ⓘ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

                                     

ⓘ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Донишкада́и тарбия́и ҷисмони́и Тоҷи­кис­то́н ба номи С. Раҳимов - мактаби олии таълимӣ, ки ба­рои мактабҳои олӣ, миёна, гимназияҳо, литсейҳо, кол­леҷҳо мутахассисони соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ тарбия мекунад.

                                     

1. Таъсис

15 марти 1971 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо донишкада 2 факулта омӯзгорӣ ва варзиш ва 10 кафедра дошт, ки дар онҳо 620 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба ғайр аз кафедраҳои ҷомеашиносӣ ва пизишкиву биологӣ, кафедраҳои варзиш низ дошт: варзиши сабук, бозиҳои варзишӣ, гимнастика, назария ва методикаи тарбияи ҷис­монӣ ва ғайра. Дастпарварони аввалини он донишкадаро соли 1975 хатм кардаанд. Он вақт дар донишкада шуъбаи ғоибона низ вуҷуд дошт. Солҳои 80 садаи XX дар донишкада кафедраҳои нав таъсис ёфтанд: тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, физиология, варзишӣ ва муолиҷавӣ, кафедраи ташкил, идора ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи навъҳои техникии варзиш. Соли 1984 факултаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва таълими тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуд.

                                     

2. Хатмкардагони донишкада

Аз хатмкардагони донишкада 211 нафар Устоди варзиши Тоҷи­кистон, 78 нафар Устоди варзиши собиқ ИҶШС, зиёда аз 280 нафар Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ гардидаанд. Зиёда аз 5000 хатмкардаи донишкада меъёри Устоди варзиши ИҶШС ва дараҷаи байналмилалиро иҷро намудаанд. Донишкада ҳамчунин теъдоди зиёди мутахассисони соҳаи ҳарби­ро тарбия кардааст. Аз ҷумла, 9 нафар рутбаи генералӣ, зиёда аз 1170 нафар рутбаҳои ҳарбии подполковник ва полковник гирифтаанд.

                                     

3. Факултетҳо

Ҳоло дар донишкада 5 факулта ва 20 кафедра фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 5640 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Ба онҳо 190 омӯзгор, аз ҷумла, 2 доктори илм, 1 проффесор, 8 номзади илм, 40 муаллими калон дарс медиҳанд, ки 21 нафари онҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд. Муҳлати таҳ­сил дар донишкада 4 сол аст. Дар донишкада оид ба илмҳои гума­ни­тарӣ, инчунин назария ва таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳқиқоти илмӣ анҷом дода мешавад. Ҳоло донишкада 9 унвонҷӯ дорад.

                                     

4. Серсохтор

Масоҳати умумии донишкада 36 га буда, он дорои 1 майдончаи варзиш, 2 майдони калони футбол, 3 майдончаи волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, 2 майдони варзиши сабук, 5 толори варзиш, 1 шаҳраки ҳарбӣ, хобгоҳ барои 600 донишҷӯ, 3 ошхона, китобхона дорои 140000 китоби ба­деӣ ва таълимӣ мебошад.

                                     

5. Ректорони донишкада

  • Маҳ­мадов А. Н. 2001–06
  • Ҳасанов И. Р. 1983–85
  • Сатторов А. С. 1985–86
  • Ҷобиров Б. С. 1994–2001
  • Са­фаров Ш. А. аз соли 2009
  • Репа Ф. П. 1975–83
  • Шукроев К. Ш. 1986–94
  • Умаров Т. У. 1971–75
  • Розиқзода А. Ш. 2006–09
                                     

6. Сарчашма

  • Дирҳам - Замин. - Д.: СИЭМТ, 2017. - 664 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 6. - ISBN 978-99947-33-69-9.


                                     
  • Вотхути ноҳияи Ванҷ устоди варзиш. Солҳои 1968 1972 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1962 1967 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ
  • 1986 то соли 1989 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба
  • сабаби дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе кушода шудани Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин соли 1973 факултет барҳам мехӯрад
  • Турсунзода Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Косерваторияи
  • Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 1974 ва Университети давлатии Тоҷикистон 1986 Аз соли 1974 баъди хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
  • профессори кафедраҳои анатомияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 1956 - 1976 - ро ба зимма дошт. Муаллифи
  • Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 1979 1983 мудири кафедраи техникӣ 1983 1992 ва ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 1993 1994
  • тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе ва соли 1954 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ш. Ленинград ба номи Лесгафтро хатм кардааст. Соли 1954 1956 муаллими Донишкадаи
  • фарҳанги Тоҷикистон Дар хонаводаи пизишк ба дунё омадааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ вай ба Урал мекӯчад. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Маскав, ки
  • 1965 профессор 1987 Соли 1953 Техникуми тарбияи ҷисмонӣ, соли 1957 факултети тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т