ⓘ Муаззам Диловаров

                                     

ⓘ Муаззам Диловаров

Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ 1968. Корманди ИЗА-и АФ ҶШС Тоҷикистон 1968‒1978, муҳаррири калони илмии редаксияи адабиёт, забон ва фолклори ЭСТ ҳоло ЭМТ; 1978‒1980, мудири ҳамин редаксия 1980‒2015. Аз сентябри 2015 муҳаррири пешбари ЭМТ. Ҳамзамон муаллими фанҳои Алифбои ниёгон ва Забони тоҷикӣ дар ДДМТ 1994‒1997 ва Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ҳоло Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон; 1997‒2012.

                                     

1. Фаъолияти эҷодӣ

Ҳамкориаш бо СИ ЭСТ аз соли 1975 оғоз ва пас аз ба кор гузаштан ба ин муассиса ривоҷ ёфт. Муаззам Диловаров олими сермаҳсул буда, тақрибан 500 мақола дар 8 ҷилди ЭСТ ба табъ расондааст. Дар "Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик" аз ҷилди дуюм сар карда мудир ‒ масъули бахши адабиёт буд. Дар ин нашрия беш аз 600 мақола навиштааст. Муаззам Диловаров мутахассиси адабиёти пешазисломӣ ва донандаи "Шоҳнома "-и Фирдавсӣ мебошад. Мақолаҳои дар ин бобат навиштаи ӯ таълифӣ-оригиналианд.

Муаззам Диловаров дар замони барқарории ИҶШС барои нашрияҳои марказӣ Маскав мақолаҳо навиштааст. Ӯ муаллифи мақолаҳо ‒ маълумотномаҳои мухтасар оид ба шоирону насрнависон, адибони гузаштаи форс-тоҷик ва муосири тоҷик дар китоби "Литературный энциклопедический словарь" М., 1987 мебошад. Дар кори донишномаҳои "Таджикистан" 1984, "Душанбе", "Кӯлоб", "Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон", "Фарҳанги мардуми тоҷик", "Энциклопедия таджикско-персидской прозы" нашрҳои Душанбе ва Алмаато чун муҳаррир ва муаллифи баъзе мақолаҳо иштирок кардааст. Муаззам Диловаров якчанд китобро, аз ҷумла "Авесто" Д., 2001; ба муносибати 2700-солагии Авесто, "Готҳо" -и Зардушт, "Бундаҳишн Д., 2006; ба муносибати бузургдошти Тамаддуни ориёӣ, "Бахтиёрнома" -и Дақоиқии Марвазӣ Д., 2008; ба муносибати Соли забони тоҷикӣ ва 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, "Самаки айёр" ду ҷилд, Д., 2003, 2004, "Рубоиёт" -и Умари Хайём Д., 2009, "Наврӯзнома "-и Умари Хайём, "Бадоеъу-л-вақоеъ" -и Зайнуддин Маҳмуди Восифиро Д., 2014 аз хатти форсӣ баргардон карда, бо муқаддима, тавзеҳот ва шарҳи луғат ба чоп расонидааст.

Маҳсули кори ӯ чун муаллим дастурҳои "Ҳуҷҷатнигорӣ Д., 2010, 2011, 2012, "Таълими қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ" Д., 2011, 2012; ҳар дуи ин китоб бо ҳаммуаллифии С. Қурбонов мебошанд.

                                     

2. Мукофоту унвонҳо

Муаззам Диловаров бо Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 1988, медали "Хизмати шоиста" 2013 сарфароз шудааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 2005, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008.

                                     

3. Осор

  • Изучение "Гат" Заратуштры парсийскими учеными // Конференция молодых научных сотрудников и аспирантов. М., 1974;
  • Авесто ‒ ганҷи шойгони эронитаборон // "Фарҳанг", 2004, № 3‒4;
  • Сопоставление сказаний о Джамшиде в "Таърихи Табари" Балъами и "Шахнаме" Фирдоуси // Конференция молодых научных работников и аспирантов. М., 1972;
  • Авесто‒донишномаи ниёгон // "Паёми фарҳангӣ", 2001, № 2;
  • ،اوستا در شاهنامه. مجلّۀ برزویه. شمارۀ ٥٧ زمستان ٣٠٠٢ میلادی در آلمان چاپ شده است
  • Авесто ва баъзе хусусиятҳои адабии он// "Мактаби советӣ", 1966, № 4;
                                     

4. Сарчашма

  • Диловаров Муаззам // Ғ - Дироя. - Д.: СИЭМТ, 2016. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 5. - ISBN 978-99947-33-67-5.