ⓘ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ 10 марти соли 1983 дар ноҳияи Вахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилоти ибтидоиашро солҳои 1989-2000 дар мактабҳои миёнаи №3 ва мактаби интернати ҳамин ноҳия гирифта, онро бо баҳои "аъло" хатм намудааст. Соли 2000 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 факултети номбурдаро бодипломи "аъло" бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм мекунад. Соли 2006 мувофиқи тақсимоти давлатӣ ӯ ба сифати аспиранти шуъбаи рӯзона фаъолияти илмии худро шуруъ намуда, соли 2010 бо ҳим ...

Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон

Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон-حزب وحدت تاجیکستان-Unity Party of Tajikistan 13 ноябри 2001 бо изҳороте бо воситаи ВАО барои таъсиси Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи зиёиён, хабарнигорон ва ҷавонони муассис: Саидиён Ҳикматуллоҳ, Бекмуҳаммадов Нусрат, Пиров Ҳасан, Камолов МЭЛС, Саъдуллоҳи Мӯсо, Баҳори Лоиқ, Шариф Комил, Толиб Солиҳ, Аҳмадшоҳ Комилзода, Бӯрихон Маҷнун, Раҳматуллоев Р., М. Идиев, Латифова Соҳибгул, Ғозаков А., Муҳаммадиев Илҳом ва дигарон дарак дода шуд. Ҷонибдорони ин ҳизб чун пайдо шуданд зиёда аз 1000 нафар Анҷумани Муассисони ҲВТ рӯзи 30 марти 2002 дар шаҳри Душанбе ...

                                     

ⓘ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Донишгоҳ соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои литсензияҳои давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

                                     

1. Таърих

  • Аз 1 сентябри соли 1948 ба фаъолият сар кардааст.
  • 21 марти соли 1947 бо қарори Совети Вазирони ИҶШС ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таъсис ёфтааст.

Соли нахустини таълим дар Университет дар бинои таълимии Институти омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гашт. Баъд аз як сол - 1949 бинои собиқ Кумитаи ҳизбии вилояти Сталинобод воқеъ дар хиёбони марказии шаҳр ба ихтиёри Донишгоҳ дода шуд, ки он ҳоло чун бинои асосӣ маъруф аст. Аз 1 августи соли 1948 дар Донишгоҳ 13 кафедра: кафедраи марксизм-ленинизм, кафедраи таърих, кафедраи забон ва адабиёти рус, кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, кафедраи геологияи умумӣ, кафедраи математикаи умумӣ, кафедраи химияи умумӣ, кафедраи зоологияи умумӣ, кафедраи ботаникаи умумӣ, кафедраи физикаи умумӣ, кафедраи забонҳои хориҷӣ, кафедраи тайёрии ҳарбӣ ва инчунин кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба фаъолият сар карданд.

Соли 1948 дар ҳайати университет се факултет: геологӣ-хокшиносӣ декан профессор А. С. Раевский, биология декан профессор В. А. Ратсиборский ва таъриху филология декан- Т. П. Маниулова ташкил ёфтанд. Дар байни 200 нафар шогирдони ба курси авввал дохилшуда, 110 нафарро ҷавонони тоҷик ташкил медоданд. Дар курси дуюми шуъбаи биология 50 нафар таълим мегирифтанд. Теъдоди устодон бошад, аз 17 кормандони доимӣ ва 19-нафар соатбаъйҳо иборат буд. Таърихи Донишгоҳи давлатии Тољикистонро бе номи ректорони он, аз ҷумла аввалин ректори он Зариф Шарифович Раҷабов 1906 - 1991 наметавон тасаввур кард. Зариф Раҷабов дар вазифаи ректор аз 27 феврали соли 1948 то 20 январи соли 1954 корщои зиёд ба анҷом расонида, тащкурсии боэътьимоди Донишгоҳро барои солҳои минбаъда гузошт.

Нахустин хатмкунандагони аълохони шуъбаи таърих - Рауф Дадабоев, Ҳомидҷон Аҳмадов, Элмурод Саидов, аз шуъбаи филологияи тоҷик - Кимиё Шукурова, Хуршеда Отахонова, Муҳаммадвафо Бақоев, Исмоил Саидов; аз шуъбаи геология - Наримон Мадалиев, Эркин Тоҳиров ва бисёр дигарон барои кор дар Донишгоҳ пазируфта шуданд, Гурӯҳи дигари хатмкунандагони аълохон барои кор ба дигар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд.

Талаботи рӯзафзуни хоҷагии халқи мамлакатро ба инобат гирифта, с. 1956 дар заминаи факултети табиатшиносӣ факултетҳои геология, биология, с. 1959 химия, с. 1965 факултети физика, механикаву математика ташкил шуданд. Мувофиқи талаботи замон соли 1963 факултети забон ва адабиёти рус, с. 1966 дар заминаи факултети таъриху филология факултети таърих декан М. Б. Бобохонов, филогогияи тоҷик декан М. Н.Қосимова ва соли 1970 факултети филологияи Шарқ декан ҳ.К.Каримов факултети иrтисодӣ 1976, декан Т. Н. Назаров, факултети баплангирии иrтисодӣ 1980, декан Г. Б. Бобосодиқова ва факултети базисобгирии молиявӣ 1980, декан "Қ.Қурбонов таъсис ёфтанд. Дар ин муддат теъдоди муаллимони унвондор афзуд. Аз соли 1951 то соли 1997 дар нӯҳ шӯроҳои дифои рисолаҳои диссертатсионии Донишгоҳ 1019 нафар рисолаҳои илмии худро барои дарёфти унвонҳои номзадиву докторӣ ҳимоя намуданд.

  • Соли 1997 - Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ДМТ номгузорӣ шудааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияташ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми хешро гузоштааст. Ба донишҷӯёни донишгоҳ олимони намоёни ҷумҳурӣ таълиму тарбия медиҳанд. Биноҳои таълимии донишгоҳ, аввал дар маркази Душанбе, дар якчанд биноҳои алоҳида ҷойгир буданд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум шаҳраки донишгоҳ дар мавзеи Бунни Ҳисорак қомат рост кард. Ҳоло аксарияти факултаҳо ва лабораторияҳои донишгоҳ дар ин мавзеъ фаъолият мебаранд. Ба сохтори донишгоҳ - 17 факултет, нашриёт, китобхонаи илмӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, боғи ботаникӣ дохил мешаванд соли 2008. Шумораи донишҷӯён 18200 наф., кормандони илмӣ-омӯзгорӣ тахминан 1200 наф. аст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илми иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъйин карда шуд

                                     

2. Профессорону омӯзгорон

Дастпарварон ва профессорону омӯзгорони тахминан 1200 наф. варзидаи донишгоҳ дар комёбиҳои илму маорифи Тоҷикистон саҳми хешро гузоштаанд.

Муфассал нигаред:

  • Фаёз Ҳакимов
  • Муҳиба Якубова
  • Шаҳбозбек Кабиров
  • Моёншо Назаршоев
  • Нуриддин Саидов
  • Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич
  • Маҳкам Маҳмудов
  • Пайванди Гулмуродзода
  • Нусрат Раҷабов
  • Фотеҳ Ҳакимов
  • Абдулҳаким Ғафуров
  • Абдураҳмон Бухоризода
  • Пӯлод Бобоҷонов
  • Малика Зикриёева
  • Фозил Тоҳиров
  • Гулсара Бобосодиқова
  • Ҳотам Аъзамқулов
  • Равшан Раҳмонӣ
  • Роҳат Набиева
  • Мадиброҳим Норматов
  • Мисбоҳиддини Нарзиқул
  • Раҳматулло Мирбобоев
  • Таваралӣ Ғаниев
  • Воҳид Асрорӣ
  • Саидмуҳаммад Одинаев
  • Муҳаммадюсуф Имомов
  • Талбак Назаров
  • Ҳаким Қурбонов
  • Мадатбек Тоҷибеков
  • Отаҷoн Акрамов
  • Ибодулло Нарзиқулов
  • Нина Семёновна Назарова
  • Ҳикмат Мӯминов
  • Зариф Раҷабов
  • Саидқул Сабзаев
  • Мукаррама Қосимова
  • Баҳриддин Камолиддинов
  • Худоӣ Шарифзода Шарифов
  • Ҳаёт Одинаев
  • Давлатбек Хоҷаев
  • Файзи Зикриёев
  • Сироҷиддин Комилов
  • Фирдавс Ҳакимов
  • Ҳасан Абдуллоев
  • Хуршеда Иномовна Бобоҷонова
  • Ҳомид Маҷидов
  • Холаҳмад Самиев
  • Фарҳод Раҳимов
  • Мамадшо Илолов
  • Иброҳим Усмонов
  • Нуриддин Мӯъминов
  • Соҳиб Табаров
  • Абдунабӣ Сатторзода
  • Шарофиддин Тӯйчиев
  • Худойназар Асозода
  • Авзалшо Зарипов
  • Маҳмадқул Каримов
  • Эшонҳон Нӯъмонов
  • Раҳматшо Маҳмадшоев
  • Карим Сангинов
  • Намоз Ҳотамов
  • Ашурбой Солиев
                                     

3. Факултаҳо

  • Факултаи журналистика
  • Факултаи биология
  • Факултаи химия
  • Факултаи физика
  • Факултаи механикаю математика
  • Факултаи филология
  • Факултаи молиявию иқтисодӣ
  • Факултаи баҳисобгирию иқтисодӣ дагаварной
  • Факултаи иқтисод ва идора
  • Факултаи муносибатҳои байналхалқӣ
  • Факултаи ҳуқуқшиносӣ
  • Факултаи тиббӣ-фарматсевтӣ
  • Факултаи таърих
  • Факултаи геология
  • Факултаи фалсафаФакултаи забон ва адабиёти рус
                                     

4. Маркази биотехнологии ДМТ

Маркази биотехнологии ДМТ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009 № 667 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707" "Таъсиси маркази биотехнологӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон" бо фармони ректори ДМТ аз 29.12.2009, дар назди Институти Пажӯҳишгоҳи илмию-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Сардори Маркази биотехнологии ДМТ - Хуршеда Иномовна Бобоҷонова н.и.б, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. 9 декабри соли 2011 озмоишгоҳҳои Маркази биотехнологии ДМТ ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Мақсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ - рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодии он мебошад. Мавзӯи илмии Маркази биотехнологии ДМТ "Коркарди тарзи тайёр намудан ва афзун гардондани маводи кӯчатии солимгардонидашудаи навъҳои маҳаллии ангур дар шароити "in vitro" аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2017 тасдиқ гардид. Коллексияи Маркази биотехнологӣ 70 навъи ангурро ташкил медиҳад.



                                     

5. Маъмурият

Ректорони ДМТ:

  • Ҳ.С. Сафиев 2001 - 2005
  • Ф. Т. Тоҳиров 1990 - 1995
  • З. Ш. Раҷабов 1948 - 1954
  • И.К Нарзиқулов 1954 - 1956
  • П. Б. Бобоҷонов 1971 - 1982
  • И. Д. Давлатов 1988 - 1990
  • С. А. Раҷабов 1956 - 1971
  • М. С. Имомов - аз 27.08.2012 - 26.01.2020
  • С.Одинаев - 2005 - 2008
  • Т. Н. Назаров 1982 - 1988
  • Х. М. Сафаров 1995 - 2001
  • Н. С. Саидов - 2008 - 2012
  • Қ.Х. Хушвахтзода - аз 27 январи соли 2020
  • Ҳ.А. Одинаев - 10.01.2012 - 28.08.2012
                                     

6. Ансамбли "Наврӯз"

Ансамбли "Наврӯз" дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1965 бо ташаббуси Амонқул Холиқназаров таъсис ёфтааст. Cоли 1966 аввалин бор иди Наврӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси ансамбли "Наврӯз" чун иди миллӣ ҷашн гирифта шуда то имрӯз ҷашн гирифта мешавад. Барномаҳои консертии ансамбли "Наврӯз"бо дар бисёр чорабиниҳо ва фестивалҳои дохили кишвар ва берун аз он, ба монанди: Германия, Полша,Туркия, Юнон, Малта, Австрия, Руминия, Италия, Испания, Гана, Того, Бенин, Нигерия, Либиё ва ИҶШС сазовори баҳои баланд гаштааст.



                                     

7. Нашрияҳои донишгоҳ

"Ба қуллаҳои дониш", нашрияи УДТ ба номи В. И. Ленин, сипас ДДМТ ва ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки 7 октябри соли 1956 бо ибтикори номзади илмҳои филология Абдулатиф Бухоризода, ки котиби кумитаи Ҳизби коммунисти Донишгоҳ буд, таъсис ёфт. Дар даврони шӯра­вӣ ҳафтае як маротиба ба ду забон - русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Аз соли 2009 бо ибтикори Донишгоҳ дар ҳаҷми 16 саҳ., нахуст моҳе ду маротиба ва аз соли 2010 ҳафтае як маротиба бо тасвирҳои рангин чоп мешавад.

Маҷаллаи "Паёми донишгоҳ" - маҷаллаи илмиву оммавӣ ва нашрияи расмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

  • Мавзӯъҳои маҷалла - нашри мақолаҳои илмӣ ва методӣ доир ба тадқиқотҳои илмии олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
  • Сармуҳаррир -
  • Ношир - редаксияи маҷаллаи "Паёми донишгоҳ"
  • Маҷалла ба андозаи А - 4, 80 −100 саҳ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ нашр мешавад.
  • муассис - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
  • Даврият - 4 шумора дар як сол.


                                     
  • Мақолаи асосӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Факултети филология - яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбӣ - соли 1948. Соли 1966
  • Мақолаи асосӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Факултети иқтисод ва идора - яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбӣ - соли 1954
  • Мақолаи асосӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази биотехнологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009
  • Мақолаи асосӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Факултети физика яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Соли 1949 ҳамчун факултети физикаю
  • типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон мудири Маркази омӯзиши забонҳо МОЗ и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилмурод
  • Донишгоҳи технологии Тоҷикистон - яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамқадами Истиқлолияти давлатии
  • кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хуршед Кабиров соли 1996 шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст
  • Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон - яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касби Тоҷикистон мебошад. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
  • Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ - технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе яке аз шуъбаҳои донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Русия дар Тоҷикистон мебошад. Филиали
  • аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шўъбаи масоили фалсафии дини Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқ ва сиёсатшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии
                                     

Корофаринии мустақил

Корофаринии мустақил фардест, ки масъулияти аввалии вай ҷамъоварии манбаъҳои лозима барои шурӯъи касбу кор аст ва ё касе, ки манбаъҳои лозим барои шурӯъ ва ё рушди касбу корро басиљ менамояд ва тамаркузи ӯ бар навоварӣ ва тавсеаи фароянд, маҳсул ё хадамоти нав мебошад. Ба иборати дигар, корофарин фарде аст, ки як ширкатро эҷод ва идора мекунад ва ҳадафи аслии он судоварӣ ва рушд аст. Мушаххасаи аслии як корофарин навоварӣ мебошад.