ⓘ Бонки миллии Тоҷикистон

                                     

ⓘ Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни 1991 дар заминаи Идораи Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Соли 1991 "Бонки мил­лии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон" ва соли 1996 "Бонки миллии Тоҷи­кис­тон" ном гирифт.

                                     

1. Мақсаду вазифаҳо

Мақсадҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

  • мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
  • нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо дар доираи са­ло­ҳияти худ;
  • ни рушду таҳкими низоми бонкии мамлакат;

Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • тавозуни пардохти давлатро тартиб медиҳад;
  • таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ анҷом дода, дар асоси он ба Ҳукумати Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти ҷомеа мерасонад;
  • низомҳои пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва хидматрасониҳои пулиро дар Тоҷикистон ташкил намуда, фаъо­ли­яти онҳоро танзим ва назорат менамояд;
  • ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
  • барои ташкилотҳои қарзӣ мақоми қарз­ди­ҳан­даи ни­ҳоӣ мебошад;
  • ба таври инҳисорӣ монополӣ интишор эмис­си­яи-и пулро амалӣ намуда, ба гардиш даровардан ва аз муомилот гирифтани онро ба роҳ мемонад;
  • барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва таш­ки­лот­ҳои қарзии ғайрибонкӣ иҷозатнома дода, фаъолияташонро танзиму назорат менамояд;
  • захираҳои байналмилалиеро, ки дар ихтиёр дорад, ни­гоҳ­­­дорӣ ва идора менамояд;
  • сиёсати пулию қарзии Тоҷикистонро таҳия ва амалӣ менамояд;
  • аз номи Тоҷикистон ба худ уҳдадориҳо гирифта, ама­лиётеро, ки аз ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои бонкию муносибатҳои пулӣ мувофи­қи шартномаҳои байналми­ла­лӣ бармеояд, иҷро мекунад;
  • амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

амалиёти дигари бонкӣ ва вазифаҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ мекунад, иҷро менамояд.

                                     

2. Вазъи ҳуқуқӣ

Асоси қонунгузории бонкии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷи­кистон" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ташкил медиҳанд. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, усулҳои ташкили он, вази­фа­ҳои асосӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақ­саду воси­таҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ, усулу тарз­ҳои танзиму назорати бон­кӣ, тартиби таҷдиди сохтор ва барҳам додани муас­сисаҳои қарзӣ, ташкили гардиши пу­лу ҳи­соб­баробарӣ ва дигар вазифаву ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон" муайян мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон моликияти Тоҷикистон бу­да, дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон мас­ъул аст.

                                     

3. Ваколатҳо

Бонки миллии Тоҷикистон шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, метавонад ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ташкилотҳоеро, ки дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мебошанд, таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё амволи дигарро ба даст орад, ки барои таъмини фаъолияти вай заруранд.

Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.

Давлат ҳимояи ҳуқуқи амволии қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад амвол, фондҳо, воситаҳои пулии онро мусодира намояд,0 ё сармояи оинномавии онро кам кунад.

Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил карда, ба амал мебарорад ва дар доираи салоҳияте, ки ба вай қонун додааст, соҳибихтиёр аст. Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амалӣ намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шӯъбаҳо ва намояндагиҳо кушояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, хизматҳои бонкӣ расонад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ ӯҳдадориҳо гирад ва амалиётро, ки ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ вобастаанд, иҷро намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад, ки вай фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъйин ва аз вазифа озод намудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вайро тасдиқ мекунад, ҳисоботи солонаи пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро баррасӣ менамояд.



                                     

4. Пулҳо

Бонки миллии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 26 октябри 2000, № 415 соли 2000 пули миллии кишвар - Сомонӣ ва дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон аз 28 августи 2001 ва аз 3 сентябри ҳамон сол тангаҳои филиззии арзишашон 1, 3, 5, сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 дирамро ба муомилот баровард. Ислоҳоти мазкур анҷоми мантиқии давраи барқароршавии шабакаи бонкӣ, барпо намудани сиёсати пулию қарзӣ ва ташкилшавии низоми миллии пулӣ гашта, барои рушду такомул, вусъату инкишофи ҳаматарафаи бахши молиявии иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат кард.

                                     

5. Дастовардҳо

Бонки миллии Тоҷикистон соли 1997 бо мақсади инкишофи низоми пардохт дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ барномаи густардаи "Омо­дасозии ҷадвалҳои ҳисоботии гардиши пул дар Ҷумҳу­рии Тоҷикистон" ва Низомнома "Дар бораи ташкили ҳи­соббаробаркунии байнибонкӣ аз рӯи низоми пардохтҳои электронӣ" -ро таҳия ва дар амал татбиқ намуд. Моҳи ию­ли 1999 ба узвияти Созмони байналхалқии SWIFT қа­бул ва ба системаи INTERNET ҳамроҳ гардид, ки дар низоми бонкии Тоҷикистон воқеаи муҳим ба ҳисоб меравад.

                                     

6. Сарчашма

  • Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - 676 с. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.


                                     
  • Низоми бонкии Тоҷикистон - маҷмӯи ташкилотҳои кредитии дар равобити мутақобила қарордоштаи ватанӣ бо сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон Низоми бонкӣ
  • иҷозатномаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои гузаронидани амалиёти бонкӣ гирифт. Бонки рушди Тоҷикистон айни замон ба сифати бонки мунтазам рушд
  • саҳомии кушодаи Коммерсбонки Тоҷикистон тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи ҶДММ ТАҚХ Фардо бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 октябри соли 2017
  • 1994 Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери назорати он қарор дорад. Муассисони ҶСК Бонки Эсхата шахсони воқеӣ - резидентони Тоҷикистон мебошанд. Саҳҳоми
  • ҷониби бонки марказӣ Бонки миллии Тоҷикистон Тибқи Қонуни ҶТ Оид ба бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.05.1998 Бонки миллии Тоҷикистон
  • кредитии дар равобити мутақобила қарордоштаи ватанӣ бо сарпарастии Бонки миллии Тоҷикистон Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд Фарҳанги истилоҳоти
  • президенти Бонки саноати аграрии Шарқ адои вазифа кардааст. Аз декабри соли 1996 то соли 2008 ба ҳайси раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст
  • Ленин ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба сифати ассистенти кафедраи Молия ва қарз оғоз намудааст. Дар вазифаҳои раиси Бонки сохтмонии вилояти Кӯлоб
  • Соҳибкорбонк 24 августи соли 1999 бар асоси Қарори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти 15 ҳамчун бонки бисёрсоҳа дар заминаи собиқ Тоҷикбонкбизнес ба қайд
  • меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи
  • меоранд. Бонки миллии Тоҷикистон Пиров Т. Т. Фарҳанги молия ва бонкдорӣ - Душанбе: Эр - граф, 2008 - 572с - ISBN 978 - 9994 - 42 - 15 - 8 Бонки Миллии Тоҷикистон