ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 80

Мақбараи Фахриддини Розӣ

МАКБАРАИ ФАХРИДДИНИ РОЗЙ, ёдгориҳои меъморӢ дар шаҳри Куҳнаи Урганҷи вилояти Тошҳавзи Чумҳурии Туркманистон Мақбараи мансуб ба номи файласуф, муаррих ва ■риёзидони форсу тоҷик Фахруддини Розист. Услуби меъмории мақбара ба нимаи дуюми садаи XII хо ...

Мақбараи Холбойқаро

Мақбараи Холбойқаро - ёдгории меъмории асри XVII-XIX аст ва дар ноҳияи Орҷоникидзеобод. ҷойгир шудааст. Мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мақбараи Холбойқаро толори мураббаъ дорад, ки аз ҳисоби чор тоқ васеъ г ...

Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ

Адабиёти тоҷик дар садаи ХХ Мафҳуми адабиёти давраи нав ба адабиёти садаи ХХ ва минбаъда тааллуқ дорад, ки он қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи таърихи адабиёти зиёда аз сеҳазорсолаи форсу тоҷик мебошад.Тағйироту дигаргунии адабиёти давраи нав дар ...

Адибони тоҷик дар асри XX

Ғалабаи Инқилоби Октябру истиқрори низоми шӯравӣ дар Осиёи Миёна боъис гардиданд, ки миллати азийяткашидаи тоҷик дигарбора самандарвор аз хокистари зиллат бархоста, бар минбари иззату шарофат барнишинад ва дар баробари соҳати дигари ҳаёту иқтисод ...

Таърихи адабиёти тоҷик

Дар қарнҳои III-VII дар Осиёи Миёна қавмҳои эронии шарқӣ сокин буданд, ки онҳо дар гӯиш ва шеваҳои мухталиф, вале ба ҳам наздики суғдӣ, хоразмӣ ва портиву сакӣ ҳарф мезаданд ва ба ҳамин забон адабиёти фанниву бадеӣ низ эҷод карда буданд. Ёдгориҳо ...

Аваз

Аваз - яке аз қаҳрамонҳои асосии нусхаҳои тоҷикии ҳамосаи "Гӯр­ӯғлӣ", писари Гӯрғулӣ. Дар оилаи Каримқассоб персонажи ҳамосаи "Гӯрӯғлӣ" тарбия меёфт ва ҳамин шахсро падари аслии худ мепиндошт. Дар баъзе нусхаҳои "Гӯрӯғлӣ", додхо адолатхоҳ, заррин ...

Афандӣ

Афандӣ - шакли туркишудаи калимаи юнонии "аутентиа", ки маънояш "ҷаноб", "сардор", "оғо", "мулло" мебошад.

Шаҳзода Назарзода

Шаҳзодаи Самарқандӣ фориғуттаҳсили факултети забон ва суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи "Регистон" чоп шуд. Ӯ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пош ...

Юсуфи Насрулло

Юсуфи Насрулло 10 декабри 1954 дар деҳаи Даштаки ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1971, пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумии №15, вориди бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудаас ...

Бирён

Бирён - чизи дар деги хушки тафсон ё дар равғани доғ пухташуда, зирбондашуда; кабобшуда: барраи бирён, гандуми бирён, гӯшти бирён, моҳии бирён, нахӯди бирён.

Бодинҷондӯлма

Бодинҷондӯлма навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Бодинҷонро шуста, думчаҳояшро бурида мепартоянд. Баъд ба дарозиаш дукафон карда, бо қошуқча тухмҳояшро мегиранд. Пиёз, сабзӣ, кабудӣ, помидору сирпиёзро ре ...

Гулкарамшӯрбо

Гулкарамшӯрбо Тарзи тайёр намудани Гулкарамшӯрбо: Хомшӯрбояшро аз гӯшти лаҳми серравған ва аз устухони гӯсфанд ё гов мепазанд. Гулкарамро аз ӯзакаш ҷудо карда, бо пиёзу сабзии майдарезашуда якҷоя карда, ба хомшӯрбо меандозанд. Картошкаи доирашакл ...

Дамлама

Дамлама таомест, ки аз гӯшт ё моҳӣ ва сабзавот бо дампартоӣ пухта мешавад. Дамлама хушхӯр ва зудҳазм аст, зеро дар он тамоми моддаҳои фоиданоки таркиби таом боқӣ мемонанд. Дамлама чанд навъ мешавад: дамламаҳои гӯштӣ, моҳигӣ, кадугӣ, сабзавотӣ ва ...

Дамламаи биҳигӣ

Дамламаи биҳигӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшти серравғанро лӯнда-лӯнда реза мекунанд, қабурғаҳоро майда карда, бо намак ва зира меомезанд. Навъи биҳии туршакро шуста, тухмашро тоза ва 1-сантимет ...

Дамламаи гӯштӣ

Дамламаи гӯштӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшт ва равғани дунбаро лӯнда-лӯнда реза ва устухонҳоро бо гӯшташ 2-3-сантиметрӣ пора карда, бо пиёзи реза, намак ва зиравор омехта мекунанд. Ба дег аввал ...

Дамламаи кадугӣ

Дамламаи кадугӣ - навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Кадуи аз пӯст ва тухм тозашударо ба андозаи қуттии гӯгирд реза карда, ба рӯяш намак мепошанд ва дар равғани зард каме мебирёнанд, аз болояш қаймоқ рехт ...

Дамламаи помидорӣ

Дамламаи помидорӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Дар равғани тафсон гӯшти лӯнда-лӯнда резашудаю пиёзро бирёнда, намак, барги ғор, 1 қаламфур меандозанд ва аловро паст карда мемонанд. Ӯзаки помидорро б ...

Дастархончӣ

Дастархончӣ он ки дар тӯйу маъракаҳо мутасаддии нону ошмонӣ ба назди меҳмонон аст, ходим; таър. ходими дарбори амирону ҳокимон, ки ба ташкили зиёфатҳо – тарзи оро додани хон, сифати хӯрокҳо ва ғ. назорат мекард.

Дӯлмашӯрбо

Дӯлмашӯрбо Тарзи дигари тайёр намудани Дӯлмашӯрбо: Гӯшти устухондори гӯсфанд ё говро ба деги обаш хунук андохта меҷӯшонанд, аз гӯшти лаҳм қима тайёр мекунанд. Ба қима пиёз, биринҷ, ҷаъфарӣ, намак, адвиёт ва тухм илова намуда, омехта мекунанд. Тух ...

Кабкбирён

Кабкбирён Кабкбирён навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: гӯшти кабки паркандаро намак зада, аз болои тӯшаш чарбу мепечонанд. Сипас, ба тобаи чуқур ё деги равғани зардаш тафсон меандозанд ва то сурхшавӣ бирё ...

Кабкпалав

Кабкро пар канда, тоза мекунанд ва дар оби ҷӯш мешӯянду ба дарунаш қимаю кабудӣ меандозанд. Барои қима гӯшти лаҳмро бо пиёзу сир аз гӯштқимакунак гузаронда, кабудӣ, намак, адвиёт андохта, хуб меомезанд. Дар равғани доғ аввал кабк, сипас пиёз, саб ...

Кабоби буғӣ

Кабоби буғӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯшти лаҳми гӯсфандро 30-40-граммӣ реза намуда, бо пиёзи маҳин резакардашуда, намак, мурч, зира ва сирко меомезанду ба зарфи сирдор ё чинӣ андохта, 2-3 соат ...

Кабоби дегӣ

Кабоби дегӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Аввал равғанро ба деги тасфон меандозанд. Гӯштро пора карда, ба дег андохта, бо оташи паст бирён мекунанд, пас аз он ки гӯшт сурх шуд, ба дег пиёзро пора кар ...

Кабоби танӯрӣ

Кабоби танӯрӣ Гӯшти камравғани гӯсфанд ё говро 100-150-граммӣ ғафсиаш 2-3 см пора мекунанд. Каме дар намакоб нигоҳ дошта, баъд ба рӯяш орд, мурчу зира мепошанду ба танӯр часпонда, то сурх шудан мепазанд. Кабоби пухтаро ба табақчаҳо мегузоранд. Аз ...

Кадушӯрбо

Кадушӯрбо Тарзи дигари тайёр намудани Кадушӯрбо: Ба дег об рехта, аввал гӯшти устухондорро меандозанд. Баробари ҷӯшидани об кафкашро гирифта, пораҳои каду ва сабзӣ, пиёзи реза, қаламфури булғорӣ, помидор, намаку зира ва ғайраро паиҳам меандозанду ...

Каллапочашӯрбо

Каллапочашӯрбо Тарзи дигари тайёр намудани Каллапочашӯрбо: Калла, поча, ишқамба ва рӯдаҳои гӯсфандро нағз тоза карда, дар оби хунук мешӯянд. Сипас ба дег андохта, 2.5 - 3.5 соат дар оташи паст меҷӯшонанд. Пеш аз ҳама баъди як маротиба ҷӯшидан, ба ...

Карамдӯлма

Карамдӯлма навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯштро аз гӯштқимакунак мегузаронанд. Баъд онро бо бодинҷон, пиёзи реза, намак, мурч, оби 2-3 помидор ва як дона тухм хуб меомезанд. Баргҳои карамро аз ҳам ҷу ...

Карамшӯрбо

Карамшӯрбо Тарзи тайёр намудани карамшӯрбо: гӯшт ва пиёзи резашударо дар равғани тасфон то сурхшавӣ бирён мекунанд. Сипас, ба дег помидори резашуда ё хамираи помидори пухта андохта, 10 дақиқа бирён мекунанд ва баъд сабзии наргасӣ ва картошкаи гир ...

Кулча

Кулча нони гирдаи начандон калони танӯрӣ, ки бештар аз орди гандум бо ширу равған мепазанд: кулчаи равғанӣ, кулчаи ширмол, кулчаи қандин.

Кулчаи калон

Кулчаи калон - хамирмояро дар шири гарм ҳал карда, равған, намак ва орд андохта, хамир мекунанд. Баъд хамирро дар ҷои гарм 3-3.5 соат мегузоранд, то ки хуб расад. Баъди тунук кардан ба мобайни нон нонпар зада, рӯи онро бо корди махсус оро медиҳан ...

Кулчаи равғанӣ

Кулчаи равғанӣ хамири он аз орд, хамирмоя, шир, равғани дунба ё зард ва ҷаззаи кӯфта тайёр карда мешавад. Баъд аз расидани хамир онро ба зуволаҳои 80-100 г ҷудо карда, ҳамчун нони обӣ кулчаҳо месозанд. Ба рӯйи кулча нонпар зада, 20-25 дақиқа боло ...

Манту

Манту - таоми миллии тоҷик. Тайёр ва истеъмоли манту дар байни мардуми тоҷик маъмул аст. Мантуро ба тариқи зайл тайёр мекунанд: аз хамири сахт зувола гирифта, 30 дақиқа дам медиҳанд. Пас тунук карда ба андозаи 10х10 см мебуранд. Ба ҳар як порча я ...

Мантубирён

Мантубирён навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Мантуро тайёр карда, то сурхшавӣ дар равған таф медиҳанд. Барои он ки гӯшт пазаду хамир мулоим шавад, дар деги манту боз дар буғ 35-40 дақиқа мепазанд. Дар су ...

Мантуи дунбагӣ

Мантуи дунбагӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Равғани дунбаро мураббашакл бурида, шакар ё наботи кӯфташуда пошида, омехта мекунанд. Дар оби гарм хамиртурушро ҳал карда, хамири сахт мешӯронанд ва зувол ...

Мантуи кадугӣ

Мантуи кадугӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Қимаро аз каду тайёр мекунанд; кадуро нахӯдӣ карда, пиёзи реза, ҷаззаи кӯфта ё равғани дунба ва ё равғани зард меандозанд ва қаламфуру намак пошида, ба ҳам ...

Мастоба

Мастоба‖Мостоба - оши обдоре, ки аз биринҷ, гӯшти қима, пиёз ва картошка мепазанд ва ҷурғоту кабудӣ ҳамроҳ карда мехӯранд, биринҷобаи ҷурғотдор …

Моҳишӯрбо

Моҳишӯрбо Таомест, ки аз моҳиҳои гуногун тайёр мекунанд. Моҳиро аввал чок карда, дар оби хунук хуб мешӯянд. Баъди пулакчаҳояшро тоза кардан ба оби сарди дег андохта, каме меҷӯшонанд, сипас ба миқдори зарурӣ намак, пиёз, барги ғор илова мекунанд в ...

Мурғкабоб

Мурғкабоб навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Мурғро пар кандаю тоза карда, 40-50-граммӣ реза ва дар равғани доғ то сурх шуданаш бирён мекунанд. Пиёзи резаро ба он андохта, 5-6 дақиқаи дигар таф медиҳанд. ...

Набот

Набот / Наботпазӣ як навъ ширинии болаззати миллӣ мебошад. Он зардчатоби шаффоф буда, аз кристалҳои калон иборат аст. Тарзи тайёркунии набот Ду ҳисса шакар ва як ҳисса обро масалан: 10 кг шакар, 5 литр об ба дег андохта, маҳин-маҳин меҷӯшонанд. А ...

Нахӯдшӯрбо

Нахӯдшӯрбо Як рӯз пеш аз пухтани шӯрбо нахӯдро чида, шуста, тар карда мемонанд. Гӯшти гӯсфанд ё говро аз пардаю безҳо тоза карда, майда реза мекунанд, устухонҳоро мекӯбанд то ки равғанаш барояд ва ба деги обаш хунук андохта, 1 соат дар оташи паст ...

Нишолло

Тайёр намудани нишолло аз чанд амалиёт иборат аст: аввал бех решаи як навъи гиёҳ-ро тоза шуста, майда реза карда ба зарфи обдор меандозанд ва 20–30 дақиқа меҷӯшонанд. Баъд дар деги мис аз шакару об қиём мепазанд. Оби бехро аз дока гузаронида, ба ...

Нон

Нон - нони гандумӣ, таом, хӯриш. Он ҳамчун таом дар Афгонистон, Эрон, Непал, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон маъмул аст. Дар забонҳои туркӣ низ нан мегуянд. Нонро аз орд, об, намак дар танӯр мепазанд.

Нони гиҷда

Нони гиҷда аз орди навъи якум ва дуюм тайёр карда мешавад. Ба об орд, намак ва хамирмоя андохта, хамир мекунанд. Хамирро бештар мушт зада, барои расидан болояшро мепӯшонанд. Аз хамири расида зуволачаҳои 300 г бурида, тунук мекунанд. Нонро дар тан ...

Нони зағора

Нони зағора - барои зағора асосан орди ҷуворимакка ё арзан, об, намак, хамирмоя истифода мешавад, баъзан ба он кадуи тарошида ё пиёзи реза низ меандозанд. Ба оби ширгарми намак ва хамирмояи ҳал кардашуда орди бехтаи ҷуворимаккаро кам-кам андохта, ...

Нони кунҷитӣ

Нони кунҷитӣ - нони кунҷидӣ ё сиёҳдонадор ҳамчун нони обӣ пухта мешавад. Аммо хамири ин гуна нонро сахттар гирифта, каме бештар мепазанд. Ба рӯйи нон сиёҳдонаи тар ё кунҷид молида, дар танӯри бо ангишт тафсондашуда мепазанд. Барои тайёр кардани н ...

Нони обӣ

Нони обӣ асосан аз орди гандум, хамирмоя, об ва намак хамир мекунанд. Хамири нони обӣ нисбатан суст, зуволаҳояш хурд мебошад. Барои надамидани нон ба он пешакӣ нонпар мезананд. Пеш аз часпондани нон лахчаро ба мобайни танӯр тӯда мекунанд. Ҳар як ...

Нони чаппотӣ

Нони чаппотӣ - ба зарфе орд, об, намак, хамиртуруш андохта, хамир мекунанд. Хамир бояд мулоим бошад. Баъди расидани хамир зуволачаҳои майда-майда бурида, дар рӯи дастархон мечинанд ва болои онҳоро 25-30 дақиқа пӯшонда мемонанд, то ки дам гирад. Б ...

Нони ширмол

Нони ширмол - тайёр кардани хамири нони ширмол хеле мураккаб аст: пеш аз ҳама нахӯд ва розиёна -ро ҷӯшонда, ба оби он як миқдор орд андохта, пайгир тайёр мекунанд. Пайгир баъд аз 5-6 соат мерасад. Онро ба сифати хамирмоя истифода бурда, ба орди г ...

Парварда (шираворӣ)

Парварда - як навъи ширинист. Қандро то қиём шуданаш дар об каме ҷавҳари лимӯ андохта меҷӯшонанд. Баъд қиёмро ба зарфи мисин ё сирдори равғанмолида андохта, ба даруни деги калони пур аз об мегузоранд ва то хунук шуданаш босуръат давр мезанонанд. ...

Равған

Равған моеест равон ва ё ғафс, дар об ҳал нашаванда, ки аз ҳайвонот ва наботот ҳосил мешаввад. Равған - моддаи чарб, ки аз шир, дунба ё чарбуи чорпоён, аз донаҳои наботӣ ё аз маҳсулоти нафтӣ гирифта мешавад; равғани ароба пасмондаи моддаҳои нафт, ...