ⓘ Ӯктамҷон Воҳидов

                                     

ⓘ Ӯктамҷон Воҳидов

Ӯктамҷон Воҳидов соли 1977 факултаи иқтисоди Университети давлатии Тоҷикистон ва 1983 аспирантураи онро хатм кардааст. Солҳои 1977 - 1995 дар кафедраи иқтисоди сиёсии Университети давлатии Тоҷикистон ба сифати ассистент, муаллим ва дотсенту профессори кафедраи иқтисоди сиёсӣ заҳмат кашидааст. Аз соли 1996 то поёни умр мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд. Ба масъалаи иқтисоди минтақавӣ, маљмааи хоҷагидории минтақавӣ, дигар паҳлўҳои иқтисоди ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ намуда, қариб шаст таълифоти илмӣ ба хидмат овардааст. Саҳмаш дар тарбияи мутахассисони ҷавон калон мебошад.

                                     

1. Осор

  • Региональная экономика. - Д., 1989;
  • Региональный хозяйственный комплекс. - Д., 1990;
  • Оптимизация хозяйственного комплекса Таджикистана. Основы экономического суве-ринитета: диссертация доктора эконом. наук. - Санкт-Петербург, 1992.
  • Хозяйственный комплекс Таджикистана как составная часть единого народнохозяйственного комплекса. - Л., 1983;
  • Основы экономической теории. - Д., 1999;
                                     

2. Адабиёт

  • Воҳидов Ӯктамҷон // Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008.
  • Российско-Таджикский Славянский университет: вчера, сегодня, завтра. 1996 - 2016. - Душанбе, 2016.