ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 160

Маҳмадалӣ Бобоев

Чоряккор, чӯпон 1914 - 1925, иштирокдори фаъоли муборизаи зидди босмачигӣ, узви итти­фоқи "Қумчӣ" буд. Солҳои 1930 - 1933 колхозчии хоҷагии ба номи Телман, 1934 - 1961 сардори звено ва бригадаи пахтакории хоҷагии "Комму­низ­м" -и ноҳияи Регар. Аз ...

Маҳмудбек Аҳмадов

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии сарҳаддии шаҳри Алмаато 1977. Солҳои 1977-91 афсари Қув­ваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, 1992-93 сардори Ситоди таъйи­но­ти махсуси Кумитаи амнияти миллии ҶТ, 1993-97 муовини сардори Сарраё­сати артиши сарҳаддии Вазорати ам ...

Маҷмӯъаи Ганҷалихон

Дар давраи шоҳ Аббоси аввали Сафавӣ аз дасти ва ҳокими Кирмон Ганҷалихон ва писари ӯ Алимардонхон дар охири давраи Оқомуҳаммадхони қоҷор сохта шудаанд. Маҷмӯъаи Ганҷалихон шомили як майдони бузург дарозиаш 100 м, бараш 50 м аст, ки дар гузашта ма ...

Мевапарварӣ

Мевапарварӣ - илмест, ки сохт, сабзишу инкишоф, афзоиш ва самароварии дарахтони меваро омӯхта, усулҳои боэътимоди нигоҳубини онҳо ва тадбирҳои судманди ниҳолпарвариро таҳия месозад.

Медали "Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ"

"Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ" - аввалин медали тоҷикӣ, ки соли 1885 амири Бухоро – Музаффар таъсис додааст. Бо Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ мансабдорону ашхоси маъруфи аморати Бухоро ва хориҷӣ мукофотонида мешуданд. Аз барои хидмат ва хайрхоҳӣ аз ...

Медали "Барои мудофиаи Инқилоб"

"Барóи мудофиáи Инқилóб" - аввалин медали Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро, ки 3 июли соли 1922 Президиуми Умумибухороӣ бо қарори худ таъсис дод.

Меҳрдод Баҳор

Писари Маликушшуаро Баҳор. Хатмкардаи Донишгоҳи Теҳрон 1958. Пас аз хатми Донишгоҳи Теҳрон ба Англия рафта, таҳсилу пажӯҳишро дар Мадрасаи мутолиоти шарқӣ ва африқоии Донишгоҳи Лондон идома дод. Баҳор аз айёми ҷавонӣ чун аксари ҷавонони ватандӯст ...

Миа Герҳардт

Солҳои 1947-50 дар Донишгоҳи Лейден устоди забонҳои романӣ ва солҳои 1950-58 дар донишгоҳҳои Гронинген ва Австрия кор кард; проф. адабиётшиносии муқоисавии асрҳои миёна дар Донишгоҳи Австрия 1968. Яке аз асарҳои муҳимми ӯ "Маҳорати гӯяндагӣ. Пажӯ ...

Микола Бажан

Никола́й Плато́нович Бажа́н - шоир, сенариянависи шуравӣ ва укроинӣ, тарҷумон, публисист, фарҳангшинос, донишноманигор, ходими ҷамъиятии Украина. Академики АИ Украина, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ширкаткунандаи ҶБВ.

Милий Балакирев

Милий Балакирев майи 1910, Санкт-Петербург) - композитори рус, пианинонавоз, дирижёр, педагог, сарвари "Могучей кучки".

Мир Муҳаммад Абҷадӣ

Ба забони урду низ шеър мегуфт. Абҷадӣ аз шоиронест, ки анъанаи "Хамса" -нависиро идома додааст. Инчунин аз ӯ ду девони ашъор ба форсии тоҷикӣ ва урду, маҷмӯаи қасоид боқӣ мондааст. "Хамса" -и Абҷадӣ маснавиҳои "Зубдат-ул-афкор" дар ҷавоби маснав ...

Мираки Наққош

Амир Рӯҳуллоҳ маъруф ба Мираки Наққош - хаттот ва рассоми форс-тоҷик. Дар Ҳирот ба воя расидааст. Дар овони ҷавонӣ ба камонсозӣ машғул шуда, чанд муддат аз катибанависӣ бар иморатҳо низ рӯз гузарондааст. Баъди шиносоӣ бо наққоши номии замонаш Мав ...

Мирзо Аҳсануллоҳи Зафархон

Падари Аҳсан Хоҷа Абулҳасани Турбатӣ дар аҳди Акбар ҳукмронӣ 1556–1605 аз Хуросон ба Ҳинд рафта, дар Дакан, Кашмир ва Деҳлӣ вазифаҳои масъули давлатиро ба уҳда дошт. Аҳсан соли 1633 ҳокими Кашмир таъйин шуд ва чун шахси эҷодгару ҳукмрон дар рушди ...

Мирзо Бархурдор

БАРХУРДÓР форсӣ:برخردار Мирзо Бархурдор ибни Маҳмуди Туркмони Фароҳӣ соли таваллуд ва вафот номаълум, нависанда, шоир ва муншии форс-тоҷик асрҳои 16–17. Дар шеърҳояш тахаллусаш "Мумтоз" мебошад.

Мирзо Содиқи Ворид

Дар тазкираҳои садаи XIX аз Ворид чун шахси таҳсилдида, донандаи илмҳои фароиз, сиёқ ва ғ. ёд шудааст. Ашъорашро хубу дилписанд гуфтаанд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳо омадаанд. Абёти зерин аз ӯянд:

Мирзобобо Аҳмадов

Сароянда ва навозандаи Театри драмаи мусиқии шаҳри Конибодом 1931-39; 1943-55 - Филармонияи давлатии Тоҷикистон 1939-43; 1955-57. Аз соли 1958 нафақагири шахсӣ. Сурудҳои классикӣ ва халқиро бо маҳорати баланд месароид, донишу таҷрибаашро ба ҳунар ...

Мирзосаид Абдуллоев

Мирзосаид Абдулло́ев - яке аз муборизони фаъоли пойдор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон.

Мирзошафеъи Возеҳ

Таълими ибтидоиро аз донандаи забону адабиёти форсӣ – классики адабиёти Озарбойҷон Мулло Паноҳ гирифта, баъдан худомӯзӣ кардааст. Возеҳ соли 1826 дар Ганҷа мактаби хусусӣ кушода, дар он аз хаттотӣ, адабиёти форсию туркӣ дарс медод. Мутафаккири бу ...

Мирмуншӣ Ашрафхон

Мирмуншӣ Ашрафхон машҳур ба лақаби Муҳаммадасғар - хаттот ва хушнависи ҳиндустонӣ. Дар ҳафт навъи хат маҳорат дошт, шеърро хуб мегуфт ва иншо хуб мекард. Лақаби "Ашрафхон" -ро ба ӯ подшоҳи Ҳиндустон Акбар додааст. Дар "Табақоти Акбарӣ", "Тазкираи ...

Михаил Бакунин

Михаи́л Алекса́ндрович Баку́нин май 1814, деҳаи Прямухино, уезди Новоторжский, губернияи Твер, Империяи Русия - 19 июн -и 1876, Берн, Швейсария) - инқилобии рус, файласуф ва публитсист, яке аз назариётчиёни анархизм.

Михаил Владимиров

Баъди хатми Донишкадаи хоҷагии халқи Маскав дар вазифаи сардори бахши сохтмони асосӣ ва хоҷагии коммуналии Раёсати омори Кӯлоб, баъдтар дар ҳамин вазифа дар ш. Сталинобод кор кард. 19 сентябри 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуд. Баъди хатми Омӯз ...

Михаил Горбачёв

Михаил Горбачёв - ходими ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва давлатии шӯравӣ ва Русия. Охирин котиби генералии КМ ҲКИШ.

Михаэл Волгемут

Михаэл Волгемут - мусаввири олмонӣ, ҳаккок, кандакори рӯйи чӯб, сарвари корхонае, ки дар охири садаи XV дар Нюрнберг кор мекард. Ҳамчун устоди А. Дюрер маъруф аст.

Модда ва сурат

Модда ва сурат, ҳилеморфизм - истилоҳе, ки охири асри XIX барои ифодаи таълимот дар бораи модда ва сурат ҳамчун усули асосии ҳастӣ пайдо шудааст.

Моддаи табоҳида

Моддаи табоҳида, гази "харобгардида", гази масхшуда - гази идеалии бозе-зарраҳо ё ферми-зарраҳо, ки хосияташ аз хосияти гази идеалӣ фарқ дорад. Газ дар ҳарорати хеле паст ба истилоҳ ҳароратҳои "харобгардӣ" ва зичии муайян, ҳангоми муқоисашаванда ...

Музаффарбек Аноятбеков

Музаффарбек Аноятбеков - байтор, доктори илмҳои байторӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Мулло Камоли Бадахшӣ

Бадахшӣ بدخشی Мулло Камол - шоири форс-тоҷик. Дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тибқи маълумоти Навоӣ дар "Маҷолис-ун-нафоис" ва Давлатшоҳи Самарқандӣ дар "Тазкират-уш-шуаро" дар суханварӣ мартабаи олӣ дошта, аз саромадони шуарои он рӯзгор ...

Мулло Муҳаммадшарифи Бухороӣ

Дар шаҳри Бухоро ба камол расидааст. Аз чанде дониИМАндони давраш илм омӯхта, чун олиму фозили давр шӯҳрат ёфтааст. Дар дарбор хидмат намекард, вале баъзан қасидаҳову мадҳияҳо менавишт. Дар васфи амир Абдулаҳад ҳукмр. 1885 – 1910 қасидае гуфта, б ...

Мулломансур Аҳмадов

Дар мактаби куҳна ва мадрасаи Ҳоҷӣ Мирсалим хондааст. Муаллими мактаби маҳви бесаводӣ дар Хуҷанд 1924-26 - ширкаткунандаи ислоҳоти замин дар шимол Тоҷикистон 1926-28 - котиби Иттифоқи кормандони маорифи округи Хуҷанд 1928-30 - корманди масъули ма ...

Муллопаноҳи Воқиф

Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, ба ҷуз адабиёти классикии форсию озарӣ аз илмҳои расмии замон, мусиқӣ, нуҷум ва ғ. ба хубӣ огоҳӣ дошт. Воқиф забонҳои форсӣ ва арабиро медонист. Ба қавли акад. АИ Озарбойҷон Азиз Мираҳмадов: "Воқиф бо мерос ...

Муллорозиқ Бобоҷонов

Муллорозиқ Бобоҷонов то соли 1927 чоряккор, 1928 - 1965 колхозчӣ, сардори звено ва бригадаи пахтакорӣ, мудири участкаи колхози ба номи Сталин ҳоло "40-солагии Октябр"-и ноҳияи Хуҷанд буд. Аз соли 1960 нафақахӯри шахсӣ. Бригадаи Муллорозиқ Бобоҷон ...

Мусиқии электронӣ

Мусиқии электронӣ - як навъи жанри элетронӣ буда, онро танҳо ба воситаи компютер, аз ҷумла бо барномаҳои "FL Studio", "Sony Acid Pro", "Cubase" ва дигарон месозанд.

Мухтор Авезов

Мухтор Умархонович Авезов - нависанда ва адабиётшиноси қазоқ, академики АИ Қазоқистон, Ходими хизматнишондодаи илми Қазоқистон.

Муъмин

Áҳли имо́н, муъмин - таъбири динӣ-ҳуқуқӣ, касе, ки ба Худо, рӯзи қиёмат ва ба тамоми ҳақоиқу заруриёти динии ойини ислом имон дошта бошад. Қуръони карим мусулмононро бо таъбири "ал-ла­зина оману" хитоб карда, ки дар тафсирҳои форсӣ ҳамчун "аҳли и ...

Муқаддами Муҳсин Вазирӣ

Муқаддами Муҳсин Вазирӣ - наққош ва ҳайкалтароши эронӣ. Дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Теҳрон ва сипас дар Академияи санъати Рум таҳсил кардааст. Дар марҳалаҳои мухталифи ҳунарофариниаш осори бисёри регӣ, филиззӣ, пластикӣ эҷод намуда, м ...

Муқбилшо Аламшоев

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе 1979. Муаллими мактаби миёна 1979 – 1989. Солҳои 1990 – 2009 дар Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АИ Ҷумщурии Тоыикистон дар Помир дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ то мудири шӯъбаи таҳқиқи забонҳои помирӣ к ...

Муҳаммад Абулмаолӣ

Муҳаммад Абулмаолӣ ибни Убайдуллоҳи Ғазнавӣ - насрнависи форс-тоҷик. Мувофиқи маълумоти Саид Нафисӣ Абулмаолӣ аз хонадони Алавиёни Хуросон буда, гузаштагонаш дар Балх мезистаанд. Соли 1093 Абулмаолӣ китобе доир ба мазҳабҳо ва динҳо бо номи "Баён- ...

Муҳаммад Авфӣ

Нуриддин Муҳаммад Авфӣ ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ - тазкиранигор, насрнавис ва шоири форс-тоҷик.

Муҳаммад Афсаҳуддин Абулбақои Бухороӣ

Дар таърихи адабиёти форс-тоҷик Ворас чун муаллифи асари "Баҳру-т-таворих" машҳур аст. Ба ғайр аз ин китоб ба қалами ӯ девони ашъор, асарҳои адабиётшиносии "Румузи "Ҳашт биҳишт", "Рисола дар ҳалли абёти мушкила", асаре дар бораи мазҳабҳои дин – " ...

Муҳаммад Аъзамхон

Муҳаммад Аъзамхон, ки инчунин бо номи Нозими Ҷаҳон шинохта мешавад, олими намоёни тибби асри Х1Х дар Ҳиндустон зиндагӣ ба сар бурда, муаллифи асарҳои калонҳаҷми "Муҳити Аъзам", "Иксири Аъзам" ва ғаӣра мебошад. Китоби "Иксири Аъзам" асари чорҷилда ...

Муҳаммад ибни Наҷиби Бакрон

Дар шаҳри Туси Хуросон умр ба сар бурдааст. Солҳои 1208–09 барои Хоразмшоҳ Алоуддин Муҳаммад ибни Текеш харитаи рангаи оламро бо номи "Ашколи ақолим" тартиб додааст. Барои эзоҳи он асари "Ҷаҳоннома" -ро навиштааст, ки иборат аз 20 боб буда, то за ...

Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ

Абулқосим Муҳаммад ибни Ҷаҳм Бармакӣ - мутарҷими осори паҳлавӣ ба арабӣ, шоири арабизабони эронинажод. Дар китобҳои муътабари таърихии арабиву форсӣ, аз ҷумла "ал-Феҳрист "-и Ибни Надим, "Тарҷумаи Таърихи Табарӣ", "ал-Бадъ ва-т-таърих "-и Муқадда ...

Муҳаммад Масҷидии Бадахшонӣ

Бадахшонӣ بدخشانی Муҳаммад Масҷидӣ - шоири тоҷик. Мувофиқи маълумоти тазкираи "Баҳори Бадахшон" Б. аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Бухоро омад ва аз улуми мутадовила дониш андӯхта, чун шоиру донишманд шуҳратёр гардид. Дар замони амир Олимхон ба марта ...

Муҳаммад Ҳусеӣн

Муҳаммад Ҳусеӣн ибни Муҳаммад ал-Оқилӣ дар Ҳиндустон дар хонаводаи табиб ба олам чашм кушода, ҳанӯз дар ҷавонӣ яке аз донишмандони машҳури тибби замонааш гаштааст. Муҳаммад Ҳусеӣн муаллифи як қатор асарҳои муҳимми тиббӣ аст, ки "Қарободини Кабир" ...

Муҳаммадносир Алавӣ

Дар "Лубоб-ул-албоб" -и Муҳаммад Авфии Бухороӣ аз ӯ бо унвони акмалушшуаро ёд шудааст. Дар дарбори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ ҳукмронӣ 1117 – 1152 хидмат мекард. Ба қавли Муҳаммад Авфӣ Алавия ашъорашро тадвин накарда буд. Аз Алавия инчунин шоири мутасавв ...

Муҳаммадюсуфи Баёнӣ

Аз ҷавонӣ ба таҳсили илм шуғл варзида, забонҳои форсӣ, арабӣ ва илми тибро омӯхт. Мадрасаи Шерғозихони Хеваро хатм карда, устоди хатҳои сулс, куфӣ ва шикаста буд. Солҳои 1911–14 асари таърихии "Шаҷараи Хоразмшоҳӣ" -ро навишт, ки таърихи Хоразмро ...

Муҳриддин Ашӯров

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии фармондеҳии танкии шаҳри Тошканд 1972, Академияи ҳарбии қӯшунҳои зиреҳпӯши танкии ИҶШС 1984, Академияи ҳарбии Ситоди кулли Федератсияи Россия 1995. Солҳои 1972-79 фармондеҳи қисмҳои танкӣ ва мототирандозӣ, 1979-81 хидма ...

Наби Акрамов

Солҳои 1980 – 1982 дар ҳайати қӯшунҳои маҳдуди шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард. Дар як амалиёт ротае, ки Акрамов фармондеҳӣ менамуд, тӯдаи калони мухолифинро торумор кард. Барои ин корнамоӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардид. С ...

Наврӯзаҳмадхон

Дар миёнаҳои аср 16 Муҳаммадраҳим, ки аз хешовандони наздики Шайбонихон буд, барои ғасби Бухоро фиристода шуд, аммо ногаҳонӣ дар роҳ вафот кард. Писараш Бурҳон бо мулозимону низомиёни падараш ба Бухоро расида меояд. Дар ҳамин ҳолат Б. аз самти То ...

Назарбек Абдолов

Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии Душанбе 1969. Омӯзгори фанни забони франсавӣ дар УДТ 1969 - 79, тарҷумон дар Алҷазоир 1979 - 83, мудири кафедраи забони лотинии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон 1984 - 88, тар ...