ⓘ Тандурустӣ дар Тоҷикистон

Тандурустӣ дар Тоҷикистон

То соли 1917 нигаҳдории тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ҳукумати подшоҳӣ барои хидматрасонии тиббии аҳолии ин сарзамин ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Аморати Бухоро бошад, барои ниёзмандии тандурустии мардум фалсе харҷ намекард. Шароити хеле вазнини моддию маишии мардум, зиндагонии қашшоқона, бесаводӣ, таъсири хурофот, вазъияти беҳдошти бади маҳалу манзилҳо, ифлосӣ ва пурсироятии муҳити атроф – об, ҳаво ва хоку хӯрок боиси паҳн гардидани бисёр бемориҳои гузаранда – сорию вогир, касбию иҷтимоӣ – безгак ...

Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламхон Аҳмадов - Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1992-2003; Нусратулло Файзулло Салимзода Нусратулло Файзуллоевич Салимов - Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2008-2017; Насим Хоҷа Олимзода - Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ. Фаъолияти В. аз татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахши тандурустӣ иборат мебошад. В. бар асоси Конститутсия -и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқии байналмилалии аз ...

Дунёгирии COVID-19 дар Тоҷикистон

Шаблон:Дунёгирии 30 апрели соли 2020 тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 апрели соли 2020 - 15 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавирусии CОVID-19, аз ҷумла дар Вилояти Суғд - 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе - 5 ҳодиса аз намунаҳои биологии ҳодисаҳои гумонбар ба қайд гирифта шудааст.

ТВ Тоҷикистон

Аввалин Директори телевизиони Тоҷикистон нозири инспектор шӯъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон Обид Ҳомидов таъйин шуд. Аввалин сармуҳарррири телевизион Иброҳим Раҳматов буд ва барои равнақи кори телевизиони навтаъсис ҳамчунин мутахассисон Зайнаб Ғуломова, Улмасой Мухторова, Акбар Ҷураев, Пулодой Азимова, ки маълумоти филологӣ доштанд ба кор даъват шуданд. Телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 ба кор шуруъ намуд, ки ин як руйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти Тоҷикистон буд. Студияи телевизиони Тоҷикистонро нахустин наттоқон Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева бо салому паёми худ ба экрани тел ...

Насим Хоҷа Олимзода

Насим Хоҷа Олимзода 20 августи соли 1964 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои тиб, профессор. Солҳои 1995-1998 дар аспирантураи Академияи баъдидипломии тиббии шаҳри Санкт-Петербург таҳсил намудааст. Солҳои 1999 то 2014 ба ҳайси Табиби дилшиноси Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, мудири бахши "НАҶОТ" -и Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, директори Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дили Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири кафедраи кардиология бо курси фармакологияи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷум ...