ⓘ Тоҷикистон

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро "ҳизби кисагии ҳукумат" хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид. Зимнан, оқои Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон 79.3 дарсад бештари ороро 6.2 дасад ба даст оварда буд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳуд ...

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Ҳизб 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст, ва 6 августи ҳамон сол сабти ном гардид. Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар нахустин анҷумани он дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт ва нахустин раҳбари он зан буд. Аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи ...

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон - дастаи миллӣ, намояндаи Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои футбол. Ташкилоти идоракунанда - Федератсияи футболи Тоҷикистон. Узви ФИФА ва КФО аз соли 1994, инчунин узви АФОМ. Ғолиби Ҷоми даъвати КФО 2006, барандаи медали нуқраи Ҷоми даъвати КФО 2008 ва барандаи медали биринҷии Ҷоми даъвати КФО 2010.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - ҳизби сиёсии мухолиф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ягона ҳизби исломӣ, ки расман дар минтақаи Осиёи Марказӣ то моҳи сентябри соли 2015 амалкунанда. Раиси ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ. Нашрияи ҲНИТ Наҷот мебошад.

Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон

Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон - Қонуни асосии ҶШС Тоҷикистон, ки сохти чамъиятию давлатии онро инъикос менамуд, принсипҳои ташкилёбию фаьолияти органҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои гражданҳо ва системаи интихоботи советиро ба тариқи қонунӣ мустаҳкам мекард ва барои қонунгузории чумҳурӣ базаи ҳуқуқӣ мебуд. Нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 25 феврали соли 1931 дар Анҷумани 4-уми Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз лиҳози қонунӣ раванди таъсисёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро дар ҳайати ИҶШС таҳким бахшид. Мутобиқ ба мафкураи ма ...

Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон - мақоми олии якпалатагии ҳокимияти давлатӣ дар ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 1937 то 1994 фаъолият мекард. ШО қаблан барои 4 сол ва тибқи Конститутсияи соли 1978 - ба муддати 5 сол, ба ҳисоби 1 вакил аз 8000 сокин интихоб мешуд. Дар давраи байни сессияҳои Шӯрои Олӣ мақоми олии ҳокимияти давлатӣ Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд. Шӯрои Олӣ ҳукумати ҷумҳурӣ - Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ, қонунҳои ҶШС Тоҷикистон ва ғ ро таъсис дод.

                                     

ⓘ Тоҷикистон

Тоҷикистон - кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон 1161 км, дар шимолу шарқ бо Қирғизистон 870 км, дар шарқ бо Чин 414 км ва дар ҷануб бо Афғонистон 1206 км марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 141 400 км² 93-ум дар ҷаҳон аст ва бино бар додаҳои саршумории январи соли 2020 дар Тоҷикистон 9.537.645 нафар аҳолӣ буд,аз он ҷумла дар шаҳрҳо 2.606.273 нафар ва деҳот 6 931 372 нафар аҳолӣ зиндагӣ доштанд Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозҳисобкунии аҳолӣ оид ба муайян намудани таърихи таваллуди шаҳрванде, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба 9 миллион расонид, 26 майи соли 2018 муқаррар карда шудааст.

                                     

1. Идҳои расмии Тоҷикистон

  • 1 январ - Соли нави мелодӣ
  • 9 сентябр - Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Иди Сада
  • 9 май - Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар ҶБВ 1941-1945
  • 8 октябр - Иди Меҳргон
  • 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 21 - 24 март - Иди байналмилалии Наврӯз
  • Иди Қурбон - 1 рӯз - ҳар сол мутобиқи тақвим
  • 1 сентябр - Рӯзи дониш
  • 24 ноябр - Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 27 июн - Рӯзи ваҳдати миллӣ
  • Иди Рамазон - 1 рӯз - ҳар сол мутобиқи тақвим
  • 8 март - Рӯзи модар
  • 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 6 ноябр - Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                     

2. Таърих

Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Кӯҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини Ориёӣ ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.

Яке аз он 16 dahyu ё деҳа дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар Балх дар замони ҳукуматдории Ҳахоманишиҳо 558 - 330 то милод - яке аз хšaθra ё шаҳрҳои кишварҳои Ориёно шудаанд. Ба кишвари Ориёно - Давлати Пешдодиёну Давлати Каёниён ва Тӯрон - Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон дохил буданд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр дар порсии бостон ба маънии подшоҳист ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш Вар аз руд аст. Дар "Шоҳнома" - и А. Фирдавсӣ ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст. Дар бораи шаҳрдории ниёгони халқи тоҷик бозёфти шаҳркадаи Саразм аз калимаи тоҷикии "сарзамин" шаҳодат медиҳад, ки ҳазорсолаҳои IV - II то милод рушду нумуъ дошт. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тоҷикистон аст, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар 330 - 323 то милод ва Селевкиён 312 - 150 то милод, подшоҳии Юнону Бохтар 250 - 125 то милод, шоҳаншоҳии Ашкониён 250 то милод - 224 милодӣ, шоҳаншоҳии Кушониён садаҳои I то милод- IV милоди, Давлати Сосониён 224 - 651, шоҳаншоҳии Ҳайтолиён садаҳои IV - VI ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк 551 - 741 шуд. Нигаред:Давлатҳои ниёгони халқи тоҷик

Дар замони Сосониён 224 - 651 ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Вароруд Варазруд ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.

Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705 - 715, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати Араб фармон меронданд, арабҳо бар Сосониён тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳр хонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.

Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр Вароруд Варазруд), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, суғдӣ, тахорӣ, хутану сакоӣ шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ форсӣ шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино ва нафарони дигар дар худ парвариданд.

Дар садаи X милодӣ, дар замони хилофати сулолаи Аббосиён, амирони сулолаи Сомониён, ки аз хонаводае тоҷик буданд бархоста, бар Вароруд Варазруду Мовароуннаҳру Хуросон фаромонраво гаштанд.

Давлати Сомониён 819 - 999 - нахустин давлати миллии тоҷикон гардид.

Ду давлати дигари тоҷикон - давлати Ғуриён 1150 - 1215 ва давлати Куртҳои Ҳирот 1245 - 1381 дар Хуросон ва Шимоли Ҳиндустон муддате арзи ҳастӣ намуданд. Нигаред:Давлатҳои сулолаҳои форисзабон тоҷикон)

Пас аз сулолаи Сомониён 819 - 999 бар ин сарзамин султону хонҳои турку муғултабор аз силсилаҳои хонадони Ғазнавиён 998 - 1187, Қарохониён 1005 - 1141, Қарохитоиён 1141 - 1212, Салҷуқиён 1037 - 1194, Хоразмшоҳиён 1077 - 1231, Чингизиён 1220 - 1370, Темуриён 1370 - 1501, Шайбониён 1501 - 1599, Аштархониён 1599 - 1753 ва Манғитиён 1753 - 1920 фармон рондаанд Нигаред: Халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои сулолаҳои турку муғулнажод.

Дар солҳои 1864 - 1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитияи Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солҳои 1917 - 1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи шӯравии коммунистӣ шуда гузашт, ки боиси хиҷрати қисми ахолӣ аз Ватан гардид.

Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт.

                                     

3. Тоҷикистон дар низоми Иттиҳоди Шӯравӣ

Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон сохта шуд. Зодгоҳи тамаддуну фарҳанг ва офаринандагони забони форсӣ-тоҷикӣ дар натиҷаи ин амали сунъӣ парешон гардиданд.

Танҳо, соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.

Дар ҶШС Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд ҷанги шаҳрвандии соли 1921 - 1924. Аммо ба максади хеш нарасида Ватанашонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ дар ҶШС Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хоҷагидории деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони соҳибмулк гардид. Инқилоби маданӣ ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шуравӣ муассисаҳои илмиву фарҳангӣ -ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба муҷтамаъи ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ гардида, пурра тобеи Марказ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъати миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом нигаронида шуда буд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон солҳои 1924 - 1991 халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хеш эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузошта шуд.

24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ИҶШС қабул намуд.

Пас аз "табадуллот" -и ГКЧП коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12 9 сентябри соли 1991 Изҳорот "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" -ро эълон дошт. Дар асоси ин Изҳорот Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси хешро "Дар бораи эълон шудани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул намуд.



                                     

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳарчанд эълони истиқлол ҳамаи азҳоби сиёсиро қонеъ гардонида буд, вай натавонист пеши роҳи муқовимати сиёсӣ ва маҳалбозии қавмиро бигирад.

Аз ҷониби азҳоби ба ҳукумат мухолифи сиёсӣ эътироф нашудани Қаҳҳор Махкамов ҳамчун Президенти ҶТ аз 29 ноябри соли 1990, паи ҳам иваз шудани раисони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти кишварро водор сохтанд, ки зери фишори тазоҳуркунандагони мухолифин ва барои ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ баргузор намоянд. Маъракаи интихобот ба зиддиятҳои нави сиёсию идеолужӣ, мазҳабию маҳалгароӣ ва қавмию инфиродӣ боис гардид. Вазъи иҷчтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ рӯз ба рӯз бад мегардид. Пас аз ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Раҳмон Набиев 58.6 % овозҳо неруи мухолифин бо баҳонаҳои гуногун фаъолияти ҳукумати навро сарзаниш менамуданд.

Соли 1992 аз моҳи март то ибтидои май тазоҳуроти пай дар пайи ҳизбу ҳаракатҳои ба ҳукумат мухолифин ва ҷонибдорони ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд.

Таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатдории соҳибистиқлоли халки тоҷик ва эҳёи навини тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар каламрави хеш асос гашт. Вале низоми давлатдории тоҷикон бо амри таърих боз ба душвориҳои нав рӯбарӯ омад. Зиддиятҳои аз давраи давлати шӯравӣ мерос монда ва дахолати душманони истиқлоли миллати тамаддунофари тоҷик, халқро ба вартаи ҷанги бародаркуш, ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор намуданд.

Воқеоти май - ноябри соли 1992 пояи далатдории Тоҷикистонро заиф сохта, кишварро ба қисматҳо тақсим кард ва хавфи аз байн рафтани давлат ба миён омад. Маҳз дар чунин шароити сангин 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар иҷлосияи таърихӣ дар қатори ҳукумати тозаинтихобгардида, масоили хотима додани муқовимати сиёсӣ-низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин, ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба Ватан баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Вале, масъалаи асосии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон - хотима додани муқовимати сиёсӣ - низомии байни ҳукумати расмӣ ва неруҳои мухолифин ҳалли мусбати хешро танҳо соли 1997 ёфт. Дар натиҷаи музокироти байни тоҷикон оид ба сулҳ ва оштии миллӣ солҳои 1994 - 1997 дар шаҳри Москва 27 июни соли 1997 "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" ба имзо расид.

Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995 - 2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президенти ҶТ Э. Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 "Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ" ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.

Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медиҳад, ҷорӣ шуда истодаанд.

Вале иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бе кумаки молиявии хориҷӣ лоиҳаҳои бунёдиро амалӣ карда наметавонад. Дар ибтидои асри XXI барномаҳои рушди стратегии кишвар муайян карда шудаанд.

Истиқлоли озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамин ҳадафҳои бунёдӣ тадриҷан дар амал татбиқ шуда истодаанд. ниг. Иқтисод, Нақлиёт

Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва интихоботҳои умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри 1994, 1999, 2006, 2013 боз як қадами устувор дар давлатдории кишвар гардид. Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои навбатӣ дар такмили сохтори сиёсии ҷумҳурӣ гаштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлол дар доираи Созмони Милали Муттаҳид СММ - ООН, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо САҲА - ОБСЕ, Созмони ҳамкории Шанхай СҲШ - ШОС ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад.

                                     

5. Ҳокимияти давлатӣ

Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тақсими он ба ҳокимияти қонунгузор. иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Дар боби сеюм, чаҳорум, панҷӯм, шашӯм, ҳафтӯм, ҳаштӯм Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1994 сухан оид ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Тоҷикистон меравад.

                                     

6. Парлумони Тоҷикистон

Дар боби сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Парлумони Тоҷикистон - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

1 марти соли 2015 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

  • Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҲКТ - 2.2 %,
  • Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҲАТ - 11.7 %,
  • Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҲНИТ - 1.6 %,
  • Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҲСДТ - 0.5%-и
  • Ҳизби демократии Тоҷикистон ҲДТ - 1.7 %
  • Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҲИИТ - 7.5 %,
  • Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҲСТ - 5.5 %
  • Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҲХДТ - 65.4 %,

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро - 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.



                                     

6.1. Парлумони Тоҷикистон Президент

Дар боби чаҳоруми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар бп ҷаласаи яаҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамояд.

  • 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
  • Охирон Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор шуд. Дар натиҷа Президент Эмомалӣ Раҳмон барои давраи чорӯм баъд аз дарёфти 83.92 % овозҳо ғолиб омад.
  • 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
  • 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзҳои расмии ҳокимияти президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.



                                     

6.2. Парлумони Тоҷикистон Ҳукумат

Дар боби панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз сарвазир, муовини якум ва муовини ӯ, вазирони, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбарии самараноки соҳаҳои иҷктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ, қарорҳои Маҷлиси Намояндагон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунад Ниг. Бобби 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                     

6.3. Парлумони Тоҷикистон Ҳокимияти маҳаллӣ

Дар боби шашуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Ҳокимияти маҳаллӣ навишта шудааст.

Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ, қарорҳои Маҷлиси Намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо Маҷлиси намояндагони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси намояндагони халқ 5 сол аст Ниг. Бобби 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                     

7. Низоми сиёсӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 1990 танҳо як ҳизби сиёсӣ - ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии ҲКИШ фаълият дошт, ки он асоси низоми сиёсии тоталитарии ҶШС Тоҷикистонро ташкил мекард ва ҳокимияти мутлақ дар дасти он буд. Ин ҳизби сиёсӣ сатҳ ва усули иштироки шаҳрвандиро дар кулли ҳокимияти давлати ба фоидаи худ ҳал мекард.

Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шаҳрвандон ширкат варзида, метавонанд ба дигаргунишавии самти инкишофи сиёсат таъсир расонанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқарароти Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" соли 1998 фаъолияти сиёсии хешро истифода карда метавонанд. Шаклҳои асосии иштироки мардум дар ҳаёти сиёсӣ тариқи аъзогӣ дар ҳизби сиёсӣ ва иштирок дар интихобот амалӣ карда мешавад.

Тарзи таъсис фаъолият ва дохилшавии шаҳрвандон ба ҳизбҳои сиёсӣ дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ" соли 1998 муқарар шудааст.

                                     

7.1. Низоми сиёсӣ Ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, қисми муҳими низоми сиёсии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.

  • Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
  • Ҳизби Демократии Тоҷикистон
  • Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
  • Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
  • Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 29 сентябри 2016 фаъолияташ қатъ карда шуд
  • Ҳизби Халқӣ - Демократии Тоҷикистон
  • Ҳизби Сотсиал - Демократии Тоҷикистон
  • Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон
                                     

8. Тақсимоти маъмурӣ

Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон", воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат ва деҳа мебошанд.

Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.

Дар таърихи 1 январи соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ВМКБ; Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шаҳр, 62 ноҳия, 57 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.

Дар таърихи 1 январи соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ВМКБ; Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 18 шаҳр, 58 ноҳия, 57 шаҳрак ва 370 ҷамоат иборат аст.

Ҳамакнун сарзамини Тоҷикистон 1.01.2018 ба чунин воҳидҳо бахш карда шудааст:



                                     

9. Шаҳрҳои Тоҷикистон

Тоҷикистон аз рӯйи ахбороти омории соли 2016 дорои 18 шаҳр аст. Яке аз онҳо пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе аст, ки мақоми воҳиди олии маъмурӣ-ҳудудиро дорад, 4 шаҳр мақоми тобеи ҷумхурӣ, 7 шаҳр макоми тобеи вилоят ва 6 шаҳр мақоми тобеи ноҳия мебошанд.

                                     

10. Иқтисод

  • Сандуқи байналмилалии пул СБП пешгӯӣ намудааст, ки ММД маҷмаъи маҳсулоти дохилӣ - и Тоҷикистон дар соли равон 5 дарсад ва дар соли 2020 4.5 дарсад рушд хоҳад кард, гуфта шудааст дар гузориши моҳи апрели иқтисоди ҷаҳонӣ World Economic Outlook ".
  • Мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3.2 миллион ададро ташкил дод. То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар Тоҷикистон мутаносибан, ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ - 362 адад зиёд шудааст.
  • Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3.2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43.8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ММД-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.
  • Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррась намуд. Гуфта шуд, ки то ҳоли ҳозир январи соли 2021 ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ", 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси" Кулоб”.
  • Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон: Дар соли 2009 қарзи давлатӣ 1 милиларду 691.3 миллион доллар буд, дар соли 2018 ҳаҷми он ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расид. Аз ҷумла, қарз аз Чин дар соли 2009 630 миллион доллар буд, ки дар поёни соли 2018 он ба 1.2 миллиард доллар баробар шуд.


                                     

10.1. Иқтисод Саноат

Ҷанги шаҳрвандӣ 1992 - 1997 ба фаъолияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши манфӣ гузошт. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб аксар зараровар ҳисоб мешаванд. Зеро, аз ин сол сар карда ба ҷумҳурӣ воридоти молҳои саноатии хориҷӣ хело афзуд. Дар натиҷа аз як тараф аксарияти корхонаҳои саноатӣ фаъолият намекарданд, аз тарафи дигар, он корхонаҳое, ки фаъолият менамоянд, маҳсулоташон бо молҳои ба ҷумҳурӣ ворид шудаи хориҷӣ рақобат карда наметавонанд. Корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистон дар натиҷаи инвеститсияҳои хориҷӣ ба миён омада фаъолият асосан соҳаи саноати сабук мебаранд.

Дар соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд мекард аз байни онҳо 10.2 % кор намекарданд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи саноатӣ дар 9 моҳи соли 2012 - $1.4 млрд ташкил мекард.

Мувофиқи ахбороти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:

  • саноати сабук асосан коркарди пахта ва хуроквори;
  • истеҳсоли ангишт дар кони ангишти Шӯроб, Фон-Яғноб кокс ва Назаргиёҳ антрасит);
  • саноати мошинасозӣ;
  • истеҳсоли газ ва нафт ;
  • саноати кимиё Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш;
  • истеҳсоли металҳои ранга ;
  • коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои нодир;
  • саноати масолеҳи сохтумонӣ;
  • саноати пилла.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат - 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд - 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон - 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ - 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе - 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ - 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 - корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 - корхона ба саноати сабук, 50 - корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 - корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 - корхона ба саноати маъдан, 1 - корхона ба саноати ангишт, 5 - корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 - корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

                                     

10.2. Иқтисод Захираҳои канданиҳои фоиданок

Дар шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, яке аз бузургтарин дар ҷаҳон кони нуқра - Конимансури Калон мавҷуд аст. Тоҷикистон инчунин захираҳои бойи сангҳои қиматбаҳо, уран аз рӯи баъзе маълумотҳо, 16 % захираи ҷаҳонӣ, тило, ангишт, ва захираҳои арзӣ алюминий ва полиметаллӣ дорад.

Дар Тоҷикистон ҳоло 28 конҳои нафт ва газ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин конҳо захираи нафт 2.2 млн. тонна ва газ – 3.4 миллиард метри кубиро ташкил медиҳанд. Дар айни замон дар Тоҷикистон 40 конҳои тилои амалкунанда ва қариб 85 конҳои ояндадори тило муайян шудаанд.

Барои баргардонидани хароҷоти ширкати ТВЕА-и Чин дар сохтмони МБГ-2 ш. Душанбе Иқтидори умумии нерӯгоҳи когенераторӣ ба 400 МВт, вай ҳуқуқи истихроҷи тиллоро аз конҳои "Кумарғи Боло" ва "Дуоба" гирифтааст, ки дар ноҳияи Айнӣ вилояти Суғд мебошанд. Дар шимоли Тоҷикистон, майдони умумии конҳо 15.4 км² ва захираҳо 51.7 тонна тилло ташкил медиҳанд.

15 декабри соли 2017" Талко” ва" Ширкати саноати куҳии Ҳуаюй” Tibet Hua Yu Mining Co., Ltd – и Чин" Созишнома дар бораи ширкати муштарак” – ро имзо карданд, ки дар пайи он" Талко Голд” бо саҳми 50 ба 50 ба ширкати муштараки тоҷикиву чинӣ табдил ёфт. Кони "Кончоч" минтақаест, ки дар 7 километрии Искандаркӯл воқест. Қаблан расонаҳо аз қавли манобеъи гуногун захоири Кони "Кончоч" ро аз 32 то 60 тон тилову то 300 ҳазор тон сурма ҳисоб карда буданд. Ҳамчунин аз истеҳсоли нуқра, симоб, сафедаи симоб ва флюорит низ дар назар аст. Дар миёни тамоми корхонаҳои маъдани фаъол дар саросари кишвар, аз қабили" Зарафшон”," Анзоб”," Апрелевка”," Пакрут” ва ғайра" Талко Голд” танҳо ширкате хоҳад буд, ки Тоҷикистон дар он 50 дарсад саҳм дорад. Бақия ҳама бо саҳми 75 то 100% мутааллиқи ширкатҳои хориҷиянд.

                                     

10.3. Иқтисод Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ

Низоми молиявии мамлакатро Бонки миллии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Дар ҷумҳурӣ 13 бонк ва ташкилотҳои қарзӣ аъзои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон АБТ мебошанд:

  • ҶСП ТҚХ "ФИНКА" ;
  • ҶСК "Accessbank Tajikistan" ;
  • "БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк" ;
  • ҶСК "Соҳибкорбонк" ;
  • БДА ҶТ "Амонатбонк" ;
  • ҶСП ТҚХА "Боварӣ ва ҳамкорӣ".
  • ҶДММ ТҚХ "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ"
  • ҶСП "Фононбонк" ;
  • ҶСК "Ориёнбонк" ;
  • ҶСК "Агроинвестбонк" ;
  • ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ;
  • ҶСП "Аввалин Бонки Молиявии хурд" ;
  • ҶСК "Бонки Эсхата" ;
                                     

11. Бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ 1992 - 1997 боиси харобии иқтисод ва баста шудани корхонаву муассисаҳои давлатӣ гардид. Корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ва диг. ширкатҳои хурду миёнаи хизматрасони асосан 10-15 % қавваи кории ҷумҳуриро бо кор таъмин мекунанд. Бинобар ин шумораи мардуми қобили кор ба сафи муҳоҷирони меҳнатӣ тахминан ба 1 000 нафар расидааст. Саҳми онҳо дар иқтисодиёт меафзояд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик фаъъолият мекунанд, ки ағлаби онҳо ҳамасола сармояи зарурӣ барои таъмини рӯзгори хонаводаҳоро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд. Дар соли 2012 муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 3.6,млрд доллар пул 47 % ММД и ҷумҳурӣ интиқол додаанд. Дар миёни кишварҳое, ки иқтисодашон ба маболиғи интиқолии муҳоҷирони корӣ вобаста аст, Тоҷикистон ҳамчунон болотарин ҷойгоҳро ба худ ихтисос медиҳад.

                                     

11.1. Бекорӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ Хоҷагии кишоварзӣ

Маҳсулоти асосии кишоварзӣ:

  • токпарварӣ
  • ғалла
  • cоҳаи чорводорӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ
  • абрешим
  • мева
  • сабзавот
  • меваи хушк
  • пахта
  • тамоку
                                     

12. Энергетика

Мақолаи асосӣ: Энергетикаи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст.

Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

1.1. НБО Норак - бо иқтидори 3000 МВт;

1.2. НБО Бойғозӣ - бо иқтидори 600 МВт;

1.3. НБО Сангтӯда–1 - бо иқтидори 670 МВт;

1.4. НБО Сангтӯда–2 - бо иқтидори 220 МВт;

1.5. НБО Сарбанд - бо иқтидори 240 МВт;

1.5. НБО Шаршара - бо иқтидори 29.9 МВт;

1.7. НБО Марказӣ - бо иқтидори 15.1 МВт;

1.8. НБО Қайроққум - бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё;

1.9 Силсилаи НБО Варзоб НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3 - бо иқтидори умумии 25.7 МВт.;

1.10. Нерӯгоҳи Помир-1;

1.11. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор дароварда шуд; иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст;

1.12. Силсилаи НБО - и хурд.

Ба истифода додани НБО "Сангтӯда - 1" ва "Сангтӯда - 2", Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2", хатҳои интиқоли барқи баландшиддати "Ҷануб-Шимол", "Лолазор-Хатлон", "Хуҷанд-Айнӣ", "Сангтӯда - Лолазор", "Сангтӯда – НБО-и Сарбанд", "Қайроққум-Ашт", "Айнӣ –Панҷакент", "НБО-и Роғун" -Зеристгоҳи "Душанбе-500", таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ду сол боз аз соли 2018 дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт. Дар давраи Истиқлол иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО "Роғун", ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.

8 декабри соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 МВт ва 167 Гкал гармӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Боз ду агрегат ба кор дароварда шуд. Иқтидори умумии нерӯгоҳи когенераторӣ ба 400 МВт расид.

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии НБО "Норак" оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО "Норак" таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО "Қайроққум" оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.

20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт соли 2020, аз моддаи 9-и Қонун" Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии" Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии" Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст," амволи нерӯгоҳи барқи обии" Норак”, нерӯгоҳи барқи обии" Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии" Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.

Дар соли 2020 дар Тоҷикистон ба ҳисоби умумӣ 19 миллиард 770.5 миллион кВт⋅соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст. Тоҷикистон дар соли 2020 зиеда аз 1.5 миллиард кВт⋅соат нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя содирот кардааст. Аз рӯи маълумотҳо ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 1 миллиард 528.4 миллион кВт⋅соат қувваи барқ ба маблағи зиеда аз 56.4 миллион доллар содирот намудааст.

                                     

12.1. Энергетика Лоиҳаи минтақавии "CASA-1000"

12 майи соли 2016 ифтитоҳи лоиҳаи сохтмони хати баландшиддати барқии "CASA-1000" ЛЭП - 1000 кВт баргузор гардид. "CASA-1000" интиқоли барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон таъмин мекунад.

                                     

13. Нақлиёт

Дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Айнӣ - Шаҳристон - Истаравшан - Хуҷанд - Бӯстон - Чанак сарҳади Ӯзбекистон, ки 411 км дарозӣ дорад бо ёрдами давлати Чин соли 2006 амалӣ гардид. Роҳи мошингард тамоми сол пойтахти мамлакат Душанберо бо ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ мепайвандад.

18 октябри соли 2015 - дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112.6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.

Сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом - Ҷаббор Расулов соли 2016 дар вилояти Суғд оғоз шуда буд. Анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шуда буд ва соли 2019 ӣа истифода супорида шуд.

Дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан бошад дастоварди назаррас 24 августи соли 2016 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро гардид. Ин роҳи оҳан шаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.

                                     

13.1. Нақлиёт Боз нигаред

  • Нақби автомобилгарди "Истиқлол"
  • Нақби автомобилгарди Чормағзак
  • Нақби автомобилгарди "Шаҳристон"
  • Нақби автомобилгарди "Озодӣ"
                                     

14. Ҷуғрофиё

Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва 93 дарсади сарзамини он аз 300 то 7495 м баландтар аз сатҳи дарё аст. Кӯҳсори Тоҷикистон бахше аз кӯҳистонҳои Тиён-Шон ва Помир ҳастанд. Баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон инҳоянд:

Пиряхҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8% масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар пиряхҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон маркази бузургтарини яхбандии муосир дар Осиёи Марказӣ буда, пиряхҳои воқеъ дар қаламрави он на танҳо махзанҳои об, балки танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошанд. Тибқи маълумоти охирин, аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд.

                                     

15. Иқлим

Иқлими Тоҷикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кӯтоҳу серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар моҳи январ дамои ҳаво аз +22 °C дар ноҳияи Панҷ то −61 °C дар Булункӯл, дар моҳи июл дамои ҳаво аз −8 °C дар Булункӯл то +50 °C дар ноҳияи Панҷ тағйир меёбад.

Вобаста аз пастиву баландии маҳалл аз сатҳи дарё, дар Тоҷикистон чанд навъи иқлим ташаккул меёбад:

  • Иқлими мӯътадил дар минтақаҳои миёнакӯҳ ки тобистон серун ва зимистон сард буда мизони бориш бисёр то 1550 мм аст.
  • Иқлими хушки субтропикӣ дар водиҳои Вахш ва Ҳисор ки тобистон тӯлониву гарм ва зимистон кӯтоҳу нарм ва мизони бориш кам 150 - 200 мм аст.
                                     

16. Аҳолӣ

Дар Тоҷикистон баъди ба даст даровардани истиқлол ду дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор шудааст. Бори якум мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи 1998 "Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ" 20–27 январи 2000 доир шуда буд. Дар он давра мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии доимии шаҳрҳо нисбат ба соли 1989 тибқи Барӯйхатгирии аҳоли пешина аз 1 млн 668 ҳазор то 1623 ҳазор нафар кам шуда, шумораи аҳолии доимии деҳот баръакс аз 3441 ҳазор то 4504 ҳазор нафар зиёд шудааст. Ҳамин тарз, дар давоми 11 сол 1989 - 2000 ҳиссаи аҳолии доимии шаҳрҳои Тоҷикистон аз 32.5 дарсад то 26.5 дарсад кам шуда, аҳолии доимии деҳот, баръакс, аз 67.5 дарсад то 73.5 дарсад афзудааст.

Бори дуюм мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи 2009, № 685 "Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ" аз 21 то 30 сентябри 2010 дар қаламрави ҷумҳурӣ Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил баргузор шуд. Аз рӯйи маълумоти пешакии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзил, шумораи аҳолии доимии мамлакат ба ҳолати 21 сентиябри 2010-ум 7 565 ҳазор нафарро ташкил кард. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ дар январи 2010 нисбат ба соли 2000-ум 1 438 ҳазор нафар ё 23 дарсад, дар муқоиса бо ҳисобу китоби маълумоти аввали соли 2010, 35.4 ҳазор нафар ё 0.5 дарсад зиёд шудааст. Ин зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ва пеш аз ҳама, аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланди таваллуд ва болоравии шумораи таваллуд нисбат ба фавт ба вуҷуд меояд.

Сарфи назар аз муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ, дар соли 2010 нисбат ба соли 2000 шумораи аҳолии шаҳрҳо 379 ҳазор нафар ё 23.3 дарсад, аҳолии деҳот 1 059 ҳазор нафар ё 23.5 дарсад афзудааст.

Ҷараёни шаҳришавӣ урбанизатсия, ки то соли 2000 дар сатҳи ҷумҳурӣ дар авҷ буд, мувофиқи ҷамъбасти пешакии Барӯйхатгирии аҳоли ва фонди манзили соли 2010 муътадил гашта, таносуби аҳолии шаҳру деҳот 27 дарсади аҳолии шаҳр ва 73 дарсади аҳолии деҳотро ташкил кард.

26 майи соли 2018 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид.



                                     

17. Расонаҳои ҳамагонӣ

Расман оғози таърихи матбуоти тоҷик ба нашри аввалин шумораи "Бухорои шариф" дар 11 марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он ҳар сол дар 11-уми март Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Вале пажӯҳишгарон тазкира ва осори насри қадимии тоҷикиро зинаи аввали журналистикаи тоҷик мешумуранд. Чунончӣ, муаллифони китоби "Таърихи матбуоти тоҷик" И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрҳои хабар, гузориш, мусоҳиба ва ғайраро дар солнома ва таърихнигориҳои садаҳои 10 то 15 тазаккур медиҳанд. Дар нимаҳои дуввуми садаи XIX ва оғози садаи XX бархе аз нашрияҳо чоп шудаанд, ки матолиберо ба тоҷикӣ нашр кардаанд. Дар давраи шӯравӣ матбуот зери назорати шадиди давлат қарор дошт, вале дар ин давра низ аз талошҳои озодбаёнӣ дар бархе аз онҳо ба мушоҳида расидааст. Ибтидои солҳои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Тоҷикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияҳое монанди "Чароғи рӯз", "Растохез", "Сухан", "Адолат" ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо журналисти тоҷик кушта ва аксари журналистони боҳунар кишварро тарк кардаанд. Ҳоло матбуоти мустақили Тоҷикистон аз нав ҷон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузорӣ, радио ва телевизионҳои мустақил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амалӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон 4 нашрияҳои давлатӣ: "Ҷумҳурият", "Садои мардум", "Народная газета" ба забони русӣ ва "Халқ овозӣ" ба забони узбекӣ нашр мешаванд. Инчунин, нашрияҳои ғайридавлатӣ; Ҳафтаномаи "Тоҷикистон", Ҳафтаномаи "Миллат", Ҳафтаномаи "Озодагон", ягона рӯзномаи ҳаррӯзаи "Имрӯз News", Ҳафтаномаи "СССР", Ҳафтаномаи "Азия-плюс" ва диг. ба забонҳои гуногун нашр мешаванд.

Ба воситаи спутники ABS-1 75.0°E чор телеканалҳои Тоҷикистон - Телевизиони Тоҷикистон Шабакаи якум, ТВ Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон ва ТВ Сафина номоишҳои хешро омодаи тамошобинон мекунанд. Инчунин, Ширкатҳои телевизионии давлатии умумиҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ Тоҷикистон фаъолият карда истодаанд.

Аз рӯи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон дар соли 2010 - 254 номгуй рӯзнома ва 125 номгуй маҷалла сабт шудаанд.

Аз рӯи раддабандӣ соли 2018 аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ҷумҳурият" 34 % мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон "Омӯзгор" 23.8 % ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи "Минбари халқ" 22.2 % ҷойгир шудаанд.

Тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии "Зеркало" гузаронида шуд, ба ин натиҷа расидааст.

Омори мазкур имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии "Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо", ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид. Раддабандии маҷаллаҳо ба раддабандии рӯзномаҳо монанд аст, яъне дар қатори аввал маҷаллаҳои давлатӣ қарор доранд. Аз ҳама теъдоди зиёди нашрро маҷаллаи занон - "Бонувони Тоҷикистон" 44.9 % дорад. Маҷаллаи дуюми маъруф маҷаллаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дин ва ҷомеа" 10.4 % ва дар ҷойи сеюм маҷаллаи Вазорати фарҳанг бо номи "Фирӯза" 5.2 % меистанд.

Тамошобинони тоҷик аз ҳама бештар шабакаи телевизионии Сафинаро тамошо мекунанд. Инро 60.1%-и пурсидашудагон дар тадқиқоте, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии "Зеркало" гузаронида шуд, тасдиқ кардаанд. Ин омор имрӯз зимни муаррифии Ҳисоботи тадқиқотии "Муайян намудани афзалиятҳои медиавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо", ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид.

Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот, дар ҷойи дуюм шабакаи телевизионии Телевизиони Тоҷикистон Шабакаи якум, бо 50.1 % ва дар ҷойи сеюм ТВ Баҳористон бо 30.5 % қарор гирифтаанд.

Пас аз шабакаҳои телевизионии ватанӣ дар ҷои аввал шабакаҳои телевизионии Россия меистанд, ки дар ҷадвали афзалиятҳо 18.3%-ро ишғол менамоянд. Бояд зикр намуд, ки шабакаҳои телевизионии Россия на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми фазои пасошӯравӣ рейтинги баланд ишғол мекунанд. Пас аз Россия бо 9.7 % шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи тадқиқоти ин марказ, дар миёни радиоҳои маҳбубтарин Радиои "Садои Душанбе" 28 % мавқеи аввалро касб карда, дар ҷойи дуюм Радиои Тоҷикистон 17.4 % ва дар ҷойи сеюм Радиои фарҳанг 5.3 % қарор гирифтаанд. Шумораи шабакаҳои гирифтани иттилоот, ғайр аз ВАО-и анъанавӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Дар ҷойи аввал ТВ ватанӣ 57.2 %, дар ҷойи дуюм интернет 11.5 % қарор дорад. 38.4 фоизи пурсидашудагон аз интернет истифода мебаранд. Интернетро аз ҳама бештар сокинони ВМКБ-60.6 фоиз истифода мебаранд. Ин нишондиҳанда дар миёни сокинони Душанбе 56.3 фоизро ташкил дод.

                                     

18. Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон

Дар солҳои истиқлол таъсис ва рушди Оҷонсиҳои Иттилоотии Тоҷикистон ба назар мерасад. Имрӯз дар ҷумҳури 8 Оҷонсиҳои Иттилоотӣ амал карда истодаанд:

  • АМИТ "ХОВАР",
  • Оҷонсии умумимиллии иттилоот "ТОҶНЮС" "TOJNEWS" 14 ноябри соли 2016 фаъолияташро дар шабакаи Интернет қатъ намудааст.
  • Оҷонсии Иттилоотии "Хатлон-пресс",
  • Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс",
  • Оҷонсии иттилоотии "СИМОНЮС",
  • Оҷонсии иттилоотии "АВЕСТО",
  • Оҷонсии иттилоотии "Помир Медиа",
                                     

19. Воситаҳои алоқа, технология ва инноватсия

Дар солҳои 90 асри XX истифодаи алоқаи телефонӣ барои аз 2 то 8 % ба 100 нафар аҳолӣ дастрас буд. Баъд аз ба охир расидани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аввалин қадамҳо барои азнав кардани системаи алоқаи телефонӣ ва рақами цифровая намудани он гузошта шуд. Соли 1998 аввалин маротиба дар Душанбе пайвасткунаки рақамӣ цифровой комутатор барои 2500 муштарӣ ва соли 1999 ба 10000 муштариён ба кор даромад. Соли 2003 стансияи телефонии Қургонтеппа, соли 2004 Хуҷанд ва соли 2005 Хоруғ, Кӯлоб, Турсунзода ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба системаи пайвасткунаки рақамӣ гузаштаанд.

Соли 2020 шумораи дастгоҳҳои телефонии системаи ШСКТ "Тоҷиктелеком" 279 ҳазор ададро ташкил дод, ки 84.7% онҳо телефонҳои хонагӣ мебошанд.

                                     

19.1. Воситаҳои алоқа, технология ва инноватсия Алоқаи телефони мобилӣ

Системаи мобилии алоқаи телефонӣ дар Тоҷикистон аз соли 1996 инкишоф меёбад. Аввалин ширкате, ки ба бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон дохил шуд ин ҶСП "ТоҷикТел" буд. Соли 1998 дар Хуҷанд ҶСП "Сомонком" хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонии Тоҷикистон бо стадарти GSM сар кард. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ шумораи ширкатҳои хизматрасонии нави алоқа ба 17 адад, шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ ба 10 912 080 адад ва шумораи муштариёни интернет ба 3 800 453 адад расид. Шумораи муштариёни алоқаи мобилии ҶДММ "Вавилон-Мобайл" аз ҳама зиёд 3 425 509 адад, шумораи муштариёни интернет аз ҳама зиёд - ҶДММ "Таком" - 1 138 626 адад расиданд.

Солҳои охир, дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун - ҶСП "Индиго Тоҷикистон" "Tcell", ҶСП "ТТ-Мобайл" "МегаФон Тоҷикистон", ҶСП "Вавилон Мобайл" ва ҶДММ "Таком" "ZetMobile", собиқ Beeline", "Таджиктелеком", "Телеком-технолоджи", хизматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонӣ ба сомон расонида истодаанд. Тибқи маълумоти соли 2017 дар Тоҷикистон шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5.5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2.3 млн нафарро ташкил мекард.

Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93.4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3.3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд.

Бино ба далели маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest, моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон байни 140 кишвари дунё ҷои 129-умро гирифтааст ва дар натиҷа дар як моҳ панҷ зина поён рафтааст. Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 - 13.8 Мб/сонияро ташкил дод.

Аз нигоҳи суръати интернети симӣ низ, тибқи ҳисобҳои моҳи январи соли 2021, Тоҷикистон низ мавқеъро аз даст дод ва дар байни 175 кишвар дар ҷои 99-ум қарор гирифт.

                                     

19.2. Воситаҳои алоқа, технология ва инноватсия Омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта

Дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд UNCTAD "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинги зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ - Русия дар ҷои 27, Беларус дар ҷои 59, Қазоқистон дар ҷои 62, Арманистон дар ҷои 83, Озарбойҷон дар ҷои 100, Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.

                                     

20.1. Адабиёт Адабиёти тоҷик дар асрҳои миёна

Назму насри форсу тоҷик тӯли чандин асрҳо тараққӣ мекард. Давраи нашъунамои адабиёти форсу тоҷик ба асрҳои миёна рост меояд, вақте ки дар Осиёи Миёна аввалин давлати тоҷикон - Давлати Сомониён 874 - 1005 арзи ҳастӣ намуда буд. Сомониён ба илм ва адабиёт диққати махсус зоҳир мекарданд. Шоирон ва олимони ҳамон давра ба монанди Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Дақиқӣ дар даргоҳи шоҳони Сомониён кор ва фаъолият мекарданд. Эрониён ва тоҷикон он вақтҳо як қавмро бо решаҳои бо ҳам пайваст ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм ҳам дастраси ҳама буд.

Рӯдакӣ асосгузори адабиёти форсу тоҷик мебошад.

Истилои арабҳо ба Осиёи Миёна дигаргуниҳои зиёде овард. Фарҳанги бой ва меьмории тоисломии тоҷикон нест карда мешуд, китобҳо сӯзонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна дини ислом ҷорӣ шуда забони арабӣ умумӣ гардид. Забони нави адабӣ - забони форсу-тоҷик дар асрҳои IX - X ташаккул ёфт. Рӯдакӣ - шоири барҷаста, асосгузори адабиёти форсу тоҷик, аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар назми худ истифода бурда, якчанд жанрҳои адабии он замонро ба вукуъ овард. Маҳз аз ҳамон давра сар карда адабиёти форсу-тоҷик ташаккул ёфта дар тамоми олам машҳур гардид.

Дар охири асри X Фирдавсӣ "Шоҳнома" -и безаволи худро эҷод кард, ки аз ҷихати маъно ва ҳаҷм дар адабиёти умумибашарӣ ҳамтоё надорад. Асри XI бо ба вукӯъ омадани эпосҳои романтикӣ машҳур шудааст. Маҳз дар ҳамин жанр силсилаи достонҳои Унсурӣ, Айюкӣ, Гунгурӣ, Умари Хайём мебошанд, вале "Хамса" -и Низомии Ганҷавӣ намунаи беҳтарин маҳсуб мешавад, ки асри XII эҷод карда шудааст. Дар асри XIII "Бӯстон" ва "Гулистон" - и Саъдӣ, дар асри XIV достонҳои Амир Хусрави Дехлавӣ ва Хоҷа Кирмонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ эҷод шудаанд. Асри XV бошад бо назми Ҷомӣ машҳур гардидааст.

                                     

20.2. Адабиёт Адабиёти тоҷик дар асри XX

Ғалабаи Инқилоби Октябру истиқрори низоми шӯравӣ дар Осиёи Миёна боъис гардиданд, ки миллати азийяткашидаи тоҷик дигарбора самандарвор аз хокистари зиллат бархоста, бар минбари иззату шарофат барнишинад ва дар баробари соҳати дигари ҳаёту иқтисоди кишвар ба соҳаи фарҳангу адаби деринасоли худ сару сомони наву матлубе бахшад. Ба иборати дигар, баъди таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 1924) ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 1929 ниҳоди ҷадиди нависандагони Тоҷикистон арзи ҳастӣ намудааст, ки гурӯҳу дастаҳои парешони суханварони диёрамонро ҷамъ оварда, фаъолияташонро ба талаботи замони инқилобӣ мутобиқу мувофиқ гардонидааст. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон моҳи майи соли 1934 ҳамчун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони ИҶШС ташкил ёфт.

Дар асри XX, эҷодиёти адибони Тоҷикистон боиси рушди насру назми тоҷик, ташаккули тарҷумаи адабиёти ҷаҳон, драматургия, адабиёти кӯдакону наврасон, адабиётшиносӣ ва танқиди тоҷик гардид. Адибони Тоҷикистон бо асарҳои эҷоднамудаи хеш адабиёт ва забони тоҷикиро ба пояи нав бароварда дар адабиёти башар ҳиссагузор шудаанд. Эҷодиёти адибон ба садҳо забонҳои дунё тарҷума шуда дастраси хонандагон гардидааст.

                                     

21. Маориф

Дар гузаштаи таърихи тоҷикон, дар давраҳои гуногуни рушди ҷомеъа масъалаи инкишофи муассисаҳои парваришу маориф аз сарварони давлату ҳомиёни дин вобаста буд. Доир ба гузаштаи мактабу мадрасаҳо баъзе маълумотҳо дар асарҳои муаррихону адибон боқи мондаанд, ки ҳоло мавриди тадқиқи олимон мебошанд. Аз нигоришоти ниёкон, иқдоми маорифпарварӣ танҳо дар охири садаи XIX аз ҷониби Аҳмади Дониш ва маорифпарварони тоҷик барои оммаи заҳматкаш мавриди тарғибу ташвиқ қарор гирифта будааст. Намояндагони Ҳаракати ҷадидия ба мислӣ Айнӣ, Мунзим, Беҳбудӣ ва диг. давомдиҳандагони ин раванди равшанфикрӣ ва муассисони нахустини Мактабҳои усули нав гардиданд.

Баъд аз таъсис ёфтани ҶМШС Тоҷикистон соли 1924 зиммаи таъсиси соҳаи парваришу маориф ба давлати тоҷик гузашт, ки аз намояндагони табақаҳои заҳматкаш иборат буд.

14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон 1946 - 1978: 1988 - 1992, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон 1978 - 1988 табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. Дар замони шӯравӣ маҳви бесаводӣ бартараф, таҳсилоти ройгон ҷорӣ гардида муассисаҳои гуногуни маърифатӣ аз ҷониби давлат бунёд ёфтанд.

Имрӯз, дар ҷумҳурӣ муассисаҳои гуногуни парваришу омӯзиш рушд меёбад. Дар замони истиқлол маориф як рукни иҷтимоии давлат гардидааст. Президенти Тоҷикистон дар суханорониаш ба ифтихори 25 - солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.09.2016 зикр намудааст:

- Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба ифтихори 25 - солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сатҳи саводнокии аҳолии Тоҷикистон низ тадриҷан баландшуда истодааст. Аз рӯи омори "Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:Шуъбаи аҳолӣ" доир ба саводнокӣ, дар Тоҷикистон тахминан 5 781 203 наф дар синни 15 сола ва боло, ба забонҳои гуногун хонда ва навишта метавонанд. Ин шумора, 99.77 % аз ҳаҷми умумии аҳолии калонсолро дар бар мегирад. Яъне, тахминан 13 147 нафар сокинон ҳоло ҳам бесавод мебошанд.

                                     

22. Мусиқӣ ва театр

Дар Тоҷикистон 15 муассисаҳои театрӣ ва 5 консертӣ фаъолият доранд.

  • Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Чкалов,
  • Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб,
  • Маркази эҷодии "Илҳом",
  • Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ,
  • Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов,
  • Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" ва Сирки давлатии Тоҷикистон.
  • Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом,
  • Театри давлатии лӯхтак,
  • Ансамбли "Сомон",
  • Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл. Маяковский,
  • Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ,
  • Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа,
  • Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ,
  • Ансамбли давлатии рақсии "Лола" ба номи Ғ. Валаматзода,
  • Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев,
  • Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ,
  • Театри давлатии драмаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Чкалов,
  • Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ,
  • Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони шаҳри Хуҷанд,
  • Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии н. Данғара.
  • Театри давлатии узбекии мусиқӣ-драмавии ба номи Ш. Бурҳонови н. Спитамен,
                                     

23. Варзиш

Варзишгарони тоҷик новобаста ба мушкилиҳои молиявӣ дар бисёр мусобиқаҳо байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Варзишгарони беҳтарин ба монанди: Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров, Гулов Алишер, Акмалиддин Каримов ва дигарон шаъну шарафи варзиши Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд.

Cоли 2013 дар чумҳури 7564 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 164 стадион, 1893 толорҳои варзиш, 64 ҳавзи шиноварӣ фаъолият мекард. Дар Тоҷикистон 3 стадиони ғунҷоишаш 25 ҳазор тамошобин ва боз як стадион барои 25 000, чор стадион барои 20 000 ва 15 000 сохта ба истифода супорида шудаанд.

Варзишгоҳҳои бузург:

  • Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ клуби футболи "Истиқлол"
  • Қасри варзиши Кумитаи андози ҶТ ва диг.
  • Ҳавзи шиноварӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент ва диг.
  • Толори "Қасри теннис"
  • Қасри варзиши "Тоҷикистон"
  • Варзишгоҳи "Спитамен" собиқ стадиони "Спартак"

Дар федератсияи Тхэквондо ИТФ имрӯз 36 қаҳрамонҳои ҷаҳон тарбия ёфтаанд, ки якчанд маротиба ғолиби мусобиқаҳо гардида буданд. Ин ягона федератсияи варзишгарони Тоҷикистон аст, ки солҳои истиқлол бо саъю кӯшиши Раиси федератсия Мирсаид Яҳёев ва кумаки молиявии корхонаҳову шахсони алоҳида дар мусобиқаҳо фаъол аст.

Дигар комёбии назаррас дар бозиҳои олимпиӣ соли 2012 ба медали биринҷии олимпиада сазовор шудани муштзани тоҷик Мавзуна Чориева мебошад.

Сентябри соли 2014 дар Бозиҳои тобистонаи Осиё варзишгарони тоҷик соҳиби 5 медал, аз ҷумла як медали тилоӣ аз рӯи намуди гурзпартоӣ, ки соҳибаш Дилшод Назаров шуданд. Дилшод Назаров ягона варзишгарест, ки се маротиба дар Олимпиадаҳо иштирок намуда, ду карат ғолиби Бозиҳои Осиёӣ шудааст. В Августи соли 2015 ӯ соҳиби медали нуқра дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Пекин гардидааст. Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷикистонӣ мебошад, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Бразилия соҳиби медали тило шудааст.

Варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, ки моҳи ноябри соли 2017 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Русия дар вазни 74 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, бо медали тило мукофотонида шуд. Вай инчунин дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни 68 кг медали тило, дар Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод дар намуди самбои варзишӣ дар вазни 74 кг медали тило ва дар намуди куштии кураш дар вазни 73 кг медали нуқра гирифтааст. Ӯ дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон АЖРВТ аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи аввал мебошад.

                                     

24. Муассисаҳои фарҳангӣ

Соли 2012 дар Душанбе бузургтарин дар Осиёи Марказӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шудааст. Теъдоди хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион нусха китобро ташкил медиҳад. Аз соли 2008 ҳамасола рӯзҳои 2–9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикис тон" баргузор мегардад ва 4 сентябр ҳамчун "Рӯзи китоб" таҷлил мешавад. Аз соли 2007 Ҳаракати "Корвони китоб" ташкил карда шуд, ки ҳар сол як маротиба китобҳои тозанашрро ба китобхонаҳои тамоми шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон дастрас менамояд. Солҳои 2011, 2012 ва 2013 Намоиши байналхалқии китоби Душанбе ташкил карда шуд.

Ифтитоҳи осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои таърихӣ ва дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошад. 20 марти соли 2013 дар Душанбе расми кушодашавии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими кушодашавии осорхона Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намудаанд.

Дар толори бузурги Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори зиёиёни эҷодкори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.

Айни замон 1.01.2017, дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 320 муассисаи иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла 1 ҳазору 354 китобхонаи давлатию оммавӣ, 332 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 415 клуб, 48 клуби сайёр, 14 маркази фарҳангу фароғатӣ, 7 филармонияи халқӣ, 62 боғи фарҳангию фароғатӣ, 22 театри халқӣ, 54 осорхона, 24 ансамбли тарона ва рақс, 16 ансамбли шашмақом, 7 ансамбли фалак, 6 ансамбли эстрадӣ ва 16 ансамбли фолклорию этнографӣ фаъолият доранд.

                                     

25. Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ

  • Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радабандии "Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017", ки соли 2017 созмони "Бунёди ҳуқуқи кӯдак" дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар самтҳои ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист баргузор кард, дар миёни 165 кишвари узви Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид мақоми 55-умро касб намуд. Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Ҷумҳурии Қазоқистон ҷойи 22 ва Туркманистон ҷойи 42 дар ҷойи сеюм қарор дорад. Пас аз Тоҷикистон кишварҳои Озарбойҷон ҷойи 66, Беларус ҷойи 78, Қирғизистон ҷойи 81, Ӯзбекистон ҷойи 85, Русия ҷойи 86 ва Арманистон дар ҷойи 106 қарор гирифтаанд".
  • Бино бар иттилои Internet Live Stats соли 2016 Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи корбарони интернет дар мақоми 114-ум қарор дошт. ва дар қаламрави Тоҷикистон шумораи корбарони интернет ба 1.6 миллион нафар расида ин адад 18.7 % аз шумораи умумии аҳолиии кишварро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2015 шумораи корбарони интернет 4.3 % афзудааст.
  • Дар радабандии кишварҳои хушбахти дунё World Happiness Report соли 2018, ки бахши Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҷустуҷӯи роҳи босубот таҳия кард, ки Тоҷикистон дар ҷойи 74 қарор дорад.
  • Коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ WEF, Ҷумҳурии Тоҷикистонро амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 донистаанд. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб кард.
  • Дар ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ менамояд, соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, дар байни 190 давлати ҷаҳон ҷои 106-ум–ро ишғол намуда, бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд.
  • Тоҷикистон дар гузориши Forbes аз рӯи озодии тиҷорат дар мақоми 118, озодии монетарӣ - 131, навоварӣ - 116, технология - 108, ҳифзи сармоягузор - 37, фасод - 148, озодии шахсӣ - 142 ва аз рӯи сарбории андоз дар мақоми 114-ум қарор гирифтааст.
                                     

26. Боз нигаред

  • Тоҷикистон
  • Dushanbe travel guide
  • OpenStreetMap Хуҷанд
  • шаҳри Хуҷанд
  • Badakhshan travel guide
  • Khorogtravel guide
  • Qurghonteppa travel guide
  • OpenStreetMap Душанбе
  • Khujand travel guide
  • Kulob travel guide
                                     

27. Пайвандҳо

  • Дастгоҳи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Таърихи Тоҷикистон
  • Маркази Миллии Конунгузори
  • Сомонаи Расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Президенти Тоҷикистон
  • Дарбораи тағйири ном ва барандохтани "ов"
  • Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                     
  • миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳангистони улуми Тоҷикистон - муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 2. Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат
  • Мақолаи асосӣ: Тоҷикистон Бар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 аз 4 ноябри соли 1995 Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву
  • Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон имлои қаблӣ Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон русӣ: Таджикская Советская Социалистическая Республика
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар боби чаҳоруми Конститутсияи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст
  • Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И
  • Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - дуюм вазифаи баланди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сарвазирро бино ба Моддаи 69 Сарқонуни Тоҷикистон аз тарафи Президенти
  • давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон форсӣ: پرچم جمهوری تاجیکستان - рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли
  • Деҳоти Тоҷикистон - ҷамоати деҳот дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлони Тоҷикистон Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Д.: СИЭМТ, 2017. - 580 с.
  • Тоҷикистон ҲХДТ таъс. 10 декабри соли 1994 - ҳизби сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҳизб - Эмомалӣ Раҳмон. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10