ⓘ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                     

ⓘ Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти энергети́ка ва захираҳóи оби Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро анҷом медиҳад. Вазорат дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

                                     

1. Таърих

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар асоси табдили Вазорати энергетика ва саноат ба Вазорати энергетика ва захираҳои об таъсис дода шудааст. Пешбурди масъалаҳои энергетика дар доираи мақоми алоҳида ҳамчун Вазорат аз соли 2000 бо тасвиби фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000, №422 "Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" оғоз гардидааст. Бо ин фармон Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он то соли 2006 фаъолият намудааст. Соли 2006 тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Вазорати энергетика ба Вазорати энергетика ва саноат табдил дода шуда, ба зиммаи он масъалаҳои марбут ба саноат низ вогузор карда шуданд.

                                     

2. Таъсис

Аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Муқаррар карда шавад, ки вазифаҳои марбут ба саноат аз доираи ваколатҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, иҷрои вазифаҳои марбут ба пешбурди сиёсати об аз Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
  • Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шавад.
                                     

3. Сохтори дастгоҳи марказӣ

  • Раёсати захираҳои об
  • Шуъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ
  • Роҳбарият
  • Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
  • - Раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об;
  • - Шуъбаи таҳлил, мониторинги нерӯгоҳҳои хурд аз рӯи тамоми манбаҳо
  • Бахши иҷозатномадиҳӣ
  • Шуъбаи ҳуқуқ
  • Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об
  • Раёсати корҳо
  • - Раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикӣ
  • - Шуъбаи истеҳсол, хатҳои интиқол ва танзими истифодабарии барқ
  • Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ
  • Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
  • Раёсати электроэнергетика
  • Раёсати иқтисод ва дурнамо
  • - Шуъбаи умумӣ
  • Бахши котибот
  • - Раёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об, рушди илму техника
                                     

3.1. Сохтори дастгоҳи марказӣ Нақшаи идоракунӣ

  • Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
  • Дастгоҳи марказӣ
  • Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика
                                     

3.2. Сохтори дастгоҳи марказӣ Номгӯи корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат

  • Муассисаи давлатии "ТоҷикНИИГиМ" Пажуҳишгоҳи илмии тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия
  • Раёсати болодарёии иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби "Амударё"
  • "Кӯдакистони №133 Бойчечак дар ноҳияи Сино
  • Шуъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали "Дӯстлик"-и Даштҳои ташналаб
  • Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон"
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ"
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
  • Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"
  • Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ"
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафту газ"
  • Филиали тоҷикистонии Маркази илмию иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ
  • Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва захирҳои об"
  • Котиботи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об


                                     

4. Сарчашма

  • Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - 676 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.


                                     
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
  • давлатии таълимии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон - и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Соли 2016 дар рӯзи дуюми