ⓘ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                     

ⓘ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо. Фаъолияти вазорат аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар тамоми соҳаҳои марбут ба иқтисод ва савдо, таҳия ва ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши таҳия ва таҳлили консепсияҳо, стратегияҳои роҳбурдҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат, тартиб додани барномаҳо ва дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, савдо, патентҳо, ташаккули захираҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои доир намудани мониторинг, баҳо додан ба татбиқи стратегияҳои миллии рушд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва тадвини барномаҳои давлатии сармоягузорӣ иборат мебошад. В. тамоми фаъолиятҳои худро бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05.2010 тасдиқ шудааст, созмон медиҳад.

                                     

1. Таъсис

Савдо ва иқтисод аз қадимтарин бахшҳои зиндагии рӯзмарраи мардум маҳсуб ёфта, ҳанӯз баробари пайдоиши тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ва муносибатҳои пуливу молӣ дар даврони таназзули сохти ҷамоаи ибтидоӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар ҷамъиятҳои ғуломдорӣ ва феодалӣ, ки дар онҳо хоҷагии натуралӣ ҳукмрон буд, асосан савдои берунӣ рушд кард. Бо пайдоиши капитализм савдо босуръат инкишоф ёфта, соҳаи алоҳидаи хоҷагӣ гардид. Дар даврони сотсиализм дар мамолики ин сохти давлатдорӣ қонуниятҳои хосса ба вуҷуд омаданд. Пас аз эъломи Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, лағв шудани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молиявӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ омаданд.

Солҳои

  • 1992–94 Вазорати савдо ва захираҳои моддӣ,
  • аз соли 2007 Вазорати рушди иқтисод ва савдо ном гирифт.
  • 1925–27 нахуст Комиссариати халқии савдои дохилӣ,
  • 1927–30 Комиссариати халқии савдо ва саноат,
  • 1934–46 Комиссариати халқии савдо,
  • 1994–2001 Кумитаи давлатии қарордод ва савдо,
  • 1946–92 Вазорати савдо,
  • 1930–34 Комиссариати халқии савдо ва таъминот,
  • 2001–2006 аввал Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва баъдан Вазорати иқтисод ва савдо,
                                     

2. Сохтори вазорат

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ мақсаду вазифа ва уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ мувофиқи сохтори нав ташкил карда шуд.

                                     

2.1. Сохтори вазорат Сохтори дастгоҳи марказӣ

Роҳбарият; Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ иқтисори кулл, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ; Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт; Сарраёсати таҳлили конъюктураи вазъияти бозор ва танзими фаъолияти тиҷоратӣ; Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳо; Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ; Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ; Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ; Раёсати котибот; Раёсати молиявию баҳисобгирӣ; Раёсати кадрҳо ва бахши махсус; Раёсати корҳо.

                                     

2.2. Сохтори вазорат Муассисаҳои системаи вазорат

  • Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ;
  • Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" ;
  • Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии "Ишкошим" ;
  • Маркази миллии патенту иттилооти назди вазорат.
  • Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии "Панҷ" ;
  • Раёсати давлатии "Суғдсавдо",
                                     

2.3. Сохтори вазорат Роҳбарони вазорат

Набиев Н. – Комиссари халқии савдои ҶШС Тоҷикистон 1940–43; Саломатшоев З. – Комиссари халқии савдои ҶШС Тоҷикистон 1943–44; Қосимов М. – Комиссари халқии савдои ҶШС Тоҷикистон 1945–50; Шарифов Х. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1950–60; Қаҳҳоров А. – Раиси Кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикис тон 1956–61; Тоҳиров Ғ. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1960–61; Вайсов М. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1961–63; Маҳкамов Қ. М. – Раиси Кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикистон 1963–82; Сатторов Ғ. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1963–72; Воҳидов Д. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1972–74; Гришина Р. М. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1974–81; Катаев О. К. – Вазири савдои ҶШС Тоҷикистон 1981–91; Каримов Б. Б. – Раиси Кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикистон 1989–90; Кошлаков Г. В. – Раиси кумитаи плангузории ҶШС Тоҷикистон 1991–92; Ғафоров Т. – Вазири иқтисод ва равобити хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1995–98; Исмоил Давлатов – Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз май то декабри 1992; Солиев Ҳ. Ҳ. – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991–2006; Давлат У. – Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1998–2000; Азимов Я. Н. – Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2000–2001; Бобозода Ғ. Ҷ. – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2006–2009; Ҳамралиев Ф. М. – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2009–2012, Шариф Раҳимзода – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012-2015, Неъматулло Ҳикматуллозода – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2015



                                     

3. Сарчашма

  • Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон // Боз - Вичкут. - Д.: СИЭМТ, 2014. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 3. - ISBN 978-99947-33-46-0.


                                     
  • иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии
  • Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз 12 июли соли
  • Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2011 то соли 2012 дар вазифаҳои сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати
  • доктори илмҳои иқтисод профессор 2004 Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз соли 2017
  • ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи Вазорати молияи
  • Неъматулло Ҳикматуллозода - ходими давлатӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2015 Неъматулло Ҳикматуллозода 7 майи соли 1969 дар
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор
  • Мақолаи асосӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Факултети иқтисод ва идора - яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Таъсисёбӣ - соли 1954.
  • иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2001 10 ҳамзамон мушовири вазири рушди иқтсод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2001 08
  • барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти
  • техникии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2005 ҳамчун