ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 136

Бидл, Ҷорҷ Уэлс

Хатмкардаи донишгоҳҳои Небраска 1926 ва Корнелск 1931. Фаъолияти илмиаш аз Институти технологии Калифорния 1931 - 1936 оғоз ёфта, то ба дараҷаи профессор Институти Станфорд 1937 - 1946 расидааст. Солҳои 1961 - 1968 Президенти Донишгоҳи Чикаго буд ...

Бидон (китоб)

"Бидон" - китобест барои таълими забони арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ буда, муаллиф ва вақту замони таълифаш маълум нест. Мувофиқи маълумоти "Шарҳи мулло" -и Абдурраҳмони Ҷомӣ, "Бидон" то давраи ӯ ҳам вуҷуд доштааст. Дар "Бидон" ҳиссаҳои нутқ ва гра ...

Бидоъ

Бидоъ - истилоҳи фалсафаи калом, ки дар амри Худо раво будани раъйи тағйирёбандаро ифода менамояд. Он ба ҳолате ишора мекунад, ки Худо ба чизе амр карда бошад ва баъди он аз амри пешинаи худ сарфи назар кунад. Ба ақидаи мутакаллимон, бандагон амр ...

Бидоя ва ниҳоя

"Бидоя ва ниҳоя" - асари яке аз муҳаддисони номӣ Имодуддин Абулфидо Исмоил ибни Умар, маъруф ба Ибни Касири Димишқӣ. Асари мазкур аз даҳ ҷилд иборат аст. Зимни баёни воқеаҳо истинод ба Қуръон ва аҳодиси набавӣ кардааст. Ӯ ҷараёни ҳиҷратро аз оғоз ...

Бидояту-л-калом

"Бидояту-л-калом" - рисолаи мазҳабии Нуруддин Аҳмад Бухороии Сабунӣ дар илми калом, ки барои пайравони аҳли суннат ва ҷамоат таълиф шудааст. Рисола шакли мухтасари китоби дигари муаллиф "ал-Ҳидоя фӣ-л-калом" буда, аз чаҳор мақсад иборат аст.

Бидояту-л-мубтадӣ

"Бидояту-л-мубтадӣ" - рисолаи Абулҳасан Алӣ ибни Абубакри Марғелонӣ дар илми фиқҳи ҳанафӣ. Муаллиф дар таълифи он аз "Мухтасар" -и ал-Қудурӣ ва "ал-Ҷомеъ-ус-сағир" -и Муҳаммади Шайбонӣ истифода намуда, зимнан дар танзими матолиб ба "Ҷомеъ-ус-сағи ...

Бидпой

Дар замони дар Ҳиндустон ба миён омадани китоби "Калила ва Димна", тақрибан то садаи V зиндагӣ мекардааст. Номи ин шахс дар муқаддимаи тарҷумаи арабии "Калила ва Димна" -и мутааллиқ ба Ибни Муқаффаъ Бидпой Байдаба - файласуф ва вазир буд, ки дар ...

Бидун Бухорхудот

Бидун Бухорхудот - ҳокими Бухоро, ки дар маъхазҳои таърихӣ бо номҳои "Бандун", "Нидун", "Садун" ҳам сабт гардидааст. Бухорхудот лақаби ҳокимони пешазисломии Бухоро буд, ки маънои соҳиби Бухороро ифода мекард. Балозурӣ дар "Футӯҳ-ул-булдон" ӯро "Б ...

Бидъат

Аввалҳо касонеро, ки навоварие ба дин дохил карданӣ мешуданд, ба бидъат айбдор мекарданд. Онҳо бештар фақеҳони мактаби динии Мадина буданд ва ба тарзи давлатдории Умавиён, ки гӯё аз идеали давлатдории теократии замони Муҳаммад с ва хулафои рошидӣ ...

Бизон

Бизон, ё бизони амрикоӣ - як навъ ҳайвони ширхори ҷуфтсум. Ба зубри аврупоӣ шабоҳат дорад. Бизони нарина назар ба бизони модина калонтар дарозии танаш то 3 м аст. Баландиаш то сари дӯш 2 м, вазнаш то 1 т. Қисми пеши танаш бештар инкишоф ёфтааст. ...

Биков, Васил Владимирович

Биков Васил Владимирович - нависандаи белорус ва шуравӣ, ходими ҷамъиятӣ. Нависандаи халқии ҶШС Белоруссия. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ буд.

Бикова, Елизавета Ивановна

Бикова Елизавета Ивановна - сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот, гроссмейстери байналмилалӣ. Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС, иқтисоддон-тарроҳ, рӯзноманигор. Чемпиони 6-каратаи Маскав ва 3 карат чемпиони ИҶШС. Соли 1953 бо пирӯзӣ бар Людмил ...

Бил, Томас Уилям

Дар мавзеи шимоли ғарби Ҳинд Утарпрадеш дар идораи молиёт, инчунин дар ширкати Ҳинди шарқии англисӣ кор мекард. Пас аз бознишастагӣ зиндагиашро дар Агра Акбаробид идома дод. Ба забони форсӣ китобе дорад бо номи "Мифтоҳ-ут-таворих", таълиф 1848; ч ...

Билл Гейтс

Уи́лям Ҳе́нри Гейтс III, бештар маъруф ба Билл Гейтс - тоҷир ва ходими ҷамъиятӣ, филантропи амрикоӣ, яке аз созандагони ва собиқ саҳмиядори бузурги ширкати Microsoft.

Билли Блэнкс

Билли Блэнкс - варзишгар ва ҳунарпешаи амрикоӣ, мураббии дараҷаи байналмилалӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи дараҷаи ҳафтум дар таэквондо, ҳафт карат чемпиони ҷаҳон оид ба карате, дорандаи камарбандҳои сиёҳ дар панҷ намуди ҳунарҳои размӣ. Нахустин ка ...

Билол ибни Рабоҳ

Билоли Ҳабашӣ - яке аз аввалин гаравандагон ба дини ислом, аввалин муаззин ва саҳобаи пайғамбар Муҳаммад.

Билярд

Биля́рд, гоҳо биллиа́рд - бозие, ки бо кий ва саққоҳо дар болои мизи махсус доир мешавад. Мақсади бозигарон бо кий саққочаҳоро зада ба тӯрхалтаҳо андохтан ва аз ҳариф зиёдтар хол гирифтан аст. Аз навъҳои бозии билярд паҳншудатарини он бозии карам ...

Билқис ва Сулаймон

"Билқис ва Сулаймон" - қиссаи ишқию романтикист, ки дар байни чандин халқҳои ҷаҳон машҳур будааст ва дар Тавроту Қуръон низ зикр ёфтааст. Донишмандони асримиёнагии Шарқ саргузашти Билқис ва Сулаймонро чун воқеаи таърихӣ ба қалам додаанд. Сулаймон ...

Биметалл

Биметалл - маводди филиззӣ иборат аз ду қабати филиззҳои гуногун ё хӯлаҳои гуногунҷинса. Биметаллро асосан бо роҳи якҷоя сахт фишурдани ду хел масолеҳи филиззӣ ё хӯлаҳои гуногун, дар рӯйи филиззи душворгудоз давондани филиззи осонгудоз, ба маҳлул ...

Бингина

Бингина, бангина - як навъи бозии кӯдакон ва наврасон. Дар бингина 5-6 нафар ва гоҳе бештар кӯдакон ва наврасон иштирок мекунанд. Бозӣ дар ҳамворӣ, боғ, кӯча ва ё рӯйи ҳавлӣ баргузор мешавад. Тарзи гузаронидани бозӣ чунин аст. Кӯдакон ва наврасон ...

Бине, Алфред

Алфре́д Бине́ - равоншиноси фаронсавӣ, асосгузори равоншиносии эксперименталӣ дар Фаронса, бунёдгузори аввалин озмоишгоҳи равоншиносӣ дар Сорбонна. Алфред Бине яке аз муҳаққиқони асосии таълимот доир ба коркарди тестҳо ба шумор меравад. Ӯ масъала ...

Бинидарӣ

Бинидарӣ - ҷузъи санъати меъморӣ, қисми дар. Бинидарӣ тахтаи чортарошест, ки 5–10 см бар ва ба андозаи баландии дар, дарвоза ё дарича дарозӣ дошта, аксаран ба зеҳи табақаи чап насб мешавад. Дарҳои яктабақа низ дар қисми мобайн Бинидарӣ доранд. Би ...

Биниши Кашмирӣ

Дар Кашмир касби камол ва зиндагиву эҷод кардааст. Тазкиранависон ашъори ӯро сутудаанд. Аз ӯ куллиёти ашъор беш аз 7 ҳазор байт ва маснавиҳо дар ҷавоби "Хамса" -и Низомӣ ба ёдгор мондаанд. Маснавии якуми ӯ "Биниши абсор" дар ҷавоби "Махзан-ул-аср ...

Биннинг, Герд Карл

Хатмкардаи мактаби Рудолф Кох дар Оффенбахи лаби Майн 1966 ва Университет ба номи И. В. Ҳёте дар Франкфурт 1978. Пас аз хатми донишгоҳ Биннинг корманди Лабараторияи таҳқиқотии ширкати "Интернэшнл бизнес мэшинз" IBM дар шаҳри Сюрих Швейтсария шуд. ...

Бинокори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинокори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - унвони фахрӣ; 8 октябри 1958 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон муқаррар кардааст. Ба бинокорон ва кормандони фаъоли муҳандисию техникии ташкилоти бинокорӣ ва лоиҳакашӣ, муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, корхона ...

Бином

Бином, дуаъзогӣ - ҳолати хусусии полином, ки намуди ҷамъи ду мономҳо -ро дорад. Масалан: a + b, a − b, a 2 + b 2, 3 b − 4 b 3. {\displaystyle a+b,\ a-b,\ a^{2}+b^{2},\ 3b-4b^{3}.} Дараҷаи биномҳо бо ёрии формулае ҳисоб карда мешавад, ки биноми Ха ...

Биноми Хайём-Нютон

Биноми Хайём-Нютон - формулаест барои ба ҷамъшавандаҳои алоҳида паҳн намудани дараҷаи суммаи ду тағйирёбанда: a + b n = ∑ k = 0 n k a n − k b k = n 0 a n + n 1 a n − 1 b + ⋯ + n k a n − k b k + ⋯ + n b n {\displaystyle a+b^{n}=\sum _{k=0}^{n}{\bi ...

Бинсир (мусиқӣ)

Бинсир - номи пардаи миёнаи барбат, ки байни пардаҳои вустои залзал ва хинсир воқеъ шудааст. Ба воситаи ангушти миёна дар ин парда ҳосил кардани овозро низ бинсир гӯянд. Ҳангоми навохтани сози барбат ин пардаро бо ангушти миёна зер мекунанд. Вазъ ...

Бинӣ

Бинӣ, димоғ - узви шомма, ҳиссаи аввали роҳи болои нафас. Бинӣ аз тағояк, устухон ва пӯсту мушакҳо таркиб ёфтааст. Пӯсти бинӣ ғадудҳои равғанбарор дорад. Дар вурудгоҳи ковокии бинӣ, дар ҳудуди пӯсту луобпарда, мӯй месабзад. Ковокии бинӣ, ки онро ...

Био-

Био- - пешванд, қисми калимаҳои мураккаб, ки маънои ба ҳаёт ва аз ҷиҳати аҳаммият бо биология, алоқаманд буданро ифода мекунад, мас., биокимиё, биофизика, биофабрика ва ғ.

Биогенез

Биогенез - назарияе, ки аз материяи ғайризинда пайдо шудани мавҷудоти зиндаро дар рӯйи Замин инкор мекунад. Асоси тасаввурот оид ба Б. муқобил гузоштани зинда ба ғайризинда ва абадӣ будани ҳаёт аст. Тарафдорони биогенез тахмин мекарданд, ки ҷанин ...

Биогеокимиё

Биогеокимиё - як фасли геокимиё, ки амалиёти геокимиёии дар биосфера бо ширкати организмҳо рухдодаро меомӯзад. Биогеокимиё на фард ё як намуди алоҳидаи организм, балки ҷамеи организмҳоро чун моддаи зинда мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Моддаҳои зин ...

Биогеосеноз

Биогеосено́з - маҷмӯи наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, ки дар мавзеъҳои муайяни рӯйи Замин ба вуҷуд омадаанд. Биогеосенози зинда аз организмҳои автотрофӣ ва гетеротрофӣ иборат аст. Ба қисмҳои ғайризиндаи биогеосеноз атмосфера, энергияи офтоб ...

Биогеосенология

Биогеосеноло́гия - илм дар бораи биогеосенозҳо ва биогеосфера. Асосгузори биогеосенология олими рус Сукачёв В. Н. мебошад. Дар инкишофи биогеосенология саҳми олимони шӯравӣ Докучаев В. А., Морозов Г. Ф., Вернадский В. И. ва дигар арзанда буда, ғо ...

Биокимиё

Биокимиё, кимиёи биологӣ - илмест, ки таркиби организмҳои зинда, тарзи дар онҳо ҳосил шудан ва аҳаммияти биологию физиологии моддаҳои кимиёиро меомӯзад. Биокимёро шартан ба Биокимиёи микробҳо, Биокимиёи рустанӣ, Биокимиёи ҳайвонот ва одам ҷудо ме ...

Биолаборатория

Биолаборатория - озмоишгоҳи биологӣ, муассисаест, ки бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ аз касалиҳо, алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасон таъсис дода мешавад. Биолабораторияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва корхонавӣ дар муассисаҳои истеҳсолию хоҷагиҳо ву ...

Биолитҳо

Биолитҳо - ҷинсҳои кӯҳии биогенӣ ва органогенӣ, ки асосан аз боқимондаҳои ҳайвоноти ҳалокшуда, рустаниҳо ё боқимондаҳои маҳсулоти зиндагии онҳо ташаккул ёфтаанд. Биолитҳо сӯзанда – каустобиолитҳо ва насӯзанда акаустобиолитҳо мешаванд.

Биологияи кайҳонӣ

Биологияи кайҳонӣ - яке аз соҳаҳои зистшиносӣ, буда, ҳаёти организмҳои заминиро дар шароити фазои кайҳон ва ҳангоми парвоз дар киштиҳои кайҳонӣ, инчунин, системаҳои биологии таъмини ҳаётро дар киштиву пойгоҳҳои кайҳонӣ меомӯзад. Бо ахтаршиносӣ, г ...

Биолюминессенсия

Биолюминессенсия - аз худ нур баровардани организмҳо. Биолюминессенсияро дар бактерияҳо, рустаниҳои дараҷаи паст мас., занбӯруғҳо, баъзе ҳайвоноти бемуҳра содатаринҳо, ҳашарот ва моҳиҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Биолюминессенсия асосан дар байн ...

Биомасса

Биома́сса - массаи умумии фардҳои як ё чанд намуд ва ё кулли ҷамоа, ки ба воҳиди сатҳ ё ҳаҷми маҳалли сукунат рост меояд. Биомассаро аз рӯйи массаи моддаи хушк бо г/м 2, кг/га, г/л, г/м 3 ва ғ. ифода мекунанд. Биомассаи бактерияҳо, планктонҳои на ...

Биометеорология

Биометеорология - як шохаи илми экология ва ҳавошиносӣ, таълимот дар бораи таъсири омилҳои метеорологӣ офтоб ва ғайра) ба организмҳои зинда. Биометеорология равандҳои ҳаётӣ ва таъсири омилҳои метеорологиро ба фаъолияти аъзои бадани инсон, ҳайвоно ...

Биометрия

Биоме́три́я - як фасли биология, ки ба мушоҳидот, ҳисобу китоб ва чен кардани аломатҳои организмҳои зинда машғул буда, онҳоро аз нигоҳи биологӣ таҳлил ва маълумоти бадастомадаро бо усулҳои математикӣ ҳал мекунад. Биометрия дар байни илмҳои биолог ...

Бионавигатсия

Бионавигатсия - қобилияти самти ҳаракатро ҳангоми кӯчиши мавсимӣ муқаррар кардани ҳайвонот. Бионавигатсия бо ёрии аъзои ҳис ва аксуламали ирсӣ ғариза ба амал меояд. Бионавигатсия хусусан дар вақти парвози парандаҳои ҷавон, ки бори аввал ба ҷойи з ...

Бионика

Асосгузори бионика Леонардо да Винчи аст. Ӯ аввалин шуда барои сохтани дастгоҳе, ки бояд чун паранда бол мезад орнитоптер, кӯшиш намуд. Ба вуҷуд омадани кибернетика барои омӯзиши нисбатан пурраи умумияти сохту вазифаи силсилаҳои зинда ва техника, ...

Биооптика

Биооптика - як фасли биология, ки маҷмӯи ҳодисоти аз тарафи организмҳои зинда барои ёфтани самт истифода бурдани рӯшноиро меомӯзад. Биооптика масъалаҳоеро, ки одатан морфология, физиология, нейрофизиология, оптика, экология ва этология ҳаллу фасл ...

Биополимерҳо

Биополимерҳо - пайвастҳои табиии калонмолекула, ки асоси сохтори ҳамаи организмҳои зинда буда, дар ҷараёни ҳаёт аҳаммияти бузург доранд. Гурӯҳи хеле муҳимми моддаҳои органикиро полимерҳо ташкил медиҳанд. Массаи молекулавии онҳо ба даҳҳо ҳазор ва ...

Биопсия

Биопси́я - бо мақсади ташхиси беморӣ бурида гирифтани порчае аз бофтаи организми зинда. биопсия имкон медиҳад, ки тағйироти нонамоёни организм муайян ва дар асоси он хусусиятҳои беморӣ бармаҳал ошкор карда шаванд. Биопсия дар соҳаҳои гуногуни тиб ...

Биосеноз

Биосеноз - маҷмӯи организмҳое, ки дар муҳити шароиташ яксон ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд. Истилоҳи "биосеноз" -ро биологи олмонӣ К. Мёбиус 1877 кашф кардааст. Мафҳуми биосеноз олами зиндаи биогеотсенозро ифода менамояд. биосеноз ба фитотсеноз ва зоотс ...

Биосенология

Биосенология - илмест, ки ҳамзистии набототу ҳайвонот, сохт, инкишоф ва робитаи онҳоро бо омилҳои берунӣ меомӯзад. Ҳамзистии организмҳо ва таъсири ҳамдигарии онҳо бо табиати ғайризинда мавзӯи омӯзиши биогеосенология аст. Қисмати ба наботот алоқам ...

Биосинтез

Биоси́нтез - ҷараёни аз моддаҳои сода ҳосил шудани моддаҳои мураккаби органикии барои организм зарур. Биосинтез дар ҳуҷайраҳои зинда зери таъсири ферментҳо мегузарад. Биосинтез дар ниҳоли дарахтони мева ҳангоми мавҷуд будани кислотаи аденозинфосф ...