ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 142

Вадодара

Вадодара - шаҳр дар ғарби Ҳиндустон, пойтахти иёлати Гуҷарот дар соҳили д. Вишвамитри воқеъ аст. Аҳолиаш 1.8 млн нафар 2012. Масоҳаташ 148.95 км2. Р. о. дорад.

Вадуд

Вадуд, Bадед - ал-Вадуд, яке аз номҳои Худованд, ба маънои дӯстдори аҳли тоат ва мустаҳиққи ҳамду муҳаббати онҳо. Вадуд ё сиғаи муболиға аз исми фоил аст ва ё аз исми мафъул гирифта шудааст. Вадуд ба маънои бисёр бомуҳаббату пурнавозиш – маҳбуб, ...

Важа Пшавела

Важа Пшавелла, шоири гурҷӣ. Аз оилаи шахси рӯҳонӣ. Таҳсили ибтидоиро дар омӯзишгоҳи динии шаҳри Телави анҷом додааст. Пас аз хатми семинарияи омӯзгории шаҳри Гори муаллим буд. Соли 1883 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Петербург рафт, муддате шунаван ...

Вазар

Вазар, Вадор - рустое дар шимоли Суғд, ки ҳам­сарҳадди деҳаи Кабузанҷкас буд. Истахрӣ В ро аз деҳка­даҳои Кабузанҷкас мешуморад. В., ба қавли Ҷайҳонӣ, дар дуфарсангии Самарқанд ҷойгир буд. В., асосан, мас кани қабилаҳои араби Бакр ибни Воил маҳсу ...

Вазелин

Вазелин – об ва юнонӣ elaion – равғани зайтун") - омехтаи карбогидридҳои сахт ва моеъ, ки аз нафт гирифта мешавад. Вазелин моддаи зардранги марҳаммонанд буда, бӯй надорад; дар эфир, бензин, хлороформ ҳал мешавад. Ҳарорати гудозишаш 37–50°С. Вазел ...

Вазеҳу-л-баён

"Вазеҳу-л-баён" - асари Одинамуҳаммад ибни Мироқили Қаротегинӣ дар масоили эътиқодӣ; солҳои 1759–68 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, шарҳест манзум бар "Мазҳари кулл" -и фақеҳи маъруфи садаи XVI Ҷомӣ ибни Камолуддини Қаротегинӣ. Китоб мутобиқи тақси ...

Ваззоҳи Яман

Ваззоҳи Яман - шоири арабизабони эронинажод, ки соли 575 ҳамроҳи сарлашкари сосонӣ Ваҳриз барои аз ҳабашиён озод кардани Яман рафта, дар ҳамон ҷой муқимӣ шуданд ва бо номи "ал-Абно" ва "ал-Аҳрор" машҳур гаштанд. Дар таърихи адабиёти араб В. Я. чу ...

Вазир

Вазир -, муҳимтарин мансаби ҳукуматӣ, ки барои иҷрои қонунҳо ва муқаррароти давлатӣ вазифадору мукаллаф аст.

Вазир (шаҳр)

Вазир - шаҳри асримиёнагии воҳаи Хоразм, ки дар қисмати шимолии Ҷумҳурии Туркманистон воқеъ аст. Аз шаҳри Куҳна Урганҷ дар масофаи 60 км қарор дорад. Аз рӯйи тарҳи археологӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳристони Вазир дар ҷойи харобаҳои куҳандижи ...

Вазирак

Вазирак - гиёҳест ду ё бисёрсола. Баргаш паршакл, гулаш зард, ғилофакаш махрутшакл. Пояаш рост, 30–70 см қад мекашад. Дар марғзор, канори роҳ ва заминҳои партови Тоҷикистон ду намуди В. мерӯяд: B. arcuata ва B. plantaginea. Даври гулшукуфташ апре ...

Вазиристон

Вазиристон - сарзаминест дар шимоли Ҷумҳурии Исломии Покистон. Ба ду минтақа – Вазиристони Шимолӣ ва Вазиристони Ҷанубӣ тақсим мешавад. Масоҳати умумиаш 11585 км2. Аз ин миқдор 5 ҳазор км ба Вазиристони Шимолӣ ва боқимондааш ба Вазиристони Ҷанубӣ ...

Вазируннисобегим

Вазируннисобегим - шоираи форсизабони Ҳиндустон. Тахаллусаш "Вазир". Зани аз улуми расмии давр огоҳ будааст. Дар мадрасаи занона дарс медодааст. Дар маъхазҳо аз Вазируннисобегим чун шоираи боистеъдод ёд шудааст. Устодашро Муҳаммадакбархони Хорист ...

Вазирӣ

Вазирӣ - иттиҳоди қабилаҳои пашту. Асосан дар вилоятҳои ҷанубу шарқии Афғонистон ва қисми ғарбии Покистон – минтақаи Вазиристон сукунат доранд. Ба ҳайати иттиҳоди қабилаҳои вазирӣ се қабилаи бузург – дарвешхайл, довар ва беҳсуд дохил мешаванд, ки ...

Вазирӣ (китобхона)

Вазирӣ - бузургтарин китобхонаи ноҳияи марказӣ ва ҷануби Эрон, ки соли 1956 м. бо эҳдои 1600 китоби дастнавису чопии шахси маъруф Алимуҳаммади Вазирӣ дар даҳлези шимолии масҷиди ҷомеи Язд бунёд гардидааст. Ҳоло ин китобхона дар шумори даҳ китобхо ...

Вазн

Вазн - қувваи таъсири ҷисм ба такягоҳи уфуқӣ ё овезаи амудӣ, ки ба афтиши озоди ҷисм монеъ мешавад. Вазни ҷисм р миқдоран ба қувваи вазнинии ба он таъсиркунанда баробар аст: р = mg, m - массаи ҷисм, g - шитоби афтиши озод. Азбаски масса дар шарои ...

Вазни одам

Вазни одам - массаи тани одам, нишондоди муҳимми антропометрӣ, ки инкишофи ҷисмонӣ ва ҳолати саломатии шахсро ифода мекунад. В. о ро бо роҳи баркашидан муқаррар менамоянд. В. о. ба колбад, ҷинс ва синну сол вобаста аст. Одам вазни хос дорад, вале ...

Вазни тухмӣ

Вазни тухмӣ - нишондоди андоза ва пуррагии тухмии хушк. Вазни тухмӣ бо грамм ифода карда мешавад. Вазни мутлақи тухмӣ вазни 1000 дона тухмии хушк ё вазни 1000 дона тухмие мебошад, ки ба ҳисоби моддаҳои хушк гузаронида шудааст; дар таҳқиқоти соҳаи ...

Вазни хос

Вазни хос - нисбати вазни ҷисм P ба ҳаҷми ишғолкардаи он V, яъне бузургии γ = P/V мебошад. Вазни хос бо муодилаи γ = pq p – зичии модда, q – шитоби афтиши озод низ муайян карда мешавад. Бар хилофи зичӣ, Вазни хос тавсифи физикию кимиёии модда буд ...

Вазни ҳайвонот

Вазни ҳайвонот - нишондоди муҳимми рушду нумӯи чорво ва парандагон. Вазни ҳайвонот бо грамм, килограмм ва сентнер ифода карда мешавад. Аз рӯйи тағйир ёфтани вазн оид ба меъёр ва моддаҳои ғизоии таркиби хӯроки ҳайвонот хулоса мебароранд. Бо мақсад ...

Вазни ҳиҷоӣ

Вазни ҳиҷоӣ Вазни ҳиҷо, Ҳиҷо - дар илми адабиётшиносӣ яке аз навъҳои вазни шеър аст, ки дар он бо ҳам баробар омадани миқдори ҳиҷоҳо шарти асосӣ мебошад. Вазни ҳиҷоӣ нисбат ба вазни арӯз қадимӣ буда, осори пешин, мисли "Готҳо", "Яштҳо" -и Авесто, ...

Вазнингӯшӣ

Вазнингӯшӣ - як навъ иллати сомеа, ки бештар дар пирсолӣ ба вуҷуд меояд. Ба вазнигӯшӣ кӯдакон низ гирифтор мешаванд. Ба пайдоиши вазнингӯшӣ омилҳои гуногун, мас., бемориҳои вирусӣ грипп, ханозир, истифодаи доруҳо, маводди пешоброн фуросемид, васо ...

Вазния

Вазния - гурӯҳи диние, ки ба тарозу ва баркаши аъмоли бандагон дар охират бовар надоштанд ва мункири ин амр буданд. Ба қавли онҳо, чизеро вақте месанҷанд, ки миқдори он номаълум бошад, дар ҳоле ки Худои таъоло олими ғайб ва шаҳодат буда, корҳои б ...

Вазопрессин

Вазопрессин - ҳормони пептидӣ, ки дар ҳуҷайраҳои гипоталамус ҳосил мешавад. Вазопрессин ба воситаи нахҳои бандчаи гипоталамусу ҳипофиз ба ҳуҷайраҳои ҳиссаи қафои ҳипофиз интиқол меёбад. Вазопрессин обро дар андомгон организм нигоҳ дошта, рагҳои х ...

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки тат­биқи сиёсати давлат ва батанзимдарории меъёрии ҳу­қу­қӣ дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳр­вандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ...

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти корҳóи дохили́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, ки тат­биқи сиёсати давлатиро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин дороии онҳо ...

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти меҳнáт, муҳоҷирáт ва шуғли аҳоли́и Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи меҳнат, сатҳи зиндагии аҳолӣ, муҳоҷират, бо ...

Вазорӣ

Вазорӣ Абумузоҳим Сибоъ ибни Назр ибни Масъадаи Бакрӣ - ровии маъруфи ҳадис. Имом Тирмизӣ ва Ҳофиз Муҳаммад ибни Исҳоқи Самарқандӣ аз ӯ ҳадис ривоят кардаанд. Нисбаи ӯ аз Вазор – номи яке аз деҳаҳои обод ва бузурге дар Самар­қанд, ки дар замони С ...

Вазъ

Вазъ - дар фалсафа қобилияти материяи мутаҳаррик, ки ҳамеша дар шаклҳои гуногун зоҳир шуда, дорои хусусият ва муносибатҳои зотӣ аст. Тамоми падидаҳо метавонанд баъзе нишонаҳояшонро нигоҳ доранд ва баъзеи дигарашонро ба чизҳои дигар гузаронанд. Ҷа ...

Вазъдад

Вазъдад, вазъдиҳӣ, юстировка - маҷмӯи амалиёт барои ба ҳолати корӣ овардани васоити ченкунанда, асбобҳои санҷишӣ, андозагирӣ ё оптикӣ, механизму қисмҳои онҳо, ки саҳеҳӣ ва боэътимодии кори онҳоро таъмин менамоянд. Ҳангоми В. ҳолати васоити ченкун ...

Вазъии Шерозӣ

Вазъии Шерозӣ - шоири тоҷик. Бо номи Мулло Поянда низ маъруф будааст. Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ дар "Тазкирату-ш-шуаро" аз ӯ чун шахси таҳсилкарда, дар шеър шогирди Қозӣ Подшоҳи Шерозӣ ёд кардааст. Шеърро, махсусан, ғазалро бисёр некӯ мегу ...

Вазъия

Вазъия - гурӯҳи диние, ки дар мавриди баъзе масоили шаръӣ ва эътиқодӣ назари хосси худро дошт. Аз ҷумла, ба ақидаи пайравони ин гурӯҳ, анбиёву расулон оқилони олам ва зиракони ҷаҳону ҳакимони хирадманд будаанд; онҳо бар халқ шафқат намуда, барояш ...

Вазғанҷӣ

Вазғанҷӣ - Абуабдуллоҳ Ҳасан ибни Сиддиқи Насафӣ, ровии ҳадис; аз Муҳаммад ибни Ақил ва Аҳмад ибни Ҳамм ҳадис ривоят кардааст. Нисбаи ӯ аз Вазғанҷ номи деҳае аз деҳаҳои Мовароуннаҳр ва ба тахмини Самъонӣ аз тавобеи Насаф гирифта шудааст.

Вайгаҷ

Вайгаҷ - ҷазира дар Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар сарҳадди баҳрҳои Баренс ва Кара; аз соҳили материк бо гул. Югорский Шар ва аз Замини Нав бо гул. Дарвозаи Кара ҷудо мешавад. Масоҳаташ 3383 км², дарозиаш қариб 100 км, бараш то 45 км. Сатҳаш ҳамвор ...

Вайда Анҷей

Хатмкардаи Академияи санъати тасвирии Краков 1949 ва Мактаби олии кинои Лодзи 1954. Дар соҳаи коргардонӣ аввалин кораш "Насл" 1954 мебошад, ки ба пинҳонкории зиддифашистии Ҷавонон дар давраи истило бахшида шудааст. В. дар филмҳои "Канал" 1957, "Х ...

Вайл

Вайл - дар фарҳанги исломӣ калимаи афсӯсхонӣ; номи ҷой, водӣ, рӯд, санг, чоҳ ва ё дарвозаест дар дӯзах. Бо ин лафз дар Қуръон кофирону мушрикону мунофиқон, дурӯғдорандагони сухани Худо, рӯзи қиёмат, уқубати Парвардгор борҳо ба ҳалокат таҳдид кард ...

Вайнберг Стивен

Хатмкардаи Донишгоҳи Корнелл 1954. Соли 1957 дар Донишгоҳи Принстон таҳти роҳбарии С. Трэйман ба дараҷаи илмии доктори фалсафа соҳиб шуд. Аз соли 1973 профессор Донишгоҳи Гарвард ва ҳамзамон ходими калони илмӣ-и расадхонаи астрофизикии Смитсон бу ...

Вайон-Кутюрио Пол

Вайон-Кутюрио Пол - нависанда ва ходими Ҳизби коммунисти Фаронса. Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Порис. Иштирокдори Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Яке аз асосгузорони Ҳизби коммунистӣ дар Фаронса. В К. Инқилоби Октябри соли 1917-ро бо хушнудӣ пе ...

Вайсблат Соломон Наумович

Вайсблат Соломон Наумович - стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй, доктори илмҳои тиб, профессор. Ходими шоистаи илми Украина. Хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Киев. Мудири шуъбаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй, кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Институти такмили ихтисоси духт ...

Вайсидин Азаматов

Шӯъбаи гидромелиоратсияи Политехникуми шаҳри Душанбе 1971 ва Мактаби олии Ҳизби коммунистии Иттифоқи Советӣ дар Тошкандро хатм кардааст 1983. Солҳои 1984 - 2001 аввал муовини сардор оид ба қисми сиёсӣ, сипас муовини сардор оид ба кор бо ҳайати ша ...

Вайсои Ҳиравӣ

Вайсои Ҳиравӣ ویسئ هروی шоир ва хаттоти форс-тоҷик. Донишу ҳунарро дар зодгоҳаш омӯхтааст.Тибқи иттилои Фахрии Ҳиравӣ, шоири соҳибистеъдодунуктасанҷ будааст. Девон доштааст. Хаттоти моҳир низ будааст. Китобати нусхаҳое аз "Нафаҳоту-л-унс" -и Ҷомӣ ...

Вайсӣ

Вайсӣ و يسی, шоири тоҷик. Фарзанди Маликулкалом мулло Саъдуддини Моҳир. Тазкиранигор Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар "Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкиратил-асҳоб" Вайсиро шоири ҷавони донишманд, таҳсилдида, донандаи забони арабӣ ва дар шоирӣ, махсусан, суруд ...

Вакили халқ

Вакили халқ - намояндаи халқ, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ба парламент ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб ва барои аз номи халқ амалӣ гардонидани ҳокимияти давлатӣ ваколатдор карда шудаас ...

Вакилуссалтана

Вакилуссалтана, вакилуддавла - яке аз мансабҳои дарбории Сафавиён, Афшориён ва Темуриёни Ҳинд, ки ҳангоми хурдсолии шоҳзодагон умури идорӣ, молӣ, низомии кишварро ба уҳда дошта, шахсони ба худаш наздикро ба мансабҳои олӣ таъйин мекард. Вакилуссал ...

Ваккернагел Якоб

Якоб Ваккернагел - забоншиноси швейтсарӣ. Мутахассиси соҳаи забони юнонӣ ва ҳиндушиносӣ. Якоб Ваккернагел дар донишгоҳҳои Базел 1879 – 1902 ва Гёттинген 1902–15 дарс додааст. В. муаллифи асари бунёдии "Грамматикаи забони санскрит" ҷ ҳои 1–3, 1896 ...

Ваколат

1. Ваколат - вакилӣ, гумоштагӣ; ҳуқуқ ва вазифаи вакил, хати ваколат ниг. ваколатнома; ваколат гирифтан ҳуқуқи вакилӣ гирифтан; ваколат додан ҳуқуқ додан ба касе барои иҷрои коре; расман ба касе ихтиёри вакилӣ додан; ваколат доштан ба иҷрои коре ...

Ваколат (фиқҳ)

Ваколат - дар фиқҳ як навъи муомила ва ақдест, ки дар шакли ҷойнишин ё ноиб гирифтан бо мақсади тасарруф дар кор ё чизи муайяне баста мешавад. Ба раво будани Ваколат қавли Худованд, феъли Пайғамбар ва иҷмоъи уммат далолат мекунанд. Оятҳои қуръони ...

Ваколатдар

Ваколатдар - мансаби дарборие дар низоми идории Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён. Дар истилоҳи "Ваколатдар" пасванди "дар" ҳамчун ихтисораи даргоҳ ё дарбор ба кор рафтааст. Мансабҳои Ваколатдар ва ҳоҷибӣ бо ҳамдигар шабоҳат дошта, Р ...

Ваколати вогузоршаванда

Ваколати вогузоршаванда - ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии болоӣ мебошад, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар асоси шартномаи ...

Ваколати истисноӣ

Ваколати истисноӣ - тибқи қонун ба мақомоти намояндагии олӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тааллуқ дорад. Ба иҷрои ин гуна ваколат худи мақомоти дахлдори дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншуд ...

Ваколати муштарак

Ваколати муштарак. Мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳокимияти давлатӣ Ваколати муштарак дошта метавонанд. Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" Ваколати муштарак ваколате ...