ⓘ Иқтисод

9 август

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони 9 август 1928 - 1993 - Музаффар Қодиров, нависанда. 1943 - Саъдулло Исломов, доктори илми иқтисод - профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон. 1938 - 2000 - Неъмат Очилов, журналист. 1938 - Валерий Лутков, доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ. 1943 - Алфия Аҳророва, доктори илми иқтисод - профессор. 1938 - Имомхоҷа Каримхоҷаев, олими соҳаи физика.

Иқтисоддон

Иқтисоддон - ҳирфае дар дониши иҷтимоӣ дар заминаи иқтисод аст. Иқтисоддонон таърифҳо, назарияҳо ва усулҳои иқтисодро медонанд ва тавоноии таҷзия ва таҳлили масоили иқтисодӣ дар ҳавзаи калон ва хурди иқтисодии дар сатҳи бунгоҳ ва санъатро доранд. Ва ба иборати дигар иқтисоддон ба касе гуфта мешавад, ки ба масоили иқтисодии асри ҳозири як кишвар огоҳ бошад ва таҳлилу назарияпардозӣ дар бораи иқтисоди як кишварро карда битавонад.

3 март

Булғористон - Рӯзи озодӣ. Ҷопон - Ҳиномотсурӣ Рӯзи духтарон, ё Рӯзи лухтак.

12 июн

75-солагии зодрӯзи Алиҷон Бойматов 1945, доктори илми иқтисодӣ, профессор. 70-солагии зодрӯзи Баротбой Ҷумъаев 1950, журналист. 65-солагии зодрӯзи Марина Шовковпляс 1955, муаррих.

                                     

ⓘ Иқтисод

Иқтисод - низоми таърихан бавуҷудомадаи такрористеҳсоли ҷамъиятӣ, ё маҷмӯи соҳаҳою шаклҳои истеҳсолоти ба ҳамдигар алоқамандеро меноманд, ки тамоми шаклҳои меҳнати ҷамъиятиро фаро гирифтааст.

                                     

1. Мафҳум, таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир

Мафҳуми "иқтисоди миллӣ" яке аз фаҳмишҳои марказии назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд. Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ иборат аст. Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд. Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад: Истеҳсолоти моддӣ истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот соҳаи I ва истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ соҳаи II низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад, фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хизматҳо низ меноманд. Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.

Дар назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Таркиби истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи сектори давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми таҳлили иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад ва ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд. Масалан, соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи соҳаи иқтисод нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ММД чунин буд: истеҳсоли молҳо - 48.9 %, хизматрасонӣ - 39.6 % ва андозҳо - 11.5 %. Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошанд. Таркиби минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад. Асосан ба таркиби минтақавӣ ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ тобеи марказ ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро аз ҳамдигар ҷудо намудан мумкин аст. Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

  • таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;
  • таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.
  • таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ;
  • таъмини содироти бештари молу хизматҳо ба хотири афзоиши содироти соф фарқи байни содирот ва воридотва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;
                                     

Лоузан

Лоузан - яке аз шаҳрҳои вилояти Коимбраи давлати Португалия мебошад. Маркази вилоятӣ ва зерминтақавии Пиниал-Интериории Шимолӣ аст. Шумораи аҳолии шаҳр 17 000 нафар одамро ташкил мекунад.