ⓘ Энсиклопедияи насри форсу тоҷик

                                     

ⓘ Энсиклопедияи насри форсу тоҷик

Энсиклопедияи насри тоҷику форс. - Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. - 404 c.

                                     

1. Мундариҷа

Китоб аз силсилаи "Энсиклопедияи насри тоҷику форс" бо фарогирии китобҳои панду ахлоқии "Ахлоқи Мӯхсинӣ", "Саргузашти Ҳотам" ва "Тӯтинома" беҳтарин намунаи насри классикии тоҷику форс буда, осонфаҳм, равон, дилрас, ҷаззоби пандомез аст. Китоб аслан аз рӯи нашрияҳое, ки солҳои пешин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида буданд, рӯнавис шуда дар дигар сохту андоза муқовабандиву саҳҳофи гардида баъзе иштибоҳҳои ноширони пештара ба тавассути мукоисаву муқобала бо дигар нашрҳо ва минҷумла нусхаҳои хаттии форсӣ ҳадалимкон ислоҳ карда шудаанд. Ҳамчунин дар тадвину таҳияи матни китоб қоидаҳои нави имлои забони адабии муосири тоҷик риоя гардиданд.

                                     

2. Мутолиаи ройгон

Хонандагон ройгон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби номбурдаро мутолиа карда метавонанд. Нусхаи электронии он дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон - kmt.tj гузошта шудааст.