ⓘ Нерӯгоҳи барқи обии "Хоруғ"

                                     

ⓘ Нерӯгоҳи барқи обии "Хоруғ"

Нерӯгоҳи барқи обии "Хоруғ" - дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. НБО "Хоруғ" дар соли 1970 ба истифода дода шуда, 5-то дастгоҳи он ҳамагӣ 9000 кВт барқро истеҳсол мекунанд.

                                     

1. Таърих

19 марти соли 1933 бюрои КМ ҲКб Тоҷикистон хоҳиши бюрои обкоми ВМКБ-ро дар бобати бунеди неругоҳи барқӣ ба инобат гирифт. Ба Нарком вазири хоҷагии коммуналӣ супориш дод, ки карори КМ ҲКб Тоҷикистонро дар бобати бунеди неругоҳи барқӣ дар Помир иҷро намояд.

Дар натиҷаи кушишҳои Ҳукумати ВМКБ баҳори соли 1934 дар Бадахшон нерӯгоҳи дизелӣ ба кор даромад. Нерӯгоҳи дизелӣ имконият дод, ки муассисоти давлатӣ, беморхона нонвойхона ва алоҳида хонаҳои шаҳри Хоруғ чароғон гардад. Баробари ин пайдост, ки нерӯгоҳи дизелӣ хеч гоҳе имконият надорад, ки ба рушди саноатӣ ва муассисаҳои хизматрасонӣ мусоидат намояд. Ҳукумати вилоят 10 марти соли 1934 масъалаи бунеди нерӯгоҳи барқии Хоруғро мавриди муҳокима қарор дода, таъкид кард ки кудрати нерӯгоҳи баркӣ бояд аз 1000 кВт кам набошад. Ба ин хотир кумиссиюни давлатӣ таъсис дода шуд. Ҳукумати вилоят ба хотири ҳар чи тезтар сомон ёфтани кор фикру дархости кумиссиюнро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард. Ҳукумати Тоҷикистон 24 августи соли 1934 фикру андешаҳои кумиссиюни Ҳукуматӣ бунеди нерӯгоҳи баркии Хоруғро бо кулӣ чузъиёташ тасдиқ кард. Яъне 1000 кВт арзиши бунёди неругоҳи баркӣ 2296 сӯм буд.

26-уми октябри соли 1939 Ҳукумати вилоят масъалаи рафти кор дар нерӯгоҳи баркии Хоруғро мухокима намуда, қайд кард, ки таввасути имдоди Ҳукумати ҷумхурӣ соли 1939 то ҳолати 25 октябр иҷрои нақшаи солона 104.8 дар сад иҷро гардид. Дар сохтмон ба ҷойи 3400 ҳазор дар нақша пешбини шуда 3522.4 ҳазор сум корҳо сомон дода шуд.

                                     

2. ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ"

Баъди таъсисёбии ҶСК Ширкати "Помир Энерҷӣ" азнавсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва системаи идоракунии он амалӣ гардид. Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши НБО-и "Хоруғ" ду намуди ситема – системаи ПУМА – панели идоракунӣ бо дастгоҳҳои хурд, ва системаи САУ - тарзи идоракунии автоматикии гидроагрегатҳо ҷорӣ гардид.

                                     
  • Хазинаи рушди Оғохони IV Имрўз НБО Хоруғ дорои 4 агрегат бо иқтидори умумии 28 МВт мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ Сомонаи ҶСК Помир Энержӣ
  • муддати 5 сол интихоб мешавад. Баъд аз ба истифода супоридни Нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ 1970 ва НБО Помир - 1 2005 дар вилоят имконияти ба кор даровардани
  • Варзоб - 2 ва Варзоб - 3 - бо иқтидори умумии 25, 7 МВт. 1.10. Нерӯгоҳи Помир - 1 1.11. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо
  • Осиёи Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавул, Норак, Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба
  • созанд. Аҳамияти махсусро дар инкишофи саноати маҳаллӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ январи 1941 иқтидори он 100 квт соат бозид. Аввали соли 70 - ум