ⓘ Нерӯгоҳи барқи обии Норак

                                     

ⓘ Нерӯгоҳи барқи обии Норак

Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев НБО Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

                                     

1. Таърих

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш 2700 МВт - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нӯҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Дар заминаи нерӯи барқе, ки дар ин нерӯгоҳ ва дигар нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии тоҷик ва ғайраҳо созмон ёфт.

Баландии сарбанди НБО Норак - 300 метр то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт.

                                     

2. Обанбори Норак

Обанбори Норак дар дарёи Вахш барои таъмини НБО Норак бо об сохта шудааст. Обанбори Норак чунин параметрҳо сатҳу ҳаҷмро дорост:

  • чуқурии миёна - 107 м;
  • баландии призмаи истифодашаванда – 53 м;
  • фаррохӣ - 5 км;
  • ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10.5 км 3 ;
  • ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ – 4.5 км 3 ;
  • сатҳи максималии об – 910 м;
  • сатҳи минималии об - 857 м.
  • дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ – 70 км;
  • масоҳати обанбор – 98 км²;

То 1 январи соли 2010 НБО Норак 353.6 млрд. кВт.соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

                                     

3. Лоиҳаи "Барқарорсозии НБО "Норак"

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии НБО "Норак" оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО "Норак" таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

                                     
  • Нерӯгоҳи барқи обии Роғун НБО Роғун - нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш дар дарёи Вахш давом ёфта истодааст. Сохтмони
  • НБО Бойғозӣ 54, 3 миллиард кВт.соат барқ истеҳсол кардааст. Неругоҳи барқи обии Норак ба номи Т. Ӯлҷабоев дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони неругоҳ
  • шаҳри Норак кор кардааст. Аз соли 1992 то 1995 дар идораи сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии Норак дар шӯъбаи сохмонии махсуси обӣ - и шаҳри Норак фаъолият
  • Марказӣ Нерӯгоҳи барқии обии Норак ҳамон сол дар ҷои деҳаҳои хурди Туткавул, Норак Лангар ва деҳаи Сабур сар шуд. Сохтмони нерӯгоҳи барқии обӣ ба Норак ҳаёти
  • гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, амволи нерӯгоҳи барқи обии Норак нерўгоҳи барқи обии Роғун ва корхонаи воҳиди давлатии Ширкати Алюминийи
  • Раиси Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи Барқи Тоҷик ва солҳои 2009 - 2010 Директори Нерӯгоҳи барқии обии Норак ба номи Турсун Ӯлҷабоев кор кардааст. Аз
  • ва истеҳсол мекунад: себ, шафтолу, анор, ангур, анчир ва ғайраҳо. Нерӯгоҳи барқи обии Дустии халқҳо Баҳри тоҷик Сомонаи шаҳри Қайроққум Анбори Википедиа
  • гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, амволи нерӯгоҳи барқи обии Норак нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва корхонаи воҳиди давлатии Ширкати Алюминийи
  • созанд. Аҳамияти махсусро дар инкишофи саноати маҳаллӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ январи 1941 иқтидори он 100 квт соат бозид. Аввали соли