ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 149

Гадик

Гадик - як навъи гӯсфанд, ки дунбаи думмонанд дорад. Вазнаш 30-36 кг, баландиаш аз 55 меш то 60 см қучқор. Дарозии думи гадик 8-15 см, вазнаш 1.5-5 кг аст. Гадикҳо думдароз ва думкӯтоҳ мешаванд. Ба гадикҳои думкӯтоҳ гӯсфандони бурятӣ ва муғулӣ ма ...

Гадоии Деҳлавӣ

Дар назди падараш, инчунин баъзе уламои давр улуми мутадовилаи даврро омӯхта, чун шахси донишманд машҳур гардид ва дар Гуҷарот ба тадрис машғул буд. Ба назди ӯ барои аз донишаш баҳравар гардидан аз Варорӯду Ироқ толибилмон меомаданд. Дар миёнсолӣ ...

Гадойбой Алиев

Гадойбой Алиев - пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Колхозчӣ ва сардори звенои пахтакории колхози "Коммунизм" -и ноҳияи Конибодом. Аз соли 1966 нафақагир буд. Звенои Алиев соли 1947 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин ва медалҳо са ...

Гадолиний

Гадоли́ний лот.нав: Gadolinium, Gd - унсури кимиёӣ аз гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 64, массаи атомиаш 157.26. Мансуби лантаноидҳост.

Гадолинит

Гадолинит - минерал. Формулаи кимиёиаш Ce,La,Nd,Y) 2 FeBe 2 Si 2 O 10 Таркиби кимиёии гадолинит доимӣ нест - миқдори ҷузви асосии он, бахусус FeO, хеле тағйир меёбад. Асосан аз силикатҳо, стерий, лантан, неодим, иттрий, бериллий ва оҳан иборат ас ...

Гадоӣ

Гадоӣ дар фарҳанги ҷаҳон дар шумори пасттарин кору пеша қарор ёфта, накуҳиш ва мазаммат шудааст. Дар адабиёт фаровон истифода гаштааст. Саъдӣ Ҳофиз Ҷомӣ

Гаждаҳам

Гаждаҳам - яке аз ашхоси "Шоҳнома" -и Фирдавсӣ, паҳлавон, диждор. Дар "Шоҳнома" номи ӯ бори аввал дар замони подшоҳии Нӯзар омадааст. Афросиёб ба Эрон ҳуҷум мекунад. Барои ба ҷойи амн бурдани занҳову фарзандони шоҳ Қоран мутасаддӣ мешавад, диждор ...

Газ

Газ) - ҳолати модда, ки дар он зарраҳо бо ҳамдигар алоқа надоранд ё зери таъсири якдигар робитаи андак ҳосил карда, дар ҳаракат мебошанд. Истилоҳи газро кимиёшиноси ҳолландӣ Н. Б. Ҳелмонт ба илм ворид кардааст.

Газ (воҳиди андозагирӣ)

Газ, араш, заръ, зироъ - воҳиди қадимии дарозӣ. Дар асрҳои миёна вобаста ба замону макон навъу андозаҳои гуногун дошт. гази шаръӣ баробари 24 ангушт ё 49.875 см ва дар садаи XI гази маъмул баробари 62 см буд. Носири Хусрав дар "Сафарнома" -и худ ...

Газ (дарахт)

Баландиаш 4 - 8 м. Навдаи дарози борик, барги сабз ё хокистарранг, гули дуҷинсаи сафед, гулобӣ, бунафш ва ғӯзамеваи сертухм дорад. Дар ҷангалҳои соҳили дарё, заминҳои шӯрхоку санглох, регзор ва боғҳо мерӯяд.

Газак

Газак, илтиҳоб - аксуламали ҷузъии муҳофизатӣ ва мутобиқатии организм, ки дар ҷавоби таъсири омили зараровар пайдо мешавад; ба ибораи дигар, мамониатест бар зидди омилҳои зараровар. Ба туфайли аксуламали илтиҳобӣ манбаи иллатёфтаи организм маҳдуд ...

Газанбор

Газанбор - зарфи табиӣ ё сунъӣ барои захира кардани миқдори зиёди газ ва истифодаи ояндаи он. Газанборҳоро дар наздикии ғулбаҳои газгузари асосӣ ва марказҳои истеъмоли газ месозанд. Газанборҳо рӯйизаминӣ - газголдерҳо фишори паст, фишори миёна ва ...

Гази идеалӣ

Гази ормонӣ, ё гази идеалӣ - модели назариявии газ, газест, ки дар он зарраҳо ё квазизарраҳо таъсири мутақобила надоранд ё онро ба ҳисоб нагирифтан ҳам мумкин аст. Барои гази идеалӣ энергияи таъсири мутақобилаи зарраҳо ба сифр баробар аст, вале т ...

Гази табиӣ

Газҳои табиии сӯзанда ва ё гази табиӣ - карбогидридҳои газшакл, ки дар қишри замин ҳосил мешаванд. Газҳои табиии сӯзанда газҳои табиии сӯзанда, асосан, аз метан, этан, пропан ва бутан иборат мебошанд. Онҳо баъзан омехтаи карбогидридҳои моеъ – пен ...

Гази тунук

Гази тунук - газе, ки дар фишори атмосферии паст мавҷуд аст. Хосиятҳои гази тунук ба таносуби дарозии дави озод L ва андозаи зарф А, ки дар он газ ҷойгир аст, вобаста мебошад. Ҳангоми L > А будан, ки ба фишори р ~ 10-3 мм сут. сим. мувофиқат м ...

Гази Ферми

Гази Ферми, Ферми-газ - гази иборат аз зарраҳои спинашон нисфӣ, ки ба омори Ферми-Дирак тобеъ мебошад. Гази Фермие, ки аз зарраҳои таъсири мутақобиланадошта иборат аст, гази Ферми-и идеалӣ ном дорад. Ба гази Ферми электронҳои филиззоту нимноқилҳо ...

Гази электронӣ

Гази электронӣ - модели назариявиест, ки ҳолати электронҳои ноқилиятро дар ноқилҳои электронӣ шарҳ медиҳад. Дар модели гази электронӣ таъсири мутақобилаи кулонии байни электронҳоро ба назар намегиранд. Электронҳо дар майдони даврии панҷараи крист ...

Гази ҳақиқӣ

Гази ҳақиқӣ, гази воқеӣ ё гази реалӣ - газест, ки хосиятҳояш асосан ба таъсири мутақобилаи молекулаҳо вобаста аст. Дар шароити муътадил, вақте ки энергияи миёнаи потенсиалии таъсири мутақобилаи молекулаҳо аз энергияи миёнаи кинетикии онҳо хеле ка ...

Газлӣ

Газлӣ - шаҳр, дар ноҳияи Рометани вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбакистон. 106 км шимолу ғарбтари Бухоро, дар биёбони Қизилқум воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 13 ҳазор нафар. Соли 1958 ба муносибати ба кор андохтани конҳои бузурги гази табиӣ шаҳраки Г. бунёд ...

Газлӣ (кони нафту газ)

Газлӣ - кони нафту газ дар Ҷумҳурии Узбакистон, дар 120 км шимолу ғарбтари шаҳри Бухоро. Ба минтақаи нафту газдори Ому тааллуқ дорад. Соли 1956 кашф гардида, коркардаш соли 1961 оғоз ёфтааст. Захираи ибтидоии нафт ‒ 5.3 млн т, газ - 476, 8 млрд м ...

Газна

Пояаш рости ҷаҳорқирра, то 170 см қад мекашад, сершохубаргазна Баргаш байзашакл дарозиаш 17 см, дандонадор, нӯгтез. Хӯшааш сергул, гулҳояш майда-майдаи сабзчатоб, мевааш байзамонанд вазни 1000-тоаш тақр. 0.25 г, зарди хокистарранг. Поя ва баргҳоя ...

Газнаи сагак

Пояаш сершох 70-200 см. Баргаш мудаввар ё байзашакли чокдор. Гулаш гулобии паст; моҳҳои июл - сентябр мешукуфад. Дар мавзеъҳои бешазори паҳнбарг, арчазор, алафзори нимсаванна, дашт мерӯяд. Дар водии дарёҳои Сир ва Зарафшон, инчунин Ҳисор, Дарвоз ...

Газотурбовоз

Газотурбово́з - локомотиви муҳаррикаш газию турбинӣ. Дар газотурбовоз аксаран таҳвили электрӣ истифода мешавад: муҳаррики газию турбинӣ ба генератор пайваст буда, ҷараёни аз он ҳосилшуда ба муҳаррикҳои электрӣ интиқол дода мешавад. газотурбовоз н ...

Газотурбоход

Газотурбоход - як навъи киштӣ, ки бо қувваи муҳаррики газию турбинавӣ ҳаракат мекунад. Истифодаи ин навъ муҳаррик иқтидори таҷҳизоти киштиро ҳатто дар ҳолати хурд будани масса баланд мегардонад, вале дар айни замон хароҷоти истифодабарӣ низ зиёд ...

Газпром нефт-Тоҷикистон

"Газпром нефт - Тоҷикистон" - ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, корхонаи воридкунанда ва фурӯшандаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон. Шуъбаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Газпром нефт" дар Тоҷикистон.

Газҳои асил

Газҳои наҷиб, газҳои инертӣ, газҳои нодир, газҳои асил, аргоноидҳо - унсурҳои кимиёии гурӯҳчаи асосии гурӯҳи VIII-и Ҷадвали даврии Менделеев: ҳелий He, неон Ne, аргон Ar, криптон Kr, ксенон Ke ва радон Rn. Солҳо ақидае вуҷуд дошт, ки газҳои инерт ...

Газҳои оташфишонӣ

Газҳои оташфишонӣ, газҳои вулканӣ - газҳое, ки дар вақти оташфишонӣ ва баъди он аз танӯра ва тарқишҳои воқеъ дар нишебиҳои вулкан, аз селоби гудозаҳо ва ҷинсҳои прокластикӣ хориҷ мешаванд. Газҳои оташфишонии дар вақти оташфишонӣ аз танӯраи вулкан ...

Гайнуддинов, Салоҳ Шоҳибович

Гайнуддинов Салоҳ Шоҳибович - яке аз фаъолони муборизаи раванди мустаҳкам кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Аз соли 1938 узви ҲКИШ.

Гала

Гала - гурӯҳи аспу шутурҳо. Дар гала аспҳои ҳамзот, ҳамҷинс, ҳамсолро нигоҳ медоранд. Галаи аспони минтақаҳои дашт аз 125 - 175 сар, гала-и аспони мавзеъҳои кӯҳсор аз 50-75 сар иборат аст. Ду усули парвариши гала - чарогоҳӣ ва чарогоҳиву тавилагӣ ...

Галактика

Гала́ктика - манзумаҳои азими ситоравӣ, ки берун аз Галактикаи мо ҷойгиранд. Галактикаро туманоти берунигалактикӣ низ меноманд, зеро ҳангоми мушоҳидаҳои телескопӣ ҳамчун туманоти хурд ба назар менамоянд. Галактика дар ҳамаи самтҳо намоён буда, фа ...

Галактоза

Галакто́за - моносахаридест аз гурӯҳи гексозаҳо. Галактоза дар табиат фаровон буда, дар таркиби олигосахаридҳо, баъзе гликозидҳо, полисахаридҳои наботот ва бактерияҳо мавҷуд аст. Дар андомгони одам ва ҳайвонот дар таркиби лактоза қанди шир, галак ...

Галактоземия

Галактоземия - бемории ирсӣ, ки дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва ба глюкоза табдил наёфтани галактоза падид меояд. Галактоза, ки ҳамроҳи ғизо аз қанди шир - лактоза ба андомгон ворид мешавад, дучори табодул мегардад, вале вокуниш реаксия ...

Галантамин

Галантамин - доруест аз гурӯҳи воситаҳои антихолинэстеразавӣ; алкалоиде, ки дар таркиби пиёзаки баъзе намудҳои гули баҳман, зевак ва дигар рустаниҳо мавҷуд аст. Дар шакли гидробромиди галантамин истеҳсол мекунанд. Хокаи маҳини сафед. Дар об бад ҳ ...

Галантерея

Галантерея, чарчинворӣ - номи умумии тиҷоратии ашёи гуногуни ороишӣ ва рӯзгор, аз қабили тугма, дастпӯшак, галстук, тӯр, гарданбанд, шона ришта, оина ва ғайра. Маҳсулоти галантериявӣ ба молҳои саноатӣ мансуб буда, андозаи хурд доранд ва барои ист ...

Галапагос

Гала́пагос - гурӯҳи ҷазираҳои оташфишонӣ дар наздикиҳои хатти истивои уқёнуси Ором, қариб 1000 км ғарбтар аз Амрикои Ҷанубӣ. Аз 13 ҷазираи асосии вулканӣ, 6 ҷазираи хурд, 107 сахра ва минтақаҳои обовар иборат аст. Ҷазираҳои бузургтаринаш: Исабела ...

Галатея (радиф)

Галатея - радифи дохилии сайёраи Нептун. Аз номи яке аз нереидаҳои асотири Юнони Қадим гирифта шудааст. Ҳамчун Нептун У1 низ ифода мекунанд. Галатеяро дар асоси 10 акси дар тӯли 5 рӯз фиристодаи дастгоҳи кайҳонии "Вояҷер-2" соли 1989 кашф карда, ...

Галаҷазира

Галаҷазира - гурӯҳи ҷазираҳое, ки дар масофаи ба якдигар наздик воқеъ гашта, асоси умумӣ, пайдоиши яксон ва сохти заминшинохтии ба ҳам наздик доранд. Пайдоиши баъзе ҷазираҳои галаҷазираҳо гуногун аст. Вобаста ба ин галаҷазираҳо материкӣ Замини На ...

Галаҷазираи Бисмарк

Қисми ҳудуди таҳти васояти СММ будаи Гвинеяи Нав. Аз ду ҷазираи калон Британияи Нав ва Ирландияи Нав, ҷазираҳои Адмиралтейство ва якчанд ҷазираи хурд иборат аст. Масоҳаташ - 49 700 км². Аҳолӣ - 480 ҳазор нафар 2010, асосан маланезиҳову папуасҳо. ...

Галаҷазираи Қутбии Конодо

Галаҷазираи Қутбии Конодо - яке аз бузургтарин галаҷазираҳои олам дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар соҳилҳои шимолии Амрикои Шимолӣ. Як қисми ҳудуди Конодо. Масоҳати умумиаш қариб 1.3 млн км². Аз 36563 ҷазира иборатанд, ки 15-тои онҳо беш аз 10 ҳа ...

Галваностереотипия

Галваностереотипия - раванди бо усули галванопластика тайёр кардани нусхаҳои қолаби чопи барҷаста. Галваностереотипия бори нахуст 1839 дар Экспедитсияи Идораи истеҳсоли коғазҳои давлатӣ дар Петербург барои зиёд кардани қолабҳои чопӣ истифода шуда ...

Галванотехника

Галванотехника - соҳаи электрокимиёи амалӣ, ки равандҳои таҳшинонии электролитии филиззҳоро дар сатҳи маҳсулоти филиззӣ ва ғайрифилиззӣ дар бар мегирад. Раванди галванотехника ба кристаллбандии филиззҳо ҳангоми гузаштани ҷараёни электрии доимӣ аз ...

Галенит

Галени́т - минерал, сулфиди сурб. Дар таркибаш унсурҳои зиёди омехтаҳои изоморфӣ ва механикӣ дорад. Системаи кристаллбандиаш кубӣ. Сохтори кристаллиаш ба сохтори галит монанд буда, кристаллҳояш аксар дар шаклҳои гексаэдр, октаэдр мешавад ва комби ...

Галера

Галера - киштии белдори пастсаҳни низомӣ бо белҳо ва ду-се сутуни бодбонҳояшон секунҷа ва росткунҷашакл, ки чун ҳаракатовари иловагӣ хидмат мекарданд.

Галерея

Галере́я - бино ё толори дарози барҳавою равшан, ки дар он маҷмӯаи асарҳои бадеӣ ва ҳунари тасвирӣ ба таври доимӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Галерея дар толори қасрҳо бо девори яктарафа дар намуди қатори тирезаҳои калон дар ибтидои садаи XVI, ба ...

Галилео (фазопаймо)

"Галилео" - ковишгари фазоии НАСА, барои таҳқиқи сайёраи Муштарӣ, ҳалқаҳо ва радифҳои он. Дастгоҳ аз он сабаб "Галилео" номгузорӣ шудааст, ки маҳз Галилео Галилей соли 1610 чор радифи Муштариро кашф карда буд. "Галилео" октябри 1989 ба кайҳон бар ...

Галилео Галилей

Галиле́о Галиле́й - физикдон, механик, ахтаршинос, файласуф, ва риёзидони итолиёӣ, яке аз поягузорони таҳаввули илмӣ ва гузор ба даврони дониши навин.

Галлий

Мавҷудияти Галлийро Д. И. Менделеев чор сол қабл аз Л. Де Буабодран пешгӯӣ карда, онро экаалюминий номида буд. Галлий 1.5∙10 −3 % -и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Мансуби унсурҳои пароканда аст.

Галлия

Га́ллия - вилояти таърихӣ дар Аврупои Ғарбӣ, байни дарёи Рейн ва кӯҳҳои Пиреней. Аз садаи VI то м. қабилаҳои келтии галлҳо дар Галлия сокин шуданд. Дар охири садаи V то м. онҳо ба самти Итолиёи Шимолӣ ҳаракат карда, пас аз шикаст додани муқобилат ...

Галлон

Галло́н - воҳиди ҳаҷм дар системаи англисии воҳидҳо. Галлон дар Англия, ИМА ва кишварҳои дигар, асосан, барои чен кардани ҳаҷми ҷисмҳои моеъ ва пошхӯранда шоро истифода мешавад. Галлони англисӣ ва амрикоӣ бо андозаҳои худ аз ҳам фарқ мекунанд. Га ...

Галлуазит

Галлуазит - минерал аз гурӯҳи силикатҳои варақӣ. Таркиби кимиёиаш AL 2 Si 2 O 5 4. 34.7% AL 2 O 3, 40, 8% SiO 2, 24, 5% H 2 O дорад. Аз рӯйи таркиб ба каолин монанд аст, вале аз он бо серобӣ фарқ мекунад. Сохтори кристаллбандиаш моноклинӣ. Дар ша ...