ⓘ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 август

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 2 август 1945 - ба охир расидани конфроси Иттиҳоди зидди фашистӣ дар ш.Потсдами Олмон. 1934 - баъд аз марги рейхспрезидент Гинденбург, Адолф Ҳитлер ҳамчун фюрери Олмон эълон мешавад. 1946 - ба қатл расонидани генерал-лейтенант А. А. Власов, фармонбари Армияи озодкунандаи Рус РОА. 1990 - Таҷовузи қувваҳои мусаллаҳи Ироқ ба Кувайт. 1870 - дар Лондон нахустин метрои зеризаминӣ дар ҷаҳон кушода шуд.

                                     

ⓘ Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ миллӣ гардонида нашудаанд. Пешниҳоди идкунии "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ибтидои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба миён омадааст. 23 феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни "Фронти халқии Тоҷикистон", ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Хукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт ш. Душанбе паради низомӣ баргузор гардид. Дар он намоиш аз "Фронти халқии Тоҷикистон" ҷониби кумондони "Фронти халқии Тоҷикистон" дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф карда шавад.

                                     

1. Баргузории ид

23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томхои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Бонувон ва духтарон дар арафаи ид мардону ҷавононро табрик мекунанд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

                                     

2. 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ

23 феврали соли 2013 дар Тоҷикистон - 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Паради ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзи ид, дар Душанбе баргузор гардид. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томхои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ шуда гузаштаанд. Парад бо фармони вазири мудофиаи генерал Шералӣ Хайруллоев ва фармондеҳи қувваҳои замин генерал Латиф Файзиев фармон дод.

                                     
  • истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон jpeg Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки
  • гирифта мешавад. Белорус Русия - День защитника Отечества Тоҷикистон - Рӯзи Артиши Миллии Тоҷик - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қирғизистон
  • Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. 7
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои зерини ид қонунӣ гардонида шаванд: 1 январ - Соли нави мелодӣ 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март
  • Коллеҷи мазкур бори нахуст 23 феврали соли 1993 дар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди ҳарбӣ ёд намуда, дар гузаронидани намоиши
  • миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - воҳиди мустақили ҳарбии таъйи ноти махсус ва бевосита ба Президент - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Му сал лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • пешниҳод мекунад 23. Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ
  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаҳои тахассусии мақомоти прокуратура, дараҷаҳои тахассуси мақомоти суд, ки барои ишғоли вазифаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ
  • сосиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА ва 1 май асосан намоишҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва роҳпаймойии коллективҳои меҳнатӣ баргузор дар пойтахтҳои ҷумҳуриҳои
  • Мақолаи асосӣ: Идҳои Тоҷикистон 1 январ - Соли нави мелодӣ 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март - Рӯзи модар 21 - 24 март