ⓘ Роҳҳои Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти энергети́ка ва захираҳóи оби Ҷумҳури́и Тоҷикистóн - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи нақлиёт мебошад, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобилӣ ва хоҷагии роҳҳо ба анҷом мерасонад. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад. Яке аз вазифаҳои асосии вазорат, ин таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо мебошад, ки он ба ...

Нақлиёт дар Тоҷикистон

Нақлиёти Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 143.1 ҳазор километри мураббаъ масоҳат, дар қисмати кӯҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакоти рушдёфтаи нақлиётии Шимол шабакоти нақлиётии Руссия ва Қазоқистон ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд ва Ғарб Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин воқеъ аст.

Роҳи оҳани Тоҷикистон

Роҳи оҳани Тоҷикистон - яке аз муҳимтарин васоити системи нақлиёт дар кишвар мебошад. Роҳҳои оҳанини мавриди истифодабуда дар кишвар 680 км мебошад. Васегии роҳ - 1520 мм.

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - чунин намуди андози ҷумҳуриявӣ мебошад, ки интиқоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ, ки таҳти андозбандӣ аз андози арзиши иловашуда қарор меёбанд, объекти андозбандӣ маҳсуб мешаванд. Давраи андозсупорӣ, мӯҳлати пардохт ва тартиби пешниҳод намудани декларатсия ба онҳое, ки дар мавриди андози арзиши иловашуда истифода мешаванд, монанданд. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгардро ҳамчун шакли алоҳида ҳамаи корхонаҳои резидентӣ ва хориҷие, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ба буҷет месупоран ...

Саъдулло Назруллоев

Соли 1958 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1958–1961 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №10 ноҳияи Кофарниҳон, 1961–1963 аспиранти кафедраи таърихи ИҶШС, 1963–1995 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС ва кафедраи таърихи халқи тоҷик, муовини декани факултети таърих оид ба тарбия ва таълим, 1995– 1998 декани факултети таърих, 1998–2008 дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи ум ...

Шоҳроҳи Абрешим

Шоҳроҳи Абрешим - Осиёро тавассути роҳҳои корвонгард бо Аврупо мепайваст. Роҳи Абрешим дар даврони ҳанӯз дар асрҳои то мелод аз силсилаи роҳҳои корвонгарде иборат буд, ки дар Ғарб аз Руми қадим ва дар шарқ то ба салтанати Чин тӯл мекашид. Роҳи Абрешим, ки ҳамчунин тавассути Эрону Бохтар ва Суғдиёни қадим мегузашт, дар ҳамон даврон нахустин тухмиҳои табодули иқтисодиву фарҳангӣ байни тамаддунҳои мухталифро кишта, ба рушду нумӯъи ҳама кишварҳои воқеъ дар тӯли ин масири тиҷоратӣ мусоидат карда буд. "Роҳи Бузурги Абрешим" дар асри II пеш аз милод ба миён омадааст.

                                     

М41 (Роҳи автомобилгард)

М 41 - Роҳи автомобилгардест ки ба воситаи ҳудуди мамлакатҳои Осиёи Миёна - Афғонистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мегузарад. Роҳи автомобилгард асосан ба воситаи куҳҳо мегузарад. Ин роҳ шаҳрҳои Мазори Шариф, Тирмиз, Душанбе, Хоруғ, Ошро мепайвандад. М41 қисман бо роҳи Помир мегузарад ва танҳо моҳҳои май – декабр барои мусофирон кушода аст.