ⓘ Артиши Тоҷикистон

23 феврал

Беларус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Тронснистриёи Молдова - Рӯзи артиши миллӣ. Бруней - Рӯзи миллӣ. Гайана - Рӯзи Ҷумҳурӣ. Ҷопон - Рӯзи таваллуди имперотур.

Рутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохтори ҳарбӣ чунин ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ муайян карда шуда, мувофиқан рутбаҳои ҳарбии зерин аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад: Пас аз рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии гвардия ё ҷузъу томи гвардиявӣ хизмат мекунанд, калимаи "гвардия" илова карда мешавад. Ба рутбаи ҳарбии хизматчии ҳарбие, ки ихтисоси қайди ҳарбии ҳуқуқӣ, тиббӣ дорад, мутобиқан калимаҳои "адлия", "хизмати тиббӣ", илова карда мешавад. Ба рутбаи ҳарбии шаҳванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, мутобиқан кали ...

10 июл

Мавритания - Рӯзи артиш. Муғулистон - Рӯзи парчами давлатӣ. Россия - Рузи ғалабаи артиши рус бар шведҳо дар муҳорибаи Полтава, ки 8 июли соли 1709 оғоз шуда буд. Багамаҳо - Рӯзи истиқлол. Япония - Рӯзи натто.

Гурӯҳвар

Гурӯҳвар - дараҷае гурӯҳбонӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки поинтар аз гурӯҳдор ва болотар аз радабон аст; сержанти хурд. Гурӯҳвар дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳи гурӯҳ ро дорад, ки ягоне тактикиест, ки аз ду рада 6 - 12 сарбоз ташкил шуда ва бахше аз таҳм аст; отделение. Гурӯҳвар ҳамчунин симатҳои созмонии фармондеҳи тонк ва фармондеҳи зиреҳпӯшро дорад.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Башарияти ҷаҳон аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати ҷаҳон вусъат ёфтанд. Теъдоди сафарбаршуда зиёда аз 110 миллионро ташкил медод. Дар натиҷаи ин ҷанг кишварҳои зиёде хароб гаштанд ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд ...

Шикастнопазир

Шикастнопазир - филми якуми тоҷикон дар Ҳолливуд. Нахустнамоиши филм дар Ҳоливуд 30 июни 2017 ва дар Тоҷикистон 28 октябри 2017 баргузор гардид.

                                     

ⓘ Артиши Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Бинобар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 23 феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

                                     

1. Вазифаҳо

Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

  • Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.
  • Зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;
  • Муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;
  • Иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. қҷт 28.12.05 № 141
  • Ҳифзи фазои ҳавоии давлат;
  • Ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;
                                     

2. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ 1993 - 1997 ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

                                     

2.1. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ Қӯшунҳои хушкигард

Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚХ ҚМҶТ соли 1993 ташкил шуда аз сершумортарин навъи Қувваҳои мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дар сади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.

  • Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Муминзода Бахтиёр Мумин аст.
                                     

2.2. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚҲҲ ва МЗҲ ҚМҶТ аз нахустин навъи Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ бошад, нисбат ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ҷавон буда, он соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона, соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймою чархболҳои ҷангии ҚҲҲ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи сохти Конститутсионии Тоҷикистони навбунёд аз худ саҳми арзандае гузоштаанд.

  • Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Раҳмоналӣ Сафарализода аст.
                                     

2.3. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ Қӯшунҳои зудамал

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚЗ ҚМҶТ дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

  • Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Миралӣ Раҳматзода аст.


                                     

3. Фармондеҳон

  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ - сардори Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, генерал-майор Маҳмадзода Сӯҳроб?
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ полковник Ҳукмиддинзода Хайриддин
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Латифзода Асрор
  • Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиа, генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ
  • Муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Ғуломзода Абдулҳошим
  • Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - генерал-полковник Шералӣ Мирзо аз 20 ноябри соли 2013


                                     

4. Расонаҳо дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ

Дар гузориши радиои "Озодӣ" 19 январи 2016 чунин маълумот оварда шудааст: "Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион аҳолиаш, беш аз 3 миллион фарди қобили хизмат дорад, буҷаи дифоиаш 75 миллион доллар ва қарзи берунааш - беш аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин кишвар 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 10 тӯпхона ва 3 шабакаи мушакандоз дорад. Шумори умумии ҳавопаймоҳояш 25 адад, аз миёни онҳо 15 ҳавопаймои боркаш ва 4 ҳавопаймои таълимӣ, чархболҳо, аз ҷумла чархболҳои ҷангиаш 26 адад аст."

                                     
  • Рӯзи артиши миллӣ - рӯзи артиши миллӣ дар бисёр кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҷашн гирифта мешавад. Белорус Русия - День защитника Отечества Тоҷикистон - Рӯзи
  • Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар ҳайати Вазорат инчунин Осорхонаи Шуҳрати ҷангӣ Клуби марказии варзишии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи сохтмони
  • январ - Шоҳзодаи Ҷопон Акихито императори нав эълон карда шуд. 15 феврал - Артиши Шӯравӣ аз хоки Афғонистон баромад. 24 сентябр - Папаи Рим Иоанн Павел II
  • Туркистон Мақолаи асосӣ: ҶХШС Бухоро Инқилоб ба аморати Бухоро якҷоя бо Артиши Сурх омада, ҳукумати амири Бухороро сарнагун сохт ва соли 1920 Ҷумҳурии
  • таҳсил мекарданд. Дар ташкили таълиму тарбияи насли навраси тоҷик қисмҳои Артиши Сурх низ фаъолона иштирок намуданд. Онҳо дар Кӯлоб ва Ғарм 50 нафар бачагонро
  • ҶШС Тоҷикистон барои корҳои меҳнатӣ кӯчонида шуданд асосан ба водии Вахш Дар соли 1945 сарбозони собиқи Артиши Озодии Русия ба шимоли Тоҷикистон ба
  • намоиш аз Фронти халқии Тоҷикистон ҷониби кумондони Фронти халқии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун иди Артиши миллӣ эътироф карда шавад
  • ҶТ интихоб гардид. 26 ноябр кумондонони саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон ва Артиши халқи - демократи - и мухолифин созишномаи сулҳро ба имзо расониданд
  • Ҳодӣ Исобоевич 7 ноябри 1914, Қистакӯз - 23 феврали 1992, Тоҷикистон - лейтенанти хурди Артиши Шӯравӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди
  • Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 1 н. Дорандаи медали Хизмати шоиста Дар солҳои 2009 - 2010 барномаҳои консертии: Соли нав, Рӯзи Артиши Миллӣ, 8 - март, Наврўзӣ