ⓘ Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов

                                     

ⓘ Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов

Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов - яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Колеҷи фаҳанг дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир аст.

Дар Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи П. Ҷ. Бӯйдоқов донишҷӯён аз рӯйи номгӯйҳои зерини тахассусҳо дар шӯъбаи рӯзона:

1. Китобдорӣ,

2. Рӯзноманигорӣ,

3. Менеҷменти фаъолияти иҷтимоию фарҳангӣ,

4. Мусиқӣ-омӯзгорӣ,

5. Рассомӣ,

6. Устои таъмири садо ва симо,

Ба ғайр аз ин, дар асоси литсензияи шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар назди Коллеҷ литсей фаъолият менамояд, ки дар он хонандагони болаёқат бо равияи гуманитарӣ-ҷамъиятӣ таҳсил мекунанд. Литсейи мазкур ҳамчун замина дар тайёр кардани кадрҳо барои Коллеҷ ба ҳисоб меравад.