ⓘ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                     

ⓘ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти маори́ф ва илми Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳия ва тат­биқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи маориф масъул аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

                                     

1. Вазифаҳо

Вазифаҳои асосии вазорат:

  • таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи маориф;
  • ба таҳсил фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ.
  • фароҳам овардани фазои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ;
                                     

2. Таърих

14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон 1946–78: 1988–92, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон 1978–88 табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати аорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. 19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд.

                                     

3. Сохтор

Сохтори Вазорат:
  • Шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатӣ;
  • Раёсати баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • Шуъбаи аудити дохилӣ;
  • Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот;
  • Бахши инвеститсия.
  • Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
  • Раёсати илм ва иноватсия;
  • Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
  • Роҳбарият вазир ва 4 муовин;
  • Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф;
  • Раёсати иқтисод ва банақшанирӣ;
  • Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
  • Бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ;
  • Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ;
  • Бахши маъмурият ва корҳои ташкилӣ;
  • Шуъбаи назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ;
  • Бахши муассисаҳои интернетӣ ва таҳсилоти иловагӣ;
  • Шуъбаи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф;
  • Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ;
  • Раёсати кадрҳо, корҳои махсус;
Муассисаҳои тобеи вазорат:
  • Маркази миллии тестӣ;
  • Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста.
  • Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
  • Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ;
  • Нашрияи "Омӯзгор" ;
  • Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна Бонки исломии рушд;
  • Маҷаллаи "Русский язык и литература в школах Таджикистана" ;
  • Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
  • Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор" ;
  • Раёсати сохтмони асосӣ;
  • Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
  • Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабӣ;
  • Маркази барномаҳои байналмилалӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия;
  • Маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон" ;


                                     

4. Роҳбарони собиқи вазорат

Вазирони вазорат: Аббос Алиев 1924–27, Нисормуҳаммадов Юсуфзиё Афғон 1927–29, 1930–32, Масаидов М. М. 1929–30, Носиров С. Т. 1932–34, Абдинов К. 1934–36, Ҳасанов С. Ф. 1936–37, Ниёзов М. 1937–38, Пуладов Т. П. 1938–42, 1954–62, Солеҳбоев Ҳ. Ҳ. 1942–43, Содиқов Ҳ. У. 1943–47, Неъматуллоев Ҳ. 1947–54, Осимов М. С. 1962–63, Юсуфбеков Р. 1963–74, Додобоев Р. Д. 1974–86, Давлатқадамов Х. 1978–84, Рашидов А. Р. 1986–88, Назаров Т. Н. 1988–89, Исмоил Давлатов 1990–1992, Зокир Вазиров 1992, Бозгул Додхудоева 1992–1994, Мунира Иноятова 1994–2000, Сафаралӣ Раҷабов 2000–2005, Абдуҷаббор Раҳмонов 2005–2012, Нуриддин Саидов 2012–2020, Муҳаммадюсуф Имомзода аз 2020.

                                     

5. Сарчашма

  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.