ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 77

Баҳори афғонӣ

"БАҲÓРИ АФҒОНӢ" порсӣ: بهار افغانی, тазкираест аз нигоштаи адиби афғон Абдулҳакими Рустоқӣ, ки с. 1932 дар Деҳлӣ ба табъ расидааст. "Баҳори афғонӣ" бо номи "Сакинату-л-фузало" низ машҳур аст. Аз сарсухан, муқаддима, матни асосӣ, ки ба ду фасл тақ ...

Баҳори Аҷам (нашрия)

"Баҳори Аҷам" - нашрияи фарҳангӣ ва иҷтимоии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Январи 1998 таъсис ёфтааст. 25 декабр 2008 ба муассисаи давлатӣ табдил дода шуд ва ба сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардид. Дар "Баҳори аҷам" ...

Баҳори Аҷам (фарҳанг)

"БАҲÓРИ АҶÁМ", фарҳанги тафсирии форсист, ки с. 1739 Рой Лоло Текчанди Баҳор таълиф кардааст. "Баҳори аҷам" беш аз 25000 моддаи луғавиро дар бар мегирад. Ин моддаҳои луғавӣ – саркалимаҳо дар фарҳанг аз рӯйи тартиби алифбои арабии форсии тоҷикӣ ҷо ...

Баҳори Бадахшон

"БАҲÓРИ БАДАХШÓН" بهار بدخشان, тазкираест, ки Сайид Абдулкарим Ҳусайнии Бадахшӣ байни солҳои 30–40 а. 20 навиштааст. Бо эпиграфи Яке пири хирадманде мукаррар гуфт дар гӯшам, Бадахшон беҳ, Бадахшон беҳ, Бадахшон беҳ оғоз меёбад. Сипас муқаддимаи м ...

Баҳори дониш

"БАҲОРИ ДОНЍШ", асари Иноятуллоҳи Канбу, ки с. 1670 навишта шудааст. Яке аз беҳтарин намунаҳои насри бадеии форсизабони асрҳои миёна ба шумор меравад. Ба тарзи "қисса андар қисса" ва ё "ҳикоят андар ҳикоят" аз ҳикоятҳо, афсонаҳо, масалҳои сершумо ...

Баҳористони сухан

"БАҲОРИСТÓНИ СУХÁН" асари донишманд ва ходими давлатии Ҳиндустон Мир Абдурраззоқ мулаққаб ба Самсомуддавла Шоҳнавозхон, ки тавсифи улуми адабӣ, зиндагиномаи шоирон ва намунаҳои ашъори онҳоро фаро мегирад. Таълифи асар с. 1747 ба поён расидааст. Б ...

Баҳория

БАҲОРИЯ навъи шеърест, ки дар шаклҳои гуногун – ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтиҳои китобӣ ва халқӣ, қитъа, мусаммат, мураббаъ ва ғ. дар васфи баҳор, фаро расидани он, зинда шудани табиат, расидани мавсими гулу лола, хониши мурғон, оғози киштукор, в ...

Беленитский Александр

Беленитский Александр Маркович -, муаррих-шарқшинос, бостоншинос, доктори илмҳои таърих. Ходими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1977.

Белинни

Якопо Беллини - оилаи рассомони итолиёии Эҳёи пешин, ки ба мактаби рассомии Венетсия асос гузоштаанд. Якопо Беллини, рассом ва наққош, шогирди Ҷентиле да Фабриано. Аввал бо услуби готикаи "интернатсионалӣ" расм мекашид. Аз солҳои 40 садаи XIV дар ...

Белинский Виссарион Григоревич

БЕЛИНСКИЙ Виссарион Григоревич - мунаққиди адабӣ, мутафаккир ва рӯзноманигори рус.

Белкин Борис Леонидович

БЀЛКИН Борис Леонидович, байтор, доктори илмҳои байторӣ 1986, профессор 1990. Ходими шоистаи илми Федератсияи Россия 1999, академики Академияи экологии Россия 2003, академики Академияи байналмилалии экологӣ 2005. Хатмкардаи Институти кишоварзии С ...

Беллесєрт Андре

БЕЛЛЕСЄРТ АНДРЕ 1866–1942, шоир ва адабиётшиноси фаронсавӣ. Маҷмӯаи ашъор бо номи "Асотир ва достонҳо" нашр 1894 дорад, ки дар он шеърҳои дар мавзӯъ ва мазмунҳои ҳикоёти "Гулистон" -и Саъдӣ навишташуда ба назар мерасанд. Дар шеърҳояш аз образҳои ...

Беллетристика

БЕЛЛЕТРЍСТИКА, дар маънои васеъ, умуман осори адабиёти бадеӣ, дар маънои танг ва бештар мустаъмал осори насри бадеӣ. Дар ин ҳолат осори манзум ва драматургия ба Беллетристика дохил карда намешаванд. Баъзан ба Беллетристика осори адабии аз ҷиҳати ...

Беллоу Сол

БЕЛЛÓУ Сол, нависандаи амрикоӣ. Оилаи Беллоу соли 1913 аз Петербург ба Канада муҳоҷират кард ва ӯ дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Баъдан, аз с. 1924 ба ин тараф ӯ сокини шаҳри Чикаго ИМА шуд ва дар ҳамин ҷо зиндагиву эҷод намудааст. Дар донишгоҳҳои Чи ...

Белова, Елена Дмитриевна

БЕЛÓВА Елена Дмитриевна, варзишгари белорус шамшербозӣ, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС 1968. Чемпиони ИҶШС дар мусобиқаи инфиродӣ ва дастаӣ 1969–1978. Чемпиони ҷаҳон дар мусобиқаҳои инфиродӣ 1969, чемпиони бисёркаратаи ҷаҳон дар мусобиқаҳои ...

Белорусҳо

БЕЛОРУСҲÓ, белорус, русҳои сафед, халқият, аҳолии асосии Ҷумҳурии Белорус, марбут ба славянҳои шарқӣ. Ба забони белорусӣ такаллум мекунанд. Теъдодашон бештар аз 9 млн нафар буда, 83.7 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Белорусҳо дар ИМА, Ру ...

Белоусова, Людмила Евгеневна

БЕЛОУСОВА Людмила Евгеневна таваллуд 1935, варзишгари рус рақси рӯи ях, Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС 1964. То соли 1979 дар ИҶШС зиндагӣ дошт, сипас ба Швейсария рафт. Чемпиони Бозиҳои олимпӣ 1964 ва 1968, ҷаҳон ва Аврупо 1965–1968, ИҶШС ...

Белпойҳо

БЕЛПОЙҲÓ лотинӣ: Pinnipedia, як гурӯҳи ширхӯрҳои обӣ. Танашон дукшакл буда, бо пашми кӯтоҳи бетибит ба ғайр аз гурбаи обӣ пӯшида шудааст. Думи кӯтоҳ ва пойҳои панҷадори белшакл доранд. Дар пӯсти Белпойҳо ғадудҳои арақ ва чарб мавҷуданд; дар зери ...

Белуга

БЕЛУГА лотинӣ: Huso huso, як навъ моҳии ғизоӣ. Мансуб ба оилаи тосмоҳиҳост. Дарозиаш то 9 метр, вазнаш то 1 тонна баъзан то 1.5 тонна. Аз дигар тосмоҳиҳо бо даҳони калон ва ғалсамапардаҳои васлшуда фарқ мекунад. Дар баҳрҳои Каспий, Сиёҳ, Азов, Ад ...

Белчакорд

БЕЛЧАКÓРД, силоҳе аз санги оташбарг, ки дар охири давраи полеолит пайдо шуда, дар давраҳои мезолит ва асри биринҷӣ ҳам вуҷуд доштааст. Аксаран, порчаи санги дароз, баъзан мудаввар, ки тарафи тезаш камоншакл буда, барои тарошидани пӯст, чӯб, устух ...

Белэтаж

БЕЛЭТАЖ фаронсавӣ Bel – зебо ва etago – қабат, 1) қабати дуюми иморат, қаср иқоматгоҳи шахсӣ. Дар Белэтаж, одатан, толор ва хонаҳои боҳашам, ки аз иморати қабатҳои дигар бо баландӣ ва ороишот фарқ мекунад, ҷойгир мешаванд. Дар меъмории замонавӣ Б ...

Беляев, Евгений Александрович

Евге́ний Алекса́ндрович Беля́ев - яке аз муаррихон ва шарқшиносони номии рус. Дар оилаи тоҷир таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар факултети забон­ҳои шарқи Унверистети Петербург 1913–1916 таҳсил карда, соли 1918 ихтиёран ба Артиши Шӯ ...

Белякова Любов Петровна

БЕЛЯКÓВА Любов Петровна, хокшинос, доктори илмҳои кишоварзӣ 1958, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон 1959. Баъди хатми семинарияи муаллимии шаҳри Твер 1904 чанд муддат омӯзгорӣ кардааст. Соли 1906 барои тарғиботи инқилобӣ дар байни деҳқо ...

Беморхона

БЕМОРИСТÓН, шифохона, беморхона, муассисаест барои дармони беморони бистарӣ. Бемористоне, ки дармонгоҳ дорад, дар баробари муолиҷа оид ба пешгирии бемориҳо низ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бемористонҳо чанд навъ мешаванд: ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минт ...

Бенвенист, Эмил

Дар донишгоҳи Сорбонна ва дар Мактаби олии пажӯҳишҳои амалии Париж дар назди А. Мейе таҳсил кардааст. Аз соли 1937 профессор Коллеж де Франс ба ҷойи устодаш А. Мейе мудири кафедра шуд. Аз соли 1959 то охири умр котиби илмии Ҷамъияти забоншиносони ...

Бенедиктов, Анатолий Андреевич

БЕНЕДЍКТОВ Анатолий Андреевич таваллуд 18 сентябри 1915, губ. Нижненовгород ҳозира вилояти Горкий – вафоташ номаълум, яке аз муаррихони даврони шӯравӣ, доктори илми таърих 1965, профессор 1966. Солҳои 1939–1941 дар факултети таърихи Донишгоҳи дав ...

Бенефитсий

БЕНЕФЍТСИЙ, 1) дар ҳуқуқи давраи атиқаи Рум имтиёз ва ихтиёроти император барои ба ягон корманди зердасти худ додани замин ё дигар манбаи даромад ҷиҳати истифодаи якумраро меноманд. Дар Шоҳии Франки асрҳои 8–9 бенефитсий, пеш аз ҳама, мулке ба ҳи ...

Бензидин

БЕНЗИДЍН, 4.41–диаменодифенил, як навъ пайвасти органикӣ; филиззоти беранги тобон; дар ҳаво зери таъсири рушноӣ тира мешавад. Ҳарорати гудозишаш 128°С ; ҳарорати ҷӯшишаш 401.7°С ; дар спирт ва эфир ҳал мегардад. Бензидин бо маҳлули кислотаҳои орг ...

Бензилселлюлоза

БЕНЗИЛСЕЛЛЮЛÓЗА, эфири содаи селлюлоза ва спирти бензил, ки дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии селлюлозаи ишқорӣ ва бензилхлорид ҳосил мешавад. Бензилселлюлоза хокаи зардтоб аст. Хосияти физикавӣ ва кимиёии он аз дараҷаи часпакиаш вобастагӣ дорад. Ба ...

Бист боб дар маърифтти устурлєб

"БИСТ БОБ ДАР МАЪРИФТТИ УСТУРЛЄБ", рисолаи Хоҷа Насируддини Тусӣ ба забони форсӣ дар бораи сохти устурлоб. Ин рисола бо номҳои ихтисории "Бист боб" ва "Бист боб дар устурлоб" низ ёд мешавад. Рисолаҳои гуногун бо ҳамин ном мавҷуданд, вале рисолаи ...

Бишкек

Бишке́к - пойтахт, маркази маъмурӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, тиҷорат ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Воҳиди махсуси маъмуриро ташкил мекунад, ки маркази маъмурии ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ ҳаст. Шаҳр дар шимолӣ Қиргизистон ҷойгир шудааст. Масоҳати шаҳр ...

Бобо Қанбар

Бобо Қанбар, Бобо Қилдир, Бобо Қулдуроқ - персонажи устураҳо ва боварҳои мардуми тоҷик, ки аз рӯйи баъзе амалиёташ ба фариштаи барфу борон ва дигар. падидаҳои осмонӣ монанд аст. Садо додани тундар, пайдо шудани чароғак, рехтани борону барфро мард ...

Бобои Валии Қандаҳорӣ

Бобои Валии Қандаҳорӣ - яке аз орифони бузурги олами ислом, ки дар охирҳои асри XV ва аввалҳои асри XVI ҳаёт ба сар бурдааст. Ривоят ҳаст, ки дар Кашмир мактаби хоси худро таъсис дода будааст. Ӯро ҳамчун шайхи бузургу комил эътироф мекардаанд. Бо ...

Бӯстон (деҳа, н. Файзобод)

Бӯстон - деҳа, маркази ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод. Ба шарафи 10-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2001 "Бӯстон" номгузорӣ шудааст. Аз деҳа то марка ...

Василий Бартолд

Василий Владимирович Бартолд ноябри 1869, Санкт-Петербург - 19 августи 1930, Ленинград) - яке аз шарқшиносони рус, профессор, академики Академияи Илмҳои Русия.

Вилояти Астрахан

Вилояти АСТРАХÁН - вилоятест дар Федератсияи Русия, тобеи Округи федералии Ҷануб Вилоят 27 декабри соли 1943 ташкил шудааст.

Гарник Асатрян

АСОТРЯН, Асатрян Гарник Серобович, шарқшинос ва фолклоршиноси арман, доктори илмҳои филология, профессор. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ереван. Дар Институти шарқшиносии Академияи миллии Арманистон, Донишгоҳи давлатии Ереван кор кардааст. Сардаби ...

Гулафшон

Гулафшон - деҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 22 км. Аҳолиаш 346 нафар, тоҷикон. Аз 37 хочагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаб, мағозаи хусусӣ, бунгоҳи тиббӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардум ...

Гултеппа

Гултеппа - деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 30 км; роҳи автомобилгард. Аҳолиаш 1150 нафар, тоҷикон. Аз 135 хоҷагӣ иборат аст.

Деҳоти Бӯстон

Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли аз 14 декабри соли 1996 аз ҳисоби марзи собиқ ҷамоати деҳоти Гумбулоқ таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он деҳаҳои Офтобрӯя собиқ Лақаён, Бӯстон собиқ Қарабулоқ, Ҳаймаҳмадӣ, Шулашак, Чилчашма ...

Деҳоти Вашгирд

Вашгирд - ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1992 дар заминаи ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод ва Файзобод ташкил карда шудааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 4 деҳа - Лолагӣ, Шахтакиён, Сино ва Баҳористон ҷойгиранд. Ҷамоат дар қисми ҷанубии ноҳия, 38 к ...

Деҳоти Дӯстмурод Алиев

Соли 1931 ташкил карда шудааст. Ба он деҳаҳои Файзобод, Ҷонварсӯз, Файзрез Биникулӯта, Кабкрез, Боғи Мирӣ, Сурхдара, Қанғелӣ, Чуқурак, Навбаҳор Қӯруғ, Кенҷаобод, Сайдонӣ, Кӯҳсор Тиён дохил мешаванд. Марказаш деҳаи Файзобод. Аз маркази ҷамоат то м ...

Деҳоти Меҳробод

Меҳробод, - ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар қисми ҷанубии ноҳия дар масофаи 36 км аз шаҳри Душанбе, дар шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ воқеъ аст. Масоҳаташ 56196 км 2. Аҳолиаш 9301 нафар. Деҳаҳои зерин тобеи ҷамоати деҳо ...

Деҳоти Мискинобод

Мискинобод - ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1928 таъсис ёфтааст. Ба он деҳаҳои Заркамар, Мискинобод, Орифон, Муминобод, Фатҳобод, Фақиробод, Гултеппа, Сарой дохил мешаванд. Марказаш деҳаи Мискинобод. Аз маркази ҷамоат то маркази ноҳия 27 ...

Деҳоти Чашмасор

Чашмасор - ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. 28 апрели соли 2005 дар заминаи ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон ва Қалъаидашт ташкил карда шудааст. Ба он деҳаҳои Ғуломдавлат, Эшоно, Сарисафедхок, Кӯлобиён, Чашмасор, Бунгакиён, Тахтиалиф ва деҳаи навбунёди ...

Деҳоти Ҷавонон

Ҷавонон - ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1931 ташкил карда шудааст. Ба он деҳаҳои Арзанова, Дова, Дубеда, Карсанг, Муллотуғма, Муллошайхӣ, Навобод, Саричинор, Обисангбур, Хамисеб, Хамисавра, Чаноро, Ҷавонон дохил мешаванд. Марказаш деҳаи ...

Дурахшон

Дурахшон - деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 1956 нафар, тоҷикон. Аз 250 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, марказисаломатӣ, ки ...

Заркамар

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ, 16 мағоза, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, 4 чойхонаи ҷамъиятӣ, масҷиди панҷвақта дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обё ...

Истиъоза

Истиъоза, Аъузу биллоҳ, Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим - дар Ислом ба маънои паноҳ бурдан ба Худованд аз ҳар гуна шарру бадӣ ва васвасаҳои шайтон. Истиъоза ба маънои васеаш аз як амри ғаризӣ ва асли фитрие дар вуҷуди инсон бархостааст. Инсо ...

Кабкрез

Кабкрез - деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 7 км. Аҳолиаш 1467 нафар, тоҷикон. Аз 187 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мард ...