳои дараҷаи олӣ. Вазифаи ҳосил кардани моддаҳои органикӣ, бухор ва мубодилаи газро иҷро мекунад. Барги дарахтони мева, одатан, аз паҳнак ва думча иборат аст. Дар паҳнаки барг амалиёти физиологӣ ба амал меояд. Думча бар ...

Барг (нақш)

Барг - навъи нақш дар санъати амаливу ороишӣ ва тасвирӣ. Ҷузви нақши маъмули ислимист, ки асосан барг, гул ва муғчаҳо тасвир мешаванд. Барг аз қадим дар наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулдӯзӣ ва диг. ҳунарҳои халқии санъати амалӣ мавқеи калон дошт. ...

Баргак

Баргак - як навъ маснуоти заргарист, ки аз тило, нуқра ва мис сохта мешавад. Баргак аз зевароти маъмули занона буда, шаклан шабеҳи барги бед, сафедор, тухми харбузаю офтобпараст ва баъзан ромбшакл аст. Ин унсурҳои ороишро "барги тӯморча" ё "барги ...

Баргак (зардолу)

Баргак, долак - зардолуи дукафони бедонак. Бо номи кишта ҳам маъмул аст. Баргакро бештар аз навъҳои зардолуи Мирсанҷалӣ, Исфарак, Субҳонӣ, Хурмоӣ, Нишонӣ, Фалғарӣ тайёр мекунанд. Барои ин зардолуҳои пухтаро чида нағз мешӯянд, бо гази сулфур 2-3 с ...

Баргардонидани молу мулк

Баргардонидани молу мулк - дар ҳуқуқшиносӣ бозпас талаб карда гирифтани молу мулки соҳибмулк аз шахсе, ки онро бо роҳи ғайриқонунӣ ғасб кардааст. Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки ҳуқуқи бегона кардани онро надошт ва ...

Баргардониш

Баргардониш - яке аз навъҳои санъатҳои бадеӣ, аз гурӯҳи санъатҳои бадеии лафзист. Ин санъати бадеӣ барои он баргардониш ном гирифтааст, ки калимаву ибораҳои мисраи аввали байт дар мисраи дуюм баргардонда мешаванд. Дар илми бадеъ калима, ибораи ав ...

Барги Декарт

Барги Декарт - хатти каҷи ҳамвори тартиби сеюм, ки дар низоми росткунҷа муодилаи x 3 + y 3 = 3 a x y {\displaystyle x^{3}+y^{3}=3axy} ро қаноат мекунад. Параметри 3 a {\displaystyle 3a} ҳамчун диоганали квадрате, ки тарафаш ба хордаи калонтарини ...

Барги зулф

То 60 см қад мекашад. Пояи кӯтоҳ, барги байзашакл аз бехи поя месабзад, гули майдаи бӯртоб дорад. Аз май то охири сентябр гул мекунад. Дар боғу киштзор, заминҳои партов, канори ҷӯй ва чашмасорон месабзад.

Барги най

Барги най // Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Баргинозӣ

Баргинозӣ - навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ. Ба гурӯҳи навъҳои амирӣ мансуб аст. Баъди 90–100 рӯзи кишт мепазад. Ҳар палакаш 2–3 харбуза мебандад. Тухмшакли сертӯр, рангаш зарди кушод, пӯчоқаш тунук. Вазнаш 3–4 кг. Баъди пухтан аз бандаш зуд ҷудо ме ...

Баргпечакҳо

Андозаи баргпечаки ангур 12–16 мм аст; болҳои пешаш зарди кушод, рахҳои дорчинии сиёҳтоб дорад; болҳои қафояш дорчинии хокистарранг. Тухмаш хокистарранги зардча, дарозрӯя. Кирминааш сабзи кушод, сурхи қирмизӣ; зочааш дорчинии кушод дарозиаш 7–8 м ...

Баргрезонӣ

Бо мақсади баргрезонӣ аз моддаҳои кимиёӣ пеститсидҳо, дефолиантҳо истифода мекунанд. Дар токзорҳо баргрезонӣ қабл аз ғунучини мошинии ҳосил гузаронда мешавад. Дар ниҳолхона баргрезониро баҳри осон шудани ниҳолкобӣ, кашондан, нигоҳ доштан, гирифта ...

Баргузин

Дарозиаш 480 км, масоҳати ҳавзааш 21 100 км 2. Саргаҳи Баргузин аз нишебаҳои қ-кӯҳҳои Икат ва Муйи Ҷанубӣ оғоз шуда, аз хамии Баргузин ҷорӣ мешавад ва ба кӯли Байкал мерезад. Баъди д. Селенга ва Ангара аз ҷиҳати ҳаҷми резиши об ба дарёи Байкал да ...

Баргустувон

Баргустувóн, баргустухон - як навъ ҷавшани ҷангӣ, ки рӯяш пулакҳо ё баргҳои филиззӣ дошт. Баргустувонро дар вақти ҷанг барои нарасидани тир ё шамшер ба тани аспу филҳои ҷангӣ мепӯшонданд. Асрҳои миёна дар байни лашкариёни Осиёи Миёна, Хуросон ва ...

Баргхӯраки карам

Болаш сафеди нӯгсиёҳ. Дарозиаш 55-60 мм, наринааш назар бо модина хурд буда, дар зери болҳои пеш ду холи сиёҳ дорад. Тухмаш зарди шишагун дарозиаш 1-2 мм, кирминааш сабзи зардтоб; баданаш бо мӯякча фаро гирифта шуда, холҳои сершумор дорад. Зочааш ...

Баргхӯракҳо

Баргхӯракҳо - яке аз оилаҳои ҳашарот. Қариб 50 ҳазор намудро дар бар мегиранд. Дар фаунаи Осиёи Марказӣ 640 намуд ва 74 зернамуди онҳо вомехӯрад. Б. тухмшакл, гирда ё устувонашакл буда, ранги зард, сурх, сиёҳ, баъзан филиззмонанд доранд. Кирминаа ...

Баргчой

Аз 35 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сербарг, барги бедумча ё кӯтоҳдумчаи нештаршакл, гули гулобии арғувонӣ, хӯшагули дароз дар нӯги поя нумӯ меёбад, ғӯзаи сертухм дорад. Б. дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар баландии 1000-3200 м аз с. б. асосан ...

Бардеворӣ

Бардеворӣ // Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.

Бардоштани доғи судӣ

Бардоштани доғи судӣ - лағв кардани айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъйин карда шудааст баъд аз адои ҷазо ва ё дар муҳлате, ки тибқи қонун муқаррар шудааст. Дар мавриди бардоштани доғи судӣ шахс доғи судӣ надошта ҳисобида мешавад. Бардоштани доғи судӣ ...

Барду-л-аҷуз

Барду-л-аҷуз, барди аҷуз, айёми аҷуз, рӯзҳои аҷуза, сармои пиразан - номи ҳафт рӯзи охири зимистон, ки ҳаво бисёр сард ва тағйирёбанда аст. Ин рӯзҳо дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, ҳавзаи шарқӣ ва ҷанубии Баҳри Миёназамин ва баъзе мамолики араб ...

Барелйеф

Барелйе́ф - навъи ҳайкалтарошӣ, ки тасвири барҷаста дорад ва аз сатҳи заминаи асар ба андозаи аз нисф баландтар ё камтар аз он аст. Барелйеф ҳамчун санъати тасвирӣ ва наққошӣ дар пардозу ороиши берун ва даруни биноҳо истифода мешавад. Аксар барел ...

Баржа

Баржа - киштии боркашонест, ки бо ёрии заврақи ядаккаш ҳаракат мекунад. Дар баъзе давлатҳо дар роҳҳои обӣ яке аз воситаҳои асосии боркашонӣ мебошад. Баржаҳои маводди моеъ ва хушкашонро фарқ мекунанд. Борбардории баржаи моеъкашони дарёӣ то 12 ҳазо ...

Барзагов

Барзагов, гови варза, варзагов - гови нар, ки ахта карда шудааст. Барзагов барои ҷуфтронӣ, хирманкӯбӣ, чигинакашӣ ва диг. корҳои деҳқонӣ мувофиқ аст. Барзаговҳо, одатан, оромтабиат буда, зуд фарбеҳу нерӯманд мешаванд. Буққачаҳоро аз 8-12-моҳагӣ а ...

Барзах

Барзах - макони миёнҷие, ки дар байни олами моддиву муҷаррад қарор дорад; чизе, ки дар миёни ду ашёи ба ҳам муқобил воқеъ аст ё миёни ду чизи зидди якдигар. Асоси барзах дар дини ислом дар фалсафаи калом вуҷуди олами арвоҳ ва фаришташиносӣ ақли д ...

Барзах (Мазҳакаи илоҳӣ)

"Барзах" - номи китоби дуюми асари сегона -и Алигери Данте "Мазҳакаи илоҳӣ" мебошад, ки дар он муаллиф марҳилаи дуюм аз мароҳили сафари сегонаи солик ба дунёи ҷовидро тасвир кардааст. Худи Алигери Данте дар муқаддимаи барзах номи дигари онро "Биҳ ...

Барзин

Барзин - яке аз персонажҳои "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ, писари Гаршосп. Барзин сарвари паҳлавонони дудмони Гаршосп буд, ки дар замони Нӯзар, Кайқубоду Кайковус ҳамроҳи дигар паҳлавонон дар ҷангҳо бо турониён иштирок мекарданд. Фирдавсӣ овардааст: Дар ...

Барзу

Барзу - яке аз персонажҳои достонҳои ҳамосии халқҳои эронинажод, аз он ҷумла "Барзунома" ; писари Сӯҳроб, набераи Рустам. Барзу мисли падараш ба фитнаи Афросиёб ба ҷанги Рустам рафт, вале бо тадбири модараш аз марг раҳо ёфт. Афросиёб боре пас аз ...

Барзуи Деҳқон

"Барзуи Деҳқон" хондан ва нақли достон кам шудааст. Дар Эрон ин достон ба номи "Рустам ва Барзу" шуҳрат доштааст ва баъзе нусхаҳои онро муҳаққиқи адабиёти шифоҳӣ Инҷавии Шерозӣ гирд оварда, дар китоби "Фирдавсинома" ба табъ расондааст. "Барзуи Де ...

Барзунома

"Барзунома" - достони ҳамосиест, ки тақрибан дар асри 11 таълиф шуда, ба қалами Хоҷа Амиди Атоӣ ибни Яъқуб маъруф ба Атоии Розӣ нисбат дода мешавад. "Барзунома" достонҳову ривоятҳои зиёдеро роҷеъ ба хонадони Рустам, ки Фирдавсӣ дар "Шоҳнома" ба о ...