ⓘ Соли 2019

Алоуддин (филм, 2019)

Алоуддин - филми Гай Ритчӣ дар бораи саргузаштҳои Алоуддин, мутобиқгардонии филми тасвирии 1992 бо ҳамон ном. Нахустнамоиши ҷаҳонӣ 13 майи соли 2019 дар Урдун баргузор шуд, ки дар он шоҳзода Алӣ ибни ал-Ҳусайн бо ҳамсараш Рим ал-Алӣ ширкат варзид. Нахустнамоиши филм дар Иёлоти Муттаҳида 24 майи соли 2019, дар Русия ва Тоҷикистон - 23 май баргузор шуд.

Ҳамаи гурбаҳо шабона хокистарранганд (2019)

Филм дар бораи масеҳӣ, марде мебошад, ки бо ду гурба зиндагӣ мекунад. Вай яке аз гурбаҳоеро, ки дар хориҷа аз гурба хориҷ карда шудааст, ҷеғ мезанад, то хоҳиши иҷронашудаи фарзанд доштанашро иҷро кунад. Филм як мелодрамаест, ки муносибати ғайримуқаррарӣ байни ҳайвонот ва одамонро ифода мекунад.

Ҷоизаҳои Оскар 2019

Наваду якумин маросими ҷоизаҳои "Оскар", тавассути Академияи улум ва ҳунарҳои синамо ва ба ифтихори беҳтарин филмҳои соли 2018, дар рӯз якшанбеи 24 феврали 2019 дар театри Долбӣ баргузор шуд. Номзадҳо 22 январи 2019 эълон шуда буданд.

Ҷоми миллатҳои Осиё 2019

Ҷоми миллатҳои Осиё 2019 - ҳабдаҳумин давраи Ҷоми миллатҳои Осиё ба мизбонии кишвари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аст. Шумораи тимҳои ширкаткунанда дар марҳалаи поёнии мусобиқот аз соли 2019 аз 16 тим ба 24 тим афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин давраи муқаддамотии ин мусобиқот бо давраи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия идғом шудааст.

7 феврал

Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 7 феврал 2014 - дар Сочи маросими оғози Бозиҳои XXII олимпии зимистона доир гардида, 23 феврал ба итмом расид. 1992 - шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид.

Ӯш

Ӯш - шаҳрест тобеъи маркази Қирғизистон, маркази маъмурии вилояти Ӯш. Ӯш пас аз Бишкек, шаҳри бузургтарини ҷануби кишвар, ки расман "пойтахти ҷанубӣ" номида мешавад, дуввумин шаҳри сераҳолии Қирғизистон аст. 18 декабри соли 2018 шаҳри Ӯш Пойтахти фарҳангии ҷаҳони турк барои соли 2019 эълон карда шуд.

                                     

ⓘ Соли 2019

Соли 2019 дар гоҳшумории мелодӣ - несоли кабиса, оғоз дар рӯзио сешанбе. Ин 2019 соли даврони ҳозир, 19 соли ҳазораи 3, 19 соли садаи XXI, 9 соли даҳаи 2 садаи XXI, 10 соли даҳаи 2010-ум.

                                     

1. Рӯйдодҳо

  • Солҳои 2019 - 2021 дар Тоҷикистон расман солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуд.
  • Ассамблеяи Генералии СММ соли 2019-ро соли байналхалқии ҷадвали элементҳои химиявӣ эълон кард. англ. International Year of the Periodic Table of Chemical Elements.
                                     

2. декабри соли 2019

  • 20 декабри соли 2019 Дар байни Донишномаҳои забонӣ 299 забонҳо Википедияи Тоҷикӣ марраи 100 000 вироишоти мақолаҳоро азбар намудааст. Он замон Донишномаи озоди тоҷикзабон дар ҷойи 63-ум қарор дошт. Wikimedia_News Нигаред ба Инҷо.
                                     

3. ноябри соли 2019

  • ноябри соли 2019 Бино ба фарзияи расмӣ, ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар марзи Тоҷикистону Узбекистон дар соати 03:23-и субҳи 6-уми ноябр ба амал омада, дар он як марзбон ва як афсари пулис ва 15 ҳамлавар кушта шудаанд. КДАМ эълон дошт, ҳамлаварон 20 нафар ва марбути гуруҳи ваҳшатафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ будаанд.
                                     

4. октябри соли 2019

  • 28 октябри соли 2019 Дар ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои ҷаҳон арзёбӣ менамояд, соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, дар байни 190 давлати ҷаҳон ҷои 106-ум-ро ишғол намуда, бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил шуд.
                                     

5. сентябри соли 2019

  • 9 сентябри соли 2019 Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" баргузор гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори агрегатҳо дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" -ро ба кор дароварданд.
  • Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба 42 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни иншооти муҳим ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
                                     

6. августи соли 2019

  • 6 августи соли 2019 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Балҷувон вилояти Хатлон роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон-Ховалингро мавриди истифода қарор дод.
  • 31 августи соли 2019 Ансамбли фолклории Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали XII байналмилалии мусиқии "Таронаҳои Шарқ", ки дар майдони Регистони шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, байни 28 ансамбл ва гурӯҳҳои эҷодӣ аз кишварҳои гуногун сазовори ҷои сеюм дониста шуд.
  • 27 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии "Сиёма" -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд.
  • 30 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли "Душанбе" -ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


                                     

7. майи соли 2019

  • 6 майи соли 2019 Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолият доранд.
                                     

8. апрели соли 2019

  • 3 апрели соли 2019Бори аввал дар таърихи варзиши Тоҷикистон ва Осиё имрӯз, 3 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ду дастаи беҳтарини Тоҷикистон - "Истиқлол" -и Душанбе ва "Хуҷанд" -и Хуҷанд дар бозии аввали гурӯҳи "Д" -и Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё бо ҳам қувва месанҷанд.
  • 10 апрели соли 2019 10 апрели соли 1930 бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, радио таъсис шуд. Он рӯз аз Хонаи деҳқон, макони собиқи театри давлатии русии ба номи Маяковский нахустин бор радиои Тоҷикистон бо хитобаи "Диққат! Диққат! Диққат! Инҷо Сталинобод!" гуфторҳои худро оғоз кардааст.
  • 2 апрели соли 2019 Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон "Роҳи танобӣ" -ро аз Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор дод. "Роҳи танобӣ", ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад. Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад. Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода аст.
  • 4 апрели соли 2019 Тибқи эълони шаҳрдорӣ, аз 10 апрел ҳаракати микроавтобусҳои № 67 дар масири маҳаллаи Маърифатӣ-кӯчаи Гагарин қатъ карда мешавад.
  • 1 апрели соли 2019 Пойтахти Тоҷикистон имрӯзҳо хеле зебост - ҳамаи гулгаштҳои шаҳрро лолаҳои навъҳо ва рангҳои гуногун оро медиҳанд. Имсол дар Душанбе наздики 400 ҳазор бех лола шинонида шуд. Ҳамагӣ имсол пойтахтро беш аз 6 млн бех гулҳо зебу зинат мебхашанд: беш аз 5.5 млн мавсимӣ ва наздики 700 ҳазор бисёрсола.
  • 9 апрели соли 2019 Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" таҳти унвони "Кашшофи падидаҳои наврас" ҷамъбаст гардид.
  • 7 апрели соли 2019 Дастаи наврасони Тоҷикистон тими футболбозони Қирғизистонро дар сабқати байналмилалии Ҷоми "Роҳи Абрешим Хуашан-2019" бо ҳисоби калон мағлуб кард. Вохӯрии дастаҳои наврасони Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳисоби 8:0 анҷом ёфт.
  • 11 апрели соли 2019 Тибқи қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат аз лоиҳаи созишномаи нав бо Бунёди Оқохон барои сохтмони пули нави пайвандгари Тоҷикистону Афғонистон ҷонибдорӣ намуд.
  • 6 апрели соли 2019 23 августи соли 2013 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳамасола 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ҷашн гирифта шавад. Мақсад аз қабули ин рӯз тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш ва ба ин восита ба ҳам овардани ҷавонону наврасон мебошад.
  • 5 апрели соли 2019 Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми "Роҳи абрешим - Ҳуа Шан" Silk Road - Hua Shan Cup-2019 ширкат меварзад. Футболбозони мамлакат таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба Ҷумҳурии Халқии Чин сафар карданд.
  • 12 апрели соли 2019 Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, 12 ва 13-уми апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад.
  • 8 апрели соли 2019 Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия бори сеюм аст, ки соҳиби медали ифтихорӣ мегардад. Қаблан соли 2017 дар ҳамин мусобиқот соҳиби медали нуқра шуда, соли 2018 чемпиони мусобиқоти Гран При Анталия гардида буд.


                                     

9. марти соли 2019

  • 10 марти соли 2019 Як ҳавопаймои мусофирбари Эфиопия дар роҳ ба сӯи Найроби, пойтахти Кения, суқут кард. Дар ширкати ҳавопаймоии Эфиопия гуфтанд, ки "Боинг 737" 149 мусофир ва 8 сарнишин дошт. Дар миёни онҳо се шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Сербистон будаанд.
  • 25 марти соли 2019 Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 24 март бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муасиссаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар ҳаводорону мухлисони ин навъи варзиш ва бо намоиши беҳтарин рақобатҳо миёни паҳлавононӣ маъруфи мамлакат чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба куштии миллӣ барои дарёфти "Ҷоми пойтахт - 2019" баргузор гардид.
  • 7 марти соли 2019 Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати "100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019" шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
  • 19 марти соли 2019 Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 99 мавриди истифода қарор гирифт.
  • 1 марти соли 2019 Инак тибқи қонунияти умумии табиат, имрӯз, 1 март ба Тоҷикистони зебои мо фасли баҳори нозанин қадам гузошт. Чӣ хуш фасли зебою гуворост баҳор, арӯси солаш ном мебаранд ва ин бесабаб нест. Зеро вақте ки ин фасл медарояд, замин ҷомаи сабз мепӯшад. Талу теппаҳо аз гулу себаргаҳо пур гардида, ҳавои хушу муаттаре ба машоми кас мерасад. Аҷаб фасли зебою дилрабост баҳори нозанин!.
  • 3 марти соли 2019 Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии радио ва телевизиони бачагона International Children’s Day of Broadcasting таҷлил мегардад, ки он имсол ба 3 март рост омад. Ин сана аз соли 1991 бо ибтикори ЮНИСЕФ -Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид СММ таҷлил мегардад.
  • 17 марти соли 2019 Дар меҳмонхонаи "Душанбе Серена" рӯзи 17 март дар остонаи ҷашни Наврӯз ярмаркаи ҳунармандони Тоҷикистон бахшида ба ин ид доир гардид.
  • 21 марти соли 2019 Дар хиёбони Рӯдакӣ ва майдони "Дӯстӣ" -и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии "Корвони шодиёнаи наврӯзӣ" гузаронида шуд. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барнома овозхонҳои маъруфи ҷумҳурӣ, ансамблҳои рақсӣ вап ғайраҳо ҳунарнамоӣ карданд.
  • 5 марти соли 2019 Дастаи футболи "Истиқлол" -и Душанбе дар бозии финалӣ дастаи "Кӯктош" -и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 5 бар 2 шикаст дода, барандаи панҷкаратаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид. Бозии мазкур имрӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир шуд.
  • 31 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити замонавии беморхона, ки аз 4 шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат мебошад, шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур. Бинои беморхона дар масоҳати умумии 2 гектар бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шуда, аз 3 ошёна, таҳхона, шуъба, бахшҳои муоина ва табобатӣ иборат мебошад.
  • 28 марти соли 2019 Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тӯли 2 моҳи аввали соли равон қариб 20 % афзуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 710 млн сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19.8 % ва ё 117.1 млн сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нав.
  • 23 марти соли 2019 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.
  • 22 марти соли 2019 Нимаи дуюми рӯзи 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар "Наврӯзгоҳ" - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
  • 13 марти соли 2019 Дар Донишгоҳи Руссеи ба номи Ангел Кончеви Ҷумҳурии Булғористон нахустин вохӯрии шарикони лоиҳаи "Навсозии низоми таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияи муосир" оғоз гардид. Дар кори он муовинони вазирони маориф ва илм ва намояндагони 15 донишгоҳ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Италия, Люксембург ва Португалия иштирок доранд.
  • 20 марти соли 2019 Пас аз ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.
  • 16 марти соли 2019 Бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ифтихори иди Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Дави наврӯзӣ ва Марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
  • 26 марти соли 2019 Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаҳр миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва дигар халқияту миллатҳо мусобиқи куштигирӣ баргузор гардид.
  • 24 марти соли 2019 "Вақти амал кардан" - таҳти ин шиор имсол бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ТУТ 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҷлил мегардад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад.
  • 8 марти соли 2019 Бахшида ба Рӯзи Модар дар Маркази таълимии "Пойтахт" -и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону бонувони хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати шахсӣ чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
  • 18 марти соли 2019 Дар озмуни "Авто-Бону-2019", ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА ВКД гузаронида шуд, Муътабар Азимова аз вилояти Суғд сазовори ҷойи аввал ва соҳиби мукофоти асосӣ- Диплом ва рамзи "Авто-Бону- 2019" гардид.
  • 12 марти соли 2019 Бунёди муҷассамаи "Истиқлол ва Озодӣ" дар Душанбе бо баландии 121 метр. Ёдрас мешавад, ки Боғи "Истиқлол" бо майдони маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол ва Озодӣ" дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати марказии пойтахт, дар қитъаи замини масоҳаташ 30.0 гектар бунёд карда мешавад.
  • 30 марти соли 2019 Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми ифтитоҳи Маҷмааи хизматрасонии "Баҳор" ба 50 кӯдаки ятими кулл туҳфа дод. Дар шаҳри Хуҷанд бошад, Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри ҷавононро ба баҳрабардорӣ расонд. Сарвари давлат барои қадршиносию ҷовидон сохтани хотираи шоири маҳбуб ва муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ ин қасрро ба номи ӯ гузошт.
  • 11 марти соли 2019 Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор мегардад. Тавре хабар доданд, ҷамъомад соати 16:00 доир гардида, дар он беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
  • 27 марти соли 2019 Tcell, бузургтарин ширкати телекомуникатсионӣ дар Тоҷикистон, сабки наву динамикии худро, ки хусусияти навоварона ва рӯҳияи иноватсионӣ дорад, муаррифӣ кард. Намуди зоҳирии ҷадиди тамғаи молӣ бо дарки майлу рағбатҳои на фақат муштариёни тоҷикистонӣ, балки корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон рӯйи кор омадааст. Шиори нави "Алоқа барои ҳаёт" аз Tcell, инъикосгари муҳимияти арзишҳои ҳамешагии инсоният буда, нақши зарурии онро бозгӯ мекунад.
  • 14 марти соли 2019 Имрӯз кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил менамоянд. Мусаллам аст, ки 8 апрели соли 2015 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола дар мамлакат 14 март иди касбии кормандони мақомотиш прокуратура таҷлил мегардад. Қаблан он 14 декабр ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз таҷлил намудани Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура ба он рабт дорад, ки 14 марти соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардида, тибқи он вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
  • 9 марти соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи баробарҳуқуқии зану мард миёни кишварҳои ИДМ ҷойи сеюмро ишғол кард. Чунин аст натиҷаи тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони "Занон, тиҷорат ва қонун: даҳ соли ислоҳот".
  • 15 марти соли 2019 15 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии "Оркестри давлатии симфонӣ" -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  • 6 марти соли 2019 Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони шаҳри Хуҷанд бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид.
  • 29 марти соли 2019 Миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
  • 2 марти соли 2019 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2019 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2019 ИМД-2019 оғоз кард.
  • 4 марти соли 2019 Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Авто-Бону-2019" баргузор менамояд. Тавре аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, озмуни мазкур 16 марти соли равон, соати 10:00 дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.


                                     

10. феврали соли 2019

  • 4 феврали соли 2019 Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар шаҳри Хуҷанд бори нахуст аз сатҳи 1 миллиард сомонӣ зиёд гардида, он ба 1 млрд 033.3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нисбат ба соли 2017 11.6 фоиз зиёд аст.
  • 1 феврали соли 2019 Тӯли 45 рӯз дар нерӯгоҳи Роғун 3 баробар зиёд аз барқи истеҳсолшудаи тӯли 1 сол дар ҳамаи нерӯгоҳҳои хурди кишвар барқ истеҳсол гардида, тибқи маълумоти Вазорат, соли гузашта бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳаҷми рекордӣ - 19.8 млрд кВт/соат нерӯи барқ пеш аз ин 18.6 млрд кВт/соат - соли 1988 истеҳсол шудааст.
  • 25 феврали соли 2019 Бо дастгирии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду хатсайри нави сайёҳии "фото ва фито-сафарӣ" дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташкил гардиданд.
  • 12 феврали соли 2019 Чемпиони Тоҷикистон - "Истиқлол" -и Душанбе имрӯз бори аввал дар таърихи худ дар бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзад. 12 феврал футболбозони тоҷикистонӣ дар муқобили дастаи АГМК-и Алмалики Ӯзбекистон вориди майдони рақобат шуданд.
  • 22 феврали соли 2019 Маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар Душанбе баррасӣ гардид. Иттилоъ доданд, ки дар мулоқот татбиқи "Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ" матраҳ гардид.
  • 8 феврали соли 2019 Душанбе соҳиби нишон мегардад ва унони "Сокини фахрии пойтахт" таъсис дода мешавад. Дар иртибот ба ин ба Қонун "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
  • 10 феврали соли 2019 "ДАРАХТ БИНШОН!" - таҳти ин унвон дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 2000 бех дарахтони ороишӣ ва 10 ҳазор дона гули садбарг шинонида шуданд. Бояд ёдовар шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст.
  • 19 феврали соли 2019 Шахсоне, ки симкортҳояшон бо шиносномаҳои куҳна ба қайд гирифта шудаанд, бояд онро дубора ба қайд гиранд. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон аз ду симкорт зиёдтар гирифта наметавонанд.
  • 17 феврали соли 2019 Дар натиҷаи сӯхтор дар Бангладеши Олмон дастикам ҳашт нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ба қавли мақомоти ин кишвар, сӯхтор беш аз 200 хонаи сокинонро ба коми худ фурӯ бурд. Сӯхтор субҳи барвақти 17-уми феврал, замоне рух дод, ки бисёре аз сокинон ҳанӯз дар хоб буданд.
  • 26 феврали соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо "Сайри гули лола" дар шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Тавре хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ ба тасвиб расидааст.
  • 21 феврали соли 2019 Ҳамасола 21 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардида буд.
  • 20 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони ВАО-и давлатӣ мулоқот карданд.
  • 15 феврали соли 2019 Беш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратонро ҷашн мегиранд. Бино ба маълумоти оморӣ, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 200 ҳазор нафар кӯдакон ба бемории саратон` гирифтор шуда, нисфи онҳо ҳалок мегарданд. Сари вақт муроҷиат намудан ва оғоз намудани табобат аз оризаҳои нохуши ин беморӣ нигоҳ медорад.
  • 27 феврали соли 2019 Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ дар иншооти қабулу хизматрасонӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби коршиносон ва мутахассисони соҳа ба роҳбарон ва кормандони меҳмонҳонаву тарабхонаҳо ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои шаҳри Ваҳдат семинари омӯзишӣ доир карда шуд. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, семинари омузишӣ дар самтҳои "Хизматрасонӣ дар меҳмонхона ва осоишгоҳу истироҳатгоҳ", "Роҳбалад", "Хизматрасонӣ дар тарабхона" ва дигар самтҳои муҳими хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ доир гардид.
  • 23 феврали соли 2019 Дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо таърихи муҳими таърихӣ 26 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
  • 14 феврали соли 2019 Соли 2018 байни давлатҳо ба маблағи зиёда аз 300 млн доллар созишномаҳо ба имзо расиданд. Тайи 4 соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат афзуда, аз 14.9 млн доллар дар соли 2015 то ба 281.5 млн доллар дар соли 2018 расид.
  • 11 феврали соли 2019 Алҳол ба мусофироне, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, чор фурудгоҳи байналмилалӣ - фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар хизмат мерасонанд. Танҳо соли сипаригардида фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз ду миллион нафар мусофир хизмат расониданд, ки аз ин омор наздик ба 70 фоизи хизматрасониҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.
  • 2 феврали соли 2019 Аз 8 то 17 феврали соли равон дар шаҳри Сахалини Ҷанубии Федератсияи Россия аввалин Бозиҳои зимистонаи "Бачаҳои Осиё" баргузор мешаванд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 3 варзишгари наврас - Ҷаҳонгир Аҳёзода, Маҳмудҷон Эшонов ва Зикруллои Шамсулло намояндагӣ мекунанд. Онҳо дар намуди лижаронии кӯҳӣ, слалом ва слаломи бузург дар миёни 20 давлати Осиё иштирок менамоянд.
  • 16 феврали соли 2019 Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ММД дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд - ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ 7.3 % -ро ташкил медиҳад.
  • 9 феврали соли 2019 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд. Озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта, ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад.
  • 5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
  • 6 феврали соли 2019 Кумитаиш кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон Фестивали ҷумҳуриявии "Суруди модар - Алла" баргузор менамояд. Фестивали мазкур ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба занону модарони тоҷик бахшида мешавад.
  • 18 феврали соли 2019 Дастаи "Истиқлол" -и Душанбе рӯзҳои истироҳат ду бозии мавқуфгузоштаи худро барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо дастаҳои КМВА "Помир" ва "Шоҳмансур" гузаронида, ғалаба ба даст овард.
  • 7 феврали соли 2019 Дар Китобхонаи миллӣ Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
  • 3 феврали соли 2019 Имрӯз дар "Боғи Ирам" -и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан таҳти унвони "Самараи умри деҳқон" баргузор гардид. Бояд гуфт, ки намоиши мазкур тибқи нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2021 гузаронида мешавад.
  • 13 феврали соли 2019 Имрӯз, рӯзи ҷаҳонии радио ҷашн гирифта мешавад. Заминаи пайдоиши ин ид маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2011, зимни баргузории Конфронси 36-уми генералии ЮНЕСКО ба миён омад. Дар ин рӯз Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ба Конфронси генералӣ тавсия дод, ки Рӯзи ҷаҳонии радиоро эълон кунад. Ҳамин тавр аз соли 2012 то инҷониб 13 феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи радио ҷашн гирифта мешавад.
  • 24 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои мавсими баҳорӣ дар саросари мамлакат оғоз бахшиданд.
  • 28 феврали соли 2019 Таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як қатор лоиҳаи қонунҳо ва мушкилиҳои дигар дида баромада шуд.


                                     

11. январи соли 2019

  • 1 январи соли 2019ИМА аз ЮНЕСКО баромад.
  • 25 январи соли 2019 Нимаи аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки ба он 27 кишвар узвият дорад, доир мегардад.
  • 26 январи соли 2019 Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикотии хешро ба муносибати ҷашни Сада ба мардуми шарафманди тоҷик ироа дошт.
  • 30 январи соли 2019 Дар раддабандии Индекси дарки коррупсия, ки ҳамасола аз ҷониби Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Transparency International таҳия мешавад, Тоҷикистон зинаи 152-юмро ишғол намуд.
  • 29 январи соли 2019 Дар Тоҷикистон лоиҳаи Қонун "Дар бораи муқовимат бо экстремизм" таҳия мегардад. Бо ин мақсад алакай дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марбутаи мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, пас аз 3 моҳ лоиҳаи Қонуни мазкур таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
  • 23 январи соли 2019 Китоби нав - маҷмӯаи суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа таҳти унвони "О современном мире и основных аспектах внешней политики Республики Таджикистан" Дар бораи ҷаҳони муосир ва ҷанбаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ дар матбааи "Контраст" ба нашр расид.
  • 24 январи соли 2019 Сарулибоси милитсионерҳои тоҷик имсол нав карда шуда, дар назар аст, ки милитсияи Тоҷикистон ба политсия табдили ном кунад. Дар аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд.
  • 28 январи соли 2019 Варзишгарони шинохтаи тоҷик Одилшоҳ Исматов ва Кристина Пронженко аз намуди варзиши сабук дар 5-умин Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони олимпии Олга Рипакова, ки дар Уст-Каменогорскии Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иштирок намуда, сазовори ду медал гардиданд.
  • 31 январи соли 2019 Дар муқоиса бо соли хониши гузашта дар соли хониши 2019 - 2020 квотаҳои Русия ба довталабони Тоҷикистон аз 618 то ба беш аз 630 адад зиёд шуд, ки ин шумор квотаҳои таҳсил барои Тоҷикистон аз ҳама зиёдтарин байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
  • 27 январи соли 2019 Имрӯз сокинон ва меҳмони пойтахти Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии Фирдавсӣ дар фазои идона ҷашни Садаро таҷлил намуданд.
                                     
  • мутобиқгардонии филми тасвирии 1992 бо ҳамон ном. Нахустнамоиши ҷаҳонӣ 13 майи соли 2019 дар Урдун баргузор шуд, ки дар он шоҳзода Алӣ ибни ал - Ҳусайн бо ҳамсараш
  • Портали рӯйдодҳои кунунӣ 20 декабри соли 2019 Дар байни Донишномаҳои забонӣ 299 забонҳо Википедияи Тоҷикӣ марраи 100 000 вироишоти мақолаҳоро азбар
  • Ҳама гурбаҳо шабона хокистарранганд, филми кӯтоҳи Швейтсария дар соли 2019 мебошад. Филм дар бораи масеҳӣ, марде мебошад, ки бо ду гурба зиндагӣ мекунад
  • беҳтарин филмҳои соли 2018, дар рӯз якшанбеи 24 феврали 2019 дар театри Долбӣ Ҳоливуд, Лос - Анҷелес баргузор шуд. Номзадҳо 22 январи 2019 эълон шуда буданд
  • Арабӣ аст. Шумораи тимҳои ширкаткунанда дар марҳалаи поёнии мусобиқот аз соли 2019 аз 16 тим ба 24 тим афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин давраи муқаддамотии ин мусобиқот
  • давом мекунад, хеле баланд аст. Оташҳо аз моҳи августи соли 2019 идома доранд. То 5 январи соли 2020, дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 6, 3 миллион гектар ҷангалҳо
  • Aingimea - ҳуқуқшинос ва сиёсатмадори Науру, Президенти кишвар аз 27 августи соли 2019 Лионел Энгимея дар Австралия дар соҳаи ҳуқуқ таҳсил кардааст. Пас аз
  • Дебюти ягонаи ӯро то моҳи феврали соли 2018 дар Spotify беш аз 35 миллион одам гӯш карданд ва дар моҳи майи соли 2019 дар YouTube 110 миллион тамошо кардааст
  • Соли 2017 ду ҳазору ҳабдаҳум дар гоҳшумории мелодӣ - несоли кабиса, оғоз дар рӯзи якшанбе. Ин 2017 соли даврони ҳозир, 17 соли ҳазораи 3, 17 соли садаи
  • Соли 2016 ду ҳазору шонздаҳум дар гоҳшумории мелодӣ - соли кабиса, оғоз дар рӯзи ҷумъа. Ин 2016 соли даврони ҳозир, 16 соли ҳазораи 3, 16 соли садаи
  • садаи XXI, 8 соли даҳаи 2 садаи XXI, 9 соли даҳаи 2010 - ум. соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон. 16 ноябри соли 2018 Пешвои


                                     

Harmony of the Seas

Harmony of the Seas - киштии гардишии синфи Oasis мебошад. Он севумин ба тартиби шумориш пас аз Oasis of the Seas ва Allure of Seas мебошад. Ин кишти тафреҳӣ бузургтарин киштии сохташуда тавассути башар бо дарозии 362 ду метр дарозтар аз Allure of the Seas то сохта шудани чаҳорумин силсилаи Symphony of the Seas токунун аст. Фароянди сохти ин киштӣ аз 27 декабри соли 2012 оғоз шуд ва дар таъри 19 июни соли 2015 ба об андохта шуд.

                                     

Джюгас (бошгоҳи футбол)

"Джюгас" - бошгоҳи Футбол Тельшяй; яке аз дастаҳои маъруфи футболи Литва, чемпиони кунунии лигаи олии Чемпионати Литва.

                                     

Кауно Жальгирис (бошгоҳи футбол)

"Кауно Жальгирис" - бошгоҳи Футбол Каунас; яке аз дастаҳои маъруфи футболи Литва, чемпиони кунунии лигаи олии Чемпионати Литва.

                                     

ViacomCBS

"ViacomCBS" - ин як васоити гуногуни сермиллати амрикоӣ ва конгломерати фароғатист, ки тавассути якҷояшавии ҷашни дуввуми CBS Corporation ва ҷашни дуввуми Viacom дар 4 декабри соли 2019, ки аз ҷашни якуми Viacom дар соли 2006 тақсим шудаанд, таъсис ёфтааст. Саридора дар One Astor Plaza дар Midtown Manhattan, шаҳри Ню-Йорк, ширкат аз 170 шабака кор мекунад ва аз соли 2019 тақрибан ба 700 миллион муштарӣ дар тақрибан 180 кишвар мерасад.