ⓘ Адабиёти илмии оммавӣ

Донишгоҳи Корнелл

Донишгоҳи Корнелл - яке аз бузургтарин ва машҳуртарин донишгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида мебошад, ки ба Лигаи Айви дохил шудааст. Шаҳраки ин донишгоҳ дар шаҳри Итакаи Ню-Йорк ИМА ҷойгир аст. Донишгоҳ соли 1865 аз ҷониби Эзра Корнелл, соҳибкор ва яке аз асосгузорони саноати телеграф ва Эндрю Вайт, олим ва сиёсатмадори маъруф таъсис ёфтааст. Донишгоҳ моликияти хусусист, вале инчунин аз ҷониби иёлати Ню-Йорк сарпарастӣ карда мешавад. Донишгоҳ аз ҳафт коллеҷи бакалаврӣ ва ҳафт мактаби баъдидипломӣ иборат аст: тиббӣ, байторӣ, муҳандисии баъдидипломӣ ва ғайра. ва ғайра дар шаҳраки асосии он ҷойгир шуд ...

                                     

ⓘ Адабиёти илмии оммавӣ

Адабиёти илмии оммавӣ - як навъ осори адабӣ-бадеист, ки дар он аз илму кашфиёти илмӣ дар соҳаҳои улуми табиӣ, иҷтимоӣ ва ғайра сухан меравад. Ин қабил асарҳо бо забони содаву ба фаҳми хонандаи одӣ наздик навишта мешаванд. Масалан, имрӯз агар пажӯҳиши илмӣ дар шакли диссертатсия ва монографияи илмӣ барои доираи маҳдуди хонандагон, аҳли илм пешниҳод гардад, ҳамон мавзӯъ ва пажӯҳишро худи муаллиф ё ягон нависанда, адиб метавонад барои оммаи васеи хонандагон навишта, пешниҳод бикунад. Дар адабиёти илмии оммавӣ инчунин асарҳо оид ба татбиқи кашфиёти илмӣ дар истеҳсолот, рушди тадқиқоти илмӣ, хусусияти иҷтимоӣ пайдо кардани илм сухан меравад. Дар адабиёти ҷаҳон, аз давраи атиқа, адабиёти Шарқ ва Европа, осоре ба сабку тарзи нигориши адабиёти илмии оммавӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар адабиёти форс-тоҷик аз замони қадим ва дар асрҳои миёна адабиёти илмии оммавӣ вуҷуд дошт. Ба қатори ин навъ осор "Донишнома" -и Ҳаким Майсарӣ, "Шуморнома" -и Айюби Табарӣ, "Донишнома" -и Ибни Сино, "Ҷомеъ-ул-ҳикматайн" -и Носири Хусрав, "Нисоб-ус-сибиён" -и Абунасри Фароҳӣ, "Мифтоҳ-ул-ҳисоб" -и Ғиёсуддини Кошӣ ва ғайраро дохил метавон кард. Дар адабиёти муосири тоҷик таълифи осори адабиёти илмии оммавӣ аз эҷодиёти С. Айнӣ оғоз ёфтааст. С. Айнӣ силсилаи мақолаҳо, асарҳои публитсистӣ, илмии ба фаҳми омма наздик оид ба таърихи адабиёту маданияти тоҷик, намояндагони номвари он таълиф кард. Намунаҳои осори адабиёти илмии оммавӣ инчунин рисолаҳои С. Улуғзода "Пири ҳакимони Машриқзамин", Раҳим Ҳошим, "Сухан аз устодон ва дӯстон", "Ҳайкали назм", "Сино", "Абурайҳони Берунӣ", А. Афсаҳзод "Ҳофизнома", "Ифтихори Шарқ", А. Турсон "Инсон, атом, кайҳон", "Банди фалак", "Қирони Саъд", "Эҳёи Аҷам", А. Абдуллоев "Адиб Собири Тирмизӣ. Очерки илмию бадеӣ", "Абулқосими Фирдавсӣ. Очерки илмию бадеӣ" ба шумор мераванд. Дар фолклоршиносии тоҷик чопи матнҳо ба тарзи илмӣ ва илмии оммавӣ вуҷуд дорад. Масалан, маҷмӯаҳо бо номи "Куллиёти фолклори тоҷик" чопи илмианд, китобҳои "Фолклори тоҷик", "Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон", "Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб", "Фолклори Норак", "Афсонаҳои Самарқанд", "Фолклори диёри Восеъ" ва ғайра чопи илмии оммавӣ ба шумор мераванд. Китобҳо ва маҷаллаҳое, ки аз ҷониби ҷамъияти "Дониш" нашр мешаванд, осори адабиёти илмии оммавӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон инчунин маҷаллаи илмии оммавии "Илм ва ҳаёт" чоп мешавад. Дар собиқ ИҶШС маҷаллаи умуми иттифоқии "Наука и жизнь" нашр мешуд ва дар тамоми қаламрави ИҶШС паҳн мегардид. Инчунин ба қатори нашрияҳои Адабиёти илмии оммавӣ силсилакитобҳоро дохил метавон кард, ки ба забони русӣ бо номи "Жизнь замечательных людей" ба табъ мерасиданд ва дар тамоми ҷумҳуриҳои ИҶШС паҳн карда мешуданд. Дар ин силсила дар бораи Ҷалолуддини Румӣ, Умари Хайём асарҳо ба табъ расидаанд. Дар қомуснигории собиқ ИҶШС ва Россияи имрӯза нашри донишномаҳои илмӣ, соҳавӣ вуҷуд дошт ва идома дорад. Дар баробари донишномаҳои илмӣ, донишномаҳои барои кӯдакон, наврасон, талабагони мактабҳои миёна ва донишҷӯён таъйингардида аз қабили "Детская энциклопедия", "Что такое? Кто такой?", китоти 1 - 2, М., 1968), "Энциклопедический словарь юного литературоведа", "Энцик­лопедический словарь юного филолога" ва ғайра ба табъ расидаанд.

                                     

1. Сарчашма

  • Адабиёти илмии оммавӣ // А - Асос. - Д.: СИЭМТ, 2011. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011 - 2017, ҷ. 1. - ISBN 978-99947-33-45-3.