ⓘ Боғи миллии Тоҷикистон

                                     

ⓘ Боғи миллии Тоҷикистон

Боғи миллии Тоҷикистон - ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон, ки соли 2013 ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид шомил шудааст.

                                     

1. Таърих

Бо Қарори Девони Вазирони ҶТ 20.6.1992 дар масоҳати 1.2 млн га таъсис ёфта, аз 11.6. 2001, № 253 бо Қарори Ҳукумати ҶТ ҳудуди он то 2.6 млн га васеъ карда шуд. Соли 2004 боғ ба Муассисаи давлатии ҳудуди табиии махсус ҳифзшаванда - МД ҲТМҲ табдил ёфта, фаъолияти он аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ идора мешавад. Дар Хоруғ, Тавилдара ва Ҷиргатол идораҳои минтақавӣ дорад. Масоҳ. умумии боғ 2611674 га буда, 306613 га ҳудуди ноҳ. Тавилдара, 69912 га ҳудуди ноҳ. Ҷиргатол, 2235000 га ҳудуди ВМКБ−навоҳии Мурғоб, Шуғнон, Рӯшон, Ванҷро фаро гирифтааст. Боғ бо мақсади ҳифзи манзараҳои нодир, анвои камёфту нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот, ёдгориҳои табиӣ, ривоҷи сайёҳӣ, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардуми маскуни ҳудуди он ташкил ёфтааст.

                                     

2. Маинтақабандӣ

Дар натиҷаи минтақабандии ҳудуди боғ дар асоси Қонуни ҶТ "Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус ҳифзшаванда" мутобиқи корҳои бурдаи экспертҳои Иттиҳоди Байналхалқии Ҳифзи Табиат ИБҲТ, таҳқиқоти мутахассисони муассисаи ҲТМҲ бо ширкати олимони АИ ҶТ ва ғ. ба минтақаҳои зерин ҷудо карда шудааст: минтақаҳои мамнӯъ, истифодабарии анъанавии табиат, истифодабарии хоҷагии маҳдуд, минтақаҳои сайёҳӣ.

                                     

2.1. Маинтақабандӣ Минтақаи мамнӯъ

Минтақаи мамнӯъ, минтақаи асосии боғ, ки 1165411 га масоҳ. дошта, 64.6 дарсади масоҳ. умумии боғро ташкил медиҳад ва чанд объекти нодири табииро дар бар мегирад, ки Пиряхи А. Федченко яке аз бузургтарин пиряхҳои олам дарозиаш 77 км, ғафсиаш 1000м ва манбаи асосии оби тозаи Осиёи Марказӣ аз он қабил мебошад. Қуллаҳои баландтарини ин силсилаи экологӣ барои таҳқиқоти илмӣ хеле ҷолибанд. Қарокӯл, ки дар баландии 3914 м аз с. Боғ ҷойгир аст, бо олами набототу ҳайвоноти ғанӣ ва шумораи зиёди эндемикҳо фарқ мекунад. Макони пур аз рустаниҳои гуногуни минтақа чарогоҳи ҳайвоноти сумдори ваҳшӣ буда, ин ҷиҳат қиматашро афзунтар мегардонад. Макони зисти гӯсфанди кӯҳии Марко-Поло архар, бузи кӯҳӣ ҷадӣ-и сибирӣ, хирси барфӣ, хирси маллаи тиёншонӣ; намудҳои нодири парандагон-ғози ҳиндӣ, моҳихӯраки сараш малла, мурғи ҳилоли тибетӣ ва ҳимолойист. Нахустватани як қатор зироатҳои муҳим, аз ҷумла, "аҷдод" -и ёбоии зироатҳои имрӯзаи кишоварзӣ, навъҳои ёбоии ба шароити маҳал мутобиқгардида ва навъҳои селексияи мардумӣ мебошад. Дар Помири Ғарбӣ-минтақаи бадахшонии боғ намудҳои аз ҷиҳати ботаникӣ гуногуни гандуми нарми ҷинси Triticum L. 151 аз 273 намуди маълум, қадимию эндемикии гандуми "резапоя" ва ҳамҷинсҳои ёбоии онҳо мерӯянд, ки дар миқёси олам назир надоранд. Дар ин ҳавза, дар соҳилҳои д. Бартанг, намудҳои нодиру аз ин пеш номаълуми гандуми резапояи нарми Triticum aestivum L. var. Japschorvi Nigm., var. ruchzianum Nigm, var. meridionale infiatum Nigm. var. nova, var. quasimeriionale-infiatum Nigm. var. nova, var. quasiheraticum Nigm. var. nova; гандуми резапояи var. sarezicum Nigm., var. Bar-Darai Nigm.; навъҳои гандуми резапояи баҳории Tr. compactum Hоst. var. Humboidti-inflatum Vav. et Kob кашф шудаанд. Қитъаи Тавилдараи боғ аз ҷиҳати гуногунии дарахтони меваи ёбоӣ ғанист. Мувофиқи маълумоти олимон, дар ин ҷо себи Сиверс Malussieversii, ноки тоҷикистонӣ Purus tadjikistanica, ноки бухороӣ Purus bucharica, чормағзи юнонӣ Juglans regia, олучаи тоҷикистонӣ Cerasus tadjikistanica, олуи хонагӣ Prunus domestica, олуи дарвозӣ Prunus darvasika, бодоми бухороӣ Amugdalus bucharica, бодоми Вавилов Amugdalus vavilovii, дӯлонаи понтӣ Crataegus pontica, дӯлонаи туркистонӣ Crataegus turkestanica, дӯлонаи сонгорӣ Crataegus songorica, дӯлонаи ҳисорӣ Crataegus hissarica, зирки сиёҳ Berberis heterobotrus мерӯянд. Минтақаи истифодабарии анъанавии табиат. 127665 га масоҳ. дошта, 4.9 дарсади масоҳ. умумии боғро ташкил медиҳад ва асосан, аз чарогоҳҳо иборат аст. Чӯпонони кӯчӣ аз онҳо дар мавсими гармо барои чарондани ҳайвоноти хурди хонагиву қӯтос, дар зимистон танҳо барои парвои қӯтос истифода мебаранд. Дар ин ҷойҳо истифодабарии табиат нисбатан маҳдуд буда, таҳти назорати кормандони боғ сурат мегирад, то ба минтақаи асосӣ зиёне нарасад. Дар харитаҳои истифодаи замин ин гуна ҳудудҳо чун чарогоҳ ишорат шудаанд.



                                     

2.2. Маинтақабандӣ Минтақаи истифодабарии хоҷагии маҳдуд

Ин минтақа 740198 га масоҳ. дошта 28.3 дарсади масоҳ. умумии боғро ташкил медиҳад. Яшилкӯл бо чарогоҳҳои атрофаш, қитъаи барои сайёҳии шикорӣ ҷудошудаи назди Қарокӯл, қитъаи сабзи соҳили д. Бартанг ва шоҳроҳи мошингарди Душанбе - то ба сарҳадди Қирғизистону Хитой мансуби ҳамин минтақаанд. Қисмати барои хоҷагидории аҳолӣ истифодашаванда ба рӯйхати маҳалҳои ҳифзшаванда ворид нагардидааст, зеро ногузир аҳолӣ ба сифати чарогоҳ ё ҷойи ҳезумчинӣ истифода мебарад. Гоҳо дар ин мавзеъ шикори ғанимати архару ҷадӣ сурат мегирад.

                                     

2.3. Маинтақабандӣ Минтақаҳои сайёҳӣ

Ҳудуди ин минтақа 58400 га масоҳ. дошта, 2.2 дарсади масоҳ. умумии боғро фаро мегирад. Дар ин ҷо барои ташкили истироҳату сайёҳӣ бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ ба таври маҳдуд иҷозати расмӣ дода шудааст. Минтақаи мазкур маҳаллаҳои аҳолинишини атрофи Қарокӯлу Булункӯл, роҳҳои байни онҳоро дар бар гирифтааст. Дар харита таҳти ишорати маҳаллаҳои маскун, сайрхатҳои сайёҳӣ, хоҷагиҳои шикор сайддор, манзараҳои аҷоиби табиӣ, ғорҳо ва, махсусан, чашмаҳои обҳои маъдании гарму сард ва диг. нодирот оварда шудааст. Ба минтақаи серрафтуомади сайёҳон ва хизматрасонии комил табдил ёфтани он дар назар аст.

                                     

2.4. Маинтақабандӣ Гузаргоҳҳои транзитӣ ва зистмуҳитӣ

Гузаргоҳҳои транзитӣ ва экологии дохили боғ ва берун аз он. Бо мақсади беосебу бехалал маҳфуз доштан ва афзоиш додани ҳайвоноти кӯчии сумдор ва озодона ҳаракат кардани онҳо аз чарогоҳҳои зимистона ба тобистона ва баръакс, гузаргоҳҳои махсуси маҳалҳои будубоши азалии онҳо барқарор дошта мешаванд.



                                     

3. Таснифоти манзараӣ

Таснифоти манзаравии боғ чунин аст:

  • дарёҳо 5500 га,
  • кӯлҳои хурд 4700 га,
  • буттазорҳо 34528 га,
  • шухҳо ва сангрезаҳо 900786 га,
  • пиряхҳо 282755 га,
  • чарогоҳҳо 184525 га,
  • роҳҳои хокии маҳаллӣ 920 га
  • кӯлҳои калон,
  • биёбонҳои яхбастаи баландкӯҳҳо 1.150000,

дар маҷмӯъ 2611674 гектар боғ ва минтақаҳои дидбонгоҳдоштаи онро нозирони давлатӣ ё кормандони масъули шуъбаҳои дахлдори ҳукумати ноҳияҳо назорат мекунанд.

                                     

4. Шикор

Шикори ҳайвоноти мамнӯъ ва моҳидории беиҷозат, инчунин, бе рухсат ворид шудан ва ё мошин рондан дар ҳудуди боғ зуҳуроти асосии қонуншиканӣ дар ин соҳа ҳисобида мешавад. Дар ҳудуди боғ кормандони он 54 нафар якҷоя бо олимони АИ ҶТ таҳқиқоти нақшавии солонаи илмӣ ва мониторинги экологӣ мебаранд, ки иборатанд, асосан, аз корҳои пешбурди ҳисобу китоб, қайди ҳолати ҳайвоноти ваҳшӣ, мушоҳидаи фенологии рустаниҳо, таъйини захираҳои ғизои ҳайвонот, қайди ҷараёни паридаравӣ ва бозгашти парандагон ва ғ.

Дар боғ якҷоя бо созмонҳои байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ фаъолияти тарғиботию равшаннамоии экологӣ бурда мешавад. Боғ чун озмоишгоҳи бузурги табиӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ беҳтарин манбаъ буда, дар он биологҳо, глятсиологҳо яхшиносон, метеорологҳо обуҳавосанҷон, гидрологҳо, геологҳо заминшиносон, мутахассисони соҳаҳои дигар метавонанд дар самти омӯзиши ҳолати истифодаи мақсаднок ва босамари захираҳои табиӣ дар шароити яхбастагӣ ва хушкии аридии баландкӯҳҳо; таҳқиқи ҷараёни тағйироти силсилаҳои экологии табиӣ таҳти таъсири гармшавии умумии иқлими замин ва ғайра ба дастовардҳои илмии ҷолиб ноил гарданд.



                                     

5. Шомил шудан ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО

Рӯзи ҷумъаи 21 июни соли 2013 дар иҷлоси 37-уми Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пномпени Комбуҷ Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид ЮНЕСКО шомил шуд. Ин нахустин мероси табиъии Тоҷикистон дар Феҳристи Мероси Ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад.

                                     

6. Сарчашма

  • Боғи миллии Тоҷикистон / Қаюмов Абдулҳамид, Саидов Нуралӣ // Асос - Боз. - Д.: СИЭМТ, 2013. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 2. - ISBN 978-99947-33-52-4.
                                     
  • Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон то соли 2007 Боғи ботаникии Душанбе Боғи Ирам - боғи гиёҳшиносӣ, ки дар шимолу шарқи Душанбе, дар соҳили чапи дарёи
  • Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи
  • Боғи устод Рӯдакӣ - нахустин боғи фарҳангию фароғатии Тоҷикистон ки соли 1932 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 18, 3 гектар. Боғ соли 1933 аз
  • Боғи Парчами Миллӣ - боғи фарҳангиву фароғатӣ дар Душанбе, дар маркази ш. Душанбе, рӯ ба рӯи Амфитеатр ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон воқеъ аст. Боғ
  • мева саҳми Боғи ботаникии Помир калон аст. Боғи ботаникии Кӯлоб, Боғи ботаникии Хуҷанд. Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон Боғи гиёҳшиносӣ чист
  • Боғи Хайём, собиқ Боғи Пойтахт - боғи фарҳангиву фароғатии Хайём барои кӯдакону наврасон дар қисми шимолии шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Абуалии Сино, дар
  • ва эстетикӣ дошта эътироф гардидаанд: масалан мавзеъҳои табиӣи Боғи миллии Тоҷикистон Чилдухтарон кӯҳ Искандаркӯл, кӯли Сарез, Чилучорчашма, Сари
  • табии Тоҷикистон шароит муҳайё мекунанд. Барои танзими раванди ҳифз ва истифодаи мероси табии дар ҷумҳурӣ мамнӯъгоҳҳои табӣи, Боғи миллии Тоҷикистон ва якчанд
  • Боғи ботаникии Хуҷанд - муассисаи илмиву таҷрибавӣ. Соли 1955 таъсис ёфтааст. Дар шим. Тоҷикистон дар соҳили рости д. Сир воқеъ аст. Баландиаш аз с.