ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 158

Ибни Ҳайсам

Абуалӣ Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Ҳайсами Басрӣ - аз бузургтарин риёзидонон ва беҳтарин физикдони мусулмони араб буд. Ӯ аввалин донишманди физики нур дар ҷаҳон аст, ки дар заминаи шинохти нур ва қонунҳои шикасту бозтоби он нақши муҳимме ифо кардааст.

Ибодат

Ибодат - арзи сипосу бандагӣ, такрим, таъзим, итоат, хавф ва эҷоб барои Худо ва тақдиси Ӯ ё худоён дар ниҳояти фурӯтанӣ; яке аз фаризаҳои дину шариат. Ибодат хосси зоти Худоест, ки офариниш, зиндагиву қудрат аз ҷониби Ӯ буда, сазовори таъзиму икр ...

Ибрат

Ибрат - истилоҳи ахлоқӣ, сабақе, ки одамон аз мушоҳидаи рафтору кирдори дигарон ва таҷрибаи ҳаёти худ мегиранд; қиёс аз чизе барои кардан ё накардани он; интиқол аз як ҳолат ба ҳолати дигар – ҳолате, ки дар асари бархӯрд бо умури зоҳирӣ ва машҳуд ...

Ибриқ

Ибриқ - обрез, обдастон, офтоба, кӯза ё зарф барои нигоҳдории обу шароб, шустушӯ ва вузӯ. Ибриқ шаклҳои мухталиф дошт: баъзе дорои нӯла ва баъзе дорои даста ва қисме дорои ҳар ду бо даҳонаи кашида ва дастаи баланд. Тафовути шаклҳо ба истифодаи му ...

Иброҳим Барамиков

Барамиков Иброҳим Иззатуллоевич - филмбардор. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон.

Ив де Алегр

Ба забони франсавӣ "Гулистон" -и Саъдиро тарҷума кард, ки он соли 1704 дар Париж нашр шуд. Дар муқаддимаи тарҷумааш Алегр оид ба ҳаёту фаъолияти эҷодии Саъдӣ, саршор аз панду андарз ва шеърҳои баландмазмун будани Саъдии Шерозӣ сухан рондааст. Дар ...

Иван Баграмян

Ива́н Христофо́рович Баграмя́н - лашкаркаши шӯравӣ, Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ, ду бор Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Иван Вишнеградский

Вишнеградский Иван Алексеевич - олим-механик ва ходими давлатии рус, асосгузори назарияи танзими автоматӣ, узви фахрии АИ Петербург.

Ивар Баллангруд

Ивар Эриксен Баллангруд - варзишгар -и норвегӣ, қаҳрамони чоркаратаи олимпӣ, қаҳрамони бисёркарати Аврупо, дорандаи рекорди ҷаҳонӣ.

Идеал

Идеа́л - тимсоли ғоявӣ, ки воситаҳои тафаккур ва фаъолияти инсон ё табақаи иҷтимоиро муайян мекунад; усул, ғоя, ҳадаф ё намунаи чизе ё касе дар шакли комилу маънии матлуб, ки бисёр хубу олӣ ва арзишманд ба назар мерасад ва шахс кӯшиши ба он расид ...

Идеализм

Идеали́зм - мақулаи фалсафӣ, ифодакунандаи ҷаҳонбиние, ки оламро куллан ба мундариҷаи шуури мудрики маърифаткунанда шабоҳат медиҳад ё вуҷуди манбаи идеаливу маънавиётро берун ва новобаста ба шуури инсон собит мекунад, инчунин олами берунаро ҳамчу ...

Идеология

Идеоло́гия - низоми арзишҳову ғояҳои иҷтимоии ба таври назарӣ ташаккулёфта, ки самти амалҳои иҷтимоиро таъйин ва манфиатҳои табақаи муайяни ҷомеаро таҷассум карда, барои субот ё тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳамбастагии мардум хидмат мекунад.

Идора

Идора - шакли ташкилӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо ё шабакаҳо, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва корҳои давлатиро танзим мекунад; вазифаи низомҳои мураттаби хосиятҳояшон гуногун, ки сохтори муайяни онҳоро ҳифз ва амалигардонии барном ...

Идрок

Идрок - истилоҳи фалсафӣ, дарёфтани оқил моҳияти маъқулро; пазириши сурати ашё аз сӯи нафс ё зеҳн; инъикоси комили ашёву падидаҳо ба узвҳои ҳис дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мудраки олами воқеӣ.

Идрор

Идрор, рӯзина, танхоҳ, ротиб - навъи ёрии мунтазами молиявӣ дар шакли музди таҳсил, баъзан кумакпулии ҳармоҳа, ки ба хонандагон, донишҷӯён ва ҳамчун ҳаққи қалам дода мешуд. Дар Эрони Бостон ба донишҷӯёну донишмандон ва сарбозону афсарон маблағи м ...

Изократия

Мафҳуми изократияро бори аввал С. Смит 1845 истифода кардааст. Ӯ норозигии худро ба ғояи баробарӣ барои тамоми табақаҳои ҷомеа баён карда, таъкид менамуд, ки ҷавонон набояд дар як сатҳ бо калонсолон соҳиби ҳокимият бошанд. Ӯ изократҳоро ҷонибдори ...

Иллат ва маълул

иллат ва маълул, сабаб ва натиҷа - истилоҳоти фалсафӣ, баёнгари яке аз шаклҳои иртиботи мутақобилаи умумии падидаҳо.

Иля Гершевич

Дар донишгоҳҳои Рум бо роҳбарии Антонио Паляро ва Лондон бо роҳбарии В. Б. Ҳеннинг таҳсил карда, мутахассиси варзида дар соҳаи забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоӣ ва эроншиносӣ гардид. Пажӯҳишро аз забони суғдии монавӣ шурӯъ кард ва дар ин мавзӯ ...

Имом Бухорӣ

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ, бештар маъруф ба Имом Бухорӣ - донишманд, муҳаддис ва муфассир, муаллифи яке аз ҷомеъи ривоёти аҳли суннат "ал-Ҷомеъу-с-саҳеҳ".

Иморат

Имора́т, Иморат - мулк ё давлат дар мамолики исломии Осиё ва Африка, ичунин мавзеъҳои мусулмоннишини таърихии Аврупо, мас., Иморати Кордова ва Иморати Гранада дар Испания, Иморати Барӣ ва Иморати Ситсилия дар Италия, Иморати Тифлис, ки амир идора ...

Иморати Қуртуба

Аморати Курдоб - давлати феодалӣ дар нимҷазираи Пиреней, ки дар натиҷаи қисми калони нимҷазираро забт кардани арабҳо ва барбариҳо ташкил гардид. Аз соли 929 ба Хилофати Қурдоб табдил ёфт.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

Иморóти Муттаҳидáи Арабӣ - давлат дар шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон, федератсияи ҳафт иморати мустақил: Абузабӣ, Дубай, Шарҷа, Ал-Фуҷайра, Раъсу-л-хайма, Аҷмон, Умму-л-Қайвайн. То соли 1971 чун Уммони Аҳдӣ тобеъи Бритониёи Кабир буд. Масоҳат ...

Индира Гандӣ

Инди́ра Приядарши́ни Га́нди - сиёсатмадори Ҳинд ва муҳраи марказӣ дар ҳизби "Кунгураи миллии Ҳиндустон" ва то имрӯз ҳамоно ягона зане дар мақоми нахуствазир ё садриаъзами Ҳиндустон боқӣ мондааст. Индира Ганди духтари нахустин сарвазири кишвар – Ҷ ...

Инзивоталабӣ

Инзивоталабӣ, изолятсионизм - навъи рафтори сиёсӣ, ки мақсади он маҳдуд кардани субъекти сиёсӣ ва алоқаву муносибатҳои он бо дигар субъектҳо аст. Инзивоталабӣ самти инкишофи сиёсати хориҷӣ мебошад, ки фаъолият ва кӯшишҳои давлатро дар самти муқар ...

Иннокентий Герасимов

Иннокентий Петрович Герасимов - ҷуғрофиёдон, заминрехтшинос ва хокшиноси шӯравӣ, академики АИ ИҶШС, профессори Донишгоҳи давлатии Маскав. Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Қазоқистон.

Инсондӯстӣ

Инсондӯстӣ, Башардӯстӣ, ё ҳумани́зм - низоми мақсадгузориҳои шахс нисбат ба объектҳои иҷтимоӣ, ки ба меъёру арзишҳои маънавӣ марбут буда, дар фаъолият, муошират, ҳамкорию ҳамҳиссӣ намудан ва ёрӣ расондан зоҳир мегардад. Инсондӯстӣ чун мақсадгузор ...

Инсонсанҷӣ

Инсонсанҷӣ, антропометрия - системаи усулҳои ченкунии бадани одам ва узвҳои алоҳидаи он. Дар антропология ва тиб истифода мешавад.

Инсоншиносӣ

Инсоншиносӣ, антрополо́гия - илм дар бораи ҷисм ва равони инсон. Дар системаи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ инсоншинсӣ мавқеи хосеро соҳиб аст.

Иоҳан Волфганг фон Гёте

Иоҳа́нн Во́лфганг Гёте ; 28 августи 1749, Франкфурт ам Майн - 22 марти 1832, Веймар) - шоир, нависанда, намоишноманавис, наққош, муҳаққиқ, инсоншинос, файласуф ва сиёсатмадори олмонӣ. Мазҳари "асри тилоӣ" -и ҳикмату адаби олмонӣ, яке аз мардони б ...

Иоҳанн Бах

Иоҳанн Себастян Бах - оҳангсози касбӣ ва арғунуннавози олмонӣ, яке аз бузургтарин намояндагони мусиқии Аврупои Ғарбӣ дар даврони барокко.

Иоҳанн Готтфрид Галле

Бори нахуст соли 1872 монандии селаи метеории андромедиҳо шиҳобҳо-ро бо зузанабҳои коҳишёфтаи Биэл муқаррар карда зузанаби Биэл 3 зузанаб 1839-40, ҳалқаи Зуҳал 1838, инҳирофи Офтобӣ 8.87"-ро саҳеҳ кашф кард. Соли 1847 унсурҳои ҷадвали умумии мадо ...

Ип Ман

Дар ҳафтсолагӣ омӯзиши худро зери назари устоди сабки винг чун – Чан Ва Шун оғоз намуда, то замони марги устозаш 1905 идома дод. Сипас дар назди Он Ҷи Чонг Су, яке аз шогирдони аршади Чан омӯзиш дид. Соли 1908 барои идомаи таҳсил ба Ҳонконг рафт. ...

Ираклий Абашидзе

Ира́клий Виссарио́нович Абаши́дзе ноябр 1909 - 14 январи 1992) - шоир ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ, академик АИ ҶШС Гурҷистон. Раиси Шӯрои Олии ҶШС Гурҷистон. Раиси Садорати ИН Гурҷистон, сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Гурҷистон. Қаҳрамони Меҳна ...

Исо Абдурашидов

Хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе 1972. Актёр 1972 - 89 ва директори 1989 - 2008 Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Аз соли 2008 ҳунарпешаи ҳамин театр ва ҳамзамон муаллими калони ДДСТ ба номи ...

Исроил Исмоилов (пахтакор)

Солҳои 1935 - 1960 колхозчӣ, сардори звено, мсардори бригадаи пахтакорӣ, мироб ва аз соли 1961 колхозчии колхози "Коммунизм" -и ноҳияи Вахш. Звенои Исроил Исмоилов дар соли 1947 ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах рӯёнд.

Иғво

Иғво - кирдори ҷиноятӣ, ки дар натиҷаи он иғвогар бо роҳҳои фитна ва гумроҳкунӣ шахсони алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва созмонҳоро ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ташвиқ карда, зарар ва бетартибиро ба вуҷуд меорад; таҳрик ба ҷиноят бо мақсади ба мақомот с ...

Йёнс Якоб Берселиус

Соли 1802 унвони доктори тибро дар Университети Упсало гирифтааст. Профессори Университети Стокҳолм 1807 ва Институти тиббию ҷарроҳии Стокҳолм 1810–32. Узв аз 1808, Президент аз соли 1810 ва котиби доимии АИ Шветсия аз соли 1818. Аз соли 1820 узв ...

Йозеф Ҳайдн

Франс Йозеф Ҳайдн - оҳангсози утришӣ, яке аз намояндагони барҷастаи мактаби мусиқии классикии Вена, асосгузори мусиқии созӣ, мусиқии симфонӣ, квартети торӣ ва оркестри симфонӣ.

Йонас Авижюс

Йо́нас Ави́жюс - нависандаи литвагӣ. Дар асарҳояш аз пастиву баландиҳои зиндагии мардуми кишвараш баъд аз ҶБВ ҳикоя кардааст.

Калисои Вонк

Калисои Вонк ё Калисои наҷотдиҳандаи муқаддас - ном калисоест дар маҳаллаи Ҷулфо, ки аз ном клисои "Сурп Омно Паркич Вонк" Ҷуғо дар Нахҷавон гирифта шудааст. Ин калисо аз калисоҳои таърихии арманиҳои Исфаҳон мебошад ва дар замони шоҳ Аббоси дувум ...

Камолуддин Беҳзод

Камолуддин Беҳзод - бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории "Монии Сонӣ" ва дар Ғарб бо номи "Рафаэли Шарқ" шӯҳрат дорад. Муосиронаш ӯро "қоиди мусаввирон", "ягонаи замона" ва "нодири даврон" ном бурдаанд.

Камолуддин Биноӣ

Дар ҷавонӣ илмҳои замонашро аз худ карда, ба ҳалқаи адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ роҳ ёфт. Соли 1487 ба Табрез рафта, ба хизмати дарбори Султон Яъқуб ҳукмр. 1479 - 1590 даромад; бо Дарвеши Деҳакӣ вохӯрда, бо Қозӣ Исо, ки сарвари адибо ...

Карл Дейвид Андерсон

Таҳқиқоташ асосан ба омӯзиши гамма-афканишот, шуоъҳои рентгенӣ ва кайҳонӣ бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии Р. Милликен ба омӯзиши шуоъҳои кайҳонӣ оғоз кард. Дар натиҷаи таҳқиқот изҳои ғайриоддии зарраи массааш ба массаи электрон баробар ва зарядаш ...

Карл Фридрих Гаусс

Иоҳанн Карл Фридрих Гаусс - риёзидон, механик, физикдон, ахтаршинос ва заминсанҷи олмонӣ. Барандаи Ҷоизаи Копли 1838, Узви Ҷамъияти Салатанатии Лондон 1804, Узви хориҷии АИ Порис 1820 ва АИ Суэд 1821, узви хориҷии мукотиба 1802 ва узви фахрии Ака ...

Карл Фридрих Гелднер

Карл Фридрих Гелднер - забоншинос, шарқшиноси олмонӣ, коршиноси забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоӣ ва диншиносӣ.

Карл Фридрих фон Вайтсзеккер

Солҳои 1929-13 физикаро дар Берлин, Гёттинген, Копенгаген шогирди Н. Бор ва дар Лейпсиг шогирди В. Ҳайзенберг омӯхтааст. Солҳои 1942-44 профессор физикаи назариявӣ дар Страсбург. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 1939-45 дар сохтани аслиҳаи ҳастаӣ барои ...

Каротаж

Гамма-каротаж, яке аз усулҳои каротажи радиоактивӣ, ки барои таҳқиқи геофизикавии пармачоҳҳо, муайян кардани зичии ҷинсҳои кӯҳӣ истифода бурда мешавад.

Касб (фалсафа)

Касб - мақулаи фалсафаи калом ба маънои анҷом додани коре; бо кӯшишу меҳнат ба даст овардани чизе. Дар садри ислом касб ба маънои ихтиёр ва озодии инсон дар анҷом додани амале, баъдан ба мафҳуми алоҳидаи илмӣ – "касб" истифода шудааст. Мафҳуми ка ...

Китоби Муқаддас

Кито́би Муқадда́с, Би́блия - дар маънои куллӣ ба куллияи китобҳое, ки дар мазоҳиб ва адёни мухталиф ба унвони "Китоби осмонӣ" пазируфта шудааст, итлоқ мегардад. Китоби Муқаддаси масеҳиён ба ду бахш Аҳди қадим ва Аҳди ҷадид тақсим мешавад, ки шоми ...

Китобхона

Китобхона, библиотека - муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ, илмӣ, методӣ ва омӯзишӣ, ки хадамоти гуногуни китобдориро анҷом медиҳад.