ⓘ ТВ Футбол (Тоҷикистон)

                                     

ⓘ ТВ Футбол (Тоҷикистон)

"Футбо́л" - шабакаи телевизионии умумимиллии футболи Тоҷикистон. Пахши шабакаи телевизионӣ шабонарӯзӣ аз 21 феврали соли 2017 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон, дар возеҳияти баланд HD анҷом мешавад. Мансуб ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Забони асосии шабакаи телевизионӣ - тоҷикӣ, ҳамчунин қисме аз пахш ба забони русӣ бурда мешавад.

                                     

1. Таъсис

Дар бораи шабакаи телевизионии футбол дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2015 гуфта буданд. Дар моҳи январи соли 2017 дар ВАО маълумот дар бораи дар оянда кушодани шабакаи телевизионии "Футбол" дар формати HD пайдо шуд. Асосгузори шабакаи телевизионӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Шабакаи телевизионӣ дар режими озмоишӣ ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ифтитоҳи расмии 21 феврали соли 2017 аз тарафи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оғоз шуд.

Шабакаи телевизионии "Футбол" на фақат вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали Футболи Тоҷикистон, балки чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё - лигаи чемпионҳо ва Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё, чемпионатҳои миллии кишварҳои Осиёро инъикос мекунад. Дар эфири шабакаи телевизионии "Футбол" бозиҳои шавқовару мафтункунандаи Лигаи чемпионҳо ва Ҷоми УЕФА, Премер-лигаи Англия, Ла лигаи Испания, бозиҳои "-Серия А"-и чемпионати Италия, Бундеслигаи Олмон, Лигаи аввали футболи Франсия, Ҷоми Амрико Сентенарио, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд. Дар эфири шабакаи нави телевизиони махсусгардонидашудаи футбол, инчунин барномаҳои ҳирфавӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқа ва тозазуҳури футбол, аз таърих ва фаъолияти тиму клубҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд.

                                     
  • ТВ Тоҷикисто н ҳамчунин машҳур ба ТВТ, Шабакаи авва л, Шабакаи Якӯм, Шабакаи 1 - шабакаи телевизионии давлатӣ ва умумимиллии Тоҷикистон Телевизиони
  • ТВ Сафина ҳамчунин шинохта ба ТВСHD Телевизиони Сафина - шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина мувофиқи
  • ТВ Шаҳнавоз ҳамчунин машҳур ба ТМТ - шабакаи телевизиюнии давлатӣ ва миллии Тоҷикистон ТВ Шаҳнавоз 13 ноябри соли 2017 2006 дар шаҳри Душанбе ба
  • ТВ Баҳористо н - муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон Баҳористон 4 сентябри
  • мебошанд.. Тоҷикистон Сафина Баҳористон Ҷаҳоннамо Синамо Шаҳнавоз Илм ва табиат Варзиш Футбол ТВ Пойтахт ТВ Суғд ТВ Хатлон ТВ Кулоб ТВ Бадахшон ТВ АНТ ТВ Мавҷи
  • ТВ Илм ва табиат - бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат 14 апрелии соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - ТВ Илм ва табиат ба фаъолият
  • Варзи ш ТВ Varzish TV - телешабакаи давлатӣ, умумимилаллӣ варзишии Тоҷикистон Барномарезиаш 24 - соата, аз 1 марти соли 2016 дар ҳудуди тамоми Тоҷикистон Дар