ⓘ Энсиклопедияи советии тоҷик

Исмат

Исмат -, сифати ахлоқӣ, ки ба хатову гуноҳ роҳ надоданро ифода мекунад. Дар илми ахлоқ онро малакаи нафмоние меҳисобиданд, ки шахсро аз содир намудани фисқу фуҷур ва гуноҳ боз медорад. Исмат дар афкори муқаррарӣ бештар ба маънои покизагии ахлоқ, ҳифзи номус истифода мешавад.

Достон (истилоҳ)

Достон – истилоҳи адабӣ. 1) Қисса, ҳикоят, афсона, воқеа, моҷаро, овоза, шӯҳрат. 2) Як асари адабӣ, асари манзумест, ки дар он воқеаҳои муҳиму калон тасвир шуда, хусусияти лирикӣ, эпикӣ ё лирикию эпикӣ дорад.

Километр

Километр - воҳиди ченаки масофаи эталонӣ ва маъмули каратӣ ба метр. Воҳиди дарозии Системаи воҳидҳои байналхалқӣ, ки ба 1000 м баробар аст. Ишораташ км. 1 км = 0.93738 версти русӣ ё чақрим = 0.62137 мили англисӣ = 0.53996 мили баҳрӣ ≈0.6 - 0.8 фарсанг. 1 км =1000 м = 0.621 мил = 0.9374 русӣ: верст = 1094 ядро = 3281 фут мешавад. Дар Юникод барои километр аломати km, аломат барои километри мураббаъ - km², километри мукааб - km³ мебошад. Вале истифодаи ин аломатҳо барои истифода тавсия дода намешаванд.(истифодабарии онҳо танҳо дар мавриди истифодаи хати чинӣ- хати иероглифии Осиёи шарқӣ имко ...

Нуклеотидҳо

Нуклеотидҳо, нуклеозидфосфатҳо - моддаҳое, ки кислотаҳои нуклеат, аксари коферментҳо ва дигар пайвастҳои фаъоли биологӣ аз онҳо таркиб ёфтаанд. Таркиби ҳар як нуклеотид аз асоси нитрогенӣ одатан пуринӣ ё пиримидинӣ, ангиштоб рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо ва боқимондаи кислотаи фосфат иборат аст. Нуклеотидҳо дар бисёр равандҳои мубодилаи моддаҳо иштирок менамоянд. Нуклеозидтрифосфатҳо пай­вастҳои макроэргӣ буда, бевосита дар боисинтези кислотаҳои нуклеат иштирок мекунанд. Масалан, кислотаи аденозинтрифосфат АТФ аккумулятори универсалии энергия ба шумор меравад. Нуклеотидҳо дар организм аз амин ...

Луғатномаи Деҳхудо

"Луғатнома" -и Алиакбари Деҳхудо - фарҳанги бисёрҷилдаи энсиклопедӣ ва аввалин фарҳанги ҷомеест, ки калима ва истилоҳоти соҳаҳои гуногунро фаро мегирад. Яке аз хусусиятҳои барҷастаи ин "Луғатнома" Алиакбари Деҳхудо айнан овардани вожагон ва ашъори шоирон аз фарҳангу луғатномаҳои тафсирии давраи классикӣ мебошад ва он як навъ ҷамъбасти фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ аз "Луғати фурс" -и Асадии Тӯсӣ то ибтидои асри XX ба ҳисоб меравад.

Конус

Конус - мебошад. Ҷисми геометриро, ки бо сатҳи конусӣ ва доираи давраашон D маҳдуд аст, конус меноманд. Порчаҳое, ки нуқтаи S-ро бо давраи D пайваст мекунанд, ташкилдиҳандаҳои сатҳи конусӣ мебошанд. Конусро дар дучарха ва ғайраҳо дидан мумкин аст.

Фарҳанги форсӣ

"Фарҳанги форсӣ", таълифи доктор Муҳаммади Муин - луғати тафсирӣ мебошад, ки солҳои 1963-1973 дар 6 ҷилд ба табъ расидааст. Се ҷилди аввали он калимаҳо, таркибҳои феълӣ ва ибораҳои рехтаро дар бар мегирад. Дар охири ҷилди 3 таркиботи хориҷӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва ғ. илова шудааст. Дар радифи сарвожа ва баъзе ибораҳо овонавишти лотинии онҳо оварда шуда, номи лотинии истилоҳоти тиб, наботот, ҳайвонот ва ғ. дар поварақ ишора гардидааст.

Лидс (шаҳр)

Лидс, шаҳри графӣ, маркази қадими бофандагии Британияи Кабир аст. Дар графии Райдинги Ғарбӣ, дар соҳили д. Эр воқест. Аз асри XIII маълум аст. Аҳолӣ - 443 247 наф. дар дохили шаҳр. Лидс маркази Йоркшири Ғарбӣ буда, бо атрофаш 1.7 млн аҳолӣ дорад. Соҳаи асосии саноаташ дӯзандагӣ бештар либосҳои мардона ва мошинсозӣ. Дар Лидс корхонаҳои саноати химия, атриёт, хӯрокворӣ ва полиграфия низ ҳастанд. Донишгоҳ, коллеҷи техникӣ, музейҳо ва нигористон дорад. Ҷанубтари шаҳр кони ангишт мавҷуд аст.

Ливерпул (шаҳр)

Ливерпул, - шаҳрест дар графигарии Ланкашири Британияи Кабир, дар назди резишгоҳи д. Мерси. Ливерпул аз ибтидои асри XIII маълум аст. Ливерпул бумбасти муҳими нақлиётӣ аст. Баъди Лондон дуюмин бандари калони мамлакат. Ба воситаи бандар аз хориҷа хӯрокворӣ, фулузоти ранга, маъдани оҳан, нафт, каучук, пахта ва ғ. ворид гашта, бештар маҳсулоти саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, кимиё, нафт ва ғ. содир мешавад. Дар Ливерпул корхонаҳои саноати киштисозӣ, таъмири киштӣ, истеҳсоли мошинҳои киштй, фулузоти ранга, электротехникӣ, резин, химия, коғаз, дӯзандагӣ, полиграфия, автомобилу самолётсозӣ, истеҳс ...

Бурё

Бурё – дар гузашта яке аз ашёи муҳими рӯзгор буд, ки онро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекарданд. Ҳангоми бомпӯшӣ дар хонаҳои анъанавии деҳот низ бурёро истифода мебаранд. Бурёро ба болои васса тунук хобонида, аз болояш андова мекунанд, ё хок мерезанд. Дар гузашта бурёро ҳамчун гилем низ истифода мебурданд. Дар деҳаҳо ҳоло ҳам бурёро дар хонаҳои суннатӣ истифода мебаранд.

                                     

ⓘ Энсиклопедияи советии тоҷик

Энциклопедияи советии тоҷик ЭСТ мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷ. 3 июни соли 1968, № 198 дар Душанбе солҳои 1978 - 1988 аз ҷониби "Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик" табъу тадвин шудааст. Сармуҳаррири илмии он академик Муҳаммад Осимӣ ва сармуҳаррираш академик Мусо Диноршоев мебошанд.

ЭСТ 8 ҷилд ҷ.1 - 1978; ҷ. 2 - 1980; ҷ. 3 - 1981; ҷ. 4 - 1983; ҷ. 5 - 1984; ҷ. 6 - 1986; ҷ. 7 - 1987; ҷ. 8 - 1988 бо адади 5 - 10 ҳазор нусха буда, беш аз 25 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принсипҳои Энсиклопедияи Калони Советӣ ва таҷрибаи қомуснигорони ҷумҳуриҳои бародар таҳия шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ дар бораи Тоҷикистонанд ва дар онҳо таърихи ҷумҳурӣ, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Сотсиалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷумҳуриҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии комунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғайра шинос мекунад.

                                     
  • фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. То соли 1991 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик Дар назди Президиуми Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон соли 1968
  • интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Википедияи Тоҷикӣ шурӯъ шудааст. Энциклопедияи советии тоҷик Нашри ҷилди аввали Энсиклопедияи миллии тоҷик дар Қазоқистон
  • Энсиклопедияи советии Қазоқистон - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Қазоқистон ба забони қазоқӣ ба алифбои руси нашр карда шудааст. Ин яке аз
  • Энсиклопедияи советии Украина - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Украина ба забони украинӣ ба алифбои кирилӣ нашр карда шудааст. Ин яке аз донишномаҳои
  • Энсиклопедияи советии Арманистон - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Арманистон ба забони арманӣ нашр карда шудааст. ЭСА яке аз донишномаҳои бузургест
  • Энсиклопедияи советии Озарбойҷон озарбойҷонӣ: Азәрбајҹан Совет Енсиклопедијасы, Azərbaycan Sovet Ensiklopediyası - аввалин донишномаи универсалиест
  • Энсиклопедияи советии Белорусия - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Белорусия ба забони белорусӣ нашр карда шудааст. Ин яке аз донишномаҳои бузургест
  • Энсиклопедияи советии Гурҷистон - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Гурҷистон ба забони гурҷӣ нашр карда шудааст. Ин яке аз донишномаҳои бузургест
  • Энсиклопедияи советии Латвия - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Латвия ба забони латвиягӣ нашр карда шудааст. ЭСЛ яке аз донишномаҳои бузургест
  • Энсиклопедияи советии Эстония - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Эстония ба забони эстонӣ нашр карда шудааст. Ин яке аз донишномаҳои бузургест
  • Энсиклопедияи советии Ӯзбекистон ӯзбакӣ: Ўзбек совет энциклопедияси - аввалин донишномаи универсалиест, ки дар Ӯзбекистон ба забони узбекӣ ба алифбои
                                     

Нуклеозидҳо

Нуклеозидҳо - пайвастҳое, ки аз боқимондан асосҳои нитрогенӣ ва ангиштоб - рибозаҳо ё дезоксирибозаҳо иборатанд. Номи нуклеозидҳо аз номи асосҳои ба молекулаи он дохилшаванда гирифта мешавад. Масалан, аденозин аз аденин, гуанозин гуании, тимидин аз тимин ва ғайра. Нуклеозидҳои озод ба миқдори кам дар объ­ектҳои гуногуни биологӣ вуҷуд доранд. Аксари нуклеозидҳои табиӣ ба таркиби нуклеотидҳо ва кислотаҳои нуклеат дохил мешаванд, ки аҳамияти биоло­гии онҳоро муайяи менамоянд.