ⓘ Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон

Ҷанги шаҳрвандӣ

Ҷанги шаҳрвандии Русия 1917 – 1921 Ҷанги шаҳрвандии Ирландия 1922 – 1923 Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 1992 - 1997 Ҷанги шаҳрвандии Англия 1642 – 1651 Ҷанги шаҳрвандии Испониё 1936 - 1939

Синамои Осиёи Марказӣ

Синамои Осиёи Марказӣ - одатан ба синамои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ишора мекунад. Синамои Осиёи Миёнаро минбаъд ба се давраи таърихӣ, филми Шӯравии Осиёи Миёна, Мавҷи нави филми Осиёи Миёна ва давраи муосири филми кишварҳои мустақили Осиёи Марказӣ тақсим кардан мумкин аст.

Ҳуруфи тоҷикӣ

Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи худ дар се системаи хаттӣ навишта шудааст: арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ. Ҳар кадоми онҳоро метавон "хатти тоҷикӣ" номид. Алифбои истифодашуда бо мурури замон тағир ёфтанд. Аввалин хат барои навиштани забони тоҷикӣ хатти арабӣ буд, сипас дар солҳои 1930-1940 хати лотинӣ, ки баъдтар ба хатти ҳозираи кириллӣ иваз карда шуд. Лаҳҷаи бухорӣ, ки бо он яҳудиёни бухорӣ ҳарф мезаданд, маъмулан бо алифбои ибрӣ навишта мешуд, аммо дар садаи XXI он одатан бо сириллик навишта мешавад.

                                     

ⓘ Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то июни соли 1997 давом ёфта буд. Воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунин номҳо "ҷанги бародаркуш", "ҷанги минтақавӣ" ва ғайра баён ёфтааст.

Соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ташкили Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар водии Вахшу Ҳисор машғул буд. Бисёриҳо ба он дохил шудан намехостанд, чунки ба устувору мустаҳкамшавии он шубҳа доштанд. Дар мамлакат асосан қумондонони саҳроии "Фронти халқии Тоҷикистон" ҳукумрони менамуданд ва ба Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон итоат намекарданд. Тобистони соли 1993 пули Анзоб дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд тарконида шуд. Декабри соли 1993 вакилони вилояти Ленинобод ба иҷлосияи Шурои Олии ҶТ ҳозир нашуданд. Роҳбарияти вилояти Ленинобод таклиф мекард, ки идоракунии Президенти барқарор карда шуда вилоят ба минтакаи озоди иктисоди табдил дода шавад. Дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ қарор карда шуд, ки интихоботи Президент ва Конститусияи нав қабул карда шавад.

Дар водии Ғарм, ки тартиботи исломи ҷори шуда буд, ҷанги қувваҳои мухолифин бо хукумат давом меёфт. 21 июни соли 1993 коллегияи судии Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии мухолифинро манъ кард. Дар сарҳади Афғонистон, ки сарҳадбонони Русия муҳофизат менамуданд, амалиётҳои терористи зиёд шуданд. 13 июли соли 1993 муҷоҳидони афғон 200 нафар ба заставаи 12 сарҳадбонони Русия ҳуҷум овард. Бо ёрии қисмҳои ҳарбии дивизияи 201 Русия муҷоҳидон аз худуди ҷумҳури пеш карда шуданд. Дар ҷанги нобаробар 25 нафар сарҳадбонон кушта шуданд.

                                     

1. Дарёфти сулҳ

Хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии кишвар барои хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ. Чунин, ният дар рафти кори иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд соли 1992 оғоз гардида дар давоми музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ солҳои 1994 - 1997 ва амалӣ шудани "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" аз 27 июни с. 1997 дар соли 1997 - 2000 зоҳир гаштааст. Ба раванди сулҳсозӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз 9 марти с. 1996, ки байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд ва фаъолияти Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз 18 июни с. 1997 мусоидат карда буд.

Оғози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кумаки Созмони Милали Муттаҳид, сар шуда бо иштироки бевоситаи Дабири кулли СММ, намояндагони махсуси ӯ дар Тоҷикистон, Ҳайати Нозирони СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Шӯрои амнияти СММ гузашта буд. Амалиёти СММ доир ба эъҷоди сулҳ с. 1994 - 1997 амалӣ гардида бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба анҷом расид.

27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

                                     

1.1. Дарёфти сулҳ Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ

Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом кардааст. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифинИНОТ 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари мухолифинИНОТ С. А. Нурӣ баргузор гардидааст. Дар рафти музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" -ро дарбар мегирифт, қабул шуданд.

                                     

1.2. Дарёфти сулҳ Давраҳои музокироти миёни тоҷикон

Музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерӯҳои оппозитсиони тоҷик ИНОТ оид ба ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон с-и 1994 - 1997:

  • Даври 3 - 20 октябр - 1 ноябри 1994 дар Исломобод.
  • Даври 4 - 22 май −1 июни 1995 дар Алма-Ато.
  • Даври 1 - 5-19 апрели 1994 дар Маскав.
  • Даври 2 - 18-28 июни 1994 дар Теҳрон.
  • Даври 5 -

Марҳалаи 1 - 30 ноябр - 22 декабри 1995 дар Ашқобод

Марҳалаи 2 - 26 январ - 18 феврали 1996 дар Ашқобод

Марҳалаи 3 - 8 - 21 июли 1996 дар Ашқобод

  • Даври 6 - 5-19 январи 1997 дар Теҳрон.
  • Даври 7 - 26 феврал - 8 марти 1997 дар Маскав.
  • Даври 8 -

Марҳалаи 1 - 9 - 16 апрели 1997 дар Теҳрон.

Марҳалаи 2 - 22 - 28 майи 1997 дар Теҳрон.

  • Музокироти ҷамъбастӣ - 24-27 июни 1997 дар Маскав.

Инчунин се даври машваратҳои тарафайн байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ дар рафти музокирот шуда гузаштаанд: даври 1 - дар Теҳрон, 12-17 сентябри соли 1994; даври 2 - дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Исломобод, Теҳрон феврали соли 1995; даври 3 - дар Маскав, 19-26 апрели соли 1995 баргузор гардиданд.



                                     

1.3. Дарёфти сулҳ Мулоқот ва музокироти Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ

  • Мулоқоти ғоибона - августи 1995 дар Душанбе-Кобул. Протокол "Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" аз 17 августи соли 1995 дар алоҳидагӣ ба имзо расидааст.
  • Мулоқоти 6 - 16-18 майи 1997 дар Бишкек. Ёддошти Бишкек. Протокол "Дар бораи масъалаҳои сиёсӣ" аз 18 майи соли 1997.
  • Мулоқоти 4 - 23 декабри 1996 дар Маскав. Созишномаи Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ. Протокол "Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ" аз 23 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 1 - 17-19 майи 1995 дар Кобул. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти 3 - 10-11 декабри 1996 дар Хусдеҳ Афғонистони Шимолӣ. Изҳороти муштарак. Протокол "Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат" аз 11 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 5 - 20-21 феврали 1997 дар Машҳад. Изҳороти муштарак. Протоколи иловагӣ ба протокол "Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ" аз 21 феврали соли 1997. Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ.
  • Мулоқоти 2 - 19 июни 1995 дар Теҳрон. Изҳороти муштарак.
                                     

1.4. Дарёфти сулҳ Созишномаи сулҳ

27 июни соли 1997

Дар ин рӯзи таърихии тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон дар шаҳри Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.

Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ.

Изҳороти Маскав - аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С. А. Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Г. Д. Мерем ба имзо расидааст.

                                     

2. Комиссияи оштии миллӣ КОМ

Таъсис ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ КОМ бо шумораи баробари намояндагони ҳукумат ва мухолифин, ҳамчун мақомоти асосии амалӣ сохтани "Созишномаи умумӣ" дар давраи гузариши соли 1997 - 2000. Ин мақомоти муваққатӣ ба яке аз воситаҳои сиёсии дарёфти ҳарчи зудтари сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хизмат намудааст.



                                     

2.1. Комиссияи оштии миллӣ КОМ Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ

Механизми татбиқи "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" аз 27 июни соли 1997 ки аз 9 санади муҳим иборат буд ба воситаи Комисияи оштии миллӣ мебоист ҳалли хешро меёфт. Ҳайат, вазифа ва салоҳияти Комисияи оштии миллӣ дар рафти музокирот ҳаллу фасл гардида доир ба он 2 санад 23 феврали соли 1997 дар Москва, Протоколи иловагӣ ва Низомномаи Комисияи оштии миллӣ 21 феврали соли 1997 дар шаҳри Машҳад қабул шуданд.

Комисияи оштии миллӣ фаъолияти худро аввал дар Маскав 7-11 июл ва сипас аз 15 сентябри соли 1997 то 1 апрели соли 2000 дар шаҳри Душанбе пеш бурда вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бомуваффақият ичро намудааст. Дар давоми фаъолияти КОМ гурӯҳи тамос бо иштироки намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ ва сафирони 8 мамлакатҳои нозири музокироти тоҷикон ба ҳайси кафилони сиёсии татбиқи Созишномаи сулҳ саҳмгирӣ намуданд. Дар кумакҳои башардӯстона ба аҳолии ҷабрдидаи Тоҷикистон Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, дафтарҳои СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саҳмгузор буданд.



                                     

2.2. Комиссияи оштии миллӣ КОМ ЗЕРКОМИСИЯИ СИЁСӢ

  • Ҳомид ПӮЛОДОВ - Аъзо Ҳукумат
  • Абдунабӣ Сатторзода - АъзоИНОТ
  • Муҳаммадшариф Ҳимматзода - АъзоИНОТ
  • Ниёзов Ҷумъа Ҳайдарович - Аъзо ИНОТ
  • Раҳим МАСОВ - АъзоҲукумат
  • Иброҳим УСМОНОВ - РаисҲукумат
                                     

2.3. Комиссияи оштии миллӣ КОМ ЗЕРКОМИССИЯИ ҲУҚУҚӢ

  • Қиёмиддин ҒОЗИЕВ - АъзоИНОТ
  • Шермаҳмад ШОЕВ - АъзоҲукумат
  • Зариф АЛИЕВ - АъзоҲукумат
  • Файзиддин ШОМАҲМАДОВ - АъзоИНОТ
  • Отахон Латифӣ - РаисҲукумат
  • Халифабобо ҲАМИДОВ - АъзоҲукумат
                                     

2.4. Комиссияи оштии миллӣ КОМ ЗЕРКОМИССИЯИ НИЗОМӢ

  • Абдураҳим КАРИМОВ - АъзоИНОТ
  • Хайрулло ХАЙДАРОВ - АъзоҲукумат
  • Атобек АМИРБЕКОВ - АъзоИНОТ
  • Абдуманон АБДУРАЗЗОҚОВ - АъзоҲукумат
  • Ҳабибулло САНГИНОВ - РаисИНОТ
  • Тағой РАҲМОНОВ - АъзоҲукумат
                                     

2.5. Комиссияи оштии миллӣ КОМ ЗЕРКОМИССИЯИ МУХОҶИРОН

  • Муҳаммадали ФАЙЗМУҲАММАДОВ - АъзоИНОТ
  • Мирзомуҳаммади МИРЗОҲОДИЕВ - АъзоИНОТ
  • Бозгул Додхудоева - АъзоҲукумат
  • Мансур ЧАЛИЛЗОДА - АъзоИНОТ
  • Шукурҷон Зуҳуров - РаисҲукумат
  • Кароматулло Олимов - АъзоҲукумат

Отахон Латифӣ аз 15 июли с. 1997 то сентябри с. 1998 Раиси зеркомиссияи ҳуқуқӣ буд. Вай рӯзи 22 сентябри с. 1998 дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Муҳаммадшариф Ҳимматзода, собиқ узви зеркомиссияи сиёсӣ аз ҷониби ИНОТ моҳи октябри с. 1998 Раиси зеркомиссияи ҳуқуқӣ таъйин карда шуд. Инчунин дар зеркомиссияҳо аз ИНОТ шахсони зерин: О.Абдусаломов, М.Низомов, М.Саломов, С. Гадоев, М. Кабиров кор бурданд.

1 ноябри соли 1999 ҳангоми вохӯрии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Кофи Анан таъкид, шуд ки дар Тоҷикистон СММ дар кори ҳалли низоъҳо тачрибаи нодире пайдо кард. Ва ин таҷриба ҳам аз нигохи тарзи дахолат, усул ва роҳҳои ҳалли танзими вазъ ва ҳам аз ҷиҳати ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар "нуқтаҳои доғ" шоистаи омӯзиш мебошад.



                                     

3. Адабиёт

Алимов Р., Лебедев М., Касымов Э. Таджикистан - ООН: История взаимоотношений. - М., 1995.

Белов Е. В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта 1993-1997 гг Душанбе, 1999.

Нури С. А. Оштинома - Душанбе, 2001.

Олимова С., Олимов М. Таджикистан на пороге перемен. - М., 1999.

Рахматуллаев Э. Миротворчество ООН в Таджикистане и перспективы дипломатии в Центральной Азии. - М., 2001.

Саъдиев Ш. С. Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоияти милли. - Душанбе, 2002

Таҷрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон. Маҷмӯи тезисҳои Симпозиуми байналмилалӣ. Душанбе, 26-27 апрели соли 2001 Душанбе, 2001.

Усмон И. Сулҳнома. - Душанбе, 2001.

Усманов И. К. Миростроительство в Таджикистане. - Душанбе, 2006.



                                     
  • Ҷанги шаҳрвандии Англия 1642 1651 Ҷанги шаҳрвандии Русия 1917 1921 Ҷанги шаҳрвандии Ирландия 1922 1923 Ҷанги шаҳрвандии Испониё 1936 - 1939
  • аз роҳбарон ва сарлашкарони Фронти халқии Тоҷикистон дар Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳамчун Бобо Сангак низ машҳур аст. Сангак Сафаров 1 январи 1928
  • Тоҷикистон. Сулҳи Ҷанги шаҳрвандӣ. Поёни Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 4 июл саршавии фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл Ҳаракати
  • Худойбердиев - сарвари ҳарбии тоҷик, фармондеҳи саҳроӣ, иштирокчии Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон полковник. Абдулло Раҳимбоев - арбоби сиёсӣ, ҳизбӣ ва давлатии
  • шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон КОНИБОДОМ - ҶАШНГОҲИ АСОСИИ РӮЗИ ВАҲДАТ
  • ноҳияҳои Тоҷикистон махсусан Душанбе ба фалаҷ шудани мақомоти иҷроиия ва қонунгузории марказӣ ва маҳаллӣ сабаб шуд. Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар моҳҳои
  • Тоҷикистон дар ибтидои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба миён омадааст. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни Фронти халқии Тоҷикистон ки ҳамчун ҳимоятгарони
  • Рустам ва Суҳробро бозгӯ мекунад, ки дар хурдсолӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуд ва ба амри тақдир дар майдони ҷанг дар Афғонистон
  • Сухан Адолат ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо журналисти тоҷик кушта ва аксари журналистони
  • ки муҳоҷират кардаанд, аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум шуданд ва дигар бо ин кишвар иртибот надоранд. Имрӯз дар Тоҷикистон танҳо сад яҳудӣ боқӣ мондааст
  • июни соли 2016 дар Душанбе вафот кардааст. Чаҳор ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Муҳандиси Шоистаи Тоҷикистон Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Википедияи русӣ