ⓘ Кӯҳҳои Тоҷикистон

Кӯҳ

Кӯҳ - барҷастагии хушкие ки баландиаш аз 200 метр зиёд буда дорои қулла, нишебӣ, ва доманаҳо аст. Маъмулан кӯҳ нисбат ба тепа дорои сарошебии бештаре аст. Кӯҳҳо бар асари заминсохти сафҳаӣ ё оташфишонхезӣ ташкил мешаванд. Ин нируҳо метавонанд ба сурати мавзеъе сабаби боло омадани сатҳи замин шаванд. Кӯҳҳо ба оҳистагӣ ва ба далели асари рӯдхонаҳо, шароит обуҳавоӣ ва яхчолҳои табиӣ дучори фарсоиш мешаванд. Андак кӯҳҳои ба шакли қуллаҳои мунфарид дида мешаванд ва бештар онҳо дар қолаби риштакуҳ вуҷуд доранд.

Вулусволии Шуғнон

Вулусволии Шуғнон - яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад. Маркази ин вулусволӣ рустои Башор аст, ки 150 килуметр шимолтар аз шаҳри Файзобод - маркази вилояти Будахшон ҷой дорад.

Каргас

Каргас - ҷинси паррандаи калони соҳибчангол, оилаи Aguilidae. Сар ва гардани Каргас бо парри кӯтоҳи сафед пӯшида шудааст. Болу парраш сиёҳтоби бӯр буда, тобиши хокистари дорад. Болу параш сиёҳтоби бур буда, тобиши хокистари доранд; парҳои рулиаш сиёҳ, "гиребонаш" сафед мебошад. 5 намуди каргас дар Ҷануби Аврупо, Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва маркази, дар даштҳои хушк, саҳроҳо ва кӯҳҳои паст зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон 2 намуди каргаси сарсафед ва каргаси Химолой дучор мешаванд. Каргаси сарсафед дар ҷумҳуриҳои Осиёи миёна, Крим, Қавқоз, Урал, Олтой пахн шудааст; дар Тоҷикистон дар районҳои ш ...

Паланги барфӣ

Паланги барфӣ - гурбасонӣ аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Миёна инчунин дар Туркистон, Ҳимолой ва Тибет зиндагӣ мекунад.

Морхӯр

Морхӯр ё бузи кӯҳӣ - ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшиест аз ҷинси буз. Номи морхӯр, ки дар забонҳои форсӣ, урду, пашту, панҷобӣ ва кашмирӣ номи ин ҷонвараст, баргирифта аз боварҳои маҳаллӣ аст, ки ин ҷонвар морҳоро кушта ва онҳоро мехӯрад.

Нардсунбул

Зиёда аз 200 намудаш асосан дар кӯҳҳои Анди Амрикои Ҷанубӣ ва Аврусиё паҳн шудааст. Қариб 30 намудаш дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ғайр аз ноҳияҳои Шимоли Дур ва биёбонҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон 4 намуди нардсунбул дар сояю байни харсангҳо, нишебӣ ва даруни дараҳо, буттазор ва ғайра мерӯяд. Аз онҳо V. ficariifolia ва V. dubia гиёҳҳои шифобахш мебошанд.

                                     

ⓘ Кӯҳҳои Тоҷикистон

Кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

93% фисади Тоҷикистонро куҳҳо ташкил намуда, ҳамаги 7% фисади он ҳамворӣ мебошад. Тоҷикистон – мамлакати кӯҳу дарёҳо номида шудааст. кӯҳҳои суғд

Масоҳати калони мамлакатро кӯҳу манотиқ ишғол намуда, он аз қаторкӯҳҳои Помир ва Тён-Шон иборат аст. Баландии ин қаторкӯҳҳо аз рӯи мавқеъ мухталиф аст. Дар бархе ҷойҳо баландии кӯҳҳо 300 м аст, аммо дар ҷои дигар бошад, ба 7 ҳазозу 495 м мерасад. Дар сарҳади шимолӣ хамиши Фарғона, дарозиаш 300 км ва бараш то 170 км ҷойгир шудааст. Дарозии бузургтарин аз шимолу ғарб ба ҷанубу шарқ 700 км, аз шимол ба ҷануб 350 км-ро ташкил медиҳад. Иқлими континенталӣ бо тағйиротҳои калони шабонарӯзӣ ва мавсимии ҳарорати ҳаво, миқдори ками боришот, хушкии ҳаво ва камабрӣ. Ҳарорати миёнаи моҳи январ аз +2 то −2С дар водиҳо ва қаторкӯҳҳои ҷанубу ғарб ва шимоли ҷумҳурӣ то −20Стағйир меёбад ва дар Помир паст мегардад. Ҳарорати пасттарин то −63С дар Помир Бурункул мерасад. Ҳарорати миёна дар моҳи июл дар водиҳои ҷанубу ғарб аз 30С боло то 0С ва дар Помир паст мегардад. Ҳарорати баландтарин ба 48С Панҷи поён баробар аст.

Мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои табиӣ Дар соли 2004 ҳамаи ҳудудҳои ҳифзшавандаи табии Тоҷикистон дар маҷмӯъ масоҳати 3.1 млн га ё 22 % масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва 4 мамнӯъгоҳи масоҳати умумиашон 173418 га, 13 минтақаи парваришгоҳ дар масоҳати 313260 га, 1 боғи миллии масоҳати умумиаш 2.6 га, 1 минтақаи таърихӣ-табиӣ - 3000 га ва 1 минтақаи табиӣ - 3805 га дар бар мегиранд. Мамнӯъгоҳҳо: "Бешаи палангон" масоҳат - 49700 га; "Ромит" масоҳат - 16100 га; "Даштиҷум" масоҳат - 19700 га; "Зоркӯл" масоҳат - 87700 га. Боғҳои миллӣ ва минтақаҳои табиӣ: Боғи Миллии Тоҷикистон Минтақаи таърихӣ-табиии Ширкент Минтақаи табиии Сари Хосор Кӯлҳо Кӯлҳои калонтарин - Қарокӯл, Сарез, Искандаркӯл, Зоркӯл, обанбори Қайраққум. Конҳо Дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд яке аз калонтарин конҳои нуқра - Кони Калони Мансур ҷойгир шудааст.

                                     

1. Фон

Кӯҳҳои Фон қисмати баландтарини қаторкӯҳҳои Зарафшон буда, аз шарқ бо дарёи Фондарё ва аз қисмати ғарб бо силсилаи кӯлҳои Марғузор ва дарёи Шинг иҳота шудааст. Дарёҳои ҳавзаи Зарафшон, аз ҷумла дарёи Шинг аз миёни водиву дараҳои танги кӯҳсорон ҷорӣ гардида, дар макони обгурези дарёҳо дар кӯлҳои дар ин ҳавзабуда танзим мешавад. Дар мавзеи гирду атроф дарахтони тӯс, ангат, сафедор, бутаи зирк, настаран, қот ва табулға руста, кӯҳдоман ва дараҳо бо рустаниҳои марғзорӣ, теппагӣ ва нимбиёбонӣ, аз қабили сечак, астрагал, пиёз, явшон, пудина, ҳулбӯй, тимён ва амсоли ин пӯшонида шудааст.

                                     
  • Тоҷикистон Кӯҳҳои Карпат Кӯҳҳои Кавказ Кӯҳи Казбек Ҳимолой Кӯҳҳои Пиреней Кӯҳҳои Серхарсанг Кӯҳҳои Урал Кӯҳҳои Помир Кӯҳҳои Рила Кӯҳҳои Атлас Кӯҳҳои Аҳаггар
  • ҳамаги 7 фисади он ҳамворӣ мебошад. Тоҷикистон мамлакати кӯҳу дарёҳо номида шудааст. Мақолаи асосӣ: Кӯҳҳои Тоҷикистон Масоҳати калони мамлакатро кӯҳу манотиқ
  • Сомонӣ  пештар: Қуллаи Сталин Қуллаи Коммунизм - яке аз қуллаҳои кӯҳҳои баланди Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Дар замони Иттиҳоди
  • Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои сарбафалак аст. Соли 1952 дар Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорти ҷумҳурӣ федератсияи кӯҳнавардон таъсис дода шуд. Кӯҳнавардони
  • тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз ҳафт ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда рӯи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро
  • аз кӯҳистонҳои Тиён - Шон ва Помир ҳастанд. Баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон инҳоянд: Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8 масоҳати
  • кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо
  • Варзоби Тоҷикистон Деҳаи Калон - маркази ҷамоат, деҳаҳои Намозгоҳ, Насрӯд, Обихирф, Ҳазора, Панҷхок ва Куктеппа. Деҳаро аз чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс
  • марказҳои саноати истеҳсолии Тоҷикистон буда дар 65 км ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Шаҳри Турсунзода диёри кӯҳҳои баланди пурбарф ва водиҳои гул - гул