ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 148

Вулфенит

Вулфенит - минерал, молибдати сурб. Формулааш Pb. Ба ифтихори минералшиноси австриягӣ Франс фон Вулфен номгузорӣ шудааст. Аз 56 % ва 26 % молибден иборат аст. Дар таркибаш инчунин омехтаи CaO, CuO, MgO, WO3, баъзан CrO3 V2 O5 дорад. Сингониаш тет ...

Вундт, Вилҳелм

Профессори физиология дар Ҳайделберг 1864-74 ва фалсафа дар Лейпсиг 1875, ки соли 1978 дар ин ҷо нахустин озмоишгоҳи таҷрибавии равоншиносӣ дар ҷаҳонро баъдан пажӯҳишгоҳ поягузорӣ кард. В. нақшаи рушди фанни нав "Асосҳои физиологии равоншиносӣ", ...

Вусто (мусиқӣ)

Вусто - номи пардаи уд, ки бо ангушти миёна ишора шуда, фосилааш ба истилоҳи мусиқии имрӯза терсияи хурди ба он наздик ё баробар мебошад. Яъне агар пардаи мутлақ до бошад, пас вусто ба ми-бемол баробар аст. Дар маъхазҳои қадимӣ оварда шудааст, ки ...

Вучетич, Евгений Викторович

Евге́ний Ви́кторович Вуче́тич 28 декабри 1908, Екатиронослав, Украина - 12 апрели 1974, Маскав) - ҳайкалтароши рус, ки дар осори хеш ғояҳои реализми сотсиалистиро пайваста ва васеъ татбиқ кардааст; узви вобастаи АР ИҶШС, ноиби президенти АР ИҶШС.

Вушмгир

Вушмгир ибни Зиёр - аз маликони дайламияи Оли Зиёр, ки асрҳои 10-11 дар Гургон, Қумис, Табаристон, Дайлам, Гелон, Қазвин, Рай, Исфаҳон, Хузистон гоҳе дар тобеияти Сомониён ва гоҳе мустақил ҳукмронӣ мекарданд.

Вуқуф

Вуқуф - дар тасаввуф, вуқуфи ададӣ, вуқуфи замонӣ, вуқуфи қалбӣ се асл аз усули ёздаҳгона мебошанд, ки асос ва бинои тариқаи нақшбандияро ташкил медиҳанд. Аслҳои мазкурро Баҳоуддини Нақшбанд ба усули ҳаштгонаи бунёдниҳодаи Абдулхолиқи Ғиҷдувонӣ а ...

Вуқуф дар Арафот

Истодан дар Арафот - дар фиқҳ яке аз фарзҳои сегона ва муҳимтарин рукни ҳаҷ; чанд лаҳзае пас аз заволи рӯзи арафа то ғуруби офтоб истодан дар дашти Арафот аст. Касе Вуқуф дар Арафотро дарёфта бошад, ҳаҷро дарёфтааст ва он аз касе фавт шуда бошад, ...

Вуқӯъии Исфаҳонӣ

Вуқӯъии Исфаҳонӣ - шоири эронӣ. Дар шеъру шоирӣ шогирди шоири маъруф Замирии Исфаҳонӣ будааст. Дар тазкираҳо аз осораш намунаҳо сабт гардидаанд. Ашъори зерин аз ӯст:

Вуқӯъии Нишопурӣ

Улуми мутадовила ва хушнависиро дар зодгоҳаш Нишопур омӯхтааст. Пас аз касби камол ба Ҳиндустон рафта, ба дарбори Ҷалолуддин Акбар ҳукмронӣ 1556–1605 роҳ ёфт. Муддате дар дарбори Абдурраҳими Хони Хонон Раҳимӣ хидмат кардааст. Дар аксари манобеи а ...

Вуқӯъии Табрезӣ

Дар Табрез ба воя расида, барои талаби илм ва беҳбуди рӯзгор ба Бағдод рафтааст. Вуқӯъии Табрезӣ дар Бағдод бо аҳли илму фазл ҳамнишин будааст. Ӯ ба Исфаҳон баргашта, дар дарбори Шоҳ Аббос ба хидмат мепардозад ва яке аз мулозимони содиқи шоҳ мега ...

Вуҷуд

Дар мактаби фалсафии тосуқротии Юнони Қадим олами кайҳонии фанонопазири комил кулли ҳастии олами моддӣ пиндошташуда, он ба адам нестӣ муқобил гузошта мешуд. Афлотун олами маҳсусро ба вуҷуди ҳақиқии олами мусул ғояҳо муқобил гузошт ва Арасту шаклр ...

Вуҷудия

Вуҷудия - назарияи динию ирфоние, ки тибқи он мосиво дидан аҳвалӣ ва ғайр донистан ҷоҳилӣ аст; фалак ва малак, аъло ва асфал, ҷинну инс, ваҳшу тайр, мутаҳаррику сокин, сувару ашкол – ҳама Ӯст. Ҳар чӣ ҳаст, яқин, чун ҳубоб аст бар рӯйи об: Тибқи а ...

Вюрмсер, Андре

Андре Вюрмсер - нависандаи фаронсавӣ. Узви Ҳизби коммунистии Фаронса аз соли 1934 буд ва дар рӯзномаҳои "Юманите", "Леттр франсэз" кор мекард. Ба собиқ ИҶШС ду бор, аз ҷумла ба Тоҷикистон соли 1973 омад ва таасуроти сафарҳояшро навишта буд. Андре ...

Вюрсит

Вюрсит - минерал, ба шарафи кимиёшиноси фаронсавӣ Шарл Адолф Вюрст номгузорӣ шудааст. Навъи мангандор ва сурхаш эритротсинкит Zn, MnS ном дорад. Таркибаш ба сфарелит монанд аст, вале бештар кадмиум дорад. Агар миқдори кадмиум то ба 77 % расад, ба ...

Вяйнё Аалтонен

Асарҳои машҳураш: портретҳои психологӣ, пайкараҳо, муҷассамаҳо, монументҳо. Ҳамчун рассом ва устои медалсоз низ машҳур аст.

Вялушкин, Борис Яковлевич

Хатмкардаи Институти 2-юми тиббии Маскав ба номи Н. И. Пирогов 1960. Ординатори клиникӣ, аспирант, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС 1960–82, ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон 1982–83, му ...

Вятичҳо

Вятичҳо - иттиҳоди қабилавии славянҳои шарқӣ, ки дар ҳавзаи дарёҳои Ока ва Маскав сокин буданд. Машғулияти асосии вятичҳо кишоварзӣ, чорводорӣ ва шикор буда, то асрҳои 10–11 тарзи зиндагии қабилавӣ до-штанд. Ба қавли Гардезӣ, вятичҳо дар ҳамсосяг ...

Вятка (дарё)

Вя́тка - дарё дар Русия, шохоби рости дарёи Кама. Дарозиаш 1367 км, масоҳати ҳавзааш 129.2 ҳазор км 2. Аз баландии Верхнекамск оғоз ёфта, дар водии васеъ ҷорӣ мешавад. Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи солонаи об дар назди шаҳри Киров 376 м 3 /с, ...

Г

Г, г - ҳарфи чаҳоруми алифбои кириллии забони тоҷи­кист. Овозе, ки ин ҳарфро ифода меку­над, ҳамсадои шав­шувдо­ри ғайридимоғии пасизабониву па­сикомии устувори ҷа­ранг­дор аст. Шакли чопиаш Гг, даст­нависаш Гг мебошад. То со­ли 1929 дар забони т ...

Гёз

Гёз, - дар давраи Инқилоби буржуазии Нидерландия лақаби наҷибзодагон -и Нидерландия, ки бар зидди ҳукумати Испания бархоста буданд. Гёзҳо соли 1565 бо мақсади қонунан ҳимоя кардани муассисаҳои давлатӣ ва анъанаҳои динӣ Иттиҳоди наҷибзодагонро таш ...

Гётит

Гёти́т - минерал аз гурӯҳи гидрооксидҳои оҳан. Формулаи кимиёияш FeO. Сохтори кристаллбандиаш ромбӣ. Сохтори кристаллиаш бо сохтори диаспор монанд аст. Баъзан дар шакли кристаллҳои маншурӣ дучор меояд. Агрегатҳояш яклухт, гурдашакл, сталактитӣ, б ...

Гаага

Гаа́га ˌɦaːɣə") - шаҳр дар ғарби Нидерландия, қароргоҳи шоҳ ва ҳукумат, маркази маъмурии Ҳолландияи Ҷанубӣ. Масоҳаташ 98.20 км². Аҳолиаш 510.8 ҳазор нафар.

Габар

Габар, габарсанг - як навъи санги сиёҳтоб ва нарм, ки барои тарошидану сохтани дег, табақ, коса ва ашёи дигари рӯзгор истифода мешуд. Ба қавли ҷуғрофиёнависон Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал кони габар дар мавзеи Нишопур вуҷуд дошт. Намунаи ашёи санги габ ...

Габбро

Гáббро - ҷинси кӯҳии магмавӣ. Дар умқи Замин дар натиҷаи оҳиста-оҳиста хунук шудани магма ҳосил мешавад. Таркибаш аз плагиоклази асосӣ лабрадор, битовит, минералҳои ранга пироксен, баъзан оливин ва амфибол ва миқдори ками минералҳои маъданӣ ибора ...

Габел

Габел - андоз аз фурӯши намак дар Фаронса. Габел суде буд, ки дар натиҷаи арзон харидани намак аз истеҳсолкунанда ва гарон фурӯхтани он ба истеъмолкунанда ба даст меомад. Бори аввал дар давраи ҳукмронии Филиппи IV ҷорӣ шуд аз соли 1286. Аз давраи ...

Габитоскопия

Габитоскопия, зоҳиршиносӣ - як соҳаи техникаи криминалистӣ, омӯзиши намуди зоҳирии инсон бо мақсади муқаррар кардани шахсияти ӯ.

Габон

Габо́н, номи пурраи расмӣ - Ҷумҳурии Габон - давлат дар Африқои Марказӣ, дар соҳили уқёнуси Атлантик. Дар шимолу ғарб бо Гвинеяи Экваторӣ, дар шимол бо Камерун, дар ҷануб ва шарқ бо Ҷумҳурии Конго ҳамсарҳад мебошад. Аз ғарб онро уқёнуси Атлантик ...

Габр

Габр, маҷус, порс - истилоҳест дар забони форсии миёна, ки эҳтимолан аз калимаи оромии GBR /qabraa сохта шуда, дар аҳди Сосониён ба маънои "мард" ҳамчун ишора ба деҳқонони озоди минтақаи Мовароуннаҳр истифода мегардид. Он дар аҳди аввали ислом та ...

Габриелла ван ден Берг

Хатмкардаи факултаи форсии Донишгоҳи Лейден 1991. Коромӯз ва пажӯҳанда дар УДТ ҳоло ДМТ, солҳои 1988–89, Донишгоҳи Кембриҷ 1998, 2004, Донишгоҳи озоди Бруссел 2002–2003. Аз соли 2003 дар Донишгоҳи Лейден омӯзгор буда, аз фанни забони тоҷикии форс ...

Габриелле Ҷузеппе

Дар донишгоҳи Рум аз фанни забон ва адабиёти араб дарс медод. Баъд аз он, дар Академияи миллии Линча китобдор буд. Габриелле Ҷузеппе дар бораи осору рӯзгори Хансо - шоираи араби давраи пеш аз ислом таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ "Рисолаи китобшиносии ...

Габриэл Гарсиа Маркес

Габриэ́л Хосе́ де ла Конко́рдиа "Гáбо" Гарси́а Ма́ркес - нависандаи колумбиягӣ, яке аз поягузорони романи ҷадид дар Амрикои Лотинӣ, устоди "реализми ҷодуӣ", филмноманавис, ношир, рӯзноманигор ва арбоби сиёсӣ.

Габриэли, Франческо

Донишгоҳи шаҳри Румро хатм карда, солҳои 1928-35 дар Донишномаи Итолиё ҳамчун муҳаррир кор кардааст. Солҳои 1935-38 устоди Донишгоҳи Шарқи шаҳри Неапол ва солҳои 1938-79 профессор расмии забону адабиёти араб дар донишгоҳи Рим. Таълифоти ӯ "Халифа ...

Габрово

Га́брово - шаҳр дар Булғория. Маркази маъмурии вилояти ҳамном, дар қисми марказии мамлакат, дар соҳили д. Янтра ва доманаи кӯҳҳои Стара-Планина ҷойгир аст. Аҳолиаш 59, 6 ҳазор нафар.

Гавазн

Дар дунё 51 намуди гавазн вуҷуд дорад. Гавазнҳо дар Авруосиё, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Африқои Шимолӣ ва Осиё дучор меоянд. Онро одамон ба Австралия ва Зеландияи Нав низ бурдаанд. Гавазн ҳайвони базебу чолок буда, шохи панҷашакли калон, пойҳои д ...

Гавгамел

Гавгамел - маҳалли таърихие воқеъ дар миёни Арбил ва Мавсил, ки 1 октябри соли 331 то м. он ҷо миёни Искандар ва Дорои III муҳорабаи бузург шуда буд. Дар муҳорибаи Гавгамел лашкари форсҳо аз 60-80 ҳазор сарбози пиёда, тақр. 15 ҳазор савора, 200 г ...

Гавдар

Гавдар, моҳихӯрак - як ҷинси парандаи обӣ. Дар зери об нағз шино карда метавонад. Рангаш асосан сиёҳ. Дар дунё 29 намуди гавдар мавҷуд аст. Дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Осиё, Африқо, Австралия, Зеландияи Нав вомехӯрад. Дар Тоҷикистон 2 намуди гавд ...

Гаврилов, Тимофей Кузмич

Гаврилов Тимофей Кузмич - халабони низомии аҳли Иттиҳоди Шӯравӣ. Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, капитани гвардия.

Гавҳар

Гавҳар, марворид, дур - моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф -и садаф -и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳар-ро ба вуҷуд меорад. Рангаш ҷилодо ...

Гавҳарак

Гавҳарак, мардумак, ангурак - сӯрохи инабияи чашм, ки ба воситаи он равшанӣ вориди чашм мешавад. Гавҳарак дар рӯшноӣ танг ва дар торикӣ васеъ мегардад. Андозаи гавҳарак дар мавриди дард ва истифодаи баъзе доруҳо низ тағйир меёбад. Гавҳарак гирдаш ...

Гавҳарбегим

Дар Озарбойҷони Эрон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз ӯ дар манбаъҳои адабӣ, аз ҷумла тазкираи "Хайроти Ҳассон" чун шоираи ширинсухану хушадо ёд шудааст. Дар тазкираҳову баёзҳо намунаҳои ашъораш сабт гардидаанд. Абёти зеринро дар тазмини ғазали шоира ...

Гавҳари кӯҳӣ

Гавҳари кӯҳӣ - як навъи писта. Соли 1986 кормандони Институти ҷангалдорӣ Г. М. Чернова ва Г. С. Олехнович дар ҷангалзорҳои ноҳияи Данғара таҳқиқ ва ба шароити маҳал мутобиқ кардаанд. Барои парвариш дар баландиҳои 700 - 1300 м аз с. б. тавсия шуда ...

Гавҳари мурод

"Гавҳари мурод" - муҳимтарин асари Абдурраззоқи Лоҳиҷӣ. Ба забони форсӣ дар усули дин, ҳикмат ва маорифи исломӣ таълиф шудааст. Аз се боб ва ҳар боб аз чандин фасл иборат мебошад. Дар муқаддимаи "Гавҳари мурод" мақсади таълифи китоб чунин баён шу ...

Гавҳари шабчароғ

Гавҳари шабчароғ - дар боварҳои хурофотии эронитаборон гавҳари гаронбаҳоест ба андозаи тухми мурғ, ки дар торикӣ медурахшад. Он дар бинии гове, ки дар баҳр зиндагӣ мекунад, қарор дорад. Ин гов шабҳо барои чаро ба хушкӣ баромада, биниашро меафшона ...

Гавҳархотун

Гавҳархотун - яке аз шахсиятҳои фарҳангпарвари замони Салҷуқиён, духтари султон Масъуд ибни Муҳаммад. Гавҳархотун дар давраи ҳукмронии падараш ба корҳои дохилии мамлакат ва девони давлат дахолат мекард. Вазирони бузург Абулқосими Даргузинӣ ва Кам ...

Гавҳаршод

Гавҳаршод - хушнависи эронӣ. Духтари хушнависи форс-тоҷик Миримод Ҳасани Сайфии Қазвинӣ. Бузуртарин настаълиқнавис буд. Пас аз қатли падараш то соли 1623 дар Исфаҳон мезист. Сипас ба Қазвин рафта, ҳамон ҷо даргузашт. Аз осори ӯ як нусха "Гулистон ...

Гавҳаршодбегим

Падараш Ғиёсуддини Тархон, яке аз надимони бузурги дарбори Темуриён буд. Таҳти ҳимояи Гавҳаршодбегим ва ҳамсараш Шоҳрух дар Ҳирот намояндагони аҳли илму адаб ва ҳунармандон гирд омадаанд, ки машҳуртарини онҳо Абдурраҳмони Ҷомӣ буд. Гавҳаршодбегим ...

Гавҳарӣ, Мирзо Ҳасаналӣ

Мирзо Ҳасаналӣ Гавҳарӣ - шоири тоҷик. Аслан аз Эрон бо мақсади тиҷорат омада буд ва муқими Бухоро гардид. Дар доираи тоҷирон барои навиштани дафтарҳои дахлу харҷи онҳо мутасаддӣ буд. Ба шеъру шоирӣ таваҷҷуҳ дошт ва дар ин ҷода комёб гардид. Аз де ...

Гагаринит

Гагаринит) - минерал аз гурӯҳи фторидҳои мураккаб. Таркиби кимиёиаш NaCaYF6; Y метавонад қисман бо унсурҳои гурӯҳи серий ва F бо хлор ва гурӯҳи иваз шавад. Маъдани камёб аст. Сохтори кристаллбандиаш) тригоналӣ. Кристаллҳояш хурди шашқирраи беранг ...

Гагаузҳо

Гагаузҳо - мардуми туркнажод, ки аксаран дар Молдова, Украина, Русия ва қисман дар Узбакистон, Туркманистон, Гурҷистон, Белорус, Булғористон, Руминия, Юнон, Латвия, Эстония, Конодо ва Бразилия умр ба сар мебаранд. Теъдоди умумии гагаузҳо 250 ҳазо ...

Гагра

Га́гра - шаҳр дар Гурҷистон, дар соҳили баҳри Сиёҳ, дар ҳудуди Ҷумҳурии худэълонкардаи Абхозистон, 80 км дуртар аз қисми шимолу ғарбии Сухуми. Аҳолиаш 15 ҳазор нафар. Бандар дар баҳри Сиёҳ, маркази истгоҳи роҳи оҳан. Аз Гагра роҳи автомобилгарди ...