ⓘ Михаил Герасимов

                                     

ⓘ Михаил Герасимов

Михаи́л Миха́йлович Гера́симов сентябр 1907, Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ - 21 июли 1970, Маскав, ҶШФСР, ИҶШС) - мардумшинос, муҷассамасоз ва бостоншиноси рус, доктори илмҳои таърих. Асосгузори мактаби бозсозии пластикии антропологӣ дар Русия; ҳамчун барқароркунандаи симои ашхос аз рӯи косаи сар маъруф аст

                                     

1. Зиндагинома

Аз солҳои мактабхонӣ дар экспедитсияҳои бостоншиносӣ ширкат мекард. Соли 1941 бо як ҳайати бостоншиносӣ дар кушоиши дахмаи Темури Ланг ва авлоди ӯ дар оромгоҳи Гӯри Мири Самарқанд бо мақсади собит намудани воқеияти дафнҳо ҳамкорӣ кард.

Фаъолияти илмии Михаил Герасимов дар ду самти асосӣ ҷараён гирифтааст – бостоншиносии пеш аз таърих ва таҷдиди пластикии инсонҳои қадим. Соли 1928 дар ҳафриёти назди Иркутск тифли дафншудаеро бо лавозимоти зиёд пайдо кард, ки аз нахустин осори баъди асри санг дар қаламрави ИҶШС шумурда мешавад ва ин кашфиёт аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад. Нахустин таҷдиди симои инсони ибтидоиро Михаил Герасимов соли 1927 ба ҷо овард. Вай симои питекантроп ва неандерталро дубора барқарор кард. Бар иловаи гузаштагони инсони имрӯза ва намояндагони қабоилу ақвоми азбайнрафта, Михаил Герасимов портрети чандин шахсияти таърихӣ – Темур, Улуғбек, Шоҳрух, Муҳаммад Султон, Ярославл Мудрий, Ивани IV Грозний, И. Шиллер, Ҳоҷӣ Мурод, Ф. Ф. Ушаков ва дигаронро сохт. Барои ковишҳои бостоншиносӣ ва барқарор кардани симои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Тоҷикистон даъват шуд. Дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ноябри 1956 қабри Рӯдакиро, ки бар асоси далелҳои фаровон муайян шуда буд, кушода, тарҳи чеҳра ва танаи ӯро то апрели 1957 аз рӯи устухонҳои косахонаи сар ва баданаш офарид. Ин портрет бори нахуст дар Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав 1957 ба намоиш гузошта шуд.

                                     

2. Осор

  • Восстановление лица по черепу. М., 1955;
  • Опыт воспроизведения документального портрета по склету из Панжруда. Сталинабод, 1958;
  • Люди каменного века. М., 1964.
                                     

3. Адабиёт

  • Новая российская энциклопедия. Т. IV 2. М., 2008.
  • Грасимова М. М. "Печальная отрада вспоминат: М. М. Герасимов // Выдающиеся отечественные этнологи и антропологи 20 в. М., 2004;
                                     

4. Сарчашма

  • Герасимов Михаил Михайлович // Вичлас - Гӯянда. - Д.: СИЭМТ, 2015. - Энсиклопедияи Миллии Тоҷик: / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011 - 2017, ҷ. 4. - ISBN 978-99947-33-77-4.
                                     
  • театр Рейнбах Василий коргардони театр Савелева Ирина актрисаи театр Герасимов Анатолий роҳбари оркестри ҳарбӣ Барака Ҳомидов раққос Сангалӣ Хоҷаев