ⓘ Free online encyclopedia. Did you know? page 98

Абсорбсия

Абсо́рбсия - ҷаббидан, ба худ кашида гирифтан, ҷаббиш, фурӯбарӣ. Аз омехтаи газҳо ба тавассути моеъ ҷаббида шудани модда. Ҳангоми абсорбсия ҷаббиш дар тамоми ҳаҷми абсорбент мегузарад. Абсорбсия асоси як қатор усулҳои технологии истеҳсолоти майка ...

Абстраксионизм

Абстраксионизм - санъати абстрактӣ. Абстраксионизм санъати мавҳум, ҷараёни иртиҷоӣ дар рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва графика, ки хилофи реализм аст. Дар як қатор мамлакатҳо охири садаи XIX ва аввали садаи XX ба вуҷуд омад. Абстраксионизмро дар санъати ...

Абстраксия

Абстраксия -, таҷрид, як навъи фаъолияти тафаккур. Зимни он фард субъект аз маҷмӯи хосиятҳо нишонаҳои асосии ашё объект-ро ҷудо карда гирифта, аз он мафҳум ва тасаввур месозад ва аломату хусусиятҳои дуюмдараҷаю камаҳамиятро сарфи назар менамояд. ...

Абтарии Бадахшӣ

Дар Бадахшон ба дунё омада, замони ҳукмронии Акбар 1556 – 1605 ба Ҳиндустон меравад ва ба хидмати дарбор дохил мешавад. Абтарии Бадахшӣ аз шоирони мутасаввиф, мӯътақиди таълимоти Ибни Арабӣ 1165 – 1240 буд. Тазкиранависон дар шеъргӯӣ маҳорату таб ...

Абуcарроқа

Дар тазкираҳо аз ин шахс чун шоири доираи адабии Ғазнин ёд мешавад. Касби асосиаш шоирӣ набудааст. Вай бо дуредгарӣ наҷҷорӣ рӯз мегузаронид. Ашъори нафису дилангез, равону сода ва ба оҳанги мусиқӣ созгор суруд доштааст. Дар қасидасароӣ моҳир буда ...

Абуабдуллоҳи Валволиҷӣ

Аз сарчашмаҳои адабӣ бармеояд, ки вай дар аҳди Сомониён умр ба сар бурда, дар шоирӣ мартабаи баланд доштааст. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар "Лубоб-ул-албоб" менависад: "Дар аҳди Яминуддавла Маҳмуд ҷумлаи фузало хостанд, ки ду байти форсии ӯро ба тоз ...

Абуабдуллоҳи Зузанӣ

Ба забони арабӣ аз айёми хурдсолӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт. Аз ин ҷост, ки дар баробари забони форсӣ ба забони арабӣ ҳам эҷод мекард. Ба муаллақот бо номи "Муаллақоти сабъа" шарҳ навиштааст. Китобҳои "ал-Луғат-ул-форсия" ва "ал-Масодир" луғати дузабон ...

Абуабдуллоҳи Маъсумӣ

Шогирди Ибни Сино. Илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз худ карда, пас аз шиносоӣ бо Ибни Сино донишу маҳораташро назди ӯ такмил дод. Ибни Сино дар бораи Абуабдуллоҳи Маъсумӣ гуфтааст, ки ӯ дар назди ман бад-он мақомест, ки Арасту дар назди Афлотун ...

Абуабдуллоҳи Навоеҳии Марвазӣ

Бино ба маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ фаъолияти шоириаш ба замони салтанати Сомониён асри 10 рост меояд. Аз мероси адабии вай то замони мо ҳамагӣ як байт дастрас гардидааст, ки дар ҳақи мақоми баланди Кисоии Марвазӣ ва Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ суру ...

Абуабдуллоҳи Нотилӣ

Устоди Абуалӣ ибни Сино. Абуабдуллоши Нотилӣ дар Бағдод таҳсил карда, дар фалсафаю адаб машҳур мегардад, пас ба Бухоро меояд. Бо ёрии Абуабдуллоши Нотилӣ Ибни Синои ҷавон асари Порфирий "Муқаддимаи мантиқ", "Усули" -и Уқлидус, муқаддимаи асари Ба ...

Абуабдуллоҳи Фароловӣ

Дар бораи айёми ҷавонӣ, рӯзгор ва таҳсилоти ӯ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот кам аст. Абуабдуллоҳи Фароловӣ шоири тавоно ва шӯҳратманди аҳди Сомониён буд. Рӯдакӣ дар як байташ Абуабдуллоҳи Фароловиро ном бурдааст: Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ В-ин ...

Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ

Аз шоирони дарбори Сомониён. Абуабдуллоҳи Ҷунайдӣ шоири қасидасаро буда, ба забони арабӣ низ шеър мегуфт. Абёти парокандааш дар тазкираҳо боқӣ мондаанд. Ин қитъа аз ӯст: Шабгир, сабӯҳро зи сар гир, Бар бонги хурӯсу нолаи зер. Хуршед, ки барзанад ...

Абуалии Балхӣ

Падараш аз хоразмиён, модараш хоҳари муаррихи маъруф Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ 839 – 923 будааст, аз ин рӯ ба вай лақаби Табархазӣ дода буданд. Бо мақсади омӯзиши амиқи улуми замон ва сайру саёҳат дар ҷавонӣ ба Ироқ, Сурия, Ҳалаб ва д ...

Абуалии Марвазӣ

Аз овони ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот дода нашудааст. Тавассути тазкираҳо, аз ҷумла "Лубоб-ул-албоб" -и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ду қасида ва чанд рубоии Абуалии Марвазӣ то замони мо расидаанд. Абуалии Марвазӣ дар мавзӯъҳои а ...

Абуалии Сарахсӣ

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Мувофиқи маълумоти асарҳои "Ҳолот ва суханони Шайх Абусаид", "Асрор-ут-тавҳид" Абусаиди Абулхайр дар назди ин шахс улуми динии ахбор, тафсир ва усулро омӯхтааст.

Абуалии Қаландар

Дар шаҳри Понипати Ҳиндустон таҳсили илм намуда ба камол расидааст. Ба тасаввуф майл намуд ва тариқаи Кутбиддин Бахтиёри Кокӣ ва Низомуддин Авлиёро ихтиёр намуд. Худаш баъдан аз пирони тасаввуф шуд ва оромгоҳаш дар беруни шаҳри Понипат зиёратгоҳ ...

Абуалӣ Балъамӣ

Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ - вазир, муаррих ва адиби форс-тоҷик, намояндаи хонадони Балъамиён, ки дар давлати Сомониён мансаби вазириро доштанд. Писари Абулфазли Балъамӣ.

Абуалӣ Муҳаммади Сурӣ

Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1030 ҳокими вилояти Ғур Муҳаммади Суриро барканор кард ва ба ҷои ӯ писарашро нишонд. Абуалӣ ҳар сол молиёти ҷинсӣ, аз қабили аслиҳаи ҷангӣ ҷавшан, хӯд ва ғайра ба султони Ғазна медод. Баъдҳо Абуалӣ хоҳони истиқлол шуд. Соли 1 ...

Абубакр Бағдодӣ (риёзидон)

Бағдодӣ, Абубакр Муҳаммад ибни Абдулбоқӣ ал-Бағдодӣ - фақеҳ ва риёзидон. Дар манобеъ бо тахаллусҳои "Қозии бемористон", "Фаразӣ", "Баззоз", "Ансорӣу-л-каъбӣ" низ ёд мешавад.

Абубакр Рабеъ

Кунияи ӯро "Абубакр", "Абуҳаким" зикр кардаанд. Бо номҳои Ахавӣ, Ахавайн, Аҷавайнӣ низ шӯҳрат ёфтааст. Роҷеъ ба рӯзгори асри Абубакр Робеъ ахбори саҳеҳе дар даст нест. Аз матни асараш "Ҳидоят-ул-мутааллимин фӣ-т-тиб" бармеояд, ки Абубакр Робеъ аз ...

Абубакри Байҳақӣ

Аз Байҳақӣ осори илмии арзишманди бисёре ба мерос мондааст, ки китобҳои "Сунани Кубро", "Сунани Суғро", "ал-Маориф", "Асмо ва сифот", "Далоили нубувват", "Одоб", "Тарғибу тарҳиб", "Аҳкому-л-Қуръон" аз ҷумлаи онҳоянд. Китобҳои Байҳақӣ бештар дар т ...

Абубакри Караҷӣ

Фахруддин Абубакр Муҳаммад ибни Ҳусайни Караҷӣ, 953 - 1029) - риёзидон ва обшиноси эронӣ. Ҳамдавраи Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва Ибни Сино будааст, аммо касе ӯро ба андозаи ин се тан намешиносад. Дастовардҳои илмии ӯ то чанде пеш ношинохта ...

Абубакри Кулӯй

Дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Мовароуннаҳр амирони Ocиёи Миёна Ҳусайн ва Темур дар муҳорибаи назди Чирчиқ шикаст хӯрда ба Балх гурехтанд. Абубакри Кулӯй бо ҳамроҳии Мавлонозода ва Мавлоно Хурдаки Бухороӣ муҳофизати Самарқандро ташкил намуда, хони м ...

Абубакри Насафӣ

Аслу насабаш бар Моҳуя мерасад. Вай аз вузарои хушноми давлати сомониён ба шумор рафта, дар давраи ҳукмронии амир Исмоил ибни Аҳмад ва минбаъд дар аҳди Аҳмад ибни Исмоил ин шуғлро бар ӯҳда доштааст. Муаррихон сиёсат ва вазорати ӯро ифтихоромез ва ...

Абубакри Теҳронӣ

Дар бораи аҳвол ва зиндагонии ӯ иттилооти кофӣ дар даст нест. Абубакри Теҳронӣ аслан аз Исфаҳон аст, вале нисбаи "Теҳронӣ" -и ӯ марбут ба қасабаи Терон - Каруни Тирун Исфаҳон аст, на ба шаҳри Теҳрон. Абубакри Теҳронӣ насаб аз ашрофи Исфаҳон дошта ...

Абубакри Хоразмӣ

Падараш аз хоразмиён, модараш хоҳари муаррихи маъруф Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ 839 – 923 будааст, аз ин рӯ ба вай лақаби Табархазӣ дода буданд. Бо мақсади омӯзиши амиқи улуми замон ва сайру саёҳат дар ҷавонӣ ба Ироқ, Сурия, Ҳалаб ва д ...

Абудулаф

Дар чоряки аввалли садаи X ба Бухоро омада, солҳои 914 – 942 дар дарбори амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад хизмат кардааст. Абудулаф соли 942 бо ҳайати сафорати Хитой дар Бухоро ба саёҳати Туркистони Шарқӣ, Тибет, Хитой, Эрон ва Ҳиндустон мебарояд.

Абузайд

Аз осори ҳунарии Абузайд баъзе намунаҳо мондаанд. Кошиҳои катибаҳо ва меҳроби ҳарами Имом Ризо дар Машҳад, маҷмӯи кошиҳои зебо ва як кошии тиллоии ситорашакли тасвирдор Музейи Исломӣ, Қоҳира ба Абузайд тааллуқ доранд.

Абузайди Балхӣ

ӯ муаллифи тахминан 60 асари илмист. Аз ҷумла "Китоб фӣ фазилат-ил-улум-ир-риёзиёт" Китоб оид ба фазилати илми риёзиёт, "Китоб-ун-наҳв-в-ат-тасриф" Китоби сарфу наҳв", "Ҳудуд-ул-фалсафа" "Ҳудуди фалсафа", "Китоб масолиҳ ил-абдон ва-н-нуфус" "Кито ...

Абузакариёи Мантиқӣ

Дар Бағдод илмҳои замонаро аз Ибни Юнус ва Форобӣ омӯхтааст. Бино ба маълумоти Масъудӣ Абузакариёи Мантиқӣ донишманди машҳури замонаш дар мантиқу фалсафа буд. Шеваи тафаккури эҷодии Абузакариёи Мантиқӣ ба усули эҷодии Закариёи Розӣ шабеҳ буда, та ...

Абузироа

Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Авфӣ дар "Лубоб-ул-албоб" Абузироа дар охирҳои салтанати Сомониён ба доираҳои адабии Бухоро роҳ ёфта, дар васфи ҳокимони сомонӣ қасидаҳои мадҳӣ навиштааст.

Абуисҳоқи Атъима

Тахаллуси Атъимаро ба сабаби дар бораи таомҳо шеър гуфтанаш интихоб намудааст. Дар зодгоҳаш - Шероз таҳсил ва зиндагиву эҷод кардааст. Бо касби ҳаллоҷӣ машғул буд. Дар шеъру шоирӣ истеъдоди баланд дошт. Дар девони ашъораш, ки то замони мо расидаа ...

Абуисҳоқи Исфаройинӣ

Абуисҳоқи Исфаройинӣ - мутакаллими ашъария, фақеҳи шофеия, тарғиботчии таълимоти ашъария дар Нишопур.

Абуисҳоқи Козарунӣ

Бобояш зардуштӣ буд, падару модараш ба ислом гаравида буданд. Аҳли оилаи Абуисҳоқи Козарунӣ зиндагии фақиронае дошт. Аз хурдсолӣ ба омӯзиши улуми замона пардохта, дар кӯдакӣ Қуръонро аз ёд кард ва дар 15-солагӣ ба тасаввуф гаравид. Назди шайхи ма ...

Абуисҳоқи Ҷӯйборӣ

Доир ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти шоирии ӯ дар тазкира ва асарҳои адабию таърихӣ маълумот хеле кам аст. Бино ба маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ, "Лубоб-ул-албоб", вай аз мардуми Ҷӯйбор ном маҳаллаи Бухоро буда, дар замони ҳукмронии Сомониён з ...

Абукомили Мисрӣ

Фаъолияти илмии Абукомили Мисрӣ, асосан, ба илми ҳисоб бахшида шудааст ва аз ҳамин сабаб лақаби "ал-Ҳосиб" -ро соҳиб гаштааст. Абукомили Мисрӣ нахустин риёзидонест, ки баъд аз Муҳаммади Хоразмӣ доир ба алҷабр рисола навиштааст. Мероси илмии Абуко ...

Абулаббоси Аббосӣ

Абулаббоси Аббосӣ аз аҳли Мовароуннаҳр буда, дар ҳамин диёр касби камол намудааст. Аз ӯ ҳамагӣ 66 байт боқӣ мондаанд, ки аз фарҳангҳо, "Луғати фурс" -и Асадии Тусӣ ва дигарон сарчашмаҳо ҷамъоварӣ шудаанд. Абёти боқимондаи Абулаббоси Аббосӣ пораҳо ...

Абулаббоси Имомӣ

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ маълумот хеле кам аст. Аз ашъори ӯ дар фарҳангҳою китобҳои шеър абёти пароканда боқӣ мондааст. Шамси Қайси Розӣ дар "Ал-Мӯъҷам" дар мавриди ҳарфи равии қофия ин ду байти ӯро мисол овардааст: Ду чашмак пур зи банд ...

Абулаббоси Лукарӣ

Дар Лӯкар яке аз деҳоти Марви ҳамон давра ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол намудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ ва илмӣ Абулаббоси Лукарӣ шоири баркамоли давраш ба шумор мерафтааст ва девони ашъор доштааст, вале девони ашъораш то ҳо ...

Абулаббоси Марвазӣ

Муаллифи "Маҷмаъ-ул-фусаҳо" Ризоқулихони Ҳидоят Абулаббоси Марвазиро дуюмин шоири форсизабони баъдиисломӣ дониста, зикр менамояд, ки соли 809, ҳангоми ба Марв омадани халифаи араб Абулаббос Абдуллоҳ Маъмун 796 – 833 дар мадҳи ӯ ба забони форсӣ ше ...

Абулаббоси Мустағфирӣ

Муҳаммад ибни Абубакр 961 – 1041, Насаф, таърихнигор, адиб, муҳаддис ва фақеҳи машҳур. Дар "Китоб-ул-ансоб" -и Самъонӣ омадааст, ки Абулаббоси Мустағфирӣ муддате чанд дар Марв, Сарахс, Нишопур, Бухоро ва Самарқанд умр ба сар бурдааст. Аз соли 987 ...

Абулаббоси Найрезӣ

Дар Бағдод, дар дарбори халифаи аббосӣ Муътазид ҳукмронӣ 822 - 903 кор ва эҷод кардааст. Соҳиби таълифоти бисёрест, амсоли "Зиҷу-л-кабир", "Самту-л-қибла", "Китоби тафсир", "Китобу-л-арбааи Батлимус" ва ғайра Китоби "Эҳдосу-л-ҷав" -ро ба номи хал ...

Абулаббоси Рабанҷанӣ

Давраи ҷавонӣ ва ибтидои фаъолияти шоирии ӯ дар Рабанҷан ном мавзеи сарзамини онвақтаи Суғд гузаштааст. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар "Чаҳор мақола" зикр мекунад, ки Абулаббоси Рабанҷанӣ баъди дар шоирӣ ном баровардан ба доираи адабии дарбори Сом ...

Абулаббоси Сайёрӣ

Ҷараёни зиндагӣ ва орои ӯро хоҳарзодааш Абдулвоҳид ибни Алии Сайёрӣ нақл намудааст. Мувофиқи он Абулаббоси Сайёрӣ дар оилаи сарватманд ва аҳли илм таваллуд шудааст. Тибқи иттилои Аттор дар "Тазкират-ул-авлиё" ӯ пас аз даргузашти падараш дороии би ...

Абулаббоси Қассоб

Аз машоихи машҳури замонаш буд. Ба қассобӣ рӯз мегузаронид. Дар хонақоҳи ӯ, ки дар Омул ҷой гирифта буд, суфиёни машҳуре чун Абусаиди Абулхайр, Абулҳасани Харақонӣ рафтуомад доштаанд. Аз осори Абулаббоси Қассоб баъзе намунаҳо тавассути осори Айну ...

Абулайси Табарӣ

Абулайси Табарӣ - шоири форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш Табаристон Эрон улуми мутадовилаи замонро омӯхта, касби камол кардааст. Тазкиранависон Муҳаммад Авфӣ "Лубоб-ул-албоб", Ризоқулихони Ҳидоят "Маҷмаъ-ул-фусаҳо" аз маҳорату истеъдоди баландаш дар иншо ...

Абулайюби Надимӣ

Абулайюби Надимӣ дар оилаи санъатвару донишманд ба дунё омада, таълими ибтидоии мусиқӣ, махсусан сознавозиву сурудхонӣ ва асосҳои назариявии мусиқиро низ аз падараш омӯхтааст. Баъдтар барои такмили дониш ба Бағдоду Мадина, Димишқ ва марказҳои фар ...

Абулбаракаи Фироқӣ

Улуми мутадовилаи даврро дар зодгоҳаш омӯхта, дар Шаҳрисабз, Самарқанд, Ҳирот, Табрез қозигӣ кардааст. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ шоири тавоно, дорои истеъдоди баланд будааст. Ба ин ҳунари ӯ писаронаш Хоҷа Айюб ва Баҳоуддин пайравӣ кардаа ...

Абулбаракат

Дар хушнависӣ машҳури замонаш буда, тамоми анвои хати настаълиқро хеле зебо менавиштааст. Аз намунаи хати настаълиқ танҳо "Девони мунтахаб" -и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ китобаташ 1901 ба мо расида, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқ ...

Абулбаракоти Бағдодӣ

Дар овони ҷавонӣ аз Мавсил ба Бағдод омада, дар он ҷо монд. Абулбаракоти Бағдодӣ илми тибро дар назди Абулҳасани Саид омӯхт. Баъди касби маҳорати табибӣ ба хизмати дарбори хулафои Аббосӣ даромад ва дар муолиҷаи беморон чунон шӯҳрат ёфт, ки ӯро ба ...