ⓘ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ҷонов Назрулло

Ҷонов Назрулло 14 –уми июли соли 1955 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, вилояти Бадахшони Куҳӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1973-1978 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи барқ тамом кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 1978- 1980 муҳандиси сайёри механиконидашудаи махсуси № 10 СПМКС-10 трести" Душанбеводстрой” ноҳияи Данғара кор ва фаъолият кардааст. Солҳои 1980 - 1982 устои Колонаи сайёри механиконидашудаи махсуси №10 трести" Таджикирмонтаж” ноҳияи Шаҳритус кор ва фаъолият намудааст. Cолҳои 1982-1984 сардори минтақаи сохтмонии колонаи сайёри механикони ...

Ҳифзи рустанӣ

Ҳифзи рустанӣ - соҳаи илми кишоварзӣ, ки усулу роҳҳои муборизаро бар зидди касалӣ, зараррасонҳо, алафҳои бегонаи зироати хоҷагии қишлок ва бешазор, инчунин системаи тадбирҳои хоҷагиҳои ҷангалдорӣ ва хоҷагии қишлоқро оид ба пешгириву барҳамдиҳии осеби ба рустанӣ расонидаи зараррасонҳо тадқиқ менамояд. Муҳофизати рустанӣ на танҳо аз маҳви организмҳои зараррасон ё маҳдудгардонии доираи фаъолияти онҳо иборат аст, инчунин муайян намудани давраи пайдоишу миқёси паҳншавӣ, пешгирии паҳншавии махсусан организмҳои зараррасонро аз як кишвар ба кишвари дигар низ ба зимма дорад. Муҳофизати рустанӣ дар ...

                                     

ⓘ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Дар асоси Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС соли 1951 ҳамчун Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Аввалин аъзоёни комилҳуқуқи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон - Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Иван Николаевич Антипов-Каратаев, Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Плешко Семён Иванович, Александр Александрович Семёнов, Смольский Николай Владиславович, Юсупова Сороҷон Михайловна, Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев, Александр Юрьевич Якубовский шуданд.

                                     

1. Академия дар солҳои 1951 - 1990

Бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ҳайати он муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарварӣ, Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шӯъбаи пахтапарварӣ, Шӯъбаи фалсафа ва Шӯъбаи иқтисодиёт. Тайи солҳои минбаъда воҳидҳои нави илмии зерин дар АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, Институти астрофизика, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Пойгоҳи дар Помир будаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров, Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳо, Институти иқтисодиёт, Институти гастроэнтерология, Шӯъбаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳи табиӣ, Институти шарқшиносӣ, Институти математика бо Маркази ҳисоббарорӣ.

                                     

2. Академия дар солҳои 1991 - 2011

Тайи ин солҳо воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Инстиути илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Филиали дар Помир будаи Академияи илмҳои ҶТ, Шӯъбаи маводшиносӣ, Шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 1991 қатъи назар аз душвориҳои ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо кӯшиши ҳукумат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ва Академияи илмҳо- маркази асосии илми мамлакат ҳифз ва тараққӣ дода шавад. Рушди илм ва маориф дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятдошта эътироф гардид. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" қабул карда шуд.

Дар ин давра воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти демография, Институти давлат ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон.

Моҳи майи соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид.

Ҳамчунин воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Маркази синошиносии назди Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ, Маркази инноватсионӣ оид ба биология ва тиб, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав.

Дар соли 2011 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 2000 кормандон кор мекарданд, ки аз онҳо 35 нафар аъзои пайваста академикҳо ва 43 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати Академияи илмҳо 18 аъзои хориҷӣ ҳастанд.

Ҳоло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 институти илмиву тадқиқотӣ, филиал дар Помир, ки 2 институтро дар бар мегирад, Маркази илмии Хуҷанд, Маркази илмии Хатлон, Маркази байналмилалии илмию таҳқиқотии "Помир-Чакалтой" ва як қатор муассисаҳои дигари илмиро, ки дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ таҳқиқот мебаранд, муттаҳид менамояд.

Муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 шӯъба муттаҳид шудаанд:

  • Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ноиби президент - раиси шӯъба, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз.
  • Шӯъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Тоҷикистон ноиби президент - раиси шӯъба академики АМИТ Ҳикмат Муминов
  • Шӯъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент - раиси шӯъба академики АМИТ Абдусаттор Cаидов;
                                     

3. Ҷоизаҳои Академия

Барои дарёфти "Ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника" Академияи илмҳои Тоҷикистон доимо дар байни олимон озмун мегузаронад.

Академияи илмҳои ҶТ барои дарёфти чунин ҷоизаҳои ба номи олимони барҷастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон озмун эълон мекунад:

  • академик Е. Н. Павловский - дар соҳаи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ;
  • академик М. С. Осимӣ - дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ.
  • академик С. У. Умаров - дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ;

озмуни шаффоф барои олимони кишвар эълон мекунад. Ҷоизаҳо ба олимони мамлакат барои корҳои ҷудогонаи илмӣ, ихтироот, инчунин барои силсилаи корҳои илмӣ дар як мавзӯъ дода мешавад.

                                     

3.1. Ҷоизаҳои Академия Президентҳои АИ Тоҷикистон раисони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон

  • 1957 - 1964 - Султон Умарович Умаров
  • 1951 - 1954 - Садриддин Айнӣ
  • 1965 - 1988 - Муҳаммад Сайфитдинович Осимов Осимӣ
  • 1988 - 1995 - Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев
  • 16.06.1995 - 3.02.2005 - Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов
  • аз соли 2005 - Мамадшо Илолович Илолов
  • аз соли 2013 - Фарҳод Раҳимов
                                     

4. Раёсати Академияи илмҳо

  • Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Фарҳод Раҳимов, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ноибони президенти АМИ Тоҷикистон:

  • Абдусаттор Самадович Cаидов, раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ, узви вобастаи АМИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ;
  • Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, раиси Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
  • Ҳикмат Ҳалимович Муминов, раиси Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИ ҶТ, академики АМИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор;
                                     

5. Олимони барҷастаи академия

Соҳаи математика

  • Камолиддин Бойматов - математика
  • Леонид Григоревич Михайлов - математика
  • Абдулҳамид Ҷӯраев - математика
  • Зафар Усмонов - математика
  • Илолов Мамадшо - математика

Соҳаи кимиё

  • Изатулло Ғаниев - кимиё
  • Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов - кимиё
  • Ҳаким Ахмедов - кимиё
  • Эшонхон Нӯъмонов - кимиё
  • Норинисо Юсупова - кимиё
  • Ҷӯрабой Холиқов - кимиё

Соҳаи фалсафа

  • Мусо Диноршоев - фалсафа
  • Алоуддин Баҳоуддинов - фалсафа
  • Акбари Турсонзод - фалсафа
  • Муҳаммад Осимӣ - фалсафа

Соҳаи тиб

  • Неъматулло Усмонов - тиб
  • Комил Тоҷиев - тиб
  • Ҳамид Мансуров - тиб
  • Карим Ҳайдаров - тиб
  • Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович - тиб

Соҳаи геология ва минералогия

  • Рауф Баротов - геология
  • Манзур Ҷалилов - геология ва минералогия
  • Сороҷон Юсуфова - геология ва минералогия

Соҳаи иқтисодиёт

  • Рашид Раҳимов - иқтисодиёт
  • Талбак Назаров - иқтисодиёт
  • Ҳабибулло Саидмуродов - иқтисодиёт

Соҳаи ҳуқуқшиносӣ

  • Солеҳ Раҷабов - ҳуқуқшиносӣ
  • Фозил Тоҳиров - ҳуқуқшиносӣ


                                     

5.1. Олимони барҷастаи академия Соҳаи биология, генетика ва зоология

  • Пӯлод Усмонов - генетика
  • Оғоназар Ақназаров - биология
  • Ғулом Алиев - генетика
  • Зувайдулло Иззатуллоев - биология
  • Евгений Никанорович Павловский - зоология
  • Юсуф Носиров - генетика
  • Ислом Абдусаломов - зоология
  • Муҳаммад Нарзиқулов - зоология
                                     

5.2. Олимони барҷастаи академия Соҳаи математика

  • Камолиддин Бойматов - математика
  • Леонид Григоревич Михайлов - математика
  • Абдулҳамид Ҷӯраев - математика
  • Зафар Усмонов - математика
  • Илолов Мамадшо - математика
                                     

5.3. Олимони барҷастаи академия Соҳаи физика

  • Исроил Исмоилов - физика
  • Фотеҳ Ҳакимов - физика
  • Акобир Адҳамов - физика
  • Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев - физика, сейсмологияи муҳандисӣ
  • Фарҳод Раҳимов - физика
  • Ҳикмат Мӯминов - физика
  • Султон Умарович Умаров - физика
                                     

5.4. Олимони барҷастаи академия Соҳаи кимиё

  • Изатулло Ғаниев - кимиё
  • Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов - кимиё
  • Ҳаким Ахмедов - кимиё
  • Эшонхон Нӯъмонов - кимиё
  • Норинисо Юсупова - кимиё
  • Ҷӯрабой Холиқов - кимиё
                                     

5.5. Олимони барҷастаи академия Соҳаи таърих, шарқшиносӣ

  • Аҳрор Мухторов - таърих
  • Баҳодур Искандарович Искандаров - таърих
  • Раҳим Масов - таърих
  • Нӯъмон Неъматов - таърих
  • Бобоҷон Ғафуров - таърих, шарқшиносӣ
  • Зариф Раҷабов - таърих
  • Борис Анатолевич Литвинский - таърих, шарқшиносӣ
                                     

5.6. Олимони барҷастаи академия Соҳаи филология, шарқшиносӣ

  • Мирзо Турсунзода - филология
  • Айнӣ Камол - филология, шарқшиносӣ
  • Раззоқ Ғаффоров - филология
  • Раҷаб Амонов - филология
  • Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов - филология
  • Муҳаммадҷон Шакурӣ - филология
  • Абдулғанӣ Мирзоев - филология
  • Муҳаммадюсуф Имомов - филология
  • Носирҷон Маъсумӣ - филология


                                     

5.7. Олимони барҷастаи академия Соҳаи тиб

  • Неъматулло Усмонов - тиб
  • Комил Тоҷиев - тиб
  • Ҳамид Мансуров - тиб
  • Карим Ҳайдаров - тиб
  • Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович - тиб
                                     

5.8. Олимони барҷастаи академия Соҳаи геология ва минералогия

  • Рауф Баротов - геология
  • Манзур Ҷалилов - геология ва минералогия
  • Сороҷон Юсуфова - геология ва минералогия
                                     

5.9. Олимони барҷастаи академия Соҳаи иқтисодиёт

  • Рашид Раҳимов - иқтисодиёт
  • Талбак Назаров - иқтисодиёт
  • Ҳабибулло Саидмуродов - иқтисодиёт
                                     

5.10. Олимони барҷастаи академия Соҳаи ҳуқуқшиносӣ

  • Солеҳ Раҷабов - ҳуқуқшиносӣ
  • Фозил Тоҳиров - ҳуқуқшиносӣ
                                     

6. Пайвандҳо

  • ant.tj - сайти расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
  • H. Borjian, TAJIKISTAN ACADEMY OF SCIENCES, Encyclopedia Iranica,