ⓘ Садриддин Айнӣ

Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ

Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ дар Самарқанд, ки бо қарори Соети Вазирони ҶШС Ӯзбекистон. дар ҳавлии Садриддин Айнӣ тасъсис ёфтааст.

Айнӣ (мазмунҳо)

Мазмунҳо: Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон 1951–1954, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон 1997 Ноҳияи Айнӣ - ноҳияи Айнӣ дар вилояти Суғд Камол Айнӣ - ховаршинос, адабиётшинос, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон 1996

Сари (пешоянд)

Сари - пешоянди номӣ буда, алоҳида ва бо пешояндҳои аслии дар, ба, аз,бар кор фармуда мешавад.Пешояндҳои номии таркибии дар сари, ба сари, аз сари, бар сари вобаста ба маъноҳои худ ва маънои луғавии калимаи тобеи ибора ашёеро нишон медиҳанд, ки дар наздикии он ягон амале воӄеъ мегардад.

Ҷонишинҳои манфӣ

Ҷонишинҳои манфӣ дорои маънои инкори умумӣ мебошанд. Дар забони тоҷикӣ калимаи ҳеҷ ҷонишини манфӣ ба шумор меравад. Хабари ҷумла бо ин ҷонишин дар шакли инкорӣ меояд.

Ғуломон

Ғуломон - яке аз асарҳои нависандаи тоҷик Садриддин Айнӣ мебошад, ки соли 1934. навишта шудааст. Ғуломон яке аз бузургтарин асарҳои нависанда аст. Романи "Ғуломон" нахуст бо забони ӯзбекӣ дар Ӯзбекистон нашр шудааст ва як сол баъд аз ин бо забони тоҷикӣ чоп шуд.

Бо (пешоянд)

Пешоянди бо маъноҳои ҳамроҳӣ ва воситаи иҷроро ифода мекунад.Бар замми ин вобаста бо мазмуни исм ва феъл тобишҳои иловагии маъно зоҳир мекунад.Ба монанди: дар иҷрои амал ҳамроҳиро нишон медиҳад,воситаи иҷрои амалро далолат мекунад,тарз,замон ва сабаби рӯй додани амалро мефаҳмонад.

                                     

ⓘ Садриддин Айнӣ

Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон.

                                     

1. Зиндагинома

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 15 апрел 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ўзбекистон ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун, худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони "Мактаби куҳна" тасвир карда ва дар "Ёддоштҳо" мегӯяд: "Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод". Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад.

Муддати 27 соли зиндагӣ дар Бухоро Айнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд.

Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.

Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии "Айнӣ" ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст.

Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш "Наводиру-л-вақоеъ" нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои садаи XX устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. "Таҳзиб-ус-сибён" -ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ ба Самарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дар Самарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад.

Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда - Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. "Марсия" - и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Дар даврони Ҳокимяти шӯравӣ аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро 1920 муддате дар консулҳона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъйин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон 1951 - 1954 мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як ҷои хушманзараи Душанбе зиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ мегӯянд.

                                     

2. Фаъолияти омӯзгории Айнӣ

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст:

  • Таълим дар мактабҳои усули нав.
  • Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябри соли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М. А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду "Ширкати Бухорои Шариф" таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби "Тартиб- ул-Қуръон" - ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ "Таҳзиб-ус-сибён" "Тарбияи ҷавонон" тайёр ва нашр шуд.

Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари "Мактаби куҳна" тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби куҳна танҳо хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд.

Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро "кофир" ва мактабро "шайтонҳона" эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.

Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд.

                                     

3. Эҷодиёти устод

Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XIX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти "Муҳтоҷӣ", "Ҷунунӣ" ва "Сифлӣ" ба қалам овардааст.

Аз соли 1895 тахаллуси "Айнӣ" -ро қабул ва бо ҳамин ном шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри "Гули сурх", ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши "Гули сурх" дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

Китоби дарсии "Тазҳиб-ус-сибён" 1909 - 1917 ва манзумаи тамсилии "Кирмаку Парвона" 1917 моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918 - 1921 навиштаи ӯ "Марши ҳуррият", "Ба шарафи Инқилоби Октябр", "Инқилоб", "Марши байналмилал", "Якуми Май" ва ғ. дар маҷаллаи "Шуълаи Инқилоб" ва ҷаридаи "Меҳнаткашлар товуши" "Садои меҳнаткашон" чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш "Ахгари Инқилоб" Бухоро, 1923 ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.

Вале устод Айнӣ эҳсос кард, ки замон дигар шуда, вазифаю масъулияти зиёде ба дӯш дорад. Дар адабиёт образҳои нав офаридан лозим. Аммо назм барои баёни чунин афкору андеша густариши ҳодисаю воқеоти рӯз тангӣ мекард. Ба ин маънӣ устод чунин ибрози назар кардааст:

Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин "Марсия" - и ӯст. Ин асар ба муносибати фоҷиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:

Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои "Замзамаи дабистон", "Суруди мактаб", "Саҳаргоҳон" ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:



                                     

3.1. Эҷодиёти устод Китоби тақдирсози миллат

Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд.

Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва ҳукуматдорони ҳамон замони шӯравӣ бо ҳамкории тургароён, тоҷикон ягона зимомдорони Осиёи Марказиро аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Ӯ китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" -ро навишт ва дар он сесад шоирро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва… диг., ки аз ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. "Намунаи адабиёти тоҷик" -ро дар соли 1926 баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.

Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин Мовароуннаҳру Хуросон буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ, Қисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам "Намунаи адабиёти тоҷик" басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд

Мутаассифона, унвони муҳимтарин китоби Устод Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷикӣ" ҳамеша дар баргардони кириллии он барғалат омадааст ва бо чӣ иллате ин ғалатро адабиётшиносон ва забоншиносон нодида гирифтаанд - менависад Доктор Шамсулҳақ Ориёфар. Ахиран ин китоб боз ҳам бо унвони ғалати "Намунаи адабиёти тоҷик" мунташир ва дар ҷамъи фарҳехтагон муаррифӣ шуд.

                                     

3.2. Эҷодиёти устод Асарҳои бадеӣ

Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ "Ҷаллодони Бухоро" -ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.

Баъдан қиссаи "Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина" -ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924 - 1925 дар рӯзномаи "Овози тоҷик" чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони "Одина" дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.

Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.

Нахустин романи ӯ "Дохунда" соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст. Соли 1935 калонтарин романи ӯ "Ғуломон" интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935 - 1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии "Мактаби куҳна" -ву "Ятим" аз он ҷумлаанд. Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941 - 1945 Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст.

Дар тӯли солҳои 1949 - 1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии "Ёддоштҳо" ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд. Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст. Яке аз асарҳои барҷастаи устод, ки солҳои дароз дар болои он кор кард, "Ёддоштхо" мебошад. Ӯ пеш аз маргаш тавонист, ки ин шоҳасарашро ба анҷом расонад. Устод бо ин асараш сазовори лауриати мукофоти давлатӣ гардид. "Ёддоштҳо" аз чаҳор ҷилд иборат буда, рӯзгори як давраи томи халқи тоҷикро фаро гирифтааст, ки қаҳрамони асосии асар худи устод мебошад. Ҳодисаю воқеаҳои то ғалабаи инкилоб, ки устод Айнӣ яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, бисёр ҷозиб ва мушаххас инъикос ёфтааст. Аз ин хотир, ин асар дар адабиёти тоҷик ҳамчун асари ёддоштӣ ёд шудааст. Дар дохили "Ёддоштҳо" бисёр қисса, новелла, ҳикоя ва повестҳои алоҳида ворид гаштанд. Аз ин рӯ, "Ёддоштҳо" -ро метавон ҳамчун маҷмуи осори насрии солҳои охири устод ба қалам дод. Истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии устод Айнӣ ба дараҷае тараққӣ кард, ки ӯ аз 15 ҷилди куллиёташ 14 ҷилди онро дар нимаи дуюми умраш, дар чилсолагиаш эҷод намудааст.

Соли 1950 барои ду ҷилди аввали "Ёддоштҳо" нависанда сазовори Мукофоти давлатии ИҶШС гардонида шудааст. Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти "Овози тоҷик", "Тоҷикистони Сурх", маҷаллаи "Барои адабиёти сотсиалистӣ" ва "Шарқи Сурх" шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои "Ёдгорӣ" 1935, "Ашъори мунтахаб" 1958, "Ахгари Инқилоб" 1974 гирдоварӣ ва чоп шудаанд.

                                     

3.3. Эҷодиёти устод Саҳми илмӣ

Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки "Таърихи амирони манғитияи Бухоро" Тошканд, 1923, "Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро" Маскав, 1926 ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд. Соли 1934 асари пурарзишро дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома" - и ӯ ба анҷом мерасонад. Ҳамин тавр, пайдарҳам асарҳои "Шайхурраис Абуалии Сино", "Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ", "Устод Рудакӣ", "Камоли Хуҷандӣ", "Алишер Навоӣ", "Зайниддин Маҳмуди Восифӣ" ва амсоли инҳоро ба табъ мерасонанд. Устод дар асарҳои хеш бисёр масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашудаи ҳаёту эҷодиёти адибони дар боло ёдшударо бо далелу бурҳонҳои қотеъ ҳал менамояд. Чунончи, солҳои тӯлонӣ доир ба бисёр масъалаҳои мубрами ҳаёту фаъолияти эҷодии Абулкосим Фирдавсӣ, чи дар байни муаллифон сарчашмаҳо ва чи дар байни шарқшиносони шӯравиву хориҷӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф мавчуд буданд. Аксарияти онҳо ривоятҳои афсонавиро ҳамчун факту далелҳои эътимодбахш қабул намуда, ба ғалатҳо роҳ дода буданд

Аз ин чиҳат хизмати устод Айнӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба тадқиқи ҳаёту фаъолияти Фирдавсӣ ба воситаи асари офаридааш ибтидо гузошт ва роҳи ояндаи омӯзиши муҳаққиқонро муайян намуд. Ба ҳамин тариқ, устод муддати тӯлонӣ ранҷ кашида, аз нахли кӯҳан боғи зебое орост, ки имрӯз пажӯҳишгарон аз бӯйи гулҳои муаттараш баҳра мегиранд, асарҳои пурарзиш меофаранд. Худи устод ин маъниро ба тариқи зайл баён кардааст:

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд. Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ - "Намунаи адабиёти тоҷик" 1926 солшуморӣ мешавад. Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст. Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш ба забони ӯзбекӣ дар Тошканд интишор ёфтаанд. Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст. Тарҷумаи романи Ф.Дюшен "Қамар" 1927 аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст. Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.



                                     

4. Бобоҷон Ғафуров дар бораи Айнӣ

Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон солҳои 1946 - 1956 ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби "Тоҷикон" месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт:

Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд".

                                     

5. Некдошти устод

Осори бузурги Садриддин Айнӣ, ки саросар зиндагиро вақфи хидмат ба одамизодагон кард ва партаве дар ҷаҳони маърифат тофт, ки ҳаргиз фурӯ нахоҳад нишаст, дар миён тарҷума ва хоҳад буд ва ҷовидон хоҳад монд.

  • Ҷоизаи махсуси адабии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ 2005 номи ӯро дорад, ки дар ду сол як маротиба адибони соҳибкитоби хушсалиқа сазовораш гардонида мешаванд.
  • Дар шаҳри Душанбе Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ ва Мақбараи Айнӣ бунёд шудааст;
  • Устод Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нахустин шахсиятҳои барҷастаи ҷумҳурӣ мебошад, ки дорандаи унвони олии давлатии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон тақдир шудааст.
  • Соли 1977 муҷассамаи азиму нимпайкараҳои муҷаллояш дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва чандин шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохтанд.
  • Аз соли 1958, ҳамасола, дар рӯзи таваллуди нависанда Маҷлиси илмии "Солонаи Айнӣ" барпо гардида, маводи он дар маҷмӯаи махсуси "Ҷашнномаи Айнӣ" нашр мешавад.
  • Солҳои 1935, 1949 ва 1953 ҷашни солгарди ҳаёту эҷодиёти ӯ, соли 1978 садумин солгарди зодрӯзи бузургмарди таърихи миллат ботантана таҷлил ёфтаанд.
  • ба номи Садриддин Айнӣ якчанд кучаву маҳаллаҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
  • Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, дар Самарқанд дар ҳавлии нависанда Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ ташкил ёфтаанд, ки зиёратгоҳи хосу оми ҷаҳонанд.


                                     

6. Ҷоизаҳо

  • Бо се ордени Ленин;
  • медалу ифтихорномаҳо;
  • ду "Байраки Сурхи меҳнат" ;
  • Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 1997 ба устод Айнӣ Унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.
  • Ордени "Буюк хизматлари учун" Ӯзбекистон.
  • Ҷоизаи давлатии ИҶШС 1950 мукофотонида шудаааст.

Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100-солагии зодрӯзи устод дар тамоми ҷаҳон қайд карда шуд.

                                     

7. Мероси адабӣ ва илмии устод

  • "Романи Ғуломон" 1934;
  • "Ҷаллодони Бухоро" 1920;
  • Повести "Одина" 1924;
  • повести "Марги судхур" 1937, нашри коркарда баромадашуда соли 1953;
  • "Мактаби куҳна".
  • "Ятим" 1940;
  • Асарҳои ӯ дар "Куллиёти Айнӣ" иборат аз 15 ҷилд нашр шудааст.
  • "Ёддоштҳо" дар 4 китоб.
  • "Таърихи инқилоби Бухоро китоб" 1920;
  • романи "Дохунда" 1927 - 1928, соли 1930;
                                     

8. Асарҳо дар китобхонаи электронӣ

  • Садриддин Айнӣ. Марги судхӯр Душанбе: Маориф, 2015. - 208 с. рус. www.bikhon.tj. 20 ноябри 2020 санҷида шуд.
  • Садриддин Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. - Душанбе:Адиб,2010. - 448с. рус. www.twirpx.com. 25 январи 2019 санҷида шуд.
  • Садриддин Айнӣ. Таърихи инқилоби Бухоро. - Душанбе: Адиб, 1987. - 240 с. рус. www.twirpx.com. 25 январи 2019 санҷида шуд.
                                     

9. Адабиёт дар бораи Садриддин Айнӣ

Ба забони тоҷикӣ:

  • Боғизода Ҷ. Нависанда ва идеали замон. - Душанбе: Адиб, 1987. - 256 с.
  • Мактаби адабии устод С. Айнӣ: Таҳия аз Камол Айнӣ. / Муҳар. Шарифова, Б. - Душанбе: 2010. - 202 с.
  • Раҳмонов Шоҳзамон. Ақидаҳои адабӣ ва назари эстетикии устод Садриддин Айнӣ. - Душанбе, 2008. - 241 с.
  • Раҳимҷони Шарофзода, Садриддин Айнӣ аз дидгоҳи библиографияи адабӣ. - Душанбе,1992. - 172 с.
  • Садриддин Айнӣ. Қаҳрамони халқи тоҷик: Повести таърихӣ барои бачагони синни калони мактабӣ /Муҳаррир Ш.Ҷумаев. - Душанбе: Ирфон,1969. - 92 с.
  • Табаров С. Романи "Ғуломон" -и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ. - Душанбе: Адиб, 2005. - 240 с.
  • Баршинский, И. С. ҳаёт ва эҷодиёти С. Айнӣ. - Душанбе: Ирфон, 1968. - 193 с.
  • Энсиклопедияи насри муосири тоҷик: С. Айнӣ / Ёддоштҳо. Таҳр. қисм. Иборат аз як китоб. - Душанбе: СЭМТ, 2009. - 680 с.
  • Ҷашномаи Айнӣ: Ҷилди ХI. - Душанбе: Дониш, 2010. - 139 с.saidshoh 2000
  • Маҳмадаминов Абдулҳай. С. Айнӣ - олим. - Душанбе: Истеъдод, 2010. - 64 с.
  • Асозода, Х. Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода. - Душанбе: Деваштич, 2001. - 112 с.
  • Бобоев, Ю. И. Ба муносибати 90-солагии рӯзи таваллудаш. - Душанбе: Ирфон, 1968. - 36 с.
  • Асозода, Х. Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ. - Душанбе: Деваштич, 2004. - 92 с.
  • Маниёзов, А. Публисистика ва назми устод С. Айнӣ /1918-1921/. - Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1958. - 151 с.
  • Аслонова, Н. Андешаҳои адабӣ-эстетикии Садриддин Айнӣ. / Зери назари Х. Асозода. - Душанбе, 2012. - 355 с.
  • Р. Ҳошим. Садриддин Айнӣ ва инкишофи лексикаи забони адабии форс. /Муҳар. Масъул. Р.Хошим. - Душанбе: Дониш, 1978. - 46 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди Х. - Душанбе: Дониш, 2003. - 152 с.
  • Садриддин Айнӣ бузурге аз дунёи форсизабон. / Мураттиб Н. Аслонова. - Душанбе: Шуҷоиён,2010. - 224 с.
  • Кучаров Аламхон. Нақди матни осори С. Айнӣ: Дарси махсус барои факултаҳои филологии мактабҳои олӣ. - Душанбе, 2000. - 154 с.
  • Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Садриддин Айнӣ равшангари бузурги таърих. - Хуҷанд: Нури Маърифат, 2001. - 106 с.
  • Нозимов Барот. Воситаҳои офариниши образҳои типӣ дар повесту романҳои С.Айнӣ: Воситаи таълимӣ. - Душанбе, 1982. - 93 с.
  • Исмоилов С. Проблемаҳои иқтисодӣ дар осори А. Дониш ва С. Айнӣ. - Душанбе: 1999. - 304 с.
  • Раҳмонов Ш. Шеър ва Айнӣ: Ақидаҳои адабию бадеӣ ва эстетикии устод Айнӣ. - Душанбе: Маориф, 1994. −192 с.
  • Ҷашни Айнӣ: Ҷилди IХ. - Душанбе: Дониш, 2002. - 247 с.
  • Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии "Ёддоштҳо" -и устод С. Айнӣ. - Душанбе: Дониш, 1966. - 245 с.
  • Мукотибаи С.Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ: Эҳдо ба 125 -солагии утод С. Айнӣ. - Душанбе: Дониш, 2003. - 140 с.
  • Бектош, Н. С. Айнӣ ва эҷодиёти ӯ. - Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1933. - 55 с.
  • Зиндагинома ва осори С. Айнӣ. - Муҳаррир Н. Аслонов: ДМТ, Душанбе, 2013. - 188 с.
  • Ҳошим, Р. Солҳо ва саҳифаҳо: Мақола ва ёддоштҳо. - Душанбе: Адиб, 1988. −320 с.
  • Аслонова, Н. Шахсияти С.Айнӣ ва коргоҳи эҷодии ӯ. - Душанбе: Деваштич, 2003. - 48 с.
  • Обиддинов К. Д. Садриддин Айнӣ. Ба муносибати ҷашни 30 - солагии фаъолияти иҷтимоӣ ва адабияш. - Сталинобод: Нашр- давтоҷик, 1936. - 40 с.
  • Имомов Муҳаммадюсуф Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии С. Айнӣ. - Душанбе: Матбуот, 2001.
  • Аслонова, Н. Симои С.Айнӣ дар насри муосири тоҷик. - Душанбе: Деваштич, 2006. - 135 с.
  • Валихоҷаев Б., Воҳидов Р. Муҳаққиқи бузурги ду адабиёт. / дар бораи С. Айнӣ. - Душанбе: Ирфон, 1978. - 60 с.
  • Луғати осори С. Айнӣ: Тарт. Х. Рауфов, Х. Муҳаммадиева, И. Шукурова, М. Ҳайдарова ва диг. / Муҳар. Р. Ҳошим ва Х. Рауфов. - Душанбе: Дониш, 1978. - 236 с.
  • Бобоев. Ю. И. жанри таърихӣ ва романи "Ғуломон" -и С. Айнӣ. - Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1948. - 53 с.


                                     

10. Нигористон

  • Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ 1970, РИА Новости
  • Расми С. Айни 1967 РИА Новости
  • Мақбараи Айни дар боғи фароғатии шаҳри Душанбе 1971, РИА Новости
  • Пайкараи С. Айни дар майдони ба номи Айнӣ, ш Душанбе 1969, РИА Новости
                                     

11. Пайванди беруна

  • Хатари маҳви осорхонаи Айнӣ дар Самарқанд
  • Садриддин Айнӣ - صدرالدین عینی
  • Осорхонаи Айнӣ дар Самарқанд
  • Ғафур Ғулом ва устод Айнӣ
  • Баромади устод Садриддин Айнӣ дар ҷаласаи ҳукуматӣ
                                     
  • Деҳоти Садриддин Айнӣ форсӣ: جماعت صدرالدین عینی - ҷамоатест дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони Тоҷикистон. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Садриддин Айнӣ - деҳа дар ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён. Аз Садриддин Айнӣ то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 3466 нафар
  • Садриддин Айнӣ - деҳа дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён. Аз Садриддин Айнӣ то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 24 км. Аҳолиаш 1748
  • Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ дар Самарқанд, ки бо қарори Соети Вазирони ҶШС Ӯзбекистон. аз 16 Июни 1964 дар ҳавлии Садриддин Айнӣ тасъсис ёфтааст
  • Дорандагони Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ
  • Мазмунҳо: Садриддин Айнӣ - бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон 1951 1954
  • ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оид ба эҷодиёти шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода тадқиқоти
  • Мақбараи Садриддин Айнӣ ёдгории меъморӣ дар Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣи шаҳри Душанбе воқеъ аст. Мақбара тибқи лоиҳаи меъмор Ю
  • ҳунари Тоҷикистон 1991 Духтари нависанда ва арбоби фарҳанги тоҷик Садриддин Айнӣ Хатмкардаи факултети санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи
  • ва сиёсати кишвар - Садриддин Айнӣ Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Боқи Раҳимзода, Муқаддима Ашрафӣ, Камол Айнӣ бо ҳамсараш дафн карда
  • ҳозира Айнӣ 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта, моҳи январи соли 1955 ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик номи Садриддин Айниро гирифтааст