ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 176

Бурёбофӣ

Бурёбофӣ – як навъ ҳунари анъанавии мардумӣ мебошад, ки то ба имрӯз дар баъзе навоҳии кишвар боқӣ мондааст. Устои ин ҳунарро бурёбоф меноманд. Бурё аз поячӯби шикастаи най бофта мешавад. Поячӯби хушки найро аз найзор ба андозаи 180 см – 2 м дарав ...

Бӯрё

Бӯрё ро - устоҳои бурёбоф ё ҳасирбоф аз чӯби шикастаи най мебофанд. Дар замонҳои пеш бурё яке аз ашёи муҳим рӯзгор буд, ки онро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекарданд. Дар гузашта бурёкӯбон дар шакли ҳа ...

Галагов

Галагов - усуле аз майда карда ба коҳ табдил додани ғаллапоя ва ё омода намудани лой ба воситаи ҳайвоноти корӣ. Галагов бо истифода аз 6-8 барзагов иҷро мешавад. Барзаговҳоро бо банди дарозе аз гарданашон мебастанд ва дар хирман ба болои дарзаҳои ...

Гаҳворасозӣ

Гаҳворасозӣ - ҳунари сохтани гаҳвора. Дар он кӯдак аз ҳафт-даҳрӯзагиаш то 2-3-солагиаш мехобад. Устоҳои гаҳворасоз мавриди сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба кӯдакон изҳор медоранд. Ҳунарманд заҳмат харҷ намуда, кӯшиш мек ...

Гулбаст

Гулбаст - санъати гулпартоӣ дар матои пахтагини суф ва карбос. Гулбаст асосан, дар ороиши рӯймол, куртаву пойҷомаи занона, чодар ва маснуоти дигар ба кор меравад. Барои гулпартоӣ матоъро ба андозаи даркорӣ бурида, онро дар об шуста, дар офтоб мех ...

Гулбастпартоӣ

Гулбаст - матои дастии пахтагин ва сернақш аст. Дар минтақаи Кӯлоб васеъ истифода мешавад. Дар рӯи матои пахтагини сафед, яъне сон, сони ғуломҷонӣ тайёр карда мешавад. Ҳангоми интихоби матоъ бояд зирак буд, зеро ки агар сони интихобшуда бо риштаҳ ...

Гуппӣ

Гуппӣ – асбобест барои аз ҷурғот ҷудо кардани маска ба кор меравад. Шакли гуппӣ ба охури дарозрӯя монанд буда, баландиаш 1-1.2 м ва қутраш 30-40 см аст. Даҳони гуппӣ 15-20 см буда, ғунҷоишаш 10-15 литр мебошад. Гуппиро, асосан, аз гили пухта, чӯб ...

Дарав ва хирманкӯбӣ

Дарав ва хирманкӯбӣ - аз ҷумлаи корҳои мавсимии мардуми тоҷик аст, ки дар айёми дарави тобистонӣ ва ҷамъоварии зироат сурат мегирифтааст. Дарав ва хирманкӯбӣ мавсими авҷи кори кишоварзону ҳашарчиён аст ва онҳо барои сабук кардани ин заҳмат, қисса ...

Даравшдӯзӣ

Даравшдӯзӣ, Йирмадӯзӣ, юрмадӯзӣ Усули нақшдӯзӣ дар матоъ, ки бо даравш иҷро мешавад. Ба матоъи пахтагин нақши матлубро мекашанд ва матоъро ба чамбарак бо ресмон гирд ба гирдаш дўхта, маҳкам мекунанд. Сипас мисли дукони зардўзӣ гузошта, ё ба мисли ...

Дастпона

Дастпона – ороиш барои даст буда, шаклҳои гуногун дорад. Даспонаи донадор ё гандумак як намуди онро мегӯяд, ки то охирҳои садаи XIX арӯсон ва занони ҳисорӣ истифода бурданд. Ин дастпона ҷои маҳкам намудан дошт. Сӯзане, ки маҳкам мекунад, бо занҷи ...

Дукаресӣ

Дукаресӣ, урчуқ - як навъи ресидани ришта аз пахта ва пашм тавассути асбоби чубӣ ва ё фулузӣ, ки дук ном дорад. Ду шакли дук маълум аст: дастӣ ва чархӣ. Дуки дастӣ навъҳои гуногун дорад: ҷавррезӣ, чилик, орчуқ, чалак ва ғайра. Ҷараёни дукаресиро ...

Дуредгарӣ

Дуредгарӣ – яке аз касбҳои маъруфи суннатии тоҷикон мебошад, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти чӯбӣ марбут аст. Дуредгарӣ ба ҳунарҳои дару тирезасозӣ, сандуқсозӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, шонагарӣ, кафшсозӣ ва чанде дигар, ...

Дӯғкашӣ

Дӯғкашӣ – раванди ҷудо кардани равғани маска аз ҷурғотро дар байни мардум дӯғкашӣ, маскакашӣ ва гуппизанӣ меноманд. Равғани маска дар байни мардуми тоҷик бо дастгоҳҳои гуппӣ ва чархдегу чархчӯб истеҳсол мешавад. Раванди маскакашӣ сода бошад ҳам, ...

Заргарӣ

Заргарӣ – яке аз санъатҳои қадимаи ороишию амалиии тоҷикон ба шумор меравад. Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фет ...

Камзӯлдӯзӣ

Камзӯлдӯзӣ Як навъ ҳунари қадимаи мардумии хоси занҳо мебошад. Камзулро аз матоҳои махмал, сатин, лас ва вилюр медўзанд. Камзӯлҳо яке аз ҷузъиёти сарулибоси занона мебошад ва вобаста ба мавсим навъҳо дорад: камзули тирамоҳӣ, ки аз астару абра ва ...

Кандакорӣ

Кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Кандакори - усули коркарди бадеии чӯб, санг, устухон, гаҷ, гил ва ғайра,ки бо роҳи кандану бурида гирифтан ичро карда мешавад. Яке аз бостонтарин ва маълумтарин намуди ...

Карбосбофӣ

Карбосбофӣ – Карбос яке аз маъмултарин матоъҳо дар Осиёи Миёна ба шумор мерафт. Онро қариб дар ҳамаи шаҳру деҳот мебофтанд. Карбос матои сафеди ҳамвор буд, ки аз он либоси занона, куртаву шалвори мардона медўхтанд. Карбосро инчунин барои миёнбанд ...

Карнайсозӣ

Карнайсозӣ – навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик буд, ба касби мисгарӣ тааллуқ дорад. Карнай сози мусиқии нафасиест, ки асосан, аз фулузи биринҷ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, ...

Кафшдӯзӣ

Кафшдӯзӣ – яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад, ки ба истеҳсоли пойафзор вобаста аст. Кафшдӯзӣ ҳамчун касби анъанавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Ҳисор, Панҷакант, Ӯротеппа, Кӯлобу Балҷувон, Қаротегину Дарвоз ва ғайра маъмул ...

Кордсозӣ

Кордсозӣ – навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик аст, ки ба бахши оҳангарӣ марбут мебошад. Корд ҳамчун асбоби рӯзгор, асосан, аз пӯлод сохта мешавад. Корд аз қисмҳои зерин иборат аст: теғ, гулӯбанд, даста, сарбанд. Барои теғи корд, имрӯзҳо, баъ ...

Кошинпазӣ

Кошинпазӣ, кошингарӣ, кошинрезӣ - касби анъанавие, ки тавассути он аз гилмоя бо минералҳо, оксидҳо ва дигар пайвастагиҳои ғайриорганикии омехташуда кошин истеҳсол мешавад. Барои мустаҳкам шудани гилмоя ба он мӯй, намакхок ҳамроҳ мекарданд. Гилмоя ...

Кулолӣ

Кулолӣ - яке аз касбҳои суннатии маъруфи тоҷикон мебошад, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти гилӣ марбут аст. Касби кулолӣ бештар дар шаҳрҳои калон рушд ёфта, маҳсулоти сохтаи онҳо нисбатан босифат, хушнамуд ва зебо буд. Дар деҳот зарфсозӣ ё куло ...

Лӯхтаксозӣ

Лӯхтаксозӣ - ҳунари бадеии сохтани лӯхтак аз латтаҳои гуногун, пахта, пашм, чӯб ва ғайра мебошад. Ин лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон месозанд. Инчунин, аз маводи номбурда лӯхтакҳое сохта мешаванд, ки дар саҳнаи Театри лӯхтак истифода бурда мешаван ...

Матоъ

Матоъ порча, газвор,: матои абрешимӣ, матои нахӣ, матои пашмӣ, матои сурх, як либосворӣ матоъ, матоъ бофтан; мол, коло, ашёи мавриди харидуфурӯш: молу матои арзон.

Матоъҳои абрии Хуҷанд

МАТОЪҲОИ АБРИИ ХУҶАНД Ҷодаи бузурги абрешим бори аввал дар таърихи башар Ғарбу Шарқ, кишварҳои Баҳри миёназамин ва Шарқи дурро бо ҳам пайваст. Колои асосӣ, ки абрешим ба ҳисоб мерафт, тавонист Шарқу Ғарбро бо ҳам муаррифӣ намояд. Мардуми тоҷик да ...

Маҳсӣ

Маҳсӣ / Маҳсидӯзӣ - ҳунари дӯхтани пойафзоли чармии мулоим, ки дарозиаш то зону аст. Маҳсӣ попӯшии хоса аст. Яке аз ҷузъиёти сарулибоси занона ва ё пирамардон мебошад. Маҳсӣ дар ду шакл маъмул аст: зимистона пашмӣ ва тобистона. Маҳсӣ - попӯшии му ...

Мисгарӣ

Мисгарӣ – яке аз касбҳои маъмули тоҷикон аст. Инсон бори нахуст дар асри санг бо мис шинос шуд. Дар он вақт ӯ бо фикри сайқал додани олоти сангини худ тасодуфан бо миси табиӣ бархурд ва пиндошт, ки он ҳам як навъи санг аст. Аммо вақте ӯ хост, ки ...

Муҳра

Муҳра - яке аз зебу зиннати ороишии занон. Муҳраро дар Бухоро гаварса ва ё зағирак меномиданд. Барои сохтани муҳраҳо тиллову нуқраи дорои иёри баланд истифода мешуд. Муҳраҳоро дар кириё ба воситаи симкашӣ сӯрох мекарданд ва пасон дар ороиши гӯшво ...

Муҳрарезӣ

Муҳрарезӣ - ҳунари истифода ва нақшбандӣ бо муҳра дар тайёр намудани ороишоти занона мебошад. Зеби гардан Ороиши занонаест, ки ба номи муҳраи гардан, гулӯбандак ва ғайра маъмул аст. Дар Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз, Зарафшон - хафабанд, гулӯбанд, Қар ...

Наддофӣ

Наддофӣ, савачӯбзанӣ, шада - ҳунари пахтаро бо чӯбҳои махсус ғоз-ғоз кардан. Мардум бо савачӯбҳо пахтаи кӯрпа, курпача болин, либос ва ғ ро сава мекунанд. Саваро аз навдаи душохаи дарахти сахту қаиш месозанд. Дар баъзе маҳалҳо 6-8 дона навдаро ги ...

Намад

Намад - як навъ маҳсулоти пашмист, ки аз пашми чорпои хонагӣ таҳия шуда, ҳамчун мафраш ба кор меравад. Барои як намади андозааш миёна 6-7 кг пашм сарф мешавад. Инчунин аз намад хайма, телпак, мӯза, патаки пойафзор ва ашёи дигар тайёр мекунанд. На ...

Намадбофӣ

Намадбофӣ аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, он бештар дар қисмати деҳоти Тоҷикистон рушд ёфтааст ва онро намадмолӣ низ мегӯянд. Намад як навъи гилем ё палоси хона буда, барои истифода дар рӯи фарш тайёр карда мешавад. Намад хеле палоси гарм ...

Намадмолӣ

Намадмолӣ - барои сохтани намад пашми буз ё гӯсфандро ба андозаи даркорӣ ба болои палос паҳн карда, бо ҷорӯб пашмро зада ҳамвор менамоянд. Бо офтоба ба болои он оби ҷӯш пошида, пас аз намнок шуданаш, онро бо лӯла ё чӯби ҳамвор мемоланд. Дар ин ҳа ...

Наълбандӣ

Наълбандӣ яке аз шохаҳои ҳунарҳои оҳангарӣ ба ҳисоб рафта, аз замони қадим то ба имрӯз идома дорад. Бояд гуфт, ки барои сохтани наъли асп аввал танӯри оҳангариро бо оташи ангиштсанг сахт тасфонида, сипас, оҳани одиро дар он мегузоранд. Баъд аз су ...

Оҳангарӣ

Оҳангарӣ – яке аз касбҳои маъмули тоҷикон аст, ки то ба имрӯз идома дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ аст. Дар гузашта устохона ё корхонаҳои оҳангарӣ дар ҳар як шаҳру деҳаҳо мавҷуд будан ...

Пешовез

Пешовез - яке аз зебу зиннати ороишии занон. Зевари пеши барро барои арӯсон аз нуқра бо қубаҳои кандакоришуда тайёр менамуданд, ки ин қубаҳо аз ду тараф сӯрохии сӯзангузар доштанд. Пешовезро аз матоъи сиёҳ ба шакли шероз то 1 м дарозӣ, ва барашро ...

Пӯстиндӯзӣ

Пӯстиндӯзӣ Дӯхтани як навъ либоси зимистона, ки аз пӯсти барра, гусфанд, рӯбоҳ, хирс, гург, шағол, санҷоб ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ дӯхта мешавад. Ду навъи пӯстин маъмул аст: абрадор ва беабра. Пусти барраро барои остин, тахтапушт, тириз порча-пор ...

Рехтагарӣ

Рехтагарӣ – яке аз касбҳои қадимтарини тоҷикон буд. Хӯлаи Фулузи биринҷӣ аз омехтаи мис ва қалъагӣ иборат буда, яке аз кашфиётҳои қадимтарини инсоният ба шумор меравад. Дар Осиёи Марказӣ низ он таърихи чандҳазорсола дорад. Дар Самарқанду Бухоро, ...

Сабадбофӣ

Сабадбофӣ - навъи ҳунари мардумии аз химча ва ё навдаҳои дарахт бофтани асбоби рӯзгор, зарфи гуногуншакл, ки барои гирифтани мева, сабзавот, нон ва ғайра истифода мебаранд. Сабадро аз навдаи бед, тут, биҳӣ, анор, ирғай ва ғ. мебофанд. Инчунин аз ...

Сарсӯзан

Сарсӯзан – ороиш барои рӯймоли сари арӯсону занҳо ба шумор меравад. Он аз сӯзани калони нуқрагин иборат буда, бо занҷираҳои зебо оро дода шуда, бо пончаҳо ё сангҳои гуногун, ки дар охири занҷираҳо пайваст аст, сохта мешудааст. Сарсӯзанро то ибтид ...

Собунпазӣ

Собунпазӣ - пешаи суннатии тоҷикон мебошад, ки ба истеҳсоли собун аз равған ва хокистари гиёҳон асос ёфтааст. То ба Инқилоби Октябр дар шаҳрҳои тоҷикон, аз ҷумла, Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Ҳисор ва ғайра санъати собунпазӣ рушд ёфта, ...

Сурмапазӣ

Сурмаро аз замонҳои қадим занҳо истифода мебаранд. Он на танхо зебоии чашмро меафзоёнад, балки равшании онро низ беҳтар мекунад. Аз ин рӯ, сурма хусусияти шифоҳӣ ҳам дорад. Сурма 2 навъ мешавад: сурмаи говӣ ва сурмаи сангӣ.

Сӯзанӣ

Сӯзанӣ порчаи бо ресмонҳои рангоранг гулдӯзишуда. Сӯзанӣ / Сӯзандӯзӣ - нигораи серранг ё сиёҳу сафеди росткунҷаи девории матоӣ мебошад. Сӯзанӣ - маъмултарин ҷиҳози гулдӯзишудаи рӯзгори тоҷикон аст, ки тақрибан дар ҳар хонавода мавҷуд мебошад. Он ...

Табақтарошӣ

Табақтарошӣ – яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон, ки ба сохтани табақ, кафлезу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ марбут аст. Устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳи сохта мешуданд. Аз таги устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли о ...

Тагсарӣ

Ҳунари тайёр кардан, дӯхтан ва оро додани тагсарӣ/ болишт/лӯла Дар рӯзгори тоҷикон навъҳои гуногуни тагсарӣ ҷой дорад. Шаклан онҳо чоркунҷаву росткунҷа мешаванд. Як навъи болишт лӯлашакл аст. Тагсарӣ/болишт/лӯла барои хоб истифода бурда мешаваду ...

Танӯрсозӣ

Танӯрсозӣ – як навъ касби анъанавии мардуми тоҷик мебошад. Танӯрсозон пеш аз ҳама ба интихоби хок таваҷҷуҳ мекунанд. Дар ҳар минтақа ҷойҳои муайян барои хокгирӣ мавҷуданд. Масалан, дар ноҳияи Ҳисор аз доманаи кӯҳи сурххоки деҳаи Булбулчашма хоки ...

Тоқидӯзӣ

Тоқидӯзӣ, тӯппидӯзӣ Каллапӯши миллии тоҷикон. Навъҳои гуногуни тоқӣ: чустӣ, чакан, чоргули ироқӣ, такдӯзӣ ё чамангул, зардӯзӣ, юрма, пӯпакдор, тӯртӯппӣ, духоб, кабуд ва ғ. маъмул мебошанд. Дар ҷануби Тоҷикистон тоқии мудаввар ва гумбазшакл ва дар ...

Тоқиҳои тоҷикӣ

Тоқиҳои тоҷикӣ, ки дар минтақаҳои мухталиф каллапӯш, қалпоқ, кулоҳ, тӯппӣ, дуппӣ, тоқия маъруфанд, вобаста ба иқлим, муҳит ва шароити табиӣ бо сабкҳои хос таҳаввулу инкишоф ёфтаанд. Дар иртибот ба равнақи санъати тоқидӯзӣ дар маҳалҳо ва мувофиқи ...

Хӯла

Хӯла - аз якҷояшавии 2 ва ё зиёда фулузот ба миён меояд. Фулузоти омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро "хӯла" мегуфтанд.

Чакандӯзӣ

Чакан ё Чакандӯзӣ - яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ, ҳамчун шакли ҳунари бадеӣ яке аз навъи гулдӯзист. Чакан инчунин ҳамчун номи куртаи занона машҳур шудааст. Калимаи "чакан"-ро бо калимаҳои "чеканит", "чеканка"-и русӣ ва "чакома"-ву "чакомак ...