ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 138

Бичаи Мунаҷҷима

Зодгоҳаш шаҳри Кирмони Эрон. Дар тазкираҳои "Маҷолис-ун-нафоис" ва тарҷумаҳои он, "Ҷавоҳиру-л-аҷоиб" ва ғ. аз ӯ чун зани фозила, донандаи илми нуҷум, моҳира дар тақвимсозӣ ва ғ. ёд шудааст. Бо Алишери Навоӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ошноӣ доштааст. Дар ...

Бичахонум

Бичахонум - персонажи театри лухтакбозии тоҷик. Асосан то Инқилоби Октябр 1917 вуҷуд дошт ниг. Зочабозӣ. Биҷахонум персонажи якчанд пйеса буда, дар ҳар асар симои ӯ тағйир меёбад. Дар як пйеса зани Полвонкачал, дар пйесаи дигар чун маъшуқаи ӯ ама ...

Бишри Ҳофӣ

Дар қарияи Марв дар хонаводаи яке аз сарони дастгоҳи ҳукумати Марв ба дунё омад. Бишр дар навҷавонӣ аз Марв ба Бағдод рафт ва ба гурӯҳ аёрон) пайваст ва аз сарҳангони онҳо шуд. Яке аз суханони машҳураш дар тасаввуф ин буда, ки "касе ҳақро намешин ...

Биҳии самарқандӣ

Биҳии самарқандӣ - навъе аз биҳӣ. Дарахташ косашакли баланд, дар 10 - 12-солагӣ 4.5-4.6 м қад мекашад. Ғафсии танаш 40-45 см. Шохаҳояш паҳну парешон, дарозии шохаҳояш 3.3-3.5 м, баргаш байзашакл. Муғҷаҳои боровараш асосан дар навдаҳои яксола ҷой ...

Биҳишт

Биҳишт, фирдавс, ҷаннат, мину - дар дини ислом наз­диктарин ҷойгоҳ ба Худованд барои муъминони ҳақиқӣ, ки ба туфайли аъмоли неку бегуноҳӣ ба онҷо бурда шаванд ва манзилгоҳи абадии онҳо бошад.

Биҳиштӣ

Биҳиштӣ - навъе аз ангурҳои қадимии дерпазаки тоҷикӣ; селексияи халқист. Биҳиштӣ сафед ва сиёҳ мешавад. Баргаш сабзи баланд, миёнаҳаҷми гирд а ё байзашакли 3-5-парраи чиндор. Гулаш ду­ҷинс, хӯшааш миёна ва калон, устувона ё махрутшакл, зичиаш миё ...

Биҳориҳо

Биҳориҳо - гурӯҳи халқиятҳои ҳиндуориёӣ дар шимоли Ҳиндустон ва навоҳии наздисарҳаддии Бангладеш, Бутан ва Непал. Аҳолии асосии биҳориҳо дар Ибтидои садаи XXI бҳоҷпурҳо 24.3 млн нафар, магаҳҳо 13 млн нафар ва майтхилҳо 22 млн нафар мебошанд, ки б ...

Биҳӣ

То 5-7 м қад мекашад. Шохаҳояш парешон. Баргаш байзашакл ё мудаввари калон; қисми поинаш пашмак дорад. Гулаш калони дуҷинс, сурхи сафедтоб, хушбӯй; моҳҳои май - июл мешукуфад, давраи гулшукуфташ 7-18 рӯз. Мевааш лунда ё нокмонанд, зард вазнаш 228 ...

Благовешенск

Дар қисми ҷан. ғарбии дашти байни деҳаҳои Зея ва Бурея, дар соҳили д. Амур ва резишгоҳи д. Зея ҷойгир аст. Бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад. Аҳолиаш 219861 нафар 2010. Масоҳ. 320.97 км². Истгоҳи охирини роҳи оҳани Белогорск-Сибир Тра ...

Благоев, Димитр

Аз оилаи деҳқони камбағал. Аз с. 1878 дар Россия зиндагӣ мекард. Соли 1881 ба Университети Петербург дохил шуд. Соли 1883 яке аз аввалинҳо шуда ташкилоти марксистӣ дар Россия гурӯҳи Благоев-ро ташкил кард. Соли 1884 он 15 маҳфили марксистиро дар ...

Благонравов, Анатолий Аркадевич

Анато́лий Арка́девич Благонра́вов и 1894, деҳаи Анковои губ. Владимир - 4 феврали 1975, Маскав) - механики шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, генераллейтенанти артиллерия, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Ходими хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСФСР.

Бласто-

Блàсто… - қисми таркибии ка­лимаҳои мураккаб, ки дар тиб ва биология мансубият ба ҳуҷайраи ҷанин, ҷанинпарда, давраҳои аввали инкишофи ҷанинро дорад, Масалан бластомикоз, бластомерҳо, бластосиста, бластула ва ғ.

Бластомерҳо

Бластомерҳо - ҳуҷайраҳое, ки дар раванди тақсимшавии тухми ҳайвонҳои серҳуҷайра ба вуҷуд меоянд. Бластомерҳо нумӯ намеёбанд, бинобар ин ҳангоми ҳар бор тақсим гаштан онҳо ду баробар хурд мешаванд. Дар мавриди тақсим шудани тухмҳои голобластӣ, ки ...

Бластомикозҳо

Бластомикозҳо - бемориҳои музмине, ки дар пӯст, устухон ва узвҳои дарун пайдо мешаванд. Бластомикозҳоро асосан занбӯруғҳои хамирмоя ба вуҷуд меоранд. Маҳалли сукунати онҳо хок аст. Ба бластомикозҳо саг, баъзан одамон гирифтор мешаванд. Бластомико ...

Бластосиста

Бластоси́ста - "ҷанин" ва юн қад. κύστις - "пуфак, ҳубоб") - давраи инкишофи ҷанини ҳайвоноти ширхӯр ва одам, ки дар натиҷаи тақсимшавии тухми бордор ба вуҷуд меояд. Бластотсиста ҳубобчаи холӣ аст. Дар як тарафи он маҷ­мӯи ҳуҷайраҳо - уқдаи шабеҳ ...

Бластула

Бла́стула - давраи инкишофи ҷанини ҳайвоноти серҳуҷайра, ки бо ҳамин тақсимшавии тухми бордор ба итмом мерасад. Сохти ҷанин дар давраи Бластула ба сохти тухм ва тарзи тақсимшавӣ вобаста аст. Ҳангоми тақсимшавии пурра селобластула ҷанини куррашакл ...

Блефарит

Блефари́т - газаки канораи пилки чашм. Блефарит аз ғизои пастсифат, камхунӣ, амрози меъдаву рӯда, бемориҳои дандон ва бинӣ, ангезиши доимии чашм бо гарду чанг, боду ғубор, ислоҳ нашудани нуқси оптикии чашм Масалан дурбинӣ, наздикбинӣ сар мезанад. ...

Блефароспазм

Блефароспа́зм - қабз, ташаннуҷ) - ташаннуҷи мушакҳои даврагии пилки чашм. Блефароспазм тонусӣ ва клонусӣ мешавад. Блефароспазми тонусӣ бинобар ташаннуҷи мушакҳои даврагии чашм ба таври устувор пӯшида шудани пилк аст; ба тариқи рефлексӣ ҳангоми бе ...

Блиндаж

Блинда́ж - иншооти мудофиавӣ барои ҳимояи ҳайати шахсӣ аз оташи пулемёт, артиллерия, миномёт ва ғ. Блиндаж аз оҳану бетон, чӯбу тахта, санг ва ғ. сохта мешавад. Блиндаж бори аввал дар мудофиаи Севастопол 1854 - 1855, баъд дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ 1 ...

Блог

Блог - вебсайте, ки муҳтавиёти асосии он сабтҳои мунтазам иловашавандаи дорои матн, расм ё мултимедиа мебошад. Махсусияти Блогҳо дар он аст, ки он ҷо сабтҳои кӯтоҳи замонӣ аз рӯйи тартиби чаппаи солнома ҷо ба ҷо гузошта мешаванд. Фарқи Блогро аз ...

Блок

Блок - дар полиграфия маҷмӯи варақҳои пайвастшуда, ки барои муқовабандӣ омода гардидаанд. Блокбандии китобҳои адади нашрашон зиёд дар дастгоҳҳои блокбандӣ сурат мегирад.

Блок (сохтмон)

Блок - ҷузъи меъморию монтажкорӣ, қисми бинои сохташаванда. Блокҳо дар сохтмони биноҳои маъмурию маданӣ, истиқоматӣ ва хонаҳои махсус кор фармуда мешаванд. Блокҳои девор ваблокҳои насбшудаи бузург бештар маъмуланд. Блоки девор шакли параллелепипе ...

Блок, Александр Александрович

Блок Александр Александрович - шоир, драматург, мунаққиди рус, яке аз намояндагони маъруфи символизм дар Россия.

Блонский, Павел Петрович

Баъди хатми Университети Маскав 1907 дар муассисаҳои таълимии миёна ва олии Маскав, аз ҷумла дар Университети Маскав, Университети А. Л. Шанявский, Институти педагогикаи илмӣ, Институти равоншиносӣ кор кардааст. Яке аз ташкилкунандагони Академияи ...

Блохин, Олег Владимирович

Оле́г Влади́мирович Блохи́н - футболбоз, мураббии футбол, сиёсатмадори украинӣ, Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС.

Блохинсев, Дмитрий Иванович

Дми́трий Ива́нович Блохи́нцев, Маскав - 27 январи 1979, Дубна) - физикдони шӯравӣ, узви вобастаи АИ ИҶШС ва АИ ҶШС Украина, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Блохман

Солҳои 1855-57 дар Донишгоҳи Лейпсиг забонҳои шар­қиро омӯхт. Ба Париж ва аз он ҷо ба Лондон рафта ба қасди сафар ба Ҳиндустон ба хидмати артиши Англия дохил шуд. Соли 1858 ба Ҳиндустон расид. Дар ин ҷо хидмати аскариро тарк кард ва дар мадрасаи ...

Блэкетт, Патрик Мейнард Стюарт

Патрик Мейнард Стюарт Блэкетт, барон Блэкетт - физикдони англис. Барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физика.

Блюминг

Блюминг, блуминг - дастгоҳи прокати сермаҳсул, ки сабикаҳои пӯлодини вазнашон то 2 т ва зиёда аз онро фишурда, ба блюм табдил медиҳад. Блюминг дар зодҳои коркарди филиззот дар байни сехи пӯлодгудозӣ ва сехи прокат, ки маҳсулоти тайёр мебароранд, ...

Бо

Бо, бо, бе, номи ҳарфи дуюми алифбои форсии тоҷикӣ дар миёни алиф ва пе, дар алифбои арабӣ байни алиф ва то ҷой гирифтааст. Дар абҷад қимати ададиаш ба 2 баробар аст. Калимаи мураккаби алифбо аз номи ҳарфи аввалу дуюм "алиф" ва "бо" такмил ёфтаас ...

Бо Сзюйи

Дар 17-солагиаш ба хидмати давлат мушовири император, ёвари мураббии валиаҳд ва ғайра дохил шуд ва ба гирифтани унвони ханлин акад. адабиёт, баробари маликушшуаро дар ада­биёти форс-тоҷик ноил гардид. Муддате бо туҳмати ҳа­судон аз хидмати дарбор ...

Боб, Алимуҳаммади Шерозӣ

Аз оилаи тоҷир. Пас аз марги падараш зери ҳимояти тағояш ба тоҷирӣ пардохт, вале масъалаҳои маорифи динӣ бештар таваҷҷуҳи ӯро ҷалб карда буданд. Ба омӯзиши усулу аҳкоми дин пардохт, дар Карбало бо таълимоти шайхияи шиа шиносоӣ пайдо кард ва баъди ...

Бобаки Хуррамдин

Мазҳаберо бо номи дини хуррам поягузорӣ кард. Дар ҷавонӣ Бобак аввал чӯпон буд ва баъд бо ҳаракати хуррамиён алоқа барқарор намуда, пас аз кушта шудани Ҷовидон, ки сарвари ҷунбиш буд, роҳбари он гардид. Тарафдорони Бобаки Хуррамдин пироҳани сурхр ...

Бобил

Бобил пойтахти Бобилистон буд. Он дар қисми марказии Байннаҳрайн, дар наздикии д. Фурот, ки ҳоло ал-Ҳиллаи Ироқ аст, ҷойгир буд. Нахустин ишорат дар бораи шаҳри Бобил ҳамчун Кадингир ба забони шумерӣ дар садаҳои 24–22 то м., дар замони подшоҳии Ш ...

Бобилистон

Бобулистон - кишвари бостонӣ дар ҳудуди Байнаннаҳрайн, воқеъ дар бахши марказии Ироқи ҳозира. Номи кишвар аз номи пойтахти он Бобил гирифта шудааст. Бобилистон аз ҳазораи 2 то м. то с. 538 то м. дар ҳайати давлатҳо -и гуногуни аҳди бостон вуҷуд д ...

Бобия

Солҳои 40 садаи XIX дар қисми ҷанубии Эрон арзи вуҷуд кардааст. Боб китобе бо номи "Баён" ба забони арабӣ таълиф намуда, онро аз Худо ба ӯ нозилшуда талаққӣ кард. Китоби мазкур шомили унсурҳои ислоҳгароёна ва матолиби тозаи ақидатӣ буд. Аз ҷиҳати ...

Бобо

Бобó - лақабест, ки тахминан аз оғози садаи XI ба баъзе аз бузургони тасаввуф дода шудааст. Бобо калимаи форсӣ буда, маънои падар ва ниё падарбузург-ро дорад ва ба ҳамин маъно дар туркӣ, урду ва дигар. забонҳои мардуми Шарқ ба кор рафтааст. Ҳамчу ...

Бобо Аннанов

Донишкадаи театрии шаҳри Тошкандро соли 1959 хатм намуда, дар театри шаҳри Чорҷӯ кор кардааст. Солҳои 1961 – 91 режиссёр студияи телевизиони Ашқобод буд. Дар студияи "Туркманфилм" ролҳои зиёд офаридааст: Гулманов "Имтиҳони аввалин", Шерсинг "Роҳи ...

Бобо Кӯҳӣ

Бобо Кӯҳӣ, Абуабдуллоҳ Алӣ ибни Муҳаммади Шерозӣ - шоири форс-тоҷик; бо номи Ибни Бокуя низ машҳур аст.

Бобо Самосӣ

Дар деҳаи Самос, ки дар масофаи як фарсанг аз Ромитан ва се фарсанг аз Бухоро воқеъ гаштааст, ба дунё омада, дар ҳамон ҷо мадфун аст. Муриди хоҷа Алии Ромитанӣ Ҳазрати Азизон буд. Ҳамроҳи пири худ аз Бухоро ба Хоразм рафта, то замони ваф. ӯ с. 13 ...

Бобо Фиғонӣ

Дар зодгоҳаш - Шероз илмҳои мутадовиларо омӯхта, ба камол расид. Ба шеъру шоирӣ дар айёми ҷавонӣ рӯй оварда, бо тахаллуси "Саккокӣ" эҷод мекард. Дар 30-солагӣ бо азми дарёфти мамдуҳ ва шӯҳрати шоирӣ ба Хуросон сафар кард. Дар Ҳирот бо Абдурраҳмон ...

Бобобеки Иштибар

Шогирди Иброҳим Девонаи Шаҳрисабзӣ. Марди донишманд буд, дар Бухоро бо даъвати Амир Ҳайдар ҳукмр. 1800 – 25 ба толибилмон аз хаттотӣ ва сарфу наҳв дарс додааст. Хаттотони маъруфи замонаш – Абдурраҳими Таманно, Субҳонқулӣ, Умархоҷа, Мирмаъсуми Ола ...

Бободӯсти Торамӣ

Нисбаи Торамӣ ишора ба ватани аҷдодаш - Торам - мавзее дар шимоли шаҳри Занҷони Эрон аст. Дар ш. Машҳад таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз Машҳад ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори ҳукмрони ин кишвар Ҳумоюн ҳукмр. 1532-56 роҳ ёфт. Ҳамроҳи Ҳу ...

Бобоев Холиқ

Ин ҳунарро аз масхарабози касбӣ Набии Даштиҷумӣ омӯхта, дар 19-20-солагиаш ҳамчун масхарабоз шӯҳрат ёфтааст. Ӯ аслан ба деҳқонӣ шуғл варзида, латифа, афсона, нақлу ривоят, зарбулмасал ва рубоиҳои халқии бисёре медонист. Бобоев драмаҳои халқии "Бо ...

Бобозокирӣ

Токаш зуд­сабз, 38–43 дарсади нав­да­ҳо­яш ҳосилдеҳ 65–70 дарсади нав­даҳояш то ох. фасли тирамоҳ мерасанд. Баргаш миёнаҳаҷ­ми гирда, 3–5-пар­раи камчок. Рӯйи лаъличаи барг суфта, саб­зи баланд, бепашмак. Гулаш дуҷинс. Хӯшааш зағӯта­мо­нанди миё­ ...

Бобои Балхӣ

Мавлоно Бобои Балхӣ - шоири тоҷик. Аз ин шахс танҳо тазкиранигор Нисории Бухороӣ дар "Музаккир-ул-аҳбоб" ёд кардааст. Бобои Балхӣ, чунон ки аз нисбааш бармеояд, дар Балх зиндагӣ ва эҷод карда, дар ҳамин ҷо даргузаштааст. Аз анвои шеър бештар ба ғ ...

Бобои Деҳқон

Симои Бобои Деҳқон дар тасаввуроти мардум пирмарди зӯру тавоно ва кордон мебошад. Баъзеҳо симои ӯро бо ҳазрати Одам як мешуморанд. Дар аксар маросимҳои мавсимии кишоварзӣ, дуову фотиҳаҳои марбут ба барзгарӣ аз Бобои Деҳқон ёд мекунанд ва аз рӯҳи ...

Бобои Шерозӣ

Бобои Шерозӣ, Мирмуҳаммад Мирзо Бобои Шерозӣ ;? - 1862/63) - хушнависи эронӣ. Дар 24-солагӣ вафот кардааст. Хатти настаълиқ ва шикастаро зебо менавиштааст. Дар Китобхонаи салтанатии Эрон Қуръоне ба хатти Алиаскари Арсанҷонӣ маҳфуз аст, ки ҳошияҳо ...

Бобои Қонунӣ

Зодгоҳаш Истаравшан. Санъати мусиқиро ибтидо дар зодгоҳаш аз амакаш, сипас дар Самарқанд аз устоди бузурги созу овоз Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ омӯхтааст. Фаъолияти ҳунарии Бобои Қонунӣ асосан дар Самарқанд вусъат ёфта, таҳти сарварии Хоҷа Ҷ ...

Бобои Ҳисорӣ

Бобои Ҳисорӣ - хаттот ва хушнависи форс-тоҷик. Тафсилоти зиндагиаш маълум нест. Як нусхаи "Юсуф ва Зулайхо" -и Абдурраҳмони Ҷомиро с. 1565/66 дар балда шаҳр-и Ҳисор бо хатти зебои хафии миёна китобат кардааст, ки дар Китобхонаи салтанатии Эрон ма ...