ⓘ Сафар Абдуллоҳ

Маҳдӣ

Маҳдӣ,дар дини ислом "имоми ҳозир ва ъаср ",ки назди пайравонаш баргашта,баробарию адолатро баркарор менамояд. Назари уламои аҳли суннат дар мавриди таваллуди Имоми Замон алайҳис-салом 1-Муҳаммад ибни Ҳоруни Рӯёнӣ мутаваффои соли 307 дар китоби хаттии" Муснад”-аш Бинобар нақли муҳаққиқон Рӯёнӣ дар китоби муснадаш ба таваллуди Имоми Замон алайҳис-салом ишора кардааст. Шарҳи ҳоли Рӯёнӣ: Заҳабӣ мегӯяд: "Имоми ҳофизи сиқа Муҳаммад ибни Ҳоруни Рӯёнӣ соҳиби "Муснад"-и машҳур. -Зуҳол-Ислом, ҷ 3, с 210-212.

                                     

ⓘ Сафар Абдуллоҳ

Сафар Абдулло 30 январи соли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1973 - 1978 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст.

                                     

1. Фаъолияти корӣ

Фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шурӯъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий Маскав ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро солҳои 1981 - 1984 дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи "Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик" рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981 - 1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст. Аз сабаби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад. Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии "Эроннома" -ро таъсис дода, сардабирии онро низ бар уҳда дорад. Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъ мерасонад.

                                     

2. Эҷодиёт

Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннату навоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзӯот беш аз 300 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия ба табъ расидаанд. Бархе аз мақолаҳои ӯ дар китобҳои "Нури сухан" Алмаато, 2005, "Магические мосты" Алмаато, 2005, ба забони русӣ, "Шаранги андӯҳ" эссе дар бораи Лоиқ ва эҷодиёти ӯ; Душанбе, 2001 чоп шудаанд. Мақолаву ёдномаву марсиятҳои иддае аз донишмандону адибонро дар сӯги шоири фақид Лоиқ Шералӣ гирд овардаву бо номи "Марсияи Хуршед" ба табъ расондааст. Ҳамчунин, таҳиякунандаи китоби "Магия Навруза" Алмаато, 2007 мебошад, ки нахустин бор хонандагони русизабони маҳдудаи шӯравии собиқро бо таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашни бузурги миллии эронитаборон ва оинҳои марбути он шинос мекунад. Ҳамроҳи донишманди эронӣ Сайидбоқири Камолиддинӣ нусхаи форсии мавҷуд дар Китобхонаи миллии Қазоқистонро тавсиф намудааст, ки соли 2008 ба забони русӣ мунташир гардидааст. "Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ" низ аз таълифоти ӯст, ки соли 2011 дар чопхонаи Донишгоҳи Абилайхон ба табъ расидааст. Ҳамчунин, таҳиякунандаи Куллиёти осори шоири маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов дар 8 ҷилд ва муаллифи сарсухани муфассали он мебошад. Соли 1995 гулчини ашъори Абайро дар тарҷумаи Фарзона, ба забони форсии тоҷикӣ дар Теҳрон ба табъ расондааст. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

                                     
  • Абуабдурраҳмон Абдуллоҳ ибни Муборак ал - Ханзалий ал - Марвазӣ 736 - 797 - донишноманавис, суфии машҳур, муҳаддис. Абдуллоҳ Муборак ба бисёр мамлакатҳо сафар кардааст
  • Иброҳим ибни Абдуллоҳ Номайрӣ - маълум аст, бо номи англ. Ibn al - Haj al - Nomairi 1313 - 1367 Шоир ва муаллифи як маъруфи англ. Andalusian ҳаштум асри
  • Абунасри Сарроҷ, Абунаср Абдуллоҳ ибни Алӣ ибни Муҳаммад Яҳъё., ? вафот 987, Тус - фақеҳ ва мутасаввиф асри X мулаққаб ба Товус - ул - фуқаро Абунасри
  • Шамсуддин Мухаммад ибни Абдуллоҳ Котибии Туршези  форсӣ: شمس الدین محمد بن عبدالله کاتبی نیشابوری - шоир, муншир, хаттоти моҳири форсу тоҷик мебошад
  • ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон - овозхон ва оҳангсози тоҷик. Фарзанди бузурги Абдуллоҳ Назрӣ. Фориғуттаҳсили факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии
  • Афғонистон қарор доштанд, борҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст. Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон
  • Абу Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ форсӣ: ابومحمد م صل ح الدین بن ع بد الله سعدی شیرازی машҳур ба Саъдии Шерозӣ ва Мушрифиддин 1181 ё 1205, Шероз
  • Абулъалои Мааррӣ Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Сулаймон, тав. 973, Маарра, Сурия 1057 - шоир ва файласуфи араб. Дар 4 - солагӣ бар асари бемории обила нобино
  • Юсуф Абдуллоҳ Қарзовӣ ар. يوسف عبد الله القرضاوي тав. 9 сентябри 1926, Сафт Туроб - олими муосири дини ислом аз Миср, раиси Иттиҳоди ҷаҳонии уламои
  • ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта - гашта дар сафар боз омадам, Боз дар наздат ба парвоз омада, Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам