ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 146

Ворастаи Сиёлкутӣ

Сокини Лоҳур буда, муосиронаш барои боэътимодии таълифоташ ӯро Ворастаи Муҳаққиқ низ ном мебурданд. Шоир Муҳаммадалии Сиёлкутиро фавт 1731 устоди худ номидааст. Ворастаи Сиёлкутӣ як идда осори илмӣ-адабиеро аз қабили: "Матлаъу-с-саъдайн", "Сифоти ...

Ворид

Ворид - дар тасаввуф ҳар гуна маънои ғайбии фараҳангезе, ки бе тафаккуру тадбир ва саъю заҳмати солик бар дили ӯ фуруд омада, солик дар касбу ҳосил кардани он нақше надорад. Инчунин ҳар он чиро, ки аз дил мегузарад - хоҳ маънои писандида бошад, х ...

Воридия

Тибқи андешаи онҳо мӯъмин ба оташи дӯзах ворид мегардад, вале дар он нахоҳад монд; ҳамаи оёти ваидия азоб дар ҳаққи кофирон аст; мӯъминро аз дӯзах биме нест ва ӯ аз афтодан дар он эмин аст, зеро касе, ки ба дӯзах афтад, дигар аз он ҷо раҳоӣ намеёбад.

Воридот

Воридот, импорт - овардани молу маҳсулот, фанновариҳо аз хориҷа барои фурӯш дар бозори дохилии мамлакати воридкунанда; хилофи содирот.

Ворис

Ворис, ал-Ворис - яке аз номҳои Худованд, ба маънои пояндаи боқӣ пас аз фанои мавҷудот. Исми Ворис дар Қуръон ду бор бо сиғаи ҷамъ: "ворисун" ва "ворисин" - меросгирон 15: 23, 21: 89 ва дар чандин маврид бо иштиқоқоти феълиаш омада ва дар ҳадиси ...

Ворис (ҳуқуқ)

Ворис - дар ҳуқуқи гражданӣ шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда, кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда дониста мешаванд.

Ворис, Мулло Тӯрахоҷа

Дар замони тадвини тазкираи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ "Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб" ҷавоне будааст машғул ба таҳсили улуми давр. Намунаҳои осораш - қасоид, ғазалҳо, рубоиёташ дар тазкираву баёзҳои садаи XIX сабт гардидаанд. Забони ашъораш ...

Ворисӣ

Ворисӣ, меросхӯрӣ, меросбарӣ - дар ҳуқуқи гражданӣ гузариши ҳуқуқи амвол ва ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумилкии ба молумилк вобастаи шахси фавтида ба дигар шахс ё ашхос.

Воркута

Воркута́ - шаҳр дар Русия, дар Ҷумҳурии Коми, 904 км шимолу шарқи Сиктивкар. Дар соҳили д. Воркута ҳавзаи Печора, 160 км шимолтари доираи қутбӣ, дар минтақаи яхбандии бисёрсола воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 61.6 ҳазор нафар январи 2015. Истгоҳи охирини ...

Воробёв, Андрей Иванович (варзишкор)

Воробёв Андрей Иванович - варзишгари рус ва пизишк; Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС, Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС. Доктори илмҳои тибб, профессор, мудири кафедраи анатомия, ректори Донишкадаи варзиши вилояти Маскав.

Ворожейкина, Зинаида Николаевна

Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград 1949. Аз соли 1954 дар Шуъбаи ленинградии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС ҳоло Руссия кор мекунад. Муаллифи беш аз 100 таълифоти илмӣ, аз қабили "Эраҷ Мирзо. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ" 1961, ...

Воронеж

Воронеж - шаҳр дар Русия, маркази вилояти Воронеж. Дар соҳили д. Воронеж, 12 км дуртар аз резишгоҳи он ба д. Дон воқеъ аст. Аҳолиаш 1, 01 млн нафар. Аз Воронеж хатти роҳи оҳани Марказ - Ҷануб, роҳҳои автомобилгарди Маскав - Ростови лаби Дон, Курс ...

Воронин, Михаил Яковлевич

Михаи́л Я́ковлевич Воро́нин - варзишгари рус. Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС, Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС. Чемпиони Бозиҳои олимпӣ 1968 дар такяҷаҳишҳо ва машқҳои турник; барандаи шаш медали нуқра ва як биринҷии 1968, 1972 Бозиҳои олимпӣ ...

Воронина, Вероника Леонидовна

Воронина Вероника Леонидовна - бостоншинос ва муаррихи соҳаи таърихи меъморӣ, доктори илмҳои таърих.

Воронко, Платон Никитович

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи роҳсозии Харков 1933. Бо роҳхати КМ ВЛКСМ ба Тоҷикистон омад ва дар сохтмони Вахшу Хуҷанд кор кард. Дар ҳамин ҷо шеърҳои нахустинашро иншо кардааст. Солҳои 1938-41 дар Институти адабии Маскав ба номи М. Горкий таҳсил кард. М ...

Воронов, Авенир Аркадевич

Авенир Аркадевич Воронов ноябри 1910, Ораниенбаум, губ. Санкт-Петербург - 17 октябри 1992, Маскав) - олими шӯравӣ дар соҳаи назарияи идоракунии автоматӣ. Академики АИ ИҶШС.

Воронсов-Веляминов, Борис Александрович

Бори́с Алекса́ндрович Воронсо́в-Велями́нов - ахтаршинос, омӯзгор ва таърихшиноси шӯравӣ, дар оммавӣ гардонидани илм саҳми арзанда гузоштааст. Ходими хидматнишондодаи илми ҶШФСР. Узви вобастаи АИ педагогии ИҶШС.

Воруна

Воруна - яке аз куҳантарин ва тавонотарин худоёни эзадкадаи ориёӣ ва устураи ведоӣ, ки нигаҳбони низоми табиии кайҳонӣ ва фазилатҳои ахлоқӣ дониста мешуд. Дар забони қадимии юнонӣ маънои "Осмони соф" -ро дошт. Замину Осмон дар устураи мардуми ори ...

Ворухӣ

Ворухӣ - як навъ зардолуи маҳаллӣ. Дарахташ ҳирамшакл, серҳосил, то 200 кг самар овардааст. Ниҳоли пайвандиаш баъди 4 сол ба воя мерасад. Охирҳои март гул карда, мевааш аввали август мепазад. Самараш байзашакл, вазнаш 25-30 г, андозааш 34 х 34.6× ...

Восеъ

Восеъ - шахсияти таърихӣ, пешвои шӯриши халқӣ ба муқобили зулму истибдоди сулолаи манғитиёни Аморати Бухоро.

Восеъ (шаҳрак)

Восеъ 4 мактаби таҳси­лоти миё­наи умумӣ, 1 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, гимназияи "Ориёно", омӯзишгоҳи касбӣ–тех­ни­кӣ, филиали колле­ҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, шуъбаи маориф, мактаби вар­зи­шӣ, вар­зиш­гоҳ, 2 китобхона, мактаби санъат, шуъба ва ...

Восил ибни Амр ал-Қайсӣ

Восил ибни Амр ал-Қайсӣ - волии Бухоро дар замони истилои арабҳо. Табарӣ ду бор аз Восил ибни Амр ёд намудааст: бори аввал дар ҷанги арабҳо бо суғдиёну туркҳо ба ҳолати душвор афтода, бо сипоҳи худ аз пушт ба онҳо зарба зада ғолиб меояд 729 - 730 ...

Восил ибни Ато

Муддате дар Басра шогирди Ҳасани Басрӣ буд ва дар маҷлиси дарси ӯ иштирок мекард. Дар он ҳангом мардум дар бораи мусулмонони гунаҳкор гуфтугузор мекарданд ва азориқа соҳибони гуноҳи кабираро кофир мешумурданд. Аз нигоҳи Ҳасани Басрӣ ва ҷумҳури аҳ ...

Восилии Кобулӣ

Восилии Кобулӣ, Мирзо Муҳаммаднабихон ибни Мирзо Ҳошимхон - шоири тоҷик. Бо лақаби "Дабиру-л-мулк" низ машҳур аст. Таълимоти ибтидоиро дар назди Мулло Раҳмдилхони мударрис дар қаряи Муродхонии Кобул гирифта, баъд аз он ҳунари хаттотиро омӯхтааст. ...

Восилии Марвазӣ

Дар Балх таҳсил карда, ба камол расид. Дар манбаъҳои адабӣ, аз ҷумла, "Тазкирату-ш-шуаро" -и Мутрибии Самарқандӣ аз ӯ чун шоири хушгӯй ва машҳуре ёд шудааст. Аз ин шоир дар тазкираҳои "Ҳафт иқлим", "Рӯзи равшан", "Нигористони сухан", "Шоми ғарибо ...

Восилии Табрезӣ

Восилии Табрезӣ - шоири эронӣ. Дар зодгоҳаш абрешим мефурӯхт ва баъдан комилан тоҷир шуд. Ба замми касби асосиаш шеър низ мегуфт. Аз девон доштанаш иттилоъ дода нашудааст. Матлаъи зерин аз ӯст:

Восилия

Восилия - гурӯҳе фосиқону фасодкорон ва бадахлоқону зишткирдорон, ки дар баробари анҷом додани рафтору амалҳои ношоиста худро орифу шайху суфӣ вонамуд карда, иддиои ба Ҳақ восил шудан доштанд ва мегуфтанд, ки таклиф -ҳои шаръӣ аз зиммаашон соқит ...

Воситаҳои андозагирӣ

Воситаҳои андозагирӣ - воситаҳои техникие, ки барои ченакгирӣ истифода шуда, дорои хусусиятҳои меъёрбандишудаи метрологӣ мебошанд ва воҳиди бузургиҳои физикавиро таҷдид ва ҳифз менамоянд. Ба воситаҳои андозагирӣ меъёрҳои бузургиҳои физикавӣ, асбо ...

Воситаҳои гозурӣ

Воситаҳои гозурӣ, васоити шустагарӣ - маводде, ки маҳлули обиашон барои тоза кардани филизз, шиша, сафол, пӯст ва матоъ истифода мешавад. Ба воситаҳои гозурӣ омехтаи намакҳои минералӣ, маводди органикӣ ва ғ. мансубанд. Замонҳои қадим ба сифати во ...

Воситаҳои нашъадор

Воситаҳои нашъадор - маводди сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо ва рустаниҳое, ки бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологӣ ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва ...

Воситаҳои ҳифозати фардӣ

Воситаҳои ҳифозати фардӣ - воситаҳое, ки барои ҳифзи мардум аз моддаҳои радиоактивӣ, заҳрнок ва бактериологӣ муқаррар шудаанд. Ба воситаҳои ҳифозати фардӣ дохил мешавад: ниқоби зидди газ противогаз, респиратор, либосҳои махсуси ҳифозатӣ ва пакетҳ ...

Восиъ

Восиъ, ал-Восиъ, Восеъ - яке аз номҳои Худованд, ба маънои зоте, ки дар асмо ва сифоташ бовусъат буда, ҳама чизро фаро гирифтааст. Корбурдҳои гуногуни вожаи Восиъ дар Қуръон ба он маъност, ки Худованд восиъу-л-илм 2: 115, восиъу-р-раҳмат 7: 156, ...

Восиқ Биллоҳ

Абуҷаъфар Ҳорун ибни Муҳаммади Муътасим Восиқ Биллоҳ - нуҳумин халифаи аббосӣ, ки пас аз фавти падараш Муътасим ба хилофат расид.

Восиқи Нишопурӣ

Дар Нишопур таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз нахустин навиштаҳои шӯрангез ва диловезаш дар татаббӯъ ба Абдуллоҳи Ансорӣ тазкиранигор Насрободӣ ёд кардааст. Инчунин дар "Тазкираи Насрободӣ" аз сафари Восиқи Нишопурӣ ба Ҳинд ва бозгашташ ба Эро ...

Восток

"Восток" - силсилаи мушак-барандаҳои сезинагӣ барои ба мадори наздизаминӣ баровардани киштиҳои кайҳонӣ. "Восток" таҳти роҳбарии акад. С. П. Королев сохта шудааст. Дарозии "Восток" 38.2 м, қутраш 10.3 м, вазнаш 287 т аст. Дар ҳама зинаҳои "Восток" ...

Востокредмет

Бунёд ва фаъолияти истеҳсолии Востокредмет ба ташкили пойгоҳи ашёи хоми уран ба солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон рост меояд. Дар оғоз Комб. кӯҳӣ-кимиёии Ленинобод № 6 1945, баъдан Иттиҳодияи истеҳсолии "Востокредмет" – Комб. шарқии филиззоти нодир) 1991 ...

Восход

"Восход" 12 октябри 1964 бо се нафар кайҳоннавард – В. М. Комаров сарнишин, К. П. Феоктистов ходими илмӣ ва Б. Б. Егоров духтур ба мадори наздизаминӣ бароварда шуда, 24 соату 17 дақ. парвоз кард. Сохт ва таҷҳизоти "Восход" нисбат ба силсилаи кишт ...

Восӯхт

Восӯхт - безорӣ, эъроз ва рӯгардонӣ аз маъшуқ, дар адабиётшиносӣ шеъреро гӯянд, ки дар навъҳои гуногуни назм, бештар ва маъмултар – ғазал суруда мешавад ва он мазмуни бо эъроз рӯй гардондан аз маъшуқа, тарки ишқи ӯ карданро дорад. Шеърҳои бад-ин ...

Вотум

Во́тум - қарор, райъе, ки тавассути овоздиҳӣ қабул шуда, дар таҷрибаи сиёсии давлатҳо тартиби изҳори боварӣ ё нобоварӣ ба фаъолияти ҳукумат ё вазирро ифода мекунад. Ҳадафи асосии вотум дарёфти роҳу воситаҳои таъмини ҳамкорӣ байни ҳукумат ва парла ...

Вофир

Вофир - номи яке аз баҳрҳои махсуси шеъри арабӣ. Баъзе шоирони форс-тоҷик барои санҷиши маҳорати худ дар ин баҳр шеър гуфтаанд. Ин баҳрро барои он вофир меноманд, ки дар рукни он ҳиҷои кӯтоҳ нисбат ба ҳиҷои дароз бисёр аст. Рукни асосии вофир маф ...

Вофӣ

Вофӣ - дар илми арӯз байтест, ки рукнҳои он солиманд, яъне таҷзият – ба ҷузъҳо ҷудо кардан дар он роҳ наёфтааст. Мисол: Саъдӣ Ҳофиз

Вофӣ би-л-вафаёт

"Вофӣ би-л-вафаёт" - асари Салоҳуддин Халил ибни Ойбеки Сифдӣ ; таърихномаи бузурги шахсиятҳои маъруфи олами исломӣ, ки ҳамчун зайл ва такмила бар "Вафаёту-л-аъён" таълиф шудааст. Муаллиф дар он шарҳи ҳол ва зиндагиномаи 12 ҳазор шахсияти маъруфу ...

Вофӣ фӣ-л-фурӯъ

"Вофӣ фӣ-л-фурӯъ" - асари имом Абулбаракот Абдуллоҳ ибни Аҳмад ан-Насафӣ дар фиқҳ ба забони арабӣ. Ин китоб мисли "Ҳидоя" -и Бурҳонуддини Марғинонӣ яке аз матнҳои мақбул ва муътабари фиқҳи ҳанафӣ маҳсуб мешавад. Муаллиф дар он тамоми масъалаҳои ф ...

Вошии Лоҳурӣ

Дар тазкираҳо аз "Лубобу-л-албоб" -и Авфии Бухороӣ асри 13 гирифта, то ба "Маҷмаъу-л-фусаҳо" -и Ризоқулихони Ҳидоят асри 19 номаш омадааст ва чун шоиру донишманд, сарояндаи қасоиди маснӯъ ороста бо санъатҳои бадеии гуногун тавсиф шудааст. Абёти з ...

Вояи дору

Вояи дору, дозаи дору - миқдори доруе, ки духтур барои муолиҷаи беморӣ таъйин мекунад. Дар дорухат ретсепт вояи доруро бо грамм, миллилитр ё воҳиди таъсири биологӣ ВТ нишон медиҳанд. вояи доруе, ки барои як бор таъйин карда мешавад, вояи якбора, ...

Вояҷер

"Во́яҷер" - номи лоиҳа ва аппаратҳои байнисайёравии автоматии амрикоӣ барои таҳқиқи сайёраҳои дури Манзумаи Офтоб.

Воқеанигорӣ

Воқеанигорӣ, публисистика - тарзи иттилоотии рӯзноманигорӣ, ки ягон ҳодисаву воқеаро фавран бо ҷузъиёти заруриаш возеҳан пешкаши муштариён мегардонад ва шоҳиди он худи воқеанигор аст. Маҳз воқеанигор маҷмӯи иттилоотро гирдоварӣ мекунад, ки боиси ...

Воқеият

Воқеият - дар фалсафа кулли мавҷудот, дар маҷмӯъ олами объективӣ, ки новобаста ба ирода ва тасаввуроти инсон вуҷуд дорад; ҳақиқат ҳамчун ҳастии билфеъл. Дар маърифати илмии муосир мафҳуми воқеият барои ифодаи ягон ҷанба ё бахши ҳастӣ истифода шуд ...

Воқеъот

Воқеъот - тибқи табақабандии фуқаҳои ҳанафӣ, табақаи сеюми масъалаҳои фиқҳӣ, ки аз фатвоҳо иборат аст. Воқеъот масъалаҳоеанд, ки онҳоро муҷтаҳидони баъди пешвоёни мазҳаб, аз қабили шогирдони имом Муҳаммад ва қозӣ Абуюсуф, шогирдони онҳо ва дигар ...

Воқеъоти Кашмир

"Воқеоти Кашмир" - асари таърихнигор, суфии муҷаддидии нақшбандӣ ва шоири форсизабони Ҳиндустон Муҳаммадаъзами Дидеҳмарӣ, ки ба султон Муҳаммадшоҳ бахшида шудааст. "Воқеъоти Кашмир" дар пайравии мактаби таърихнигории маҳаллӣ таълиф ёфта 1755, оид ...