ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 2

Маҷбурсозии маъмурӣ

Маҷбурсозии маъмурӣ - яке аз намудҳои маҷбурсозии давлатие мебошад, ки мазмуни он аз татбиқсозии чораҳои маҷбурсозии маъмурии дар меъёрҳои маъмурию ҳуқуқӣ пешбинишуда аз ҷониби субъектҳои мақомоти ҳокимияти иҷроня нисбати шахсони воқеӣ ва ташкило ...

Маҷлисҳои вакилони халқ

Маҷлисҳои вакилони халқ - мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия буда, онро Раис роҳбарӣ мекунад. Раисро, ки вакили Президент мебошад, худи Президенти ҶТ таъйин мекунад. Вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ ба муддати 5 сол интихоб ме ...

Маҷлисҳои ҳукумат

Маҷлисҳои ҳукумат – маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли асосии фаъолияти Ҳукумати ҶТ мебошад. Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо к ...

Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба сифати яке аз навъҳои мураттабсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқии Тоҷикистон чун санади расмӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 24 феврали соли 2000 №138 ба нашр мерасад. Масъули омодасозӣ ва нашр ...

Меморандум

Меморандум - ҳуҷҷати дипломатие мебошад, ки дар он муфассал моҳияти масъалаҳои байналхалқӣ ифода гардида, ин ё он ҳолату вазъият ҳамаҷониба таҳлил меёбанд ва фактҳои мушаххасе гирд оварда мешаванд, ки мавқеи давлатро асоснок менамоянд.

Мерос дар асоси васиятнома

Мерос дар асоси васиятнома - амволе, ки бо тартиби меросгузорӣ ба воситаи васиятномаи шахси фавтида ба меросгирон мегузарад. Мерос метавонад ҳуқуқи моликият, дигар ҳуқуқҳои амволӣ, ҳуқуқҳои истисноиро ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, инчунин ӯҳдадор ...

Мерос дар асоси қонун

Мерос дар асоси қонун - ҳамон вақт мерос дар асоси қонун буда метавонад, ки агар ва дар ҳолате, ки он бо васиятнома тағйир надода шуда бошад. Агар тибқи қонун меросгирон набошанд, ё худ ягон меросгир меросро нагирад, амволи шахси фавтида ба давла ...

Меъёри манзил

Меъёри манзил - таҳти ин мафҳум меъёри майдони истиқоматии тибқи қонун ба ҳар шахс додашаванда дар назар дошта мешавад. Тибқи қ. 1 м. 36 Кодекси манзили ҶТ меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ муқаррар шудаасг. Ба ша ...

Меъёри маъмурӣ

Меъёри маъмурӣ - қоидаи рафторе мебошад, ки аз ҷониби давлат муқаррар, иҷозат ва замонат дода мешавад ва муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба амалисозии ҳокимияти иҷроия, ки тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд, танзим намуда, тавассути механизми махсусмақ ...

Меъёри ҳуқуқ

Меъёри ҳуқуқ - нишондоди ҳуқуқӣ мебошад, ки қоидаи рафтор, шартҳои иҷрои онро муқаррар мекунад. Меьёри ҳуқуқ унсури ибтидоии низоми ҳуқуқ аст. Маҷмӯи чунин меъёрҳо соҳа ва институти ҳуқуқро ташкил медиҳад. Меъёрҳои ҳуқуқ якчанд намуд мешаванд: ме ...

Меъёрҳои иҷтимоӣ

Меъёрҳои иҷтимоӣ - қоидаҳои рафтор мебошад, ки муносибати байни одамон, иттиҳодияҳо ва коллективҳои онҳоро танзим месозанд. Ба меъёрҳои иҷтимоӣ инҳо дохил мешаванд: меъёрҳои ҳуқуқӣ, меъерҳои ахлоқ, меъёрҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ. меъёрҳон динӣ, с ...

Меъёрҳои ҳавасмандкунандаи маъмурӣ

Меъёрҳои ҳавасмандкунандаи маъмурӣ - меъёрҳое мебошанд, ки тавассути онҳо бо иштирокчиёни муносибатҳои идоракунии давлатӣ бо роҳи татбиқи чораҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавӣ таъсир расонида мешавад. Масалан, муқаррар намудани имтиёзҳои моддӣ ...

Меъёрҳои ҳифзи меҳнат

Меъёрҳои ҳифзи меҳнат - ҳифзи меҳнат аз маҷмӯи қонунгузории ҷорӣ иборат асг, ки чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилй, техникӣ, гигиениро дарбар гирифта, баҳри таъмини бехатарии меҳнат равона шудаанд. Меъёрҳои ҳифзи меҳнатро Қонуни ҶГ "Дар бораи ҳиф ...

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ - ин унсурҳои ибтидоие мебошанд, ки ҳуқуқи молиявӣ чун соҳаи ҳуқуқ аз онҳо таркиб меёбанд. Ба онҳо на фақат тамоми ҷиҳатҳои умумии меъёри ҳуқуқ, балки хусусиятҳое низ шомиланд, ки маҳз барои ҳамин соҳаи ҳуқуқ хос мебошанд. ...

Минтақаи офшорӣ

Минтақаи офшорӣ - қисми қаламрави давлат мебошад, ки дар он реҷаи ғайриандоз амал менамояд. Ширкатҳои хориҷӣ ҳангоми дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифтан танҳо ҳаққи бақайдгириро пардохт менамоянд. Монанди минтақаи оффшори марказӣ минтақаи офф ...

Митинг

Митинг - намоиш, гирдиҳамоӣ, роҳпаймоӣ - маҷлиси оммавӣ ба муносибати ягон масъалаи муҳим, бештар масъалаҳои сиёсӣ барои дастгирӣ намудани ягон талабот, изҳори ҳамфикрӣ ё эътироз. Мувофиқи Консгитутсияи Тоҷикистон маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ...

Навбатдорӣ (истилоҳоти ҳуқуқ)

Навбатдорӣ - зимни ин мафҳум аз тарафи корманд берун аз вақти корӣ иҷро намудани ӯҳдадориҳои махсусро, ки хусусияти фаврӣ доранд, меноманд. Навбатдорӣ бо амри корфармо сурат мегирад. Ташкили навбатдорӣ дар корхонаҳо дар рӯзҳои ид, истироҳат танҳо ...

Навбати ворисон (истилоҳоти ҳуқуқ)

Навбати ворисон - тартиби мувофиқи қонунгузории шаҳрвандӣ муқарраршудае мебошад, ки тибқи он меросхӯрон аз рӯйи қонун ба гирифтани мерос даъват карда мешаванд. Меросхӯрони навбати дуюм аз рӯйи қонун танҳо баъди набудани меросхӯрони навбати аввал ...

Навъҳои анбори гумрукӣ

Навъҳои анбори гумрукӣ - анбори гумрукӣ пӯшида ва кушода мешавад. Навъи анбори гумрукии кушода барои истифодаи ҳама гуна шахсон дастрас мебошад. Навъи анбори гумрукии пӯшида барои нигаҳдории моли шахсони муайян пешбинӣ гардидааст. Зарурати таъсис ...

Назарияи континуитет

Назарияи континуитет - таълимоти паҳнгаштаи қарни XIX буд, ки мазмуни он новобаста аз тағйироти дохилӣ дар нигаҳдошти баробарию якзайлии соҳибҳуқуқии давлат дар бахши қаламрав ва аҳолӣ равона шудааст ва чунин ҳолат робитаи ногусастанӣ ва муттасил ...

Назарияи позитивии ҳуқуқ

Назарияи позитивии ҳуқуқ - равияи васеъ паҳнгаштаи афкори ҳуқуқӣ аст, ки ҳуқуқро ҳамчуи маҳсули давлат, иовобаста аз таҳлилҳои арзишиву ахлоқӣ, бе назардошти воқеияти хуқуқӣ меомӯзад. Назарияи умумии ҳуқуқи позитивӣ илми ҳуқуқшиносист, ки дар нат ...

Назорат (ҳуқуқ)

Назорат - яке аз шаклҳои фаъолияти мақомоти гуногуни давлатӣ оид ба таъмини қонуният мебошад. Чунин навъҳои назорат, ба монанди назорати судӣ, назорати конститутсионӣ, назорати прокурорӣ, намудҳои гуногуни назорати маъмурӣ аз якдигар фарқ доранд. ...

Назорат аз болои мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Назорат аз болои мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ - назорати судӣ, прокурорӣ, идоравӣ ва ҷамъиятие, ки аз болои фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ ва дигар мақомоти давлатии иҷрокунандаи ҷазои ҷиноятиро гӯянд. Мувофиқи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии ...

Назорати андоз

Назорати андоз - чунин самти асосии фаъолияти мақомоти андоз мебошад, ки ба воситаи ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва объектҳои андозбандӣ, санҷиши маълумоти баҳисобгирӣ ва ҳисобот, пурсиши андозсупорандагон ва истифодаи дигар усулҳо, мувоф ...

Назорати байналхалқӣ

Назорати байналхалқӣ - низоми тадбирҳо оид ба назорат бурдан дар бахши иҷрои ӯҳдадориҳои давлатҳо, ки аз шартномаи байналмилалӣ ба вуҷуд меоянд. Назорати байналмилалӣ чун намуди воситаи таъмини иҷроиши шартномаи байналмилалӣ дар шаклҳои гуногун, ...

Назорати берунаи конститутсионӣ

Назорати берунаи конститутсионӣ - тафтиши мувофиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат, ки берун аз мақоми онро қабул кардан гузаронида мешавад. Дар илми ҳуқуқи конститусионӣ айнан дар зери мафҳуми назорати конститусионӣ назорати берунаи ...

Назорати бонкӣ

Назорати бонкӣ - 1. Назорати фаъолияти бонкӣ аз ҷониби бонки марказӣ. Тибқи Қонуни ҶТ "Оид ба бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи қонунгузории бонкӣ аз ҷониби муассисаҳои кредитӣ, аз ҷумла норма ...

Назорати давлатӣ

Назорати давлатӣ - яке аз шаклҳои амалӣ гардондани ҳокимияти давлатӣ, ки риояи қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии мақомоти давлатӣ баровардаро таъмин мекунад. Назорати давлатиро мақомоти гуногун амалӣ менамоянд. Ба таври анъанавӣ ваколати назорат ...

Назорати дохилии конститутсионӣ

Назорати дохилии конститутсионӣ -тафтиши мувофиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсияи мамлакат, ки дар ҷараёни тайёр кардани санад амалӣ гардонда мешавад. Ин гуна назорат бисёр вақт хислати маслиҳатро дорад ва назорати берунаро сарфи назар намекун ...

Назорати конвенсионӣ

Назорати конвенсионӣ - назорат аз болои мувофиқати ин ё он қонун ё санади маъмурӣ ба шартномаи байналмилалӣ дар ҳайатҳое, ки ба охирӣ нисбат ба қонун ё санад қувваи зиёди ҳуқуқӣ дода мешавад. Чунин равия дар қонунгузории конститутсионии бисёр дав ...

Назорати конститутсионии баъдина

Назорати конститутсионии баъдина - тафтиши мувофиқати меъёрҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия дар ҳолатҳое, ки ин меъёрҳо эътибор пайдо кардаанд. Назорати конститутсионии баъдина нисбат ба назорати пешакӣ зиёдтар паҳншуда мебошад. Он ҳамеша дар мамлакатҳ ...

Назорати конститутсионии динӣ

Назорати конститутсионии динӣ - тафтиши мувофиқати меъёри ҳуқуқӣ ба усулҳои ислом, ки дар айни ҳол дар якчанд мамлакатҳои мусулмонӣ вуҷуд дорад. Масалан, банди 1 м.198 Конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Покистон с.1956 пешбинӣ мекунад, ки "Ҳеҷ як қон ...

Назорати конститутсионии муайян

Назорати конститутсионии муайян - тафтиши мувофиқати меъёри ҳуқуқӣ ба Конститутсия дар ҳолати бавуҷудоии баҳс дар хусуси татбиқи ин гуна меъёр. Назорати конститутсионии муайян ҳамеша назорати баъдина буда, дар низоми назорати конститутсионии марк ...

Назорати конститутсионии пешакӣ

Назорати конститутсионии пешакӣ - яке аз намудҳои назорати конститутсионӣ, ки вақти гузаронидани онро нишон медиҳад. Дар адабиёт баъзан назорати эҳтиётӣ ё пешгирикунанда меноманд. Тафтиши мувофиқат ба Конститутсия то эътибор пайдо кардани чунин с ...

Назорати конститутсионии факултативӣ

Назорати конститутсионии факултативӣ - тафтиши мувофиқати санадҳои ҳуқуқӣ, ки бо дархости нафароне, ки конститутсия ё қонун пешбинӣ намудааст, гузаронида мешавад. Назорати конститутсионии факултативӣ метавонад пешакӣ ва баъдина бошад ва аз тарафи ...

Назорати конститутсионӣ

Назорати конститутсионӣ - намуди махсуси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад ва ба таъмини мувофиқати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба конститутсияи давлат равона карда шудааст. Моҳияти назора ...

Назорати маъмурӣ

Назорати маъмурӣ - низоми муносибатҳои байни ҳокимияти марказӣ ё минтакавии давлат ва маҳаллӣ ё худидора, ки дар он мақоми назоратӣ ҳуқуқ дорад дар суд қарори мақомоти худидораро, ки ба назари ӯ ғайриқонунианд, эътироз намояд. Ба сифати мақомоти ...

Назорати моддии конститутсионӣ

Назорати моддии конститутсионӣ - тафтиши мувофиқ омадани санад бо Конститутсия аз нуқтаи назари мувофиқати моддии онҳо. Аксар вақт назорати конститутсионӣ бо ҳамин мазмун фаҳмида мешавад. Ҳамаи намудҳои назорати конститутсионӣ яъне пешакӣ ва баъд ...

Назорати молиявӣ

Назорати молиявӣ - низоми ташкиливу ҳуқуқӣ буда, аз унсурҳои зерин иборат мебошад, субъекти назорат, объект, мавзӯъ, мақсадҳои назорат, намудҳои назорати молиявӣ ва усулҳои татбиқи он. Субъектҳои назорати молиявӣ ё бевосита мақомоти давлатӣ, ки б ...

Назорати парлумонӣ

Назорати парлумонӣ - яке аз вазифаҳои асосии парлумон баробари фаъолияти қонунгузорӣ ва молиявӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои анъанавии парлумон мебошад. Дар ҳолати аз фаъолияти ҳукумат қаноатманд набудани парлумон масъалаи ҷавобгарии сиёсии ҳукумат ...

Назорати парлумонӣ аз болои фаъолияти Ҳукумат

Назорати парлумонӣ аз болои фаъолияти Ҳукумат - яке аз вазифаҳои анъанавии парлумон илова ба қонунгузорӣ ва молиявӣ мушоҳидаи фаъолияти сиёсӣ ва маъмурии Ҳукумат мебошад. Дар ҳолати норозигии парлумон аз ин фаъолият ё ихтилофи байни парлумон ва ҳ ...

Назорати ғоявии конститутсионӣ

Назорати ғоявии конститутсионӣ - тафтиши мувофиқати меъёрҳои конститутсионӣ ба Конститутсия аз рӯйи мулоҳизаи ғоявӣ. Чунин назорат дар Испанияи франкоӣ аз тарафи палатаи махсуси ғоявии Шӯрои миллӣ амалӣ гардонида мешуд. Шӯро вазифадор буд, ки тоз ...

Намояндагии консулӣ

Намояндагии консулӣ - мақомоти робитаи берунаи давлат мебошад, ки дар натиҷаи барқарор кардани муносибатҳои консулӣ байии ду давлат ташкил мешавад. Ҷойи мавқеъгирифта ва шумораи ҳайати намояндагии консулӣ байни давлатҳои равонакунанда ва мавқеъги ...

Намояндагии табақотӣ

Намояндагии табақотӣ - усули ташкили ҳокимияти намояндагӣ, ки мувофиқи он вакили муассисаи намояндагӣ на ҳамаи аҳолии мамлакат ё қисми ҳудуди онро, балки гурӯҳҳои иҷтимоии пӯшида - табақаро намояндагӣ мекунад, ки аз ин вакилон бевосита интихоб ме ...

Намояндагии халқ

Намояндагии халқ - низоми мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, ки аз мақомоти интихобии намояндагӣ иборат аст. Бо мафҳуми "намояндагии халқ" низоми намояндагии халқ алоқаманд аст, яъне муносибатҳо оид ба ташкили мақомоти намояндагӣ, вазъи ваки ...

Намояндагони кормандон

Намояндагони кормандон - намояндагони кормандон дар ташкилотҳо ашхосе мебошанд, ки аз тарафи мақоми меҳнаткашони корхонаҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд. Намояндагӣ аз манфиатҳои кормандон аз муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳим ...

Намояндагони корфармоён

Намояндагони корфармоён - корфармоён ҳуқуқ доранд, ки дар иттифоқҳо, ассосиатсияҳо, конгрессҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён чун созмони ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиа ...

Намояндагони қонунӣ

Намояндагони қонунӣ - мутобиқи м.39 КМГ ин намуди намояндагии судӣ бевосита аз қонун бармеояд. Мисол, дар суд намояндагони қонунии ноболиғон, шаҳрвандоне, ки ба сабаби касалии рӯҳӣ ё камақлӣ ғайриқобили амал эътироф шудаанд, падару модаронашон, б ...

Намояндагӣ (ҳуқуқ)

Намояндагӣ - аҳде, ки шахс аз номи шахси дигар дар асоси ваколати бо ваколатнома, нишондоди қонун ё санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ҳокимияти маҳаллӣ асосёфта баста шудааст, ҳуқуқу ӯҳдадории граждании вакилкунандаро бевосита ба вуҷуд м ...

Намояндаи Президенти ҶТ дар Маҷлиси Миллӣ

Намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ - мувофиқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2000 намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷ ...