ⓘ Энергетикаи Тоҷикистон

Кони ангишти Ҳакимӣ

Кони ангишти Ҳакимӣ дар масофаи 52 км аз тарафи ғарбии ш. Душанбе дар мавзеъӣ қӯҳии баландиаш 1550-2100 м ҷойгир шудааст. Кони ангишт соли 1932-ӯм ошкор гардида, номукаммал омӯхта шудааст. Захираҳои дурнамои кон ба ҳаҷми 42 млн. тонна ва захираҳои баҳисобгирифта 100 ҳаз. тонна баҳогузорӣ карда шудаанд. Дар мавзеи қабатҳои ангиштдори давраи юра дуто қабати ангишт муайян карда шудаанд, ки дарозиашон ба 1.5 км мерасад. Яктои ин қабатҳо дорои аҳамияти саноатӣ буда, сохтораш оддист ва иқтидораш аз 4 то 11 м мерасад. Кунҷи афтиши қабат 400-500 буда то ба ҳадди амудӣ рафта мерасад. Навъи ангишт с ...

Кони ангишти Сайёд

Кони ангишти Сайёд дар масофаи 67 км дуртар аз тарафи Шимолу-Шарқии ш. Душанбе дар қисми Ҷанубу-Ғарбии қаторкӯҳҳои Қаротегини ноҳияи Ваҳдат, дар 10 км-и тарафи шарқии пос. Ромит дар баландии 1500-2300 метр ҷойгир шудааст. Дар қабатҳои ангиштдори давраи юра як қабати саноатии ангишти "М" мавҷуд аст, ки иқтидораш ба 1.1-17.8 метр мерасад. Кунҷи афтиши қабат 180-250 мувофиқи нишебии майдон. Майдони конро қабати гилхоки ғафсиаш 0.5-20.0 метр пӯшонидааст. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи-баҳодиҳии аввали соли 1990-ӯм гузаронидашуда минтақаи на онқадар калони кон омӯхта шуда захираҳои баҳисобгирифта ...

Кони ангишти Равнов

Кони ангишти Равнов дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзаи дарёи Оби-Равнов дар шароити баландқӯҳи душворгузар, ки баландиаш ба 2900-3500 м мерасад воқеъ буда, дар масофаи 30 км аз қисми ғарбии пос. Сағирдашт ҷойгир шудааст. Барои азхуднамоии кони ангишт лозим меояд, ки дар шароити душвори кӯҳӣ роҳи автомобилгард сохта шуда ҳар сол барқарор карда шавад. Кони ангишт аз ҷиҳати геологӣ номукаммал омӯхта шудааст. Дар солҳои 1991-92-ӯм корҳои ҷустуҷӯӣ-баҳодиҳи гузаронида шуд, ки дар натиҷа чорто қабати кории ангишт бо иқтидори аз 1.0 то 14.3 м бо дарозии 7 км муайян ка ...

Кони Ангиштсанги Зиддӣ

Кони ангиштсанги Зиддӣ дар қисми ҷанубии шохаи қаторкӯҳҳои Ҳисор дар масофаи 70 км дуртар аз тарафи шимолии ш. Душанбе ҷойгир шудааст. Аҳамияти амалии муҳимро дар кон захираҳои хокаи ба оташтобовар доро мебошанд, ки бевосита дар зер ва болои қабатҳои ангишт хобидаанд. Кони ангишти Зиддӣ аз солҳои 1920-ӯми асри XX ошкор гардида ба омӯзиши кон бошад аз соли 1939-ӯм шурӯъ карда шуд. Захираҳои ангишти кон кашф ва баҳисоб гирифта шуда аз тарафи Комиссияи марказӣ оид ба захираҳо бо чунин миқдор тасдиқ карда шуданд: В – 8396 ҳаз. тонна, С1 – 12557 ҳаз. тонна, С2 – 25069 ҳаз. тонна. Дар соли 1977- ...

Кони ангиштсанги Миёнаду

Кони ангиштсанги Миёнаду дар ноҳияи Тавилдара наздик ба сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ мебошад. Кони мазкур дар шароити мусоиди физикию-географӣ ҷойгир аст. Аз шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ то пос. Миёнаду дар масофаи 41 км роҳи беҳтаркардашудаи автомобилгарди бефарш мегузарад. Аз пос. Миёнаду то кони ангишти ҳамном роҳи муввақатии автомобилгарди бефарш дар масофаи 8 км сохта шудааст. Кони мазкур дар дарозии 20 км тӯл кашидааст. Дар обтақсимкунаки дарёҳои Миёнаду - Йохнак-дара 7-то қабати кории ангиштсаг зохир гардидааст, ки ба тарафи шарқ хобидаанд. Кон имконият медиҳад, ки анги ...

Кони ангишти коксашавандаи Фон-Яғноб

Кони ангишти Фон-Яғноб дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд дар масофаи 130 км аз тарафи Шимолу-Ғарбии ш. Душанбе ҷойгир шудааст. Кони ангишт дар масофаи 24 км қад-қади дарёҳои Яғноб ва Фон-Дарё тӯл кашида ва нишебии қаторкӯҳҳоиЗарафшон ва Ҳисорро дар баландии 1600-3600 м аз сатҳи баҳр ишғол кардааст. Дар ғафсии қабатҳои ангиштдори давраи юра зиёда аз 50 қабат ва зерқабатҳои ангишт ошкор карда шудаанд, ки аз инҳо 16-тоаш дорои иқтидор корӣ мебошанд. Кони ангишт хеле ҷолиби диққат мебошад: ангишти кон баландсифати коксашавандаи навъӣ Г газовый- газдор ва ГЖ газовый-жирный - газдор-равғандор ...

Кони антрасити Назар-Айлоқ

Кони антрасити Назар-Айлоқ дар ҳудуди ноҳияи Рашт дар масофаи 300 км дуртар аз шаҳри Душанбе дар ҷои бо ҳам пайвастшавии қаторкӯҳҳои Зарафшону Қаротегин дар шароити мураккаби баландкӯҳи баландиаш 3600-4000 м ҷойгир шудааст. Захираҳои геологӣ умуман дар кони ангишт ба миқдори 300 млн. тонна муайян карда шудааст. Дар кон оиди сохтмони кони ангишт бо иқтидори 200 ҳаз. тонна дар як сол ва заводи тозакунии ангишт, асоснокнамоии техникию-иқтисодӣ мавҷуд мебошад. Масоҳати майдони кон 25 км2-ро ташкил дода, дарозии қабатҳо зиёда ба 10 км мерасанд. Захираи дурнамои антрасит ба миқдори 450 млн. тонн ...

Кони ангишти Шӯроб

Кони ангишти Шӯроб Кони ангишти бӯри Шӯроб дар масофаи 100 км дуртар аз қисмати Ҷанубу-Ғарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Кони ангишт дар шимоли доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон тӯл кашидааст. Дар кон панҷто майдони бисёрқабатаи ангиштдор бо захираи умумии 300 млн. тонна ва захираи тарозии 130 млн. тонна мавҷуд мебошад. Ангишти кони мазкур бӯрранг буда, ашёи энергетикӣ мебошад ва ба гурӯҳи хокистарнокиаш миёна 7-17% дохил шуда ба ангишти миқдори зиёди кислотаи гуминӣ дошта тавсиф дода мешавад. Кони ангишти бӯри Шӯроб аз тарафи ҶСШК "Анг ...

                                     

ⓘ Энергетикаи Тоҷикистон

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Дар шароити имӯрза энергетикаи кишвар – аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 4.4 миллион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ садҳо подстансияи барқӣ ва нуқтаҳо трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор танҳо 6 фоизи захираҳо мавриди истифода мебошад.

                                     

1. Таърих

Истифодабари нерӯҳои энергетикӣ дар кишвар баъд аз ташклёбии ҶМШС Тоҷикистон 1924-1928 оғоз ёфтааст. Дар асоси нақшаи ГОЭЛРОИ СССР бо ташаббуси В.И. Ленин аввалин нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ дар Душанбе с. 1926, 78 кВт ва с. 1928, 48 кВт ба кор даромаданд. Қадами нахустин дар ин ҷода сохтмони НБО Варзоб - 1 гардид, ки соли 1937 бо иқтидори 7.1 ҳаз. кВт ба кор даромад. Силсилаи НБО-и Варзоб НБО Варзоб-1 с. 1937, НБО Варзоб-2 с. 1949 ва НБО Варзоб-3 с. 1952) - бо иқтидори умумии 25.7 МВт., дар дарёи Варзоб низ сохта шуданд. Соли 2006 дар инҷо корҳои тармим гузаронида шудааст. Дар солҳои 30-ум сохтмони нерӯгоҳҳои ноҳиявӣ давом мекард, ҳамагӣ 121 НБО-и хурд ба истифода дода шуд. Соли 1946 НБО Хоруғ ба истифода дода шуд. Асосан 1949 – 1958 дар деҳоту колхозҳо нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ ва 9 НБО-и хурд ба истифода дода шуд, ки ҳаҷми иқтидорашлн 6630 кВт-ро ташкил мекард. 7 апрели соли 1956 маҷрои Сирдарё дар шимоли Тоҷикистон баста шуд ва сохтумони НБО Қайроққум – бо иқтидори 126 МВт, сар шуд, ки 13 апрели соли 1960 ба истифода дода шуд. Минбаъд, НБО Шаршара 1959 – бо иқтидори 29.9 МВт, НБО Сарбанд 1063 – бо иқтидори 240 МВт, НБО Марказӣ 1964 – бо иқтидори 15.1 МВт, дар дарёи Вахш сохта шудаанд.

Соли 1957 таҳқиқи дарёи Вахш барои сохтмони бузургтарин НБО Норак – бо иқтидори 3000 МВт, сар шуд ва соли 1960 сохтмон шурӯъ гардид. Агрегати нахустини НБО Норак 16 ноябри 1972 ва арегати 9 30 сентябри соли 1979 ба истифода дода шуд. Аввалин хати барқии баландиқтидор ЛЭП-500 НБО Норак-ро бо Корхонаи арзизи Регар пайваст намуд. Солҳои 80-ум НБО Бойғозӣ– бо иқтидори 600 МВт, дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.

Дар замони истиқлоли Тоҷикистон бо ҳамкориву маблағгузориҳои Русия ва Эрон НБО Сангтӯда – 1 – бо иқтидори 670 МВт ва НБО Сангтӯда-2 - бо иқтидори 220 МВт, дар дарёи Вахш ба истифода дода шудаанд.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

1.1. НБО Норак - бо иқтидори 3000 МВт

1.2. НБО Бойғозӣ- бо иқтидори 600 МВт

1.3. НБО Сангтӯда – 1 - бо иқтидори 670 МВт

1.4. НБО Сангтӯда – 2 - бо иқтидори 220 МВт

1.5. НБО Сарбанд - бо иқтидори 240 МВт

1.5. НБО Шаршара - бо иқтидори 29.9 МВт

1.7. НБО Марказӣ - бо иқтидори 15.1 МВт

1.8. НБО Қайроққум - бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё

1.9 Силсилаи НБО Варзоб НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3 - бо иқтидори умумии 25.7 МВт.

1.10. Нерӯгоҳи Помир-1

1.11. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор дароварда шуд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст.

1.12. Силсилаи НБО - и хурд: Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил мекард.

Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябрь то май соли оянда давом мекард. Дар ин муҳлат бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шаҳру ноҳияҳои ғайри пойтахт - шаҳри Душанбе, якчанд сол аст аз миёнаи солҳои 90-уми сари XX то соли 2016, ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда шуда буд. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонид. Аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шудааст. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот бисту чор соат бо барқ таъминанд.

Президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми, ки 1 марти соли 2017 дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, изҳор доштанд: "Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли "энергияи сабз" Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд. Ин захираҳо имкони истеҳсоли солона то 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ -и аз лиҳози экологӣ тозаро медиҳанд ва имрӯз танҳо 5 фоизи онҳо истифода мешаваду халос. Ва ин дар ҳолатест, ки талаботи бозори энергетикии минтақаи фарохи созмон ба неруи барқ рӯ ба афзоиш аст.

Ба истифода додани НБО "Сангтӯда - 1" ва "Сангтӯда - 2", Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе - 2", хатҳои интиқоли барқи баландшиддати "Ҷануб-Шимол", "Лолазор-Хатлон", "Хуҷанд-Айнӣ", "Сангтӯда - Лолазор", "Сангтӯда – НБО-и Сарбанд", "Қайроққум-Ашт", "Айнӣ –Панҷакент", "НБО-и Роғун" -Зеристгоҳи "Душанбе-500", таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ду сол боз аз соли 2018 дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт.

20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи "Барқарорсозии НБО "Норак" оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО "Норак" таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.

23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи "Таҷдиди НБО "Қайроққум" оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО "Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.

9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО "Роғун", ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.

20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт соли 2020, аз моддаи 9-и Қонун" Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии" Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии" Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст," амволи нерӯгоҳи барқи обии" Норак”, нерўгоҳи барқи обии" Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии" Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.

                                     
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000, 422 Дар бораи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст. Бо ин фармон Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии
  • дарёи Варзоб сохта шудаанд. Силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон нахустин ба шумор мераванд. Он аз се нерӯгоҳҳои барқӣ: НБО Варзоб - 1
  • 1984 - 1986 корманди хурди илмии шӯъбаи тадқиқотӣ - илмии энергетикаи Тоҷикистон дар назди Вазорати энергетикаи СССР 1986 - 1987 ассисистенти кафедраи ҳаракатдиҳандаҳои
  • дар поёноби Варзоб дарё сохта шудааст. Варзоб - ГЭС дар соҳаи энергетикаи ҶШС Тоҷикистон нахустин манбаъи истеҳсоли барқ ба шумор мераванд. Барқи истеҳсолнамудаи
  • кӯҳӣ Мақолаи асосӣ: Энергетикаи Тоҷикистон Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд: Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои
  • масъалаҳои хоҷагии оби Шӯъбаи энергетикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1961 - 1972 мудири бахши масъалаҳои энергетикаи хоҷагии оби Шӯрои омӯзиши қувваҳои
  • Тоҷикистон 1971 - 1975 мудир 1975 - 2000 сардори шӯъбаи озмоишгоҳи тадқиқотии комплексии геофизика ва кофтукови Шӯъбаи тадқиқоти илмии энергетикаи Тоҷикистон
  • дар филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе таълим медиҳад. Юсуфалӣ Ҳасанович Ҳасанов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленинро дар шаҳри
  • саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад. Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз
  • ноҳияи Шуғнон, 80 км дуртар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Нерӯи асосии энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро НБО Хоруғ ташкил мекунад. Сохтмони