ⓘ Варзиши сабук

Федератсияи байналмилалии варзиши сабук

Федератсияи байналмилалии варзиши сабук - созмони идоракунии ҷаҳонии варзиши сабук. Соли 1912 дар конгресси аввалин дар Стокҳолм, Шветсия асос гузошта шудааст.

Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея

Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, ғайрирасмӣ Кореяи Шимолӣ - дар забони кореягӣ Кореяи Шимолӣ меноманд, номи асосиаш Хангук мебошад ва дар қисми ҷанубиаш бештар Намхан мегӯянд. Калимаи Хан ба қабилаҳои адимаи иттиҳоди Самхан таалукдорад. Калимаи "Корея" аз номи давлати қадимаи Корё ё ин ки Когурё гирифта шуда, сархади ҳозира замонаи Кореяи Шимолӣ Чин ва Шарқи дури Русия.

Ҷаҳиш

Ҷаҳиш, як тағйири генетикӣ аст, ки сифоти зистии бархе аз афроди як гунаро тағйир медиҳад. Ба иборати дақиқтар, ҷаҳишҳо тағйироте дар таволи DNA ҳастанд. Ҷаҳишҳо метавонанд дар ҳар бахше аз DNA рух диҳанд. Дар ҳар як аз фаъолитҳои силлули назири фарояндҳои ҳамонандсозӣ, рўнависӣ, тарҷума, таркиб муҷаддад ё навтаркибии курумузумҳо ва буруз ва зуҳури иттилооти генетикӣ эҳтимоли хато ва иштибоҳ вуҷуд дорад. Дар мавридҳои нодир мумкин аст тағйири худ ба худи дар қисмате аз DNA рух диҳад. Ин тағйир, ки ҷаҳиш номида мешавад, мумкин аст тағйир дар рамз эҷод намуда ва ба тавлиди як пратарини ноқис ...

Майдон

Майдон ё стадион - иншооти варзишист, одатан аз майдони алафӣ ва ҷойҳои тамошобинон иборат аст. Инчунин майдончаҳои иловагӣ ва ҷой барои машқкунӣ ва либосивазкунии дастаҳо дорад. Майдонҳо на фақат барои варзиш, балки барои гузаронидани консерт ва дигар чорабиниҳо истифода мешаванд. Майдонҳои аввалин дар Юнони Қадим барои гузаронидани бозиҳои Олимпӣ ва дигар мусобиқаҳо варзишӣ пайдо шудаанд. Аз ҳама майдони қадимтарин дар шаҳри Олимпияи Юнон ҷойгир шуда будааст. Сараввал майдон танҳо барои мусобиқоти давидан истифода мешуд; таҷрибаи стандартикунонии андозаи майдон - 180 - 200 метр аз ҳамин ...

Донишгоҳи Аризона

Донишгоҳи Аризона - як муассисаи таҳсилоти олии ҷамъиятии иёлоти Аризона бо замини худ мебошад, ки дар соли 1885 таъсис ёфтааст. Ин муассиса ягона мактаби тиббӣ дар иёлати Аризона бо ҳуқуқи додани унвони доктори тиб мебошад. То тирамоҳи соли 2008 шумораи умумии донишҷӯён 38 057 нафарро ташкил дод. Дар соли 2017 шумораи маҳфилҳо ва ташкилотҳои донишҷӯён дар донишгоҳ аз 600 мегузарад. Донишгоҳи Аризона дар рейтинги Forbes # 1 ҷойгир шудааст. Дар донишгоҳ 1068 барномаи таҳсили рӯзона ва 87 барномаи таҳсилоти фосилавӣ мавҷуданд. Маъруфтарин дар Донишгоҳи Аризона самтҳои зерини таҳсил мебошанд ...

Фарғона

Шаҳр соли 1876 бо номи Марғелони Нав, дар масофаи 12 км аз шаҳри Марғилон, ки аз асри X маълум аст, таъсис ёфтааст. Номи ин макон бар асоси вожаи "марғ" -и тоҷикӣ - "марғзор, чаман" ба вуҷуд омадааст. Дар соли 1907, шаҳр ба шарафи ташаббускори таъсисёбии он, генерал М.Д.Скобелев номгузорӣ карда шуд. Дар соли 1924 г. шаҳр аз рӯи ҷойгиршавӣ дар водии Фарғона шаҳри Фарғона номгузорӣ шудааст.

                                     

ⓘ Варзиши сабук

Варзиши сабук - як намуди варзиш, ки ба он машқҳои давидан, ҷаҳидан, партофтан ва ғайра дохил мешаванд. Варзиши сабук яке аз намудҳои асосии варзиш буда, шахсро чусту чолок, ҷасуру моҳир, тавонову бақувват мегардонад ва барои саломатӣ, дуруст инкишоф ёфтани ӯ аҳаммияти бузург дорад. Варзиши сабук дорои намудҳои хосси гуногун буда, аксари онҳо шакли оммавӣ гирифтаанд ва ба барномаҳои Бозиҳои олимпию чемпионатҳои ҷаҳон дохил карда шудаанд.

                                     

1. Таърих

Таърихи Варзиши сабук аз мусобиқаҳои давидан дар бозиҳои олимпии Юнони Қадим соли 776 пеш аз милод шурӯъ мешавад. Таърихи Варзиши сабуки муосир аз мусобиқаи давидан ба масофаи 2 км, ки муҳассилини коллеҷи шаҳри Регбии Англия соли 1837 ташкил намуданд, ибтидо мегирад. Баъд аз ин чунин мусобиқаҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ доир мегардиданд. Дертар ба барномаи мусобиқа давидан бо монеаҳо, партофтани ашёи вазнин, аз соли 1851 ҷаҳидан ба дарозӣ ва баландӣ бо дав дохил карда шуданд. Соли 1864 байни донишгоҳҳои Оксфорд ва Кембриҷ нахустин мусобиқаҳои Варзиши сабук баргузор гаштанд, ки минбаъд ба мусобиқаҳои дуҷонибаи анъанавии ҳарсола табдил ёфтанд. Соли 1865 Клуби варзиши сабуки Лондон ва соли 1880 мақоми олии Варзиши сабук – Ассотсиатсияи дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд. Варзиши сабук дар ИМА аз соли 1868 инкишоф ёфта, ба зудӣ дар донишгоҳҳо васеъ паҳн шуд ва ин замина муҳайё кард, ки варзишгарони амрикоӣ дар солҳои баъдӣ то соли 1952 дар ҷаҳон мавқеи пешбарро ишғол намоянд. Солҳои 1880–1990 дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ассотсиатсияҳои дӯстдорони Варзиши сабук ташкил карда шуд, ки клубҳои алоҳида, лига ва мақомоти олии ҳуқуқпайдокарда оид ба Варзиши сабукро муттаҳид мекарданд. Инкишофи Варзиши сабуки муосир ба аз нав эҳё гардидани Бозиҳои олимпӣ 1896 алоқаманд аст. Имрӯз Бозиҳои олимпӣ омили тавоное барои рушди Варзиши сабук дар ҷаҳон мебошанд.

Нухустин чемпионати Руссия оид ба Варзиши сабук соли 1908 доир шуд, ки дар он 58 варзишгар иштирок намуданд. Соли 1911 Иттиҳоди умумироссиягии дӯстдорони варзиши сабук ташкил карда шуд, ки 20 лигаи варзиши Петербург, Маскав, Киев, Рига ва дигар шаҳрҳоро муттаҳид мекард. Дар даврони шӯравӣ Варзиши сабук дар Иттиҳоди Шӯравӣ инкишоф ёфт. Варзишгарони шӯравӣ дар бисёр мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон ва ҷойҳои намоён гаштанд.

                                     

2. Мақоми олии роҳбарикунанда

Мақоми олии роҳбарикунандаи Варзиши сабук Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук АБФВС мебошад, ки соли 1912 ташкил карда шудааст ва 212 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд 2013. Он қоидаҳои байналмилалии баргузор кардани мусобиқаҳоро муайян мекунад. Бо ташаббуси АБФВС мусобиқаҳои Варзиши сабук аз рӯйи барномаи Бозиҳои олимпӣ аз соли 1896, Чемпионати ҷаҳон дар толорҳои варзиш аз соли 1885, Чемпионати Аврупо дар варзишгоҳҳо аз соли 1934, Чемпионати Аврупо дар толорҳои варзишӣ аз соли 1966, Ҷоми ҷаҳон дар варзишгоҳҳо мусобиқаҳои дастаӣ; дар чор сол як бор доир карда мешаванд. Вобаста ба ин ду мавсими баргузории мусобиқаҳои Варзиши сабук мавҷуд аст: тобистонӣ ва зимистонӣ. Мусобиқаҳои тобистона дар моҳҳои апрел – октябр аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ, Чемпионати ҷаҳон ва Аврупо ва мусобиқаҳои зимистонӣ моҳҳои январ – март аз ҷумла Чемпионатҳои ҷаҳон ва Аврупо дар толорҳои варзиш баргузор мегарданд. Мусобиқаҳои гашти варзишӣ ва кросс тақвими худро доранд. Бонуфузтарин пойгаҳои марафонӣ баҳор ва тирамоҳ баргузор мешаванд. Дар мусобиқаҳои Варзиши сабук ҳамон варзишгарон ва дастаҳо ғолиб меоянд, ки дар дав ё мусобиқаи ниҳоӣ финалӣ натиҷаҳои беҳтарин нишон додаанд.

                                     

3. Мусобиқаҳо

Мусобиқаҳо оид ба ҳама намудҳои Варзиши сабук, ғайр аз марафон, гашти варзишӣ ва бисёрҳарба, якчанд давраро дар бар мегиранд: муайянкунӣ, 1/4-финалӣ, 1/2-финалӣ. Дар натиҷаи интихоб варзишгароне дастаҳое, ки дар давраи ниҳоӣ финал бозӣ мекунанд, муайян карда мешаванд. Шумораи иштироккунандагон аз рӯйи низомномаи мусобиқа муайян карда мешавад. Масалан, дар Бозиҳои олимпӣ дар ҳар қисми барнома мамлакатро метавонад камаш як ё се варзишгар дар сурати иҷро намудани меъёри пешакӣ ва дар пойгаи эстафетавӣ як даста муаррифӣ намояд. Дар барномаи Бозиҳои олимпӣ барои мардон 24 ва барои занон 23 намуди Варзиши сабук дохил карда шудааст. Барномаи чемпионатҳо дар толорҳои варзиш аз 26 намуд 13 намуди мардона ва 13 намуди занона иборат аст. Дар мусобиқаҳои расмӣ мардон ва занон якҷо ҳунарнамоӣ намекунанд. Варзиши сабук ҳамчун намуди варзиш дар ИМА, Руссия, ҶФО, Британияи Кабир, Кения, Эфиопия инкишоф ёфтааст.

                                     

4. Варзиши сабук дар Тоҷикистон

Варзиши сабук дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон инкишоф ёфта буд. Ҳамасола оид ба намудҳои Варзиши сабук мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешуданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ ва байнал­милалӣ иштирок мекарданд. Нахустин варзишгари то­ҷик, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби ИҶШС дар Бозиҳои олимпии Мехико 1968 дар дави марафонӣ иштирок кард, Муҳаммад Шокиров буд. Г. Панигкин, А. Черенков, В. Шадгинев, П. Селезнёв, А. Арапенко, Х. Ижаев, М. Шадновский, Ш. Исоев, Б. Кателников, Т. Худойбердиев, Д. Аббосов, У. Хайруллоев, Ю. Иванов, В. Виноградский, М. Кажемякин, И. Дуров, З. Раҳматуллоева, М. Шокиров ва дигарон аз ҷумлаи варзишгарони номдори Тоҷикистон дар намудҳои Варзиши сабук буданд. Варзиши сабук дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол рушд кард. Дар ҷумҳурӣ асосан чунин намудҳои Варзиши сабук, ба монанди гурзпартоӣ, давидан ба масофаҳои кӯтоҳ, дароз ва миёна, давидан бо монеаҳо инкишоф ёфтааст. Варзишгарони Тоҷикистон пайваста дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Андрей Абдувалиев дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок намуда, дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпӣ 1992, Барселона, ҷаҳон 1993, 1995 ва соҳиби Ҷоми ҷаҳон 1994 гардид. Г. Дадабоева дар се Олимпиада дар дави марафонӣ, С. Забавский дар Бозиҳои олимпии соли 2000 дар дави марафонӣ иштирок намуданд. Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ соли 2003 чемпиони Бозиҳои Осиёи Марказӣ, соли 2006 дар Дуҳа Қатар ва соли 2010 дар Буанҷоу Хитой чемпиони Бозиҳои Осиё гардид. Г. Митяева чемпион ва ҷоизадори чемпионати Осиё байни наврасон буда, дар Бозиҳои олимпии Пекин 2008 иштирок кардааст. А. Эшбеков дар чемпионати Осиё ва С. Хоҷаев дар чемпионати ҷаҳон 2009, медали нуқра дар гурзпартоӣ байни наврасон соҳиби ҷоиза гардидаанд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 ҳар сол Дави миллӣ ва дар шаҳри Душанбе аз соли 2010 ниммарафони байналмилалӣ баргузор мегарданд.



                                     

5. Адабиёт

  • Сияркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. Д., 1968;
  • Латипов Н., Мирзоев А. Душанбе – спортивный город. Д., 2004.
  • Школа легкой атлетики. 2 изд. М., 1968;
                                     

6. Сарчашма

  • Варзиши сабук // Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.