ⓘ Гулназар Келдӣ

                                     

ⓘ Гулназар Келдӣ

Гулназар Келдӣ - шоири тоҷик. Шоири халқии Тоҷикистон. Муаллифи матни Cуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва СССР. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

                                     

1. Зиндагинома

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дардари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз ва сипас дар маҷаллаи "Садои Шарқ" идома медиҳад. Солҳои 1975 - 1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Дар кору чорабиниҳои фарҳангии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъол аст.

                                     

2. Эҷодиёт

Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Шеъргӯиро дар дабиристон оғоз кард ва соли 1961 ба шаҳри Душанбе омад, то таҳсилоташро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома диҳад. Вай дар ин шаҳр, ки маҳалли будубоши бузургони шеъру адаби имрӯзи Тоҷикистон аст, мондагор шуд. Бисту чаҳор солаш буд, ки дар с. 1969 нахустин маҷмӯъаи шеъраш бо номи "Расми сарбозӣ" мунташир шуд ва мавриди истиқболи шоъирони замон воқеъ шуд. Ва акнун Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоъирони ин диёр аст. Ашъори ӯ дар Эрон ва Афғонистон ҳам ба табъ расидааст. Қайсари Аминпур гулчине аз ашъори Гулназар Келдиро бо номи "Забони ошиқӣ" дар Теҳрон мунташир кард.

Бештари соҳибназарони адабиёти тоҷик шеъри Гулназар Келдиро чун худи ӯ сода ва самимӣ арзёбӣ кардаанд. Ба назари профессор Мирзои Муллоаҳмад,

- Гулназар, шоири ҳама

Нигоҳи шоъиронаи Гулназар Келдӣ ва истеъдоди фитрии ӯ аз ҳар мавзӯъ ва манзара ё андеша ва эҳсосу авотифе дар қолибҳои мухталиф ё берун аз қаволиби роиҷ шеър месозад.

Устод Лоиқ Шералӣ, ки бо Гулназар Келдӣ тайи солҳои тӯлонӣ дар дафтари маҷаллаи адабии "Садои Шарқ" кор карда буд, гуфта буд:

- Гулназар, шоири ҳама

. Фарзонаи Хуҷандӣ, шоъири саршиноси дигари тоҷик, мегӯяд:

- Гулназар, шоири ҳама

.

Акнун устод Гулназар Келдӣ дар интишороти "Адиб" кор мекунад, аммо ҳамчунон дар ҳоли навиштан ва чоп кардани маҷмӯъаҳои тозаи ашъораш аст. Тозатарин маҷмӯъаи вай бо номи "Туву хубиву раъноӣ" мунташир шуд. Гузашта аз шеъргӯӣ, Гулназар Келдӣ дар навиштани филмнома ҳам табаҳҳур дорад ва тозатарин асараш дар ин замина филмномаи бахши дувуми сериёли "Дар орзуи падар" аст.

                                     

3. Осор

  • "Нордбон" 1975,
  • "Паҳно" 1981,
  • "Расми сарбозӣ" 1969.
  • "Туву хубиву раъноӣ",
  • "Лангар" 1983,
  • "Ағба" 1978,
  • "Дастархон" 1972,
  • "Чашми нигин" 1988,
  • "Пайи дарё" 1985,
  • "Табхола" 1992 г.;

Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" 1981 ва "Безымянный родник" 1986 дар нашриёти "Советский писатель", Русия ва "Тень тутовника" 1989 дар Душанбе чоп шудаанд.

                                     

4. Суруди миллии Тоҷикистон

Суруди миллии Тоҷикистон, сурудаи Гулназар аст. Соли 1991 яке аз ашъори Гулназар ба унвони "Суруди миллии Тоҷикистон" ҷойгузии шеъри Абулқосим Лоҳутӣ шуд, ки дар тамҷиди мардуми рус ва давлати Шӯравӣ навишта шуда буд. "Суруди миллӣ" -и Гулназар дар ситоиши Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақиллу озод аст. Дар яке ду соли ахир "Суруди миллӣ" мавриди баҳсу гуфтугӯҳои расонаҳои Тоҷикистон буд. Гулназар мегӯяд, ки аз ин баҳсҳо хаста нашуда ва мунтазир аст бибинад, ки чи каси дигаре суруди миллии беҳтаре хоҳад навишт.

                                     

5. Ҷоизаҳо

  • Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 1994,
  • Шоири халқии Тоҷикистон 1995.
  • Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон 1985,
  • Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода 1991,
                                     

6. Донистаниҳо

Бо қарори Палатаи Аврупо Evrochambres.org аз 17 майи соли 2016 Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо дипломи "Diploma di Merito" ва медали Аврупо дар соли 2016 қадрдонӣ карда шуд. Ҷоизаи олии Аврупо ба тариқи ройгон барои гузоштани саҳми арзанда дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг дода мешавад. Ҳамзамон ба ғолиби ҷоиза шаҳодатномаи Палатаи Аврупо тақдим карда мегардад, ки дорои шакли шиноснома буда, аз 14 саҳифа иборат аст ва ба ӯ ҳангоми сафар ба хориҷа имтиёз медиҳад. Ҳуҷҷати мазкур тамоми мансабдоронро вазифадор менамояд, ки ба соҳиби шаҳодатнома кумак ва мусоидати ҳамаҷониба намоянд.



                                     
  • Ҳамчун суруди миллӣ аз соли 1994 истифода мешавад. Муаллифи матн - Гулназар Келдӣ муаллифи оҳанг - Сулаймон Юдаков. Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии
  • Абулқосим Лоҳутӣ ва мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шеъри Гулназар Келдӣ С. Юдаков соли 1916 дар шаҳри Қӯқанд таваллуд шудааст. Қобилияти мусиқии
  • ҳабиби мост, ҳабиби мост. Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман Гулназар Келдӣ Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ
  • офарид. Ба мусиқии Гимни пештараи Сулаймон Юдаков, матни нави шоир Гулназар Келдӣ мувофиқ карда, он 7 сентябри с. 1994 ҳамчун Гимни нави ҷумҳурии соҳибистиқлол
  • нақду пажӯҳишҳои дониш ҷӯён мунташир мешавад. Шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ Гулрухсор Сафиева, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ ва диг. нахустин намунаҳои
  • ал - Мақолеҳ. Ҷоми ашк. Маҷмӯаи ашъор. Тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ ҳамроҳи Гулназар Келдӣ Душанбе 1990 Рубоиёт Тарҷума аз тоҷикӣ ба арабӣ Душанбе, 1992
  • Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ Гулрухсор Сафиева, Ҳабибулло Файзулло, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ, Нависандаҳои халқии ҷумҳурӣ
  • осори Ҳофиз, Ҷомӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Гулназар Келдӣ Ашӯр Сафар, Мастон Шералӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳабибулло Ғойиб, Зиё